ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Июн 2019 10:53

Салом, СССР! Мани собиқадори соҳаи маориф солҳои тӯлонист, ки ба шогирдон аз фанни география дарс медиҳам. Бо фармоиши Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 17.05.2019, таҳти №2702 соли таҳсили 2018-2019 дар тамоми макотиби миёна новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ то 14.06.2019 анҷом дода мешавад, ки рухсатии 1 қисми омӯзгорон то 8 сентябр давом мекунад. Бо андешаи ман чун солҳои қаблӣ агар соли хониш то 25 май анҷом ёбад, ба истироҳату системанокии таълим ва омодасозӣ ба соли нави хониш таъсир намерасонад. Онҳое, ки аз пеши худ чунин қарор баровардаанд, заҳмати муаллимиро ё намедонанд, аз азобу уқубати ин касб парвое надоранд!!!

Саймурод Одинаев, н.Восеъ

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 10:50

Дар қаламрави н.Файзобод теъдоди мошинҳои сабукрав меафзояд ва дар паси чамбар наврасон бо “права”-и “харида” мошин меронанд. Ҳар гоҳ ба ноҳия сафар  мекунам аз деҳаи Фатҳобод ронандагон баҳудаю беҳуда суръати ҳаракати мошинро баланд мебардоранд. Дар роҳи байни деҳа ронандагонеро мебинам, ки нақлиётро бо суръати баланд меронанд. Нозирони БДА, нозирони литсензияи Вазорати нақлиёт зери дарахтон пинҳон мешаванду ба қавле “луқма” мепоянд. Рӯзҳои якшанбе дар бозори «Истиқлол»-и Ҷамоати деҳоти Мискинобод бозор барпо мегардад ва ронандаҳои нохондаро Худо медиҳад.

PS: Агар дар БДА ҶТ ба ин факти овардаи ман розӣ нестанд, биёянд ва дар ҳузури журналистон чанд ронандаи таксии маҳаллиро, худашон баргузида, имтиҳон гиранд. Аксарият 2 нагиранд, ман дар ҳамин пиронсолӣ истеъфо медиҳам. Мо Метавонем! Онҳо чӣ???

Ҳокими Сафар, н.Файзобод

 

Чоршанбе, 12 Июн 2019 10:47

«Тоҷикиш кардем!» бояд усулан маънии мусбӣ гирад, на манфӣ! Мефаҳмонам чаро?!

 Ҳафтаи пор, ҳини меҳмонӣ дар Кӯлоби бостонӣ, шоҳиди он шудам, ки худи Раиси шаҳр бо ҳузури садҳо тан пиру барно, даст то оринҷ барзада, ҳашар баромадаву гӯристонҳои мавзеъро аз хору хас тоза мекунад! Бе амру дархосте, ки барои хушