ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 31 Май 2019 18:09

Лигаи Чемпионҳо. Финал. Ливерпул-Тотенхэм

Сармурабии “Ливерпул” Юрген Клопп изҳор намуд, ки ба футболбозони диндораш бисёр эҳтиромона муносибат дорад. Мутахассиси олмонӣ таъкид кард, ки Мане ва Салоҳ тақводортарин бозингарони дастааш ҳастанд. “Мо ба он бозингароне, ки рӯзадоранд ягон мушкилӣ надорем. Ман дини онҳоро эҳтиром мекунам. Онҳо новобаста аз оне, ки рӯзадоранд, ҳамеша дар ҳолати хуби ҷисмонӣ қарор доранд. Мешавад ҳолатҳое, ки бо сабаби намозгузорӣ ба тамринҳо дертар мекунанд. Ягон мушкилӣ нест ва ман онҳоро танбеҳ намедиҳам. Дар дунё чизҳое ҳастанд, ки аз футбол дида муҳимтар мебошанд. Ман тақводории бозингарони худро эҳтиром мекунам”

 

Ҷумъа, 31 Май 2019 18:09

 Мэриллин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ сафари ахирини Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 29-30 майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, муваффақ арзёбӣ намуд. 

   Сафир Мэриллин Йосефсон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма афзуд, ки новобаста аз фурсати кӯтоҳ-ҳамагӣ 24 соат Доналд Туск имкон дошт 1 қатор мулоқоту сӯҳбат ва вохӯриҳои хосса бо раҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ баргузор карда, ҳам ба ноҳияи Дарвоз сафар намуда, аз кӯли Сарез дар Бартанги Рӯшон низ боздид ба амал биёрад.

    - Сафари ҷаноби Доналд Туск ба Ҷумҳурии Тоҷикистон характери сиёсӣ дошта, он ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба тозагӣ роҳандозӣ карда мешавад, бахшида шуда аст. Масъалаҳои амният дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон, масоили энергетикӣ, кишоварзӣ, гендерӣ ва рушди инсонӣ меҳвари асосии сӯҳбати алоҳидаи ҷаноби Доналд Туск бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ буд, ки бо натиҷаи хеле ҳам хуб ба итмом расид. Доналд Туск аз сафараш бо Тоҷикистон ва таассуроташ аз табиати нотакрори ин кишвар шод гашта, натиҷаи онро муваффақ арзёбӣ намуд, - таъкид дошт хонум Мериллин Йосефсон дар идомаи сӯҳбати хеш бо хабарнигорон.

 

СССР

 

Ҷумъа, 31 Май 2019 12:49

   Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки аз санаи 29.05.2019 аз километри 10-ум то километри 22-юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ таъмири пурраи болопӯши роҳ гузаронида мешавад.

     Аз ин лиҳоз, ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш аз соати 10:00 то соати 20:00 дар минтақаи мазкур аз рӯйи реҷаи махсус ба роҳ монда мешавад. РБДА ВКД ҶТ аз ронандагони воситаҳои нақлиётӣ хоҳиш менамояд, ки ба талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва реҷаи муайяншудаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъиян риоя намоянд.

 

Ҷумъа, 31 Май 2019 11:33

Панҷшанбе, 30 Май 2019 17:00

 Ширкати хитоии «Синохайдро» тасмим гирифтааст дар н.Данғара ва шаҳрҳои Леваканду Бохтар 3 мактаби замонавӣ бунёд намояд. Санги асоси ин муассисаҳои нави таълимӣ рӯзи 27.05.2019 ботантана гузошта шуд.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ хабар доданд, сохтмони муассисаи таълимии №16 барои 640 ҷойи нишаст дар маркази н.Данғара, сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтари вилояти Хатлон сохтмони ин мактабҳо оғоз ёфт.

   Лоиҳаи сохтмони муассисаҳои мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абрис» омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми ҶТбуда, дар доираи амалигардонии лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии Hepӯгоҳи барқи обии Сарбанд аз ҳисоби ширкати Хитоии «Синохайдро» сохта мешаванд.

   Муассисаи таълимии №16 дар маркази н.Данғара аз 24 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 80 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

   Лоиҳаҳои дар шаҳрҳои Леваканд ва Бохтар татбиқшаванда аз 13 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой ва толори варзишӣ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошанд.

 

Панҷшанбе, 30 Май 2019 16:56

Дар 4 моҳи аввали с.2019 дар ҳуҷраи амалиёти хатнагузаронии марказии Кумаки аввалияи тиббию санитарии ш.Бохтар амалиёти хатнаи 213 кӯдак суннатӣ ва ройгон гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, 5 нафар маъюб бо аробачаи маъюбӣ ва 10 нафар маъюби дигар бо асо ройгон таъмин шуданд. Абдухалил Махмадов, ҷарроҳи кӯдаконаи ҳуҷраи хатнагузаронии КАТС-и шаҳри Бохтар дар суҳбат бо мо таъкид дошт: «Дар доираи супориши, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи мо ҳуҷраҳои махсус барои хатна таъсис дода шуда, айни ҳол ба таври ройгон фаъолият намуда истодаанд».Ба қавли ҷарроҳ ҳуҷраи хатнагузаронӣ бо тамоми асбоби замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз буда, амали ҷарроҳии хатнаро дар давоми 6-7 дақиқа тавассути дастгоҳи коагулятор (лазер) анҷом медиҳанд, ки барои саломатии тифл комилан безарар аст ва кӯдак дар фурсати кӯтоҳ сиҳат мешавад. Абдуллоев-сардухтури КАТС дар сӯҳбат иброз дошт, дар 4 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони муассисаҳои КАТС ба 8985 нафар муроҷиаткунандагон, ки сокинони ш.Бохтар ва ноҳияҳои атрофи шаҳранд, хизматрасонии тиббӣ бо таври ройгон гузаронида шуд. Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ба муроҷиаткунандагон 3000 адад буклетҳо ва китобчаҳо дастрас карда маслиҳатҳои муфид дода шуд. Аз шумораи умумии муроҷиатнамуда, ба 613 нафар ташхисҳои гаронарзиши ултрасадоӣ, ба 23 нафар акси рентгенӣ ва 230 нафар флюорографияи қафаси сина, колпоскопия ба 80 нафар, ташхиси ВНМО ба 520 нафар, таҳлили умумии хун ба 160 нафар, муайян намудани гурӯҳи хун ба 35 нафар, тестгузаронӣ тавассути дастгоҳи глюкомер ба 57 нафар, амалиётҳои ҷарроҳӣ ба 27 нафар ва хатнасурӣ ба 113 нафар, бо таври ройгон гузаронида шуд.

