ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 13 Май 2019 17:51


 Ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик эйр» қарор аст парвозҳои худро аз мавсими «Ҳаҷ-2019» шурӯъ намояд. Дар ин бора имрӯз зимни ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Миёна оид ба масоили рушди авиатсияи минтақа, ки бори нахуст дар ш.Душанбе баргузор гашт, Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.
   Бино ба иттилои мавсуф, айни замон аз ҷониби мудирияти ширкати «Тоҷик эйр» барои омода кардани парвозҳо дар ин самт корҳои омодагӣ ва 1 қатор тавофуқот ба анҷом расонида шуда, ин ширкат қарор аст дар баробари ширкати дигари ватанӣ-«Сомон эйр» зойирини имсолаи тоҷикро ба зиёрати ҳаҷ бурда расонад. Лозим ба ёдоварист, ки парки техникии ширкати «Тоҷик эйр», хосса ҳавопаймоҳои он низ айни замон аз муоинаи техникӣ гузаронида шуда, барои оғози мавсими нави парвозҳо омодагӣ мебинанд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
  

Панҷшанбе, 09 Май 2019 13:52

Чоршанбе, 08 Май 2019 15:24


Алишер Гулов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар вилояти Хатлон барои ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш раванди бунёди толору майдончаҳои варзишӣ, дар чанд соли қаблӣ ҷараёни тоза касб кардааст. Бо фароҳам омдани шароити машқу тамрин барои варзишгарон дастовардҳои онҳо низ бештар ба назар мерасад. Ҳарчанд, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо сохтмони чунин майдончаҳои варзишӣ  бо суръат идома дошта бошад ҳам, вале дар деҳаҳои дурдаст ноҳияҳо дида намешавад. Ва талош мекунем, ки дар ҳамаи деҳаҳои дурдаст майдончаҳои варзишӣ бунёд кунем.

Баҳодури Хатлонӣ, СССР

Чоршанбе, 08 Май 2019 15:23

         
Сокини ш.Леваканти вил.Хатлон, ки чанд сол пеш бо ҷурми дуздӣ суд шуда буд, боз ба озодӣ баромада даст ба дуздӣ зад. Аз шуъбаи милитсияи ш.Левакант бо такя ба шикояти сокинони чандин деҳа, ба мухбири СССР хабар доданд, ки аз чарогоҳҳо чорвои хурду майда гум шудааст. Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ марди 38-солаи сокини деҳаи «Вахш»-и ш.Левакантро, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд. Гумонбар аз заминҳои чарогоҳи деҳаи Зағертӣ 4 сар чорвои калон ва 4 сар чорвои хурдро бо роҳи пинҳонӣ дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаст. Зарари расонида шуда, 13 000 сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол таҳқиқ идома дорад.
Баҳодури Абдусалом, СССР

Чоршанбе, 08 Май 2019 15:02


Қурбоналӣ Набиев муаллими собиқадори мактаб-интернати н.Шаҳритуси вилояти Хатлон барои латукӯби шогирдаш 165 сомонӣ ҷарима шуд. Додгоҳи н.Шаҳритус дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Сӯҳроб Мамадаминов хонандаи синфи 8-и муассисаи №4 барои латукӯби устодаш ба додситони ноҳия шикоят кардааст. Додгоҳи ноҳия нисбати мудири мактаб ва роҳбари синф парванда бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз карда, мудир ва роҳбари синф 165 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Баҳодур Уроқов, СССР вилояти Хатлон
 

Чоршанбе, 08 Май 2019 14:35


Дар шаҳри Бохтар дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 18 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Масъулини ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ки дар соли 2019 бошад дар назар аст, ки 6 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 95 ҷойҳои нави корӣ ба истифода супорида шавад. Зимни тасдиқи ин хабар, Афзалшо Юсуфзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдо ба СССР гуфт: «Бо мақсади зиёд намудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар 3 моҳи соли 2019 2 адад корхона -ҶДММ «Сафар Фарма» ва ҶДММ «Имрон Бохтар» бо таъсиси 11 ҷойи нави корӣ, ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ва сохтмонӣ равона шудааст, ба истифода супорида шуд».

Баҳодури Абдусалом, СССР

Чоршанбе, 08 Май 2019 14:27


8.05.2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили иштирокчиёни ҶБВ рафта, онҳоро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуд. Раисро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳӣ намуданд. Ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмакпулии якдафъаинаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва кӯмакпулии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Чоршанбе, 08 Май 2019 14:23


Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе тибқи қарор дар Рӯзи ҷавонон дар пойтахт баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маърифатӣ, конфронсу форум ва дигар мулоқоту суҳбатҳо  бо иштироки наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст. Дар ин рӯз ҳамчунин дар маконҳои фарҳангии пойтахт, аз ҷумла, боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр барои сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт  шароити мусоид фароҳам оварда  мешавад.

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter