ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Май 2019 08:22

Чоршанбе, 22 Май 2019 08:15

Чоршанбе, 22 Май 2019 08:08


Масъулини МИҲД н.Айнӣ матлаби “Барои раис маргу мир фарқ надорад?” (СССР, №18(555), 2.05.2019)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вобаста ба шароити иқлимиву табиӣ, мавсими зимистони с.2018-19 нисбатан сербориш ва сербарфтар омада, вобаста ба он дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ якчанд ҳолати баста шудани роҳ ба қайд гирифта шуд. Баҳри бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ сохторҳои дахлдори давлативу ғайридавлатӣ, аз ҷумла, МИҲД н.Айнӣ низ таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм ситод ташкил шуда, ҷиҳати мусоидат ба кори сангину пуршарафи роҳкушоён, аз қабили муваққатан боздоштани мусофирон дар ҷойҳои бехавф, ташкили хуроки умумӣ барои мусофирон, ба низом даровардани тамбашавии мошинҳо тавассути кормандони БДА-и ноҳия, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ҷойгиркунонии занону кӯдакон дар меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои гарм, аз ҷойҳои хавфнок баровардани мусофирони дар роҳ монда, ки бевосита бо ҳамроҳии кормандони бахши раёсати КҲФ ва мудофиаи граждании вил.Суғд ширкат доштанд. Ҳамчунин 14-15 феврали соли ҷорӣ раис шахсан дар км 81-400 шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҷиҳати бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ иштирок карда, афроди дар роҳ мондаро бо хуроки гарм ва касоне, ки зарурияти ба ш.Душанбе сафар карданро доштанд, ҳатто мошини сабукрав ташкил намуда, тавассути ш.Хуҷанд ва ҳавопаймо гусел намуданд. Набояд фаромуш сохт, дар 1 соат баста шудани шоҳроҳ чи қадар автомашинаҳо ҷамъ шуда, хоҳ-нохоҳ бенизомии тартиботи мошинҳо дар баъзе мавридҳо дида мешаванд, ки ин аз интизоми ронандаҳо  гувоҳӣ медиҳад, на аз масъулияти ин ё он раиси ноҳия.

Раҳматзода С.М.
муовини якуми Раиси ноҳия

Чоршанбе, 22 Май 2019 08:03


17.05.1918.Оғози шӯриши корпуси чехословакӣ дар Сибир. Корпуси 30.000-нафараи чехословакӣ, ки мебоист тавассути Владивосток Русияро тарк мекард, дар роҳ шӯриш бардошт. Бо ин исён ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия оғоз гардид.
17.05.1919. Дар Русияи шӯравӣ тамоми моликияти калисоҳо ва савмааҳо миллӣ эълон карда шуд.
17.05.1921. Дар РСФСР Декрет оид ба милликунонии корхонаҳои хурд лағв карда шуд. Ин аввалин қадам барои роҳандозии Сиёсати нави иқтисодӣ (НЭП) гардид.
17.05.1934. Дар Олмони фашистӣ яҳудиён аз ҳаққи суғурташавии тиббӣ маҳрум карда шуданд.
17.05.1948.СССР расман эълон намуд, ки Исроилро чун давлат эътироф мекунад.
18.05.1928. Дар СССР баррасии "Парвандаи Шахтинск" (суиқасди зиддишӯравии муҳандисони Донбасс) оғоз шуд, ки нахустин делои ҷиноии сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт.
18.05.1967. Юрий Андропов раиси Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) дар назди Шӯрои Вазирони СССР таъин карда шуд.
18.05.1989. Шӯрои Олии РСС Литва Эъломияи соҳибистиқлолии Литваро қабул кард.
19.05.1922. Дар Маскав конфронсии умумииттиҳодии комсомол доир ва дар он қарор "Оид ба таъсиси дастаҳои пионерӣ" қабул карда шуд. Маҳз ин рӯз, чун рӯзи таъсиси Ташкилоти умумииттиҳодии пионерӣ шумурда мешавад.
20.05.1919. Дар Маскав Нашриёти давлатии РСФСР (“Госиздат”) таъсис дода шуд, ки вазифааш ҳамоҳансозии тамоми кори нашриётӣ дар Русияи шӯравӣ буд.
20.05.1970. Роҳбари коммунистони Чин-Мао Дзэдун ба оғози инқилоби ҷаҳонӣ зидди империализми амрикоӣ даъват намуд.

21.05.1991. Дар Маскав Анҷумани IV-и вакилони мардумии РСФСР доир шуд ва дар он Қонун дар бораи Президенти РСФСР ба тасвиб расид.

