ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Май 2019 08:54


10.05.1932. Дар заводи "Коминтерн"-и Ленинград 20 телевизори нахустини шӯравӣ истеҳсол карда шуданд.
10.05.1933.Дар пойтахти Олмони фашистӣ китобсӯзии бузург иттифоқ уфтод. Пайравони Фюрер садҳо ҳазор ҷилди кутуби Гейне, Ремарк, Хэменгуэй, Фейхтвангер ва дигар нависандагонро дар донишгоҳи Берлин ба оташ кашиданд.
10.05.1940.Артиши олмонӣ дар Фронти Ғарбӣ, зидди нерӯҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ ва белгиягӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Дар рафти ҳуҷум, немисҳо бори аввал тактикаи нави худ "Блитскриг" (“Ҷанги барқосо”)-ро истифода бурданд. Ҳуҷум бисёр бобарор буд ва дар 1 моҳ немисҳо тавонистанд Ҳолланд, Белгия ва Фаронсаро ишғол намоянд.
11.05.1939.Оғози даргириҳо дар Халхин-Гол. Ҷанги миёни аритиш японҳо аз 1 сӯ ва нерӯҳои муттаҳидаи Артиши Сурх ва Муғулистони шӯравӣ аз сӯи дигар. Дар Халхин-Гол бори аввал ситораи маршали ояндаи шӯравӣ Г.Жуков дурахшид. Нерӯҳои таҳти фармони ӯ тавонистанд ба японҳо шикасти сахт ворид кунанд ва орзӯи ҷангидан бо СССРро барои ҳамеша аз сарашон дур андозанд.
11.05.1944.Бо Қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа тоторҳо, булғорҳо ва юнониён аз Қрим ба навоҳии дигари Шӯравӣ бадарға шуданд.
11.05.1955.Дар пойтахти Полша-ш.Варшава машварати намояндагони 8 кишвари шӯравии аврупоӣ (СССР, Албания, Болгария, Венгрия, ГДР, Полша, Руминия) оид ба таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо доир шуд. Дар ин машварат тарафҳо қарор доданд, миёни ҳам созишномаи ҳамкорӣ банданд. Созишномаи байни кишварҳо 14 май ба имзо расида, бо Созишномаи Варшава маъруф шуд.

Чоршанбе, 15 Май 2019 08:47


Мақолаҳои Х.Фозилов «Кафидани биноҳо аз чист?» ва «Исмоилдавонак» (СССР, 14.02.2019, №7) дар МИҲД ш.Панҷакент мавриди санҷиш қарор гирифт. Воқеан, с.2009 бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои президентӣ сохтмони бинои Кохи фарҳанг ба истифода дода шуд. Пас аз 5 сол бо маблағгузории МИҲД намои он таъмири ҳозиразамон ва пештоқи бино аз нав сохта шуд. Оид ба масъалаи сохтмони ҳавзи шиноварӣ, ки с.2011 бо маблағгузории МИҲД ба истифода дода шудааст, с.2017 бинобар таъмирталаб будан ҳавзи шиноварӣ ба пуррагӣ таъмир шуда, ҳоло ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент барои истифода вогузор шудааст. Оид ба масъалаи Маҷмааи эҷодию фарҳангии ба номи Л.Шералӣ, ки баҳори с.2018 ба истифода дода шуд, ҳангоми боришоти зиёди борон чакида буд ва баъзе аз тахтасангҳои зина канда шуданд, МИҲД ш.Панҷакент фавран ин камбудиҳоро ислоҳ кард. Бояд гуфт, иншоотҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохта ба истифода дода мешавад, 10%-и маблағи он барои таъмири бино нигоҳ дошта шуда, дар ҳолати фарсуда шудани бино аз тарафи пудратчӣ таъмир карда мешавад. МИҲД дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 5500-солагии бостоншаҳри Саразм дар маҷмӯъ бунёди 405 иншооти таъиноти гуногунро пешбинӣ карда, то ҳол 68 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Муовини якуми Раиси шаҳр
Сафарзода М.Б.

Чоршанбе, 15 Май 2019 08:44


Дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Сафармурод Азизуллоев аз ноҳияи Ашт бо газетаи СССР телефонӣ тамос гирифтаву гуфт, ки дар бораи бо усули фонограмма хондани ҳофизони ҷавонон гуфтаниям. Ёдатон бошад, дар ин бора чанд сол пештар низ қонуне қабул шуд, лек ҳоло ҳам дар тӯйю маъракаҳо ва чорабиниҳо зиёд мебинам, аксарияти ромишгарони ҷавон бо фонограмма мехонанд. Ман с.1986 ба Донишгоҳи санъат дохил шудам, ки он вақт талаботи устодон нисбат ба дониш ниҳоят вазнин ва ҷиддӣ буд. Барои ҳамин тамоми кадрҳои он замон ҳоло ҳам дар шакли равон ва зинда месароянд ва бо фонограмма хонданро бад мебинанд. Барои мисол, Сангалӣ Мирзоев, Қурбоналӣ Абдуллоев, Ҷовидон Нозимов, Зафар Аюбӣ, Зикриоллоҳ Ҳаким, Шабнами Сурайё… зиндаву табиӣ месароянд.

Чоршанбе, 15 Май 2019 08:40


Узви Ихвон-ал-СССР, Эмомалӣ Бобоев, аз кӯчаи Корвонгузари шаҳри Кӯлоб
(тел: 918 44 14 55) ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки дар бораи 1 мушкили сахти Кӯлоб гуфтаниям. Дар гаршиди Фурудгоҳи куҳнаи Кӯлоб 1 нуқтаи қабули оҳан (металлолом) аст. Бовар кунед, дар ин мавзеъ саг соҳибашро намеёбад. Ба чӣ маънӣ? Дар дохили нуқтаи оҳанфурӯшӣ ҷавонону наврасон то ҳатто мардони калонсол бо овози баланд ҳамдигарро дашному ҳақорат медиҳанд! Ин ҳамаш ба хайр. Боз сагҳоро дар мобайни оҳанпораҳо аз занҷир сар дода, бо ҳам ҷанг меандозанд. Ана акнун ёбу гир!!! Мардуме, ки дар атрофи ин нуқта зиндагӣ доранд, на шаб ва на рӯз аз дасти доду войю ҳақорату аф-афи сагҳо… хоб надоранд. Хуллас, ин фақат арзи ман нест! Нуқтаи қабулу фурӯши оҳанпораҳоро бояд ба ягон ҷои дигар кӯчонанд. Оҳанро бо мошин меоранду бо садои баланди гӯшу асабхарош мефароранд ва онҳоро боз бо арра мебурранд! Хулласи гап, 1 бетартибии том!!!

Чоршанбе, 15 Май 2019 08:37


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Қаблан кулли кормандони гиромии газетаи мардумии СССРро бо фарорасии моҳи Шарифи Рамазон сидқан шодбош гуфта, ба дастурхони рамазонии онҳо файзу баракатро таманно дорам. Аммо аз рӯзе, ки ин моҳи қудс даромад, тамоми нарху навои бозор дар бозори марказии н.Мастчоҳ хест!!! Масалан, картошка аз 1,80 ба 3 сомонӣ, пиёз аз 1,50 ба 3 сомонӣ, сабзӣ аз 2 ба 3 сомонӣ, гӯшт аз 40 ба 55 сомонӣ, орд аз 160 ба 180-185 сомонӣ!!! Дар бозор аз болои нарху наво ягон хел нозиру назорат нест! Ҳар кас аз паси дави аспи нафси худаш! Бо фанду фиреб хӯрда гаштан бигир, бача!!!

Расул Ҳомидов,
ҷамоати Оббурдон, н.Мастчоҳ, тел: 92 729 32 90

Чоршанбе, 15 Май 2019 08:33


Ҳар субҳ шабакаҳои ТВТ барномаҳои хубу тамошобобро пешкаш мекунанд, ки дар онҳо ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ инъикоси худро меёбанд. Тамошобинон вобаста бо завқ кадом намоиш ё шабакаро бештар мавриди назар қарор медиҳанд. 1 ТВи мо дар намоиши пагоҳирӯзӣ машқи баданро бештар бо баромади Матлуба Каримова пешкаши мухлисон менамояд. Ин хуб аст, лек пайрав дорад, ё не? Зеро деҳотӣ пеш аз оғози намоиш барои хондани намоз, рӯбучин, говҷӯшӣ... барвақт аз пайи дигар кор меравад. Сокини маркази ноҳияю шаҳрҳо бе муҳобот то соати 8-9 мехобанд ё ТВҳои русиро тамошо мекунанд. Чизи дигаре, ки дилбазан шудааст, ин рекламаҳои бешумори ТВҳост. Бештар ролики “Маркази табобати чинӣ” дилгир шудааст. Дар бораи амрози ринит, гайморит, диарея, узвҳои таносули мардонаю занона, гастрит, геморрой бо ҳарорат мегӯянд. Агар ҳини номбаркунии касалиҳо ба хӯрокхӯрӣ машғул бошед, аз иштиҳо мемонед. Чандин таблиғи хислати русӣ доштаи маводу доруҳои гуногун низ танҳо тарҷумаи тоҷикӣ доранду халос. Баъди анҷоми намоишҳои пагоҳирӯзӣ бо гузашти 1 соат такрори намоишҳо сар мешавад. Бояд барномаю намоишномаҳо рангинтар шаванд, чунки имкониятҳои фикрию техникӣ хеле пеш рафтааст...

