ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Июн 2019 11:49

 

 (ҷасади Қодирову ҳамсараш то ҳол ёфт нашудааст)

Чоршанбе, 12 Июн 2019 11:42

Чоршанбе, 12 Июн 2019 11:27

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 11:20

 

Чанде қабл дар ҷаридае нисбати Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон матлаби муҳаққиқи тоҷик Ғафур Шерматов ба назар расид. Аз рӯйхати пешниҳодкардаи эшон танҳо Қарсибой Спатаевро нашнохтам. Ба шабакаҳои иттилоотӣ рӯ оварда, маълумоте мухтасар дар борааш дарёфтам. Спатаев (15.4.1918-26.11.1942) тирпуркунандаи миномёти батареяи 2-и дивизиони алоҳидаи 13-и савора-артиллерии дивизияи 61-и савора, корпуси 4-и савораи фронти Южний, сарбози қаторӣ. Дар Армияи Сурх аз марти 1942, дар армияи амалкунанда аз ноябри с.1942. Дар қисм ӯро ҳамчун сарбози диловар, боинтизом ва намунаи ибрат мешинохтанд. Дар муҳорибаҳо зидди фашистони истилогар дар ҷанубу ғарби Сталинград бо ҳамсилоҳон ҳуҷуми душманро зада гардонданд. 23.11.1942 дар ҳудуди колхози «Красный герой» бо оташи миномёт бо нишонгирии рост то 2 взводи пиёдагарди душманро маҳв намуд, ки он барои нигоҳдории мавқеи қисмҳои советӣ мусоидат кард.

Дар маҳали аҳолинишини Шарнутовский 26.11.1942 сӯи батареяи онҳо аз 3 самт 36 танк бо автоматчиёни немис ба ҳуҷум гузаштанд. Ӯ наҳаросида бо оташи нишонрас аз миномёт сарбозони душманро аз танкҳо ҷудо намуд. Мубориза нобаробар буд. Аз зарби тиру туфанг замину замон гӯё меларзид. Ҳангоме танки душман рахна зада, ба батарея хатар эҷод кард, ӯ минае дар бағал худро зери танк партофт. Бо қимати ҷони хеш оқибати муҳорибаро ҳал намуд. Бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 17.04.1943 барои иҷрои намунавии супориши ҷангии фармондеҳӣ бар зидди фашистон ва нишон додани қаҳрамонӣ ва шуҷоат ба Спатаев (пас аз марг) унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Ӯро дар гӯристони бародарии шаҳраки Шарнути н.Сарпинскийи Ҷумҳурии Қалмиқистон дафн карданд. Дар зодгоҳи қаҳрамон ва мактаби № 7-и ш.Чимкент нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.

Чоршанбе, 12 Июн 2019 11:08

5.06.1945. Фармондеҳони ҳарбии кишварҳои иттифоқчӣ, Георгий Жуков, Дуайт Эйзенхауэр, Бернард Монтгомерӣ ва Латр де Тассинӣ дар ш.Берлин Эъломияи таслими бечунучарои Олмонӣ гитлериро ба имзо расониданд. Тибқи он қудрати сиёсӣ дар Олмон ба ҳукуматҳои СССР, ИМА, Бритониё ва Фаронса вогузор шуд. Берлин низ қисматҳо тақсим карда шуда, ҳар кишвар қисмати худашро дошт.

6.06.1922. Дар СССР бо Декрети ШКХ Раёсати асосӣ оид ба кор бо адабиёт ва нашриётҳо созмон дода шуд. Ин раёсат, ки Главлит ном гирифт, тамоми фаъолияти нашриётиро дар аввалин кишвари Шӯроҳо зери назари худ қарор медод.

6.06.1922. Дар Маскав мурофиаи судии роҳбарони ҳизби эссерӣ оғоз шуд. Ин мурофиа аввалин парвандаи бузурги сиёсӣ дар СССР ба шумор мерафт ва дар он 34 роҳбари ҳизбӣ эссерӣ муҳокима карда шуданд.

6.06.1944. Ифтитоҳи фронти дуввум алайҳи Олмон дар Аврупо. Нерӯҳои англис ва амрикоӣ билохира баъди хоҳиши чандинкаратаи Сталин дар авохири ҷанг ба соҳили Фаронса дар Нормандия фуруд омаданд.