Чоршанбе, 22 Май 2019 07:56


Корпуси ҷангафрӯз
17.05.1918 корпуси чехословакӣ, ки мебоист тариқи Владивосток ба Фаронса интиқол дода мешуд, дар Сибири Русия зидди болшевикон шӯрид. Ин амалкардро бештари муаррихон чун рӯзи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар меноманд. Тобистони с.1918 корпус дар якҷоягӣ бо дастаҳои зиддиболшевикии рус тавонист, манотиқи назди Волга, Урал, Сибиру Шарқи Дурро аз дасти болшевикон гирад ва ҳукумати Шӯроҳоро дар ин манотиқ барҳам занад. Он дар ҳудуди Русия ҳанӯз солҳои Ҷанги ҷаҳонии 1 аз ҳисоби асирони миллаташон чех ва словакӣ артиши Австро-Венгрия таъсис ёфт. Асирон розӣ шуданд зидди Олмон ва Австро-Венгрия ҷангро идома диҳанд. Дар навбати худ, Фаронса ҳам дар ҳудудаш Артиши мухтори чехословакиро таъсис дод. Фаронса чун иттифоқчии Русия маҳсуб меёфт, фармондеҳии корпуси чехословакии Русия ҳам 15.01.1918 ба зимаи фаронсавиҳо гузошта шуд. Корпус ба диди созмондиҳандагони он, мебоист дар муборизаи озодихоҳонаи кишвари худ ширкат меварзид ва ҳокимони Чехословакия умеди зиёд ба он доштанд. Он шабу рӯз 2 дивизияи корпус дар Украина ҷойгир буду онҳоро бояд ба Фаронса интиқол медоданд. Лек баъди оғози ҳуҷуми немисҳо дар Украина, корпуси чехословакӣ ба ҳудуди Русияи Шӯравӣ ақиб нишаст. 26.03.1918 дар ш.Пенза намояндагони корпус ва ШКХ РСФСР қарордоде ба имзо расид, ки тибқи он асирони собиқ бояд тариқи Владивосток ба Фаронса интиқол дода мешуданд. Баъди чанде қатораҳои пур аз ҷанговарони чеху словак роҳҳои оҳани Русияи шарқиро, аз Пенза то Владивосток пур карданд. Теъдоди ҷанговарони корпусро ҳам муаррихин гуногун мегӯянд. Дар маъхазҳои шӯравӣ ҳайъати корпуси чехословакӣ 40-45.000 ҷанговар муаррифӣ шудааст.

Чоршанбе, 22 Май 2019 07:55


Узви Ихвон-ал-СССР Саломиддин Аюбов, аз ноҳияи Шаҳринав ба СССР занг задаву гуфт, ки аз даврони хизмати ҳарбиям ба шумо кутоҳ гуфтаниям: Воқеан, ҳоло гуруснагӣ дар хизмати ҳарбӣ ба жанри афсона табдил ёфтааст. Муддати на он қадар вақт гузашта бошад ҳам, Артиши мо дар сатҳи пеш қарор дорад. Ифтихор дорем, ки Вазири мудофиа, генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо яке аз кадрҳои хуби касбист. Метавонем бо чунин кадрҳои олӣ бифахрем. Дар охир ба падару модарон гуфтаниям, ки писарони худро аз хизмат нагурезонед, чунки хизмати Модар-Ватан қарзи ҳар 1 мард аст. Вақте солҳои 1998-2000 мо дар 1 қисми ҳарбии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меовардем, аз 1 сӯ авзоъи сарҳадӣ хело нотинҷ бошад, аз тарафи дигар хӯрду хӯрок ҳам мушкил буд. Имрӯз бояд шукр кунем!

Чоршанбе, 22 Май 2019 07:52


Узви Ихвон-ал-СССР, Насриддин Икромӣ, китобхоначии собиқадор аз ноҳияи Ғончӣ ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки ҳамин қадар дар қаламрави кишвар бо ташаббуси Раёсати БДА ВКД ҶТ амалиёти «Пиёдагард» баргузор шавад ҳам, қонунвайронкуниҳо дар ҳаракати роҳ кам намешавад. Пиёдагардон бисёр бепарво шуда, ҳам ба ҷони худ хатар меоранду ҳам ба ронандаҳо. Дар ҳама ҷо аломатҳои пиёдагард ва роҳҳои зеризаминӣ ҳаст. Пиёдагардон бошанд дар куҷое, ки рост ояд истода нақлиётҳои мусофиркашро манъ карда, савор мешаванд ё мефароянд. Фикр намекунанд, ки ин кор боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт шуда, садамаҳои нақлиётӣ ҳам дар чунин лаҳзаҳо рух медиҳанд. Шаҳрвандони азиз, вақти убур кардани роҳҳо шитоб накунед, босабр бошед, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед. Дар ин кор Раёсати БДА ягон айб надорад.

Чоршанбе, 22 Май 2019 07:48


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Дар давлатҳои рушдкарда ҳамагӣ 8-12% даромади моҳонаи 1 оила барои ғизою хӯрокворӣ масраф мешавад. А, дар мо чӣ? Аз 460 сомонии минималӣ чанд пул барои хариди маводи хӯрока сарф мешавад? Худатон ҳисоб кунед! Ин ҷо зам кардани маблағҳои барқу об, ангишту газ, хариди сару либос ва дорувориро фаромӯш накунед! Шахсоне ҳастанд, ки 1 шиму костюмро то 15 сол мепӯшанд, баъзе раису вазирон шояд якуним моҳ!... Дамгирӣ дар пляжу курортҳо дар давраи таътили кӯдакон барои оилаҳои камбизоат ин орзуи афсонавист? Эҳ, пулдор доим кабоб мехӯраду бепул дуди кабоб!!! Ин беадолатиро В.И.Ленин дарк карда буд!

Зоирҷон Олимов,
ш.Истаравшан

саҳ 5 аз 14

Китобҳо

Flag Counter