ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 19 Июн 2019 11:15

Ихтилофи казакҳо

13.06.1930 бо қарори Шӯрои Ҳарбӣ-Инқилобӣ дар ҳайъати Артиши Сурх (АС) аввалин бригадаҳои механиконидашуда таъсис дода шуданд. Ин бригадаҳо 1 навоварӣ дар илми ҳарбӣ буданд ва ҶБВ дурустии истифодаи онҳоро собит кард. "Корпусҳои оҳанин" дар пирӯзиҳо нақши ҳалкунанда доштанд. Баъди пирӯзӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳарбиёни шӯравӣ ба 2 даста тақсим шуданд. 1 даста бо сарварии Тротский инқилобро ҳанӯз поён наёфта мешумориданд ва ақида доштанд, ин равандро бояд идома дод. Аз ҷумлаи касоне, ки аз ӯ ҷонибдорӣ мекард, маршали оянда Тухачевский буд. Ин дастаро инчунин "казакҳои червонӣ" низ меномиданд. Дастаи 2-ум бошад бештар ба Сталин майл доштанд ва асоси онҳоро ҷанговарони Армияи 1-и савораи Ворошилов ташкил медоданд, ки онҳо низ бештар аз казакҳо буданд. Ин гурӯҳ то охир канори Сталин монд ва роҳбари он Ворошилов-яке аз сарсахттарин мухолифини дивизияҳои механиконидашудаи Тухаческий будӣ. 

С.1927 мубориза миёни Сталин ва Тротский ба авҷи аъло расид. Сталин дастгоҳи давлатӣ ва идораи кишварро дар СССР созмон дода, дар идораи кишвар ба ин дастгоҳ такя мекард. Тротский бошад аз қудрат канор монда, натавонист ҷонибдорони худро дуруст созмон диҳад. Ӯ танҳо ба шӯҳрати собиқи худ, шиорҳои баланд ва иддаи начандон калони тарафдоронаш такя мезад. Дар асл мубориза на миёни 2 пешво, балки миёни 2 ғояи рушди сотсиализм сар зад. Ӯ марксисти баръало буду сотсиализми сирф марксистӣ, яъне фармонравоиро тарафдорӣ ва талаб мекард, ки онҳо бояд тибқи “манифести коммунистии” Маркс амал намуда, армияҳои меҳнатӣ созмон диҳанд. Сотсиализми ӯ ҳарбикунонии меҳнатро тақозо мекард. Меҳнат бояд маҷбурӣ мешуд, чун талаботи асосии марксизм тақсимбандии одамон ба синфҳо будӣ.

Чоршанбе, 19 Июн 2019 11:08

 

13.06.1918.Дар шаҳри Перм аз ҷониби болшевикон, князи бузург Михаил Романов дуздида, баъдан пинҳонӣ ба қатл расонида шуд. Болшевикон дар симои княз, ки бародари императори собиқ Николайи 2 буд, барои ҳукумати худ хатар эҳсос мекарданд. Қатли ӯ аввалин куштор аз силсилакушторҳои хонадони Романовӣ ба шумор меравад, ки тавассути болшевикон анҷом гирифта буд.

13.06.1918.ШКХ дар Русияи Шӯравӣ барои роҳбарии мубориза бо исёни чехҳои сафед Шӯрои ҳарбӣ-инқилобӣ (Реввоенсовет)-ро таъсис дод.

13.06.1944. Аввалин бомбаборони мушакии Лондон-пойтахти Англия аз ҷониби Олмон. Мушакҳои немисии "V-1" ва "Фау-1", ки онҳоро "тайёра-тир" ҳам меномиданд, аз соҳили Фаронса ба Лондон партоб шуданд.

13.06.1955. Дар СССР бузургтарин ва машҳуртарин кони истихроҷи алмос "Мир" дар Ёқутистон кашф карда шуд.

14.06.1919. Кишварҳои созмони Антанта адмирал Александр Колчакро ба ҳайси ҳокими олии Русия эътироф намуданд. 

14.06.1939. Дар СССР илми генетикаро хилофи диалектикаи марксистӣ эълон карданд ва тадриси он дар қаламрави СССР манъ гардид.

14.06.1941.Дар РСС Латвия, Литва ва Эстония, ки чанде қабл шомили СССР шуда буданд, табъиди оммавии мардум ба Сибир оғоз шуд. Мардумро оилавӣ ба Сибир бадарға мекарданд. Ин рӯз дар ин кишварҳо, чун Рӯзи ёдбуди қурбониёни низоми коммунистӣ ҷашн гирифта мешавад.

15.06.1930.Дар ш.Ростов сохтмони корхонаи истеҳсоли мошин барои хоҷагии қишлоқ (Ростселмаш) ба итмом расид. Ин корхона то охири мавҷудияти СССР бузургтарин корхонаи мошинсозӣ барои хоҷагии қишлоқ будӣ.

Чоршанбе, 19 Июн 2019 11:05

Маъмурияти ҶСК «Автоколонна 2927» «Гонка» дар хатсайри №46» (СССР, №15(552), 11.04.2019) ном матлабро дар байни коллективи кормандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти хатсайри №8 мавриди муҳокима қарор дод. Ба ронандагон фаҳмонида шуд, ки тибқи меъёри муқаррарӣ савор кунанд ва таъкид карда шуд, ки пулчинакҳо бо мусофирон дағалона рафтор накунанд. Ва аз ин пас назорат аз болои онҳо пурзур карда мешавад ва оид ба қоидавайронкуниҳо ҳангоми фаъолият дар хатсайр эҳтиёткорона бошанд.

Бо эҳтиром, сардор Хизиров Х.

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 09:18

Муаллими собиқадор Мирзоҳикмат Маҳкамов, муаллифи доимии СССР аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба СССР занг задаву гуфт, ки Ворух 9 майро бо шаҳомати калон пешвоз гирифт. Бо сарварии раиси собиқадорони деҳ Бобоаҳмади Аҳмадзод, ҷонишини раиси ҷамоат Соима Болтаева, омӯзгори собиқадор Аълочии маорифи Тоҷикистон Бобоазими Холматзод ва камина дастагулеро ба пояи марқади шаҳидони ҶБВ гузоштем. Аз деҳи баландкӯҳи Ворух солҳои ҷанги хонумонсӯз 325 нафар рафтаву 97 тан қаҳрамонона қурбон шуда, 128 кас бо сари баланд, бо ордену медалҳо баргаштанд. Дар литсейи №3 бо роҳбарии омӯзгори варзида, Аълочии маорифи ҶТ Абдуфайёз Олимӣ манзараҳои муҳорибаи Сталинграду Днепр, Ленинград ба воситаи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва баромади хонандагони синфҳои болоӣ аз ашъори Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ ҳусни тоза бахшид. Собиқадорон ба аёдати иштирокчии ҶБВ Бобозокир Шокирови 96-сола рафта, аз хотираҳои ин мӯсафеди нуронӣ, ки то охири ҷанг иштирок кардааст, таассуроти нек гирифтанд.

Аз СССР: Ба ҷавонҳои ворухӣ ҳам расонед, ки 325 тан аждоди ворастаашон бо Гитлер ҳарб кардаву 97 тан фавтид…, вале чаро инҳо бо 3-4 қирғизаки авбош сарбасар шуда наметавонанд?

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 09:15

 

Узви Ихвон-ал-СССР, Бунафша Ҳабибуллоева-муаллима аз ноҳияи Синои пойтахт ба СССР занг задаву гуфт, ки чанд шумора пеш дар газетаи СССР дар боби имтиҳони тестӣ хондам. Воқеан ин навъи имтиҳон донишҷӯро танбал мекунад, зеро мисли қориазёд аст. Масалан, донишҷӯро баъди супоридани имтиҳони тестӣ перомуни мавзӯҳои гузаштааш пурсед, намедонад. Беҳтар мебуд, ки имтиҳони пештара, яъне мавзуъ ва адабиётҳоро ба пуррагӣ хонда супориданро барқарор намоянд. Агар ин тарзи имтиҳон дуруст ва писанд мебуд, дар даврони СССР қабулаш мекарданд.

Аз СССР: Воқеан ин намуди имтиҳон, яъне тестиро дар худи Амрико манъ кардаву асосгузораш-доктор Инвар Ҷонсони 76-соларо 25 сол ҳабси хонагӣ ва беш аз 20 млн доллар ҷарима бастанд. Мо бошем нав ба он ворид шудем…

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 09:13

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Чанд сол пеш бо ҳаёҳуи хеле зиёд ва намоиш дар ТВҳои марказӣ ва иштироки раиси ш.Панҷакент хабаре паҳн шуд, ки дар деҳаи Филмандари Ҷамоати деҳоти Косатарош «Коргоҳи дузандагӣ, адрасбофӣ ва қолинбофӣ» дар базаи мактаби куҳнаи деҳа кушода шуд. Мардумро хабар хеле шод намуд, ки занону духтарони баъди суқути СССР комилан бекор, соҳиби кор мешаванд, вале ин коргоҳ 1 рӯз кор нокарда аз кор монд. Танҳо ҳамин лавҳа аз он рӯзи «муборак» ёдгор монду бас. Мардум умед доштанд, ин коргоҳ дар с.2018, ки Соли ҳунарҳои мардумӣ ва с.2019, ки Соли рушди деҳот аст, ба кор медарояд, вале имрӯз, ки 1 сартарош дар деҳ ба худ ҷой намеёбад, ба гӯши мардум овозаҳои ба 1 пулдор фурӯхта шудани ин даргоҳ мерасад ва ҳамаро хеле нороҳат кардааст. Масъулони Ҷамоати деҳоти Косатарош чӣ мегуфта бошанд?

Зарифов И.,

ш.Панҷакент, тел: 92 895 05 55

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 09:10

Ёд дорам дар синфи 2-3 хонданам, Устод чунон сиёсат дошт, ки аз назди хонааш тарсида мегузаштам. Он вақт омӯзгор қадр дошт. Волидон сабабу бесабаб рафта бо муаллим ҷанг намекарданд. Устод мезад, лек ҷуръат намекардам, ба хонаводаам бигуям. Агар мегуфтам боз аз модарам шаппотӣ мехурдам. Ҳоло шогирд бо устод дастбагиребон! Чун медонанд, ки муаллим нохост шаппотие рӯи шогирд фурорад, тамом! Аз волидайн сар карда, то мақомот ба муаллим фишор меоранд. Ҷиҳати дигари пуштибонии волидон сабаби гум шудани рисолати омӯзгорон шудааст. Ин аст, ки мардум то ҳол ба мулло бовар дораду ба муаллим на. Дар маъракаҳо мулло садрнишин асту ҷои муаллим дар пеши дар. Вале талаба дар хона ҳам гуноҳ кунад, ба устодаш нафрин мефиристанд. Охир, тарбияи фарзанд бештар ба души волидон аст. Қарсак аз 2 даст! Шумо ҳам барои таълими фарзанд ҷиддӣ бошед. Агар аз ҳамаи фанн китоб диҳанд, фардо нисфашро равон мекунед, ки қимат шудааст. Дар ин сурат муаллим чӣ гуна омӯзонад? 

 

 

 

Чоршанбе, 19 Июн 2019 09:06

(Ё чаро боз Шӯрои уламои фиқҳи Тоҷикистон моро ягонаи офоқ кард?)

Ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «даҳонамон пашм баровард аз гуфтана», вале муллоҳои мо ҳамонанду ҳамон. Ин бор низ онҳо моро масхара карданд, ки Иди Рамазонро 1 рӯз баъди тамомии олами исломӣ баргузиданд. Тоҷикистон дар мавриде рӯзи 05.06.2019 Иди Фитрро ҷашн гирифт, ки дар Каъбатуллоҳ, Маккаву Мадина, Теҳрону Кобулу Исломободу Дубайу Ар-Риёз ва Абу-Дабӣ 04.06.2019 намоз гузориданду Рамазонро бастанд. Тасодуф? Агар 1 бор мешуд, оре. Вале ба назар мерасад, ки ин тасодум аст!

Шояд муллокалонҳои мо ба ин ҷониб эрод гиранд, ки вақту соат фарқ дорад миёни ин кишварҳои исломиву мо?! Ҳарчанд даъвии бе асос асту фарқияти соат дар нисбат ба кишварҳои мусалмоннишини аврупоӣ ва Тоҷикистони азиз ҳамагӣ аз 30 дақиқа то 2 соат аст, вале далели дигаре дорем, ки «тафтология»-и мазкурро қотеъона рад мекунад: Маскав 2 соат аз мо фарқ дораду аз Саудӣ 4-5 соат. Вале онҳо низ намози иди Фитрро, аккурат, субҳи 4 июн гузориданд!

Пас мантиқи фатвои Шӯрои уламои мо дар чист? Ба пиндори мо, дар қафомондагӣ аз олами муосир!!!

Ҳоло, мӯҳтарам до-муллоҳо, асри 21 аст дар кӯча ва шумои азиз бо пахши 1 «линк» метавонед рӯзи идро низ мушаххас кунеду соати ифтору рӯза бастанро низ. Аммо бадбахтӣ дар ин аст, ки шумо ё намехоҳед ва ё наметавонед ин амалро поин овардан. Гирудори шумои азиз, метарсам, дар олами исломи муосир падидаи нави «Исломи Тоҷикӣ»-ро таваллуд накунад. Зеро ин бори нахуст нест, ки шумо Иди Рамазонро барои мо вежа, хос, алоҳида мекунед. Хонандаи некбин хуб дар хотир дорад, ки тақрибан дар ҳама рамазонҳо Рӯзаи мо вежа медарояду алоҳида мебарояд: Рамазону идҳомон фарқ доранд, аз боқӣ олами ислом ва ба ин ҳама аҳкоми шаръии шумо сабаб аст!

«Инаш ҳам гӯрба!»-гуфти мардуми шимоли кишвар. Шӯрои уламо ва муфтиёти мо чанд бори дигар ҳатто Иди Қурбонро алоҳида эълон карда буданд! Олами ислом дар Каъбатуллоҳ Ҳаҷ мегузориду Ид мекарду намоз мехонд, аммо ин ҳама амалро тавассути ТВ медидему сипас, 1 рӯз ба баъд, ба масоҷид шорида, намози Иди Азҳо мегузоридем. Чунин буд, муҳтарам муфтӣ ва азиз домуллоҳои гиромӣ? 1 бор аз рӯи сидқ ва имон ба Худо, иқрор шавед, ки чунин буду ҳаст ва…мемонад. Ҳоло метарсам, ки шумои азиз ин бор низ Иди Қурбонро барои мо хос кардаву рӯзе пас аз Маккатуллоҳ-қалби Ислом, онро ид эълон мекунед…

Ҳамаи ин сару садо дар ҳолест, ки Тақвими Рамазонии Шӯрои уламои фиқҳ ба ягон чаҳорчӯбаи мусалмониву астрологиву нуҷумшиносиву технологияи асри муосир рост намеояд. Ин сол низ чун ҳама солҳои қаблӣ, домуллоҳои мо 30-40 дақиқа аз вақти Рӯзадории моро ба яғмо бурданд, ки бо ҳукмашон даҳон аз хӯрдан мебастему сипас тақрибан 40-50 дақиқа мунтазири субҳ менишастем, то намоз гузорем. Ин дар ҳолест, ки барои 1 мусалмон ҳудуди 1 соат ташнаву гушна нишастан, дар тӯли 16-17 соати баъдӣ басе гарон меуфтод. СССР 10 сол шуд, дар бораи Тақвими ғалати ин муллоҳои ба таъбири Грибоедови маъруф «недоуч» менавишту менавишт. Аммо ба кӣ мегӯӣ???

Муллоҳо-ку дарди ба хайр, ба онҳо гап гузаронидан, ба таъбири Лоиқи бузург «ба ҳован об кӯбидан» аст. Аммо чаро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Кумитаи Дин, Академияи Улуми ҶТ… 1 нафар ёфт нашуд, ки ба инҳо фаҳмонад, «ҳуй, муллоҳои гиромӣ! Асри 7-8 нест дигар, бо мо машварат кунед, астроному табиатшиносонро даъват кунед, то рӯзу моҳу соату сонияи Рамазонро аз шуруъ то анҷомаш ба шумо фаҳмонем(анд)»…

Рамазон моҳест, ки чун боқӣ моҳҳои Тақвими Ҳиҷрии Қамарӣ ё 29 ва ё 30 рӯз меояд. Ин Тақвим 355 рӯз аст (Тақвими муосир 365 рӯзу 6 соат) ва зимнан 10 рӯз дар гардиш буда, ақиб мезанад. Ривоят аст, ки пайғамбарамон 6 сол Рӯза доштанд ва аз ин 2 солаш ба 30 ва 4 соли дигараш бар 29 рӯз рост омад. Яъне Пайғамбари Худо (с) бо фаросати зотие, ки доштанд, 1397 сол пеш рӯзи шуруъ, хатм ва Идро мушаххасан муайян мекарданду Шӯрои уламои мо бо тамомии дастовардҳои нанотехнологии асри муосир, ки ҳатто кӯдаки 6-7 сола метавонад дақиқан ин ҳамаро муайян намояд, наметавонанд, намози идро мушаххас созад?! Фарзи мисол, вақте ман ин матлабро менавиштам, бо 1 ишораи ангушт шуруъ ва хатми Рамазонро дар Интернет (Гугл) дар байни 1 сония муайян кардам:

Ураза-байрам 2019 (Таджикистан). С вечера: понедельник, 3 июня.

До вечера: вторник, 4 июня… Тамом ва-с-салом!!!!!

Шояд соате расидааст, ки ба Шӯрои уламо на танҳо қориҳои Қуръон, балки олимон, огаҳон ва ҷавонони «креатив» шомил гарданд? Ё бо такя бар олами католикӣ, ки танҳо пирону солхӯрдагонро чун Падар (Поп) ва кардинал (муовин)-ҳо қабул мекунанд, мо низ мӯсафедону солхӯрдагонро ба Шӯро ҷалб мекунему бас? 

Суоли матраҳ аст, албатта. Вале то ин суол посух наёбад, мо шояд боз 30 соли дигар идҳои вежаи Тоҷикӣ, ба фарқ аз дигар кишварҳои исломӣ, таҷлил хоҳем кард. 

Мо Метавонем!

 

саҳ 4 аз 12

Китобҳо

Flag Counter