ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Май 2019 07:46


Салом, СССР! Чаро гирифтани шиносномаи хориҷӣ гарон шудааст? Ҳол он, ки дар Қирғизистон нархи он ба 18-20 сомонии мо баробар асту дар Тоҷикистон 850 сомонӣ!!! Болои ин сарсонии мардумро намегӯед? Ба бонк рафта маблағ месупоред, ки то омадан аллакай нарх тағйир ёфтааст. Охир, ин чӣ гап? Магар хуб нест, ки бо маблағи муайян барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ халқро саргардон накунем?! Ё магар пули сомонии мо назди доллари хориҷӣ қадр надорад, ё агар надошта бошаду ба муомилаи бонкӣ ба кор наояд, чаро онро баровардем? Агар не, чаро симоҳои бузургонамон-Рӯдакию И.Сомонӣ, Сино, Ҳамадонию Айнию Турсунзодаю Б.Ғафурову Ш.Шоҳтемуру Н.Махсумро дар асъор акс кардем?! Ба ин доғи рӯз ҳатман нуқтаи таммат бояд гузошт!

Алӣ Бароти Истаравшанӣ,
узви Ихвон-ал-СССР

Чоршанбе, 22 Май 2019 07:42


Ин нидои ман нест! Ин садоест, ки 11.05.2019, баъди пахши телевизионии вохӯрии президенти ҶТ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, палатаи ҳисоб ва бонкдории кишвар (10.05.2019) дар хиёбону паскӯчаву хонаву ҳавлии ҳар тоҷикистонӣ садо дод! Зеро халқ фаҳмид, ки президенташ аз ҳама кору бору фаолияти ниҳониву ошкорои мақомоти марбута огаҳу воқиф будааст…
Ин дидор чанд «қаҳрамон» низ дошт. Неъ, наёфтед, он ҷавони гумрукие, ки дар 20 моҳ сармояи ҳангуфте ҷамъу гир кардааст, қаҳрамон нест. Қаҳрамони пуштипардагӣ онест, ки 1 бодовардаи бедипломро бар ивази чизе ё супориши касе бар 1 вазифаи калидии гумрукӣ гузоштааст. Магар садри Кумитаи Гумрук, мӯҳтарам Хуршед Каримзода аз ин кор дарак надошт? Агар дошт, вой бар ҳолаш, вале агар надошт, 200 вой бар ҳоли генерале, ки намедонад, дар ниҳоди зертобеаш чӣ корҳое мегузарад!!!
Инаш ҳам гӯрба: Маълум шуд, ки «тибқи иттилои Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар 10 соли охир аз ҷониби кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук беш аз 700 қонунвайронкунӣ, ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир шудааст, ки аз нисф зиёди онҳо бо суистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора вобастагӣ доранд.»
Қаҳрамони дуввуми ин дидор Кумитаи андоз дар ҷамъу тарҳ буд. Бар тибқи гузориши Сарвари давлат, андозҳои мо дар даврони раёсати Нусратулло Давлатзода, дар қораи Осиё аз ҳама гаронтарин шудаанд. Ин аст, ки на танҳо сармоя ба кишвар намешорад, ки соҳибкорон сармояашонро ба хориҷи дуру наздик интиқол додан доранд! Воқеан ҳам дар ин бора, газетаи мардумӣ чанде қабл навишта буд. Мо Метавонем!
Зимнан 1 воқеаи нодири дигар хотирам омад, ки 6 сол пеш, дар соли 2013, газетаи «ИмрӯзNEWS» навишт, ки бар тибқи қиёси омори овардаи гумруки Чин ва гумруки Тоҷикистон дар марзи мо 1 млрд доллар ғайб задааст!!! Ҷониби Хитой расман навиштааст, ки дар тӯли с.2012 молу коло ба маблағи 1 млрду 700 млн доллар марзашро убур кардасту гумруки ҶТ ҳисобот медод, ки танҳо дар ҳаҷми 670 млн! Ва ин танҳо дар 1 марз ва 1 самт! Дар дигар гузаргоҳҳои гумрукӣ чӣ мераваду чӣ мегузарад, мӯҳтарам Сарвари Давлат рӯзи 10.05.2019 шахсан таъкидан қайд карданд. Ва агар он замон мақомоти марбута матлаби ҳамкорони моро таҳлилу баррасӣ мекард, шояд кор то ба ин ҳадде намерасид, ки худи Президент аз ин ҳолат бонги изтироб занад! Пас, акнун бигӯед, мӯҳтарам масъулин, кӣ дӯсти ин давлату ин ҳукумат аст? Газетаҳои хусусӣ, ки дуздии чанд ҳатулеро фош мекунанд ва ё шумо, ки онро пинҳон мекунед?
А, Палати ҳисоб чӣ? Чанд сол пеш ин ниҳодро ҳукумат барои мубориза бо фасод бунёд кард, аммо маълум шуд, зумрае аз кормандони палата дар таҳкими фасоди бузург нақши бориз доштаанд. Ман не, Президенти ҶТ инро гуфт!!! Маълум шуд, ки масъулин танҳо аз сохтусози 1 беморхонаи Истиқлол, ки воқеан ҳам тӯҳфаи Ҷаноби Олӣ ба душанбегиҳо буд, миллионҳо сомониро дуздидаанду муфаттишони Палати ҳисоб, бар ивази 250.000 доллари амрикоӣ, аз ин амал чашм пӯшидаанд. Хайрийят, он замон сарвари Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва фасод Рустами Эмомалӣ буд ва кормандонаш на танҳо $500.000 ришваро нагирифтанд, ки порадеҳонро боздошт ва ҳабс карданд! Акнун тасаввур кун, хонанда, вақте маблағи пораи додаи масъулин 750.000 доллар, баробар бар (ҳудудан) 7 млн сомонӣ бошад, пас худашон ЧАНД МИЛЛИОН дуздидаанд!!!
Соҳаи бонкдорӣ низ бе камбуд нест. Муайян гардид, ки Прокуратураи генералӣ дар давоми 10 соли охир нисбат ба 372 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба маблағи зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ зарари дар натиҷаи амали онҳо ошкоршударо барқарор кардааст. Шахсан ман шубҳа дорам, ки ин ҳадди ахир бошаду тамомии хараҷу мараҷ барқарор шудааст. Тавре мегӯянд, «Лаҳзаҳои гуворо давом дорад!».
Вақте бонк мегӯем, пеши назар сараввали симои Муродалӣ Алимардон меояд, ки то ҳанӯз ҳазорон мизоҷаш бо оби чашм дари ӯро охурча кардаанд. Маълум шуд, ки ба ин буҳрони молӣ худи кормандони Агроинвестбонк саҳми бевосита доштаанд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар давраи солҳои 2010-2018 нисбат ба 116 корманди бонки мазкур 331 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хислати коррупсионидоштаро ошкор кардааст, ки аз ин 135 ҳолат ҷиноятҳои вобаста ба ғайриқонунӣ додани қарз, 11 ҳолат ришвадиҳии тиҷоратӣ, 50 ҳолат қаллобӣ, 47 ҳолат тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда, 18 ҳолати азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 6 ҳолати сохтакории хизматӣ ва 61 ҳолат ҷиноятҳои дигар мебошанд.
Андаке рӯшноӣ барои фоши АФЕРА-ғиромии ин бонк. Масъулин амволи ба гарав гузоштаро аз будаш баланд нархгузорӣ карда, қарз медодаанд. Фарзи мисол, Агроинвестбонк арзиши аслии 78 номгӯи амволро, ки нархи аслияшон 401 млн. аст, 870 млн. сомонӣ нарх гузошта, ба чанд соҳибкор 468 млн. қарз додааст. Табиист, ки онҳо қарзро барнагардонидаанд ва бонк танҳо дар ҳолати бозпаскашии амвол…40 млн сомонӣ зарар дид! Фикр мекунед, ин афера бе ришваву ошнобозӣ ва коррупсия сурат гирифтааст? Хестед, ки хобед!
Ин ҳам дарди бахайр. Масъулини бархе бонку зумрае аз масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа коре кардаанд, ки Гоголи бузург бо романи «Мёртвые души»-аш дар гӯр ҳайратӣ мешаванд. Зеро агар Чичикови Гогол ҳамагӣ дар 1 деҳа аз мурдаҳо нафақа меситонид, пас инҳо, дар саросари кишвар, аз 211 нафари ким-кайҳо мурда, 360.000 сомониро аз буҷҷаи давлат ситонида, чун нафақаи зиндаҳо, бар ҷайби худ задаанд!!! Фарзи мисол, корманди Амонатбонки даврони раёсати Руҳулло Ҳакимзода, мӯҳтарам Алифбеков Э. аз картаи Надежда Лебедева, ки ҳанӯз соли 2012 фавтидааст, бо асноди қалбакӣ тӯли 25 моҳ, 360 ҳазор сомонӣ рӯёнидааст!!! Марг бар мурдахӯриатон-э…
Дар ҷамъ мақомоте, ки бояд буҷҷаро ғанӣ созанд, садҳо миллион ба буҷҷа зиён овардаанд… Ва аз ҳама муҳимаш дар ин гирудор медонед чӣ буд? Неъ! Наёфтед!!! Чанд сужаи ин гузориш роҷеъ ба фошсозии дуздиву фасод аз сӯи Президент, ки бар обрӯи Сарвари давлат замм мекард, ҳини пахши такрорӣ, дар ҳама шабакаҳои ТВ …лағв шуд. Мегӯед тасодуф? Шахсан ман шубҳа дорам. Мо Метавонем!

Душанбе, 20 Май 2019 10:08


    «Мо аз хориҷи кишвар зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони худро, ки ҷиҳати пайвастан ба гурӯҳҳои ҷангҷӯёни  террористиву ифротгаро, бахусус “Давлати исломӣ”, ба минтақаҳои “даргир”-и Ховари миёна рафта буданд, ба Ватан баргардонидем. Аз ҷумла, дар охири моҳи апрели соли равон бо саъю талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон 84 нафар кӯдакону ноболиғон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ рафта, дар онҷо бе парастору саробон монда буданд, ба Душанбе баргардонида шуданд. Корҳо дар самти ба Ватан баргардонидани дигар шаҳрвандони кишвар, ки фирефтаи ташвиқоту таблиғоти созмонҳои террористӣ ва тундгаро гашта, дар  минтақаҳои задухӯрдҳои мусаллаҳона қарор доранд, ҳамоно идома доранд»-қайд намуд зимни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташшакил», ки рӯзи 17.05.2019 дар Душанбе баргузор гашт.
   Дар идомаи суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи мо гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Вале дар асл мақсади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мекунанд. Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст. Мо ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.
   - Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро  намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад. Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус касб менамояд, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ.



Душанбе, 20 Май 2019 09:24


   Қарордоди шифоҳӣ байни маъмурияти меҳмонхонаи «Хилтон» ва ҶДММ «Васл-саноат» барои тоза кардани зарфи газӣ боиси сар задани таркиш ва сӯхтор дар хатҳои муҳандисӣ ва чоҳҳои амудии гази магистралӣ гашт.
   Шоми рӯзи 18.05.2019, тақрибан соати 18:50-дақиқа дар гардиши фурудгоҳ, воқеъ дар к.А.Дониши ш.Душанбе сӯхтор ба вуқӯъ омада, дар натиҷаи санҷиши пешакӣ маълум гардид, ки бинобар сабаби боришоти зиёди борон дар кабелҳои барқии зери заминӣ расиши кӯтоҳ ба амал омада, дар чоҳҳои амудӣ (колодец) гази магистралӣ, сӯхтор ба амал омадааст.
    Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ҳангоми амали намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ аз тарафи кормандони босалоҳияти ВКД, КДАМ, Прокуратураи Генералӣ оиди сар задани сӯхтори газ санаи 18.05.2019 дар чоҳи амуди қубурҳои зеризамини буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши ш.Душанбе сабабу омилҳои ба вуқуъ пайвастани он муайян карда шуд.
    Дар натиҷаи тафтишоти пешаки муайян карда шуд, ки санаи 18.05.2019 сол шаҳрванд Тиллоев Умед Ҳабибуллоевич соли таваллудаш 01.01.1981, зодаи н.Ёвон, директори ҶДММ «Васл-саноат», ки вазифааш аз таъмир ва тоза кардани иншоотҳои истеҳсоли хатарноки кимиёвӣ иборат аст, дар асоси қарордоди шифоҳӣ бо маъмурияти меҳмонхонаи «Хилтон» барои тоза кардани зарфи гази моъеи ғунҷоишаш 25.000 литраро, ки дар анборхонаи меҳмонхонаи «Хилтон» ҷойгир аст, бо ҳамроҳии 3 нафар кормандонаш: Бобоназров Раҷабалӣ Тағоевич соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи н.Ёвон, ҷамотаи деҳоти Даҳана, деҳаи Ҷавонӣ, Қурбоналиев Абдуллобек Нуриддинович соли таваллудаш 1984 зода ва истиқоматкунандаи н.Ёвон, ҷамотаи деҳоти Даҳана, деҳаи Ҷавонӣ ва Самадов Рустамҷон Содиқҷонович соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи ш.Гулистони в.Суғд, шаҳраки Чоруқ-дарён сафарбар мешавад.
   Сипас, шаҳрванд Тиллоев баҳри анҷоми корҳои болозиркградида, ҳамчун шахси мансабдор бо истифода аз ваколатҳои хизматиаш ба зердастонаш супориш медиҳад, ки ҷумаки зарфи гази моеъро кушода, гази боқимондаро ба қубури партовҳо равон намоянд. Дар натиҷа ин супориши Тиллоев аз ҷониби зердастонаш амалӣ карда шуда гази моъе ба воситаи ҷуйборҳои зери замини ҷори шуда паҳн мегардад. Бояд қайд намуд, ки дар ин ҳолат кормандони ҶДММ «Васл-саноат» ҳангоми муносибат бо моддаҳои кимиёвӣ қоидаҳои бехатариро вайрон намуда ин амали анҷомдодаи онҳо боиси олудагии газ бо обу оксиген ва сар задани сухтор гашта, дар натиҷа 6 нафар шаҳрвандони роҳгузар ҷароҳатҳои сабуки ҷисмони бардошта, ба Беморхонаи клиники шаҳрии №3 дастрас гардиданд.
    Оиди ҳолати мазкур 18. 05.2019 аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати директори ҶДММ «Васл-саноат» Тиллоев У.Ҳ. ва 3 нафар кормандонаш Бобоназров Р.Т., Самадов Р.С. ва Қурбоналиев А.Н. бинобар ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ ба хунукназарӣ роҳ додан ва вайрон намудани қоидаҳои бехатари ҳангоми кор, ки боиси ҷабр дидани шаҳрвандон гардидааст, бо аломатҳои моддаҳои 223 қисми 2 банди «а», 314 қисми 1 ва 322 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, шахсони гунаҳкор боздошт шуда тафтишот идома дорад.

Панҷшанбе, 16 Май 2019 11:20


Дар пайи муноқишаи соҳибкорон бо кормандони шуъбаи андози н.Шаҳритуси вил.Хатлон Президенти мамлакат дар 1 вохӯрӣ бо намояндагони андоз, молия ва бонкҳо бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки аксарияти коргарони нозироти андоз бо мардум муомилаи хуб надоранд. Маҳз баъди ин сухани президент, дирӯз 15 май, Нурзода Ҷумахон аз вазифаи Сардори андози вил.Хатлон озод шуд ва ба ҷои ӯ Раҷабов Соҳиб таъин шуд. Раҷабов то ин ҷониб Сардори нозироти андози н.Фирдавсии ш.Душанберо бар уҳда дошт.

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон

Панҷшанбе, 16 Май 2019 11:13


 Беш аз 1 ҳафта аст, ки дар кӯчаҳои пойтахт троллейбусҳои муосири тамғаи 3321 00 D, ки аз Ҷумҳурии Белорус дастрас гардидаанд, фаъолият доранд.
   Бояд қайд намуд, ки троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи нерӯи барқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ нерӯи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд.
   Троллейбусҳои муосир дар ширкати «Белкоммунмаш»-и Ҷумҳурии Беларус истеҳсол гардида,  аз лиҳози харҷи камтари нерӯи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ  бартарияти зиёдро доро мебошанд. Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст, ки барои фаъолияти ронандагон қулай мебошад. Ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.
     Қайд кардан ба маврид аст, ки ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бори аввал ба ш.Душанбе оварда шудааст. 


Панҷшанбе, 16 Май 2019 11:10



   Бо Қарори Ҳукумати ҶТ Юсуфӣ Пӯлодҷон Султон ва Сафарзода Лола Ҳаким-муовинони раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.
   Гуфта мешавад, ки ҳарду муовинони Нусратулло Давлатзода-раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо сабабаи ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардидаанд.

Панҷшанбе, 16 Май 2019 10:57



(Памфлет-2)

саҳ 6 аз 14

Китобҳо

Flag Counter