ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Май 2019 08:12


Прокуратураи вилояти Хатлон мақолаи «Дузди зӯр соҳиби говро бастааст» (СССР, №13(550), 28.03.2019)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Муайян карда шуд, дар 15 соли охир қариб 20 сар чорвои шохдори калону майдаи Довидова Сабоҳат Аҳмадовна, сокини деҳаи Қудуқи н.Хуросонро шахсони номаълум тасарруф карда будаанд. Санҷиш муайян кард, ки дар асоси муроҷиати шаҳрванд Довидова аз 25.12.2017, шаби 4 ба 5.12.2017 ашхоси номаълум аз чарогоҳи ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Ғаллаобод»-и ин ноҳия 1 сар чорвои калони шохдори модинаи 5-соларо тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб зада, ба ӯ зиёни ҷиддӣ расонидаанд. Вобаста ба ҳолати ҷойдошта, 17.01.2018 аз тарафи ШВКД н.Хуросон нисбати шахсони номаълум бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б, в» КҶ ҶТ таҳти №14122 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида шудааст. 17.03.2018 тибқи талаботи моддаи 230 қисми 1 сархати 1-и КМҶ ҶТ вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад, пешбурди парвандаи ҷиноятии мазкур боздошта шуда, дар ин хусус ба Довидова хаттӣ хабар дода шудааст. Парвандаи ҷиноятии мазкур тариқи назоратӣ аз сӯи прокуратураи н.Хуросон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Зимни санҷиш ваҷҳҳои овардаи ӯ тасдиқи худро наёфт.

Маҳмудзода Н.Р.,
муовини якуми прокурори вилоят

Чоршанбе, 29 Май 2019 08:00


Иштибоҳи навбатдор
28.05.1987, ҷавони 19-солаи немис Матиас Руст тайёраи варзишии худро назди девори Кремл фуруд овард. Парвози ӯ овозаҳоеро зиёде эҷод карда, ба системаи зиддиҳавоии СССР зарбаи сахт зад. Аламовар ин буд, ки ӯ дар Рӯзи сарҳадбонони СССР дар Маскав нишаст. Руст субҳи 28 май дар тайёраи варзишии "Cessna 172R" аз фурудгоҳи Хелсинкии Финляндия мебоист ҷониби пойтахти Шветсия-ш.Стокголм мепарид. Ба Хелсинки 1 рӯз пеш, аз ш.Гамбурги Олмон парида буд. Соати 13:10-и нисфирӯзӣ ба ӯ иҷозаи парвоз доданд ва ҷониби Стокголм парид. Баъди 20 дақиқа ба навбатдори фурудгоҳ дар боби идомаи парвозаш хабар дода, хайрухуш кард. Баъди ин дастгоҳи радиёии тайёраашро хомӯш ва ҷониби халиҷи Фин ҳаракат кард. Болои халиҷ тайёраро то баландии 80-100 метр поин овард ва бо ин аз назари радари навбатдор ғоиб шуд. Ӯ дар баландӣ парвозро идома дода ба хатсайри байналмилалии Хелсинки-Маскав наздик шуд. Системаи зиддиҳавоии шӯравӣ ҳанӯз дар назди марзи давлатии СССР тайёраи ӯро ошкор кард. Маълумот дар бораи тайёраи сарҳадшикан соати 14:31 дақиқа, ба дидбонгоҳи фармондеҳии баталёни радиотехникии бригадаи 4-и радиотехникӣ дар шаҳраки Тапа (ҳудуди РСС Эстония) ирсол карда шуд. Лек навбатдори дидбонгоҳ майёр Кринитский дар оғоз тайёраи ӯро вайронкунандаи марз эълон накард ва тавсифи объектро идома дод, то ин ки тайёра аз экрани радари баталёни ӯ берун шуд. Дар навбати худ ноиби навбатдор майёр Черних ва навбатдори бригадаи 4 подполковник Карпетс низ ба тайёраи сарҳадшикан аҳамияти ҷиддӣ надода, қарор доданд, то пурра аниқ кардани вазъ маълумотро ба боло надиҳанд. Дар ҳудуди фазои ҳавоии Эстония он ҳангом зиёда аз 10 тайёраи варзишӣ дар парвоз буданд ва ҳарбиён гумон карданд ӯ низ яке аз онҳост. Соати 14:28 дақиқа аён шуд, ки тайёраҳои авиатсияи мусофиркаш дар ноҳияи парвози Руст нестанд ва соати 14:29 навбатдори дивизияи 14-и зиддиҳавоӣ (ПВО) маълумотро дар бораи марзшикании ӯ ба боло фиристода, соати 14:45 дақиқа маълумот дар бораи парвози ӯ ба дидбонгоҳи фармондеҳии армияи ҷудогонаи 6-и зиддиҳавоӣ расонида шуд.

Чоршанбе, 29 Май 2019 07:55


22.05.1940.Дар СССР бо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ медали тилоии "Досу болға" таъсис дода шуд. Онро ба Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ тақдим мекарданд.
22.05.1950. Ҳукумати коммунистии Чин ба мардуми Тибет мухторияти ҳудудиро пешниҳод кард, албатта ба шарте, ки ин минтақа ба тобеъияти ҳукумати коммунистӣ дарояд.
22.05.1972. Аввалин сафари Президенти ИМА Ричард Никсон ба СССР.
23.05.1963. Ҳукумати СССР ба Фидел Кастро унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро дод.
24.05.1918. Киштии ҷангии амрикоӣ-"Олимпия" вориди халиҷи Колск шуд ва ба мудохилаи ҳарбии ИМА дар шимоли Русия, ҳини ҷанги шаҳрвандӣ оғоз бахшид.
24.05.1977. Пленуми КМ ҲКИШ лоиҳаи Сарқонуни нави СССРро таъйид кард ва ба Раёсати Шӯрои Олии кишвар тавсия дод, лоиҳаи Сарқонунро ба муҳокимаи умумии мардум гузорад.
25.05.1926. Дар пойтахти Фаронса-шаҳри Париж пешвои миллигароёни украинӣ Симон Петлюра ба қатл расид. Ӯро террористи яҳудӣ Шалом Швартсбард барои қатли оми яҳудиён дар Украина кушт.
25.05.1956. Бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии СССР аз 1.07.1956 дар аввалин кишвари Шӯроҳо, барои коргарон ва хизматчиёни аз 16 то 18-сола рӯзи кории 6-соата ҷорӣ карда шуд.
25.05.1957. Дар ш.Маскав "Украина"-меҳмонхонаи бузургтарин дар СССР ифтитоҳ ёфт.
25.05.1989. Дар Маскав Анҷумани 1-уми вакилони мардумии СССР ба кор шурӯъ кард. Дар он М.Горбачев Раиси Шӯрои Олии СССР интихоб шуд.
26.05.1918. Федератсияи Закавказия ба 3 ҷумҳурии ҷудогона-РСС Озарбойҷон, РСС Гурҷистон ва РСС Арманистон тақсимбандӣ шуд.

Чоршанбе, 29 Май 2019 07:53


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Абдуҷаббор Ғаффоров, сокини деҳаи Дӯстӣ, корманди ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг (тел: 918 59 67 26) ба газетаи СССР занг задаву гуфт, ки аз 1 ҷамоати мо 3 нафар-ман, Ҳакимов Абдулазиз ва Сангинмадов Аюбҷон аз моҳи январи соли ҷорӣ (5 моҳ шуд!!!) ба газетаи СССР дар ҳаҷми 150 сомонӣ (450 сомонӣ!!!) обуна шудем, лек то ҳол ягон шумораи СССРро нагирифтаем. Квитансия-расиди обунаро ҳам дар даст дорем! Бовар мекунед, ки мо-3 нафар ҳар ҳафта ба маркази ноҳия, барои дастрас кардани СССР меравем, мегӯянд, СССР нест!!! Мо намедонем, ки ин хунукназарӣ барои дастрас гардонидани обунаҳои мо бо айби кӣ шудан дорад??? Хоҳиш мекунем, ба ин суоли мо раҳбарияти СССР посух гардонад. Зеро бовариро аз даст додан доред! Ё обунаро расонанд, ё маблағи мардумро баргардонанд!!! Охир, барои деҳотӣ 150 сомонӣ нон аст!
Аз СССР: Мо то ин сол обуна надоштем. Имсол, ки обунаро барпо кардем, чунин шикоятҳо бисёр мерасанд. Мо газетаро ба масъулини обуна месупорем, дигар расидану нарасиданаш аз онҳо бастагӣ дорад.