6.06.1957. Дар шаҳри Маскав мағозаи "Олами кӯдакон" ифтитоҳ ёфт. Баъди чанде мағозаҳо бо чунин ном дар тамоми шаҳрҳои бузурги СССР кушода шуданд ва яке аз беҳтарин мағозаҳои кӯдакон дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафтанд.

Чоршанбе, 12 Июн 2019 11:07

Журналист Нурулло Ҳасанов, аз ноҳияи Муъминобод бо телефони 918 67 08 05 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, аз рӯзе, ки Бег Сабур-раиси Хадамоти алоқаи ҶТ, нарху навои интернетро бардошт ва бо мусоидати президенти кишвар нархи интернет ба ҳолати аввала баргардонида шуд, антеннаҳои параболӣ мушкил пайдо кардаанд. Зеро то он шабу рӯз шабакаҳои телевизионии Русияро бо сифати хуб тамошо мекардем. Аммо чанд ҳафта боз сифати онҳо (яъне мавҷ!!!) тамоман безеб шудааст. Охир, ТВҳои мо ягон барномаи хуб надоранд, ки аз антеннаҳои параболӣ даст кашем ва маҷбурем ба ТВҳои хориҷа рӯ биёрем! Хоҳиш мекунам, сабаби мушкили мавҷи телеканалҳоро дида бароед ва дигарон ҳам дар ин боб назари худро нависанд, ки оё чунин мавҷи хира дар антеннаҳои онҳо низ ҳаст, ё на???

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 11:00

Узви Ихвон-ал-СССР, Насриддин Имомхоҷаев аз ноҳияи Файзобод ба СССР занг задаву гуфт, ки 1 бегоҳии рӯз ҳамроҳи 1 дӯстам аз назди беморхонаи Қарияи боло мегузаштем, ки 2 майзада бо ҳам даст ба гиребон буду касе ҷуръати наздик шудан надошт. Ба дорухонае даромада, дору харида, ақиб гаштем ва дар ҳайрат задем. Ҳар 2 майзада сари миз нишаста, сӯҳбати дӯстона доштанд. Ба дӯстам нигоҳ карда гуфтам, ки инҳо дар тӯли 10-15 дақиқа чӣ гуна забони дӯстӣ ёфтанд? Ҳамроҳам гуфт, инро ку намедонам, аммо чаро модоме майзадаҳо дар 1 муддати кӯтоҳ ба созиш меоянд, муллоҳои мо солиёни дароз роҳи дӯстиро намеёбанд?

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 10:57

Прокуратураи вилояти Хатлон мақолаи «Дузди зӯр соҳиби говро бастааст» (СССР, №13(550), 28.03.2019)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Муайян карда шуд, дар 15 соли охир қариб 20 сар чорвои шохдори калону майдаи Довидова Сабоҳат Аҳмадовна, сокини деҳаи Қудуқи н.Хуросонро шахсони номаълум тасарруф карда будаанд. Санҷиш муайян кард, ки дар асоси муроҷиати шаҳрванд Довидова аз 25.12.2017, шаби 4 ба 5.12.2017 ашхоси номаълум аз чарогоҳи ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Ғаллаобод»-и ин ноҳия 1 сар чорвои калони шохдори модинаи 5-соларо тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб зада, ба ӯ зиёни ҷиддӣ расонидаанд. Вобаста ба ҳолати ҷойдошта, 17.01.2018 аз тарафи ШВКД н.Хуросон нисбати шахсони номаълум бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б, в» КҶ ҶТ таҳти №14122 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳаракатҳои тафтишотӣ гузаронида шудааст. 17.03.2018 тибқи талаботи моддаи 230 қисми 1 сархати 1-и КМҶ ҶТ вобаста ба муайян карда нашудани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шавад, пешбурди парвандаи ҷиноятии мазкур боздошта шуда, дар ин хусус ба Довидова хаттӣ хабар дода шудааст. Парвандаи ҷиноятии мазкур тариқи назоратӣ аз сӯи прокуратураи н.Хуросон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Зимни санҷиш ваҷҳҳои овардаи ӯ тасдиқи худро наёфт.

Маҳмудзода Н.Р., муовини якуми прокурори вилоят

 

саҳ 8 аз 12

Китобҳо

Flag Counter