 

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, 30 Май 2019 16:53

Дар ш.Бохтар бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Хатлон ва раиси ш.Бохтар Абдуалим Исмоилзода, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Халқии Чин ва дигар масъулон санги асоси сохтмони муассисаи таълимӣ барои 320 нафар хонанда гузошта шуд. Гуфта шуд, ки ин муассиса бо шароити наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 18 синфхонаи дарсӣ, китобхона бо тарҳи нав, синфхонаҳои лаборатории физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ иборат аст. Маҷлисгоҳ бо 200 ҷои нишаст, майдончаҳои варзишии волейбол, футбол ва баскетбол, толори варзишии калон ба нақша гирифта шудааст. Иншооти ёрирасон ва системаи гармидиҳии дохилӣ дар шакли муосир пешниҳод хоҳад шуд. Ба иттилои масъулини шуъбаи маорифи шаҳр дар ҳолати ба истифода супоридани муассисаи таълимии мазкур мушкилоти асосии соҳа, нарасидани ҷои нишаст барои хонандагон то андозае бартараф мегардад. Зеро имрӯз бо ин сабаб дар қисмате аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълим дар 2-3 баст ба роҳ монда шудааст.

Баҳодури Абдусалом, СССР ш. Бохтар

 

 

Панҷшанбе, 30 Май 2019 15:10

Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст барои рушди инфрасохтори мавзеи таърихии «Чилучорчашма» 2 миллион доллари ИМА ҷудо кунад. Ғайр аз ин дар назар аст, ки аз ҷониби ин бонк боз 2 мавзеи таърихии кишвар-мақбараи «Хоҷамашҳад» ва маҷмааи археологии «Ҳулбук» низ таҷдид гарданд. Маблағи умумии барои таҷдид ва рушди инфрасохтори ин 3 мавзе ҷудошуда $ 3,4 миллионро ташкил менамояд. Тавре ба СССР аз маркази матбуоти МИҲД Хатлон хабар доданд, ин маблағ тавассути гранти лоиҳаи «Рушди иқтисодии маҳалҳои деҳот»-и Бонки ҷаҳонӣ ҷудо мешавад. Масъулони шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ иброз доштанд, ки ҳафтаи гузашта дар ҳукумати вил.Хатлон дурнамои ҳамкориҳо бо намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодии маҳалҳои деҳот” баррасӣ шуд. Андреа Далл, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки вил.Хатлон имкониятҳои зиёди агросаноатӣ, аз ҷумла, оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мавзеҳои сайёҳӣ, манзараҳои зебою обод дорад ва мақсади мо тариқи лоиҳаи таҳияшудаистода ободонии деҳот, пайгирии амалҳои созанда дар радифи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад. Дар мулоқоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳа 2 қисмро дар бар гирифта, қисми аввал коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-агробизнес ва қисми дуюм рушди сайёҳӣ мебошад. Зимнан ба “Чилучорчашма”, “Ҳулбук” ва “Хоҷа-Машҳад” тибқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ маблағҳои грантӣ мутаносибан 2.000,000, 1.000,000  ва 400.000 доллари ИМА ҷудо хоҳад шуд. 

Дар рафти амалишавии лоиҳаҳо истифода аз маблағҳои грантӣ обектҳои сайёҳии мавҷуда ва роҳҳои автомобилгард низ бо гузоштани роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои стандарти ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешаванд. Роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои сайёҳӣ бо 3 забон омода шуда, дар роҳраву мавзеъҳои сайёҳӣ насб мегарданд, то ба сайёҳони хориҷӣ дастрасу муфид буда, аз ҷойгиршавии мавзеҳои таърихӣ онҳо бохабар бошанд. Зебонисо Холова, мутахассиси пешбар оид ба ёдгориҳои таърихии Раёсати фарҳанги вил.Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, боиси хушҳолист, ки ин мавзеъҳои таърихиро бозсозӣ мекунанд. Ӯ афзуд бо ин пул метавон меҳмонхонаҳои замонавӣ барои сайёҳон ва ҳавзи шиноварии занонаву мардона низ атрофи онҳо сохт. Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки “Ҳулбук”- пойтахти пешинаи Хуталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳо Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хуталон ба ҳисоб мерафт. Хушбахтона, баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим-шаҳри Ҳулбук эҳё шуда истодааст. Маҳз ба хотири бузургдошт ва аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои эҳё намудани ҳисси баланди миллӣ-ватандорӣ, мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст, ки ин муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонист.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 14

Китобҳо

Flag Counter