Чоршанбе, 29 Май 2019 07:51


Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзосаид Давлатов, ронандаи 1 идораи давлатӣ ба СССР занг задаву гуфт, дар Душанбе, дохили микроавтобусҳо шоҳиди манзарае мешавем, ки табъи касро хира месозад. Якбора 2-3 кас муддати тӯлонӣ бо телефонҳо гап зада, ҳамроҳонро нороҳат месозанд. Хулосаи онро бигирем, пурра гапҳои шахсию хонагӣ. Ин воқеан бемаданиятист. Вагарна, чунин рафтор намекунем. Вақти даромад телефонро бояд хомӯш кард. Дар ҳолатҳои ниҳоят зарур, кӯтоҳ гап мезананд ё СМС мефиристанд. Ин фарҳанги моро нишон медиҳад. Ронандаҳоро лозим аст, пешоруи мусофирон навиштаҷоти «Телефонҳои мобилиро хомӯш кунед!»-ро овезанд, чунки онҳо низ бояд масъулият дошта бошанд, нисбати роҳату бехатарии мусофирон.

Чоршанбе, 29 Май 2019 07:46


Салом, СССРчиёни дардошно! Ман ба раҳбарияти Кумита оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим-Сулаймон Давлатзода ва Саидмукаррам Абдуқодирзода-муфтии Тоҷикистон 1 суол дорам: Вақте ки ҳарфи шумо, муроҷиатҳои шумо, ҳадисҳои пешовардаи шумо ба савдогарону тоҷирони беинсофи кишвар асар накард ва ҳам нагузашт, пас шумо барои кӣ лозимеду ба кӣ гап мезанед, вақте шуморо гӯш намекунанд? Ақаллан ба занҳои хонашин гапатонро гузаонед, ки дар Иди Рамазони қарибулвуқуъ барои ороиши хони идона дилу ҷигари мардакҳояшонро нахӯранд!!! Бовар кунед, ки дигар дар туҷҷори мо инсоф намондааст! Чӣ гуфтед, домуллоҳои гиромии мо???

Садриддини Доробӣ,
ш.Душанбе, тел 918 10 61 50

Чоршанбе, 29 Май 2019 07:43


Медонем, ки ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон асту серию пурии ҷомеа аз меҳнати пурмашаққати ӯ вобастагӣ дорад. Лек маҳсули бо арақи ҷабин тайёркардаашро наметавонад бо нархи дилхоҳ ба савдо барораду аз қарзу қавола халос шавад. Ҳар сол ҳини сар задани корҳои саҳро ва киштукор деҳқон ба проблемаҳои ҷиддӣ дучор мешавад: Набуди маблағи зарурӣ барои истифодаи техника (шудгор, чизил, кӯшкашӣ, дарав, пресскунӣ), сӯзишворӣ, хариди тухмӣ, доруҳо, маоши коргарон… Ин ҳама ӯро дар ҳоли ногувор гузошта, маҷбур мешавад, ё аз бонк ё аз шахсони алоҳида бо фоизи калон қарз бигирад. Баъд, то охири сол деҳқони бечора фақат қарз меканаду ягон фоидае намебинад. Иловатан, пардохти андоз аз замин сол то сол бо ҳар баҳона зиёд шуда истодааст, гӯё замин чун резин ёзида калон шуда истода бошад. Дорую сӯзишворӣ ҳам рӯз аз рӯз қимат шудан дорад. Дар бораи фоизи маблағи қарздиҳии бонкҳо ҳоҷати гап нест. Чунон фоизи баланд доранд, ки наздик рафта намешавад ва агар наздик шудию қарз гирифтӣ бе молу амволу хонаю дар мемонӣ. Хуб мешуд, ки агар дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ бонкҳои махсус танҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ бо додани маблағи қарзӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол ва бо 2% пардохти изофапулӣ кушода мешуданд. Дар ин сурат ҳам деҳқон худро ором ҳис мекард ва корҳояш низ хубтар мешуданд. Шахсе, ки дар ҷомеа бо обилаи даст ва меҳнати пурмашаққат ҷамъиятро мехӯронад бояд аз чизе танқисӣ накашад.

Искандари Шоҳмуҳаммад
шаҳри Душанбе

Чоршанбе, 29 Май 2019 07:41


Беҳтарин иқдоми Ҳукумати марказӣ, дар пасманзари баргардонидани 84 кӯдаки ҷангиёни ДИИШ, агар имрӯз баррасии реалӣ наёбад, фардо бо фоҷеа хатм хоҳад шуд! Мефаҳмонам:
-Ҳоло дар ҷамъият сару садоҳо роҷеъ ба ояндаи ин атфол бисёр ба гӯш мерасанд. Бархе даъво доранд, ки онҳоро масъулини баландпояи давлат ба фарзандхондагӣ гиранд; зумрае талаб доранд, ба хонаводаҳои бе кӯдак тақсим шаванд; Аммо аз ҳама хатаре, ки ба ин атфол таҳдид мекунад, ҳам ин аст, ки хешовандонашон даъвои гирифтани онҳоро доранд. Чаро инро хатар хондем?
-Ба таҳқиқ, агар аҳамият додаед, ифротиёне, ки ба ДИИШ рафтаву бо Абубакри Бағдодӣ байъат кардаанд, дар хонаводаҳои ифротӣ тарбият ёфтаанд ва ё аллакай табори хешро мутаассиб сохтаанд. Ин аксиома аст. Зинҳор ин атфолро ба онҳо надиҳед, ки муҳликтарин хатои давлат хоҳад шуд! Ин амал батар аз он аст, ки онҳоро умуман намеовардем!!!
Мисоле ҳам дорам:
-Аз водии Вахш 1 пирзоле, ки тӯли умр аз ҳисоби дуздиву фасоди шавҳари раҳматияш рӯз мегузаронид, ба нохост ифротӣ шуд. Ин пирзол, ки ба зан гуфтанаш забон ҳам намегардад, 3 писар, 3 келин ва тамомии набераҳояшро худ билет харида, тавассути Туркия чанд сол пеш, ки ДИИШ мӯд буд, ба Сурияву Ироқ фиристод. Худашро, ки дар синни наздик ба марг низ ба «ҷиҳод» мерафт, бозпас гардонданд ва сагвор мурд! Сароғоз хабари фавти писару келинҳояшро шуниду сипас фавтид-барои ҳамин маргашро сагвор гуфтам, ҳарчанд дар Рамазон дашном манъ аст, аммо ман ҳақорат надодам-ман далел дорам; зане, ки 6 фарзандашро туъмаи марг сохта, бо дасти худ ба ҷанг равон мекунад, то он ҷо хуни мусалмон резанд, магар сагвор намемирад? Ме-ми-рад ва саг барин!
Хулласи калом, тақдири даҳҳо набераи ин зан номаълум асту шакку тардиде нест, ки шояд миёни ин 84 тифлаки маъсуму бегуноҳ онҳо низ бошанд. Мутаассуф, бобову бибиҳои ин атфол низ 99% гарав мебандам, аз ин пирзол ҳич тафриқае надоранд. Ва акнун тасаввур кун, хонанда, агар мо ин атфолро ба хешонашон баргардонем, чӣ моҷарое сари онҳо меояд:
1.Ҳич гоҳ онҳо фаромӯш намекунанд, ки волидайнашон дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шудаанд;
А) ин захм-травмаест, ки 1 умр дар майнаи онҳо мемонад;
В) дар оянда ин захм онҳоро ё мариз мекунад ё думболагири «роҳи волидайн»;
2.Ин кӯдакон ҳатман ба доми бобову бибиҳои ифротии хеш меафтанд ва ояндаашон торик хоҳад шуд!
3.Ин доғро, мисли доғи «душмани халқи даврони советӣ» ягон ҳаққу ҳамсоя ба онҳо намебахшад ва пайваста таъкид хоҳад кард…
Зимнан роҳи наҷот, ба пиндори сирф фардии ман, ки равоншиносону масъулини амнияти кишвар бояд баррасӣ кунанд, тағйири ному насаби ин атфол аст ва ба тарбияти бегонагон додани ишон. Бояд ЯГОН нафар надонад, ки инҳо кӣ буданду кӣ ҳастанд! Инкогнито!!! Онҳоро набояд дигар муаррифӣ намуд ва тавассути ВАО таблиғу ташвиқ кард. Тоҷикон масале хуб доранд: Сар кафид-таки тоқӣ!
Боке нест, агар исму насаби онҳоро, ки воқеан ҳам «арабиву ҷиҳодиянд» (бовар кун, хонанда, онҳо Рустаму Фаридуну…ном надоранд), ба Тоҷикӣ иваз кунем. Ман номи ягон нафари онҳоро намедонам, вале гарав мебандам, ки чунин аст, ки гуфтам! Мо метавонем!
Ва аммо аз ҳама кори хубу саҳеҳ ин аст, агар онҳоро мо фарзанди ДАВЛАТ кунем!
Чигуна? Оддӣ:
-Онҳо бояд дар хонаҳои кӯдаконаи вежа, ба масали маъруфи овони советӣ ДЕТДОМ-ҳо тарбият ёбанд. Бовар кун, хонанда, системаи ДЕТДОМе, ки дар шӯравӣ буд, то ба имрӯз ҳариф-аналог надорад. Ва агар аҳамият додаӣ, усулан давлати СССР-ро ҳамин «детдоми»-ҳо ба авҷи шӯҳрат расониданду абарқудрат карданд. Зеро барои онҳо Давлати шӯравӣ ҳам падар буд, ҳам модар ва ҳам хоҳару бародар. Системаи мазбурро педагоги маъруфи советӣ-Макаренко дар солҳои 20-30-и асри пор, баъди ҷанги гражданӣ роҳандозӣ кард. Дар ин «Детдом»-ҳои макаренковӣ усулан фарзандони «душманони халқ» ва атфоли ятиммондаи «кулакҳо» таҳсилу парвариш меёфтанд. Шояд насли калонсол донанд, ки аксарияти кулли ин бачаҳо дар ҶБВ барои Ватан ва Сталин мардонавор ҷангидаву ҷон додаву ғалаба карданд. Онҳо бар душманони сохти советӣ сахт бераҳм буданд. Зеро СССР падару модарашон буд! Дар Тоҷикистон низ ҳоло афроде, ки дар детдомҳову интернатҳои ҳукумати шӯравӣ тарбият ёфтаанд, то ҳанӯз ба СССР содиқанд. Ва ин 1 амри табиист. Зеро СССР оилаи ягонаи онҳо буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Пас чаро мо аз фурсат истифода бурдаву ҳадди ақалл 84 сарбози шуҷоъ, пешбарандаи сиёсати Давлати Тоҷикон, мубаллиғи ормонҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбият накунем, ки то охири умр худро фарзанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон хонанд?
Кардан даркор! Лозим мешаванд!! Зеро ҳар Давлате, ки ҳадди ақалл 84 ва ҳадди ниҳоӣ 1000 фидоӣ надорад, ҳамеша дар марзи хатар қарор дорад. Мо Метавонем!!!

саҳ 3 аз 14

Китобҳо

Flag Counter