Зайнулобиддин Ҳусейнов
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

Чоршанбе, 15 Май 2019 08:29


(памфлет)

Сешанбе, 14 Май 2019 17:31


Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни 1 ҳамоиш дар ш. Душанбе, ки рӯзи 13.05.2019 баргузор гашт, мушкилоти соҳаи авиатсияи гражданиро баррасӣ ва аз имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар ин соҳа ибрози назар карданд. Андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои гумрукӣ, гарон будани хизматрасонии рӯизаминӣ дар фурудгоҳҳо, риоя нагардидани созишномаҳои байналхалқӣ, алалхусус дар бахши боркашонӣ монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди авиатсия граждании минтақа ном бурда шуданд.
   Бояд гуфт, ки ин ҳамоиш-нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи дар минтақа бори нахуст сурат гирифта, он бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» баргузор гашт. Раҳбарони ширкати «Сомон эйр» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои «Эйр Астана» ва «SCAT» аз Ҷумҳурии Қазоқистон, «Авиатраффик» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе ҷамъ омада, дар бораи проблемаҳои монеасози соҳаи авиатсия гражданӣ дар минтақа сӯҳбат карда, дар баробари ин дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак низ табодули назар карданд.

Гардиши мусофирон 2 маротиба афзоиш меёбад!
   Тавре зимни нишасти матбуотӣ Томас Ҳаллам, директори генералии ширкати «Сомон эйр» иброз дошт, дар ҳамоиш асосан мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи авиатсияи граждании минтақа, аз ҷумла андозҳои зиёду ҳангуфт, боҷҳои миёншикани гумрукӣ, гарон будани хизматрасониҳои рӯизаминӣ баррасӣ гардида, мавсуф таъкид намуд, ки риоя накардани созишномаҳои байналмилалӣ низ яке аз монеаҳои пешрафти соҳа шуда истодааст.
   - Таъмини амнияти мусофирон ва парвозҳо вазифаи авалиндараҷаи мост ва новобаста аз проблемаҳо барои ин мо тамоми кӯшишу малакаи хешро равона месозем. Тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон 2 маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ, сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад, - қайд намуд ҷаноби Томас Ҳаллам.
    Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар навбати хеш қайд намуд, ки мубаддал намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои рушди ҳукумати кишвар буда, чунин ҳамоишҳо барои амалӣ ёфтани ин ҳадаф заминагузорӣ мекунанд.
   - Дар баробари баррасии мушкилоти соҳа роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа табодули назар карда, бо таҷрибаи ҳамдигар аз наздик ошно мешаванд. Чунин нишастҳо имкон медиҳанд ба лоиҳаҳои нави хамкорӣ асос гузошта, барои таъсиси хатсайрҳои нави ҳавоӣ низ мусоидат намоянд,-таъкид дошт мавсуф дар сӯҳбати худ бо хабарнигорон.

Нархгузорӣ бояд асоснок ва шаффоф бошад
   Раҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа зимни ин нишаст 1 қатор мушкилоти соҳаро қайд намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд.  Аз ҷумла гуфта шуд, ки натанҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодабарии  ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд.
   Инчунин, диққати ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодабарии таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбутта ҷалб карда шавад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумотҳои мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд. Афзоиши хатсайрҳои мустақим шарти асосии амалисозии иқтидори рушди иқтисодии кишварҳо мебошад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват ба амал меоранд, ки стандартҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ аз рӯи нархгузории асосноку шафоф, ҳам дар нисбати интиқолоти ҳавоӣ ва ҳам дар нисбати хизматрасонии рӯизаминӣ густариш дода шавад.

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

саҳ 8 аз 14

Китобҳо

Flag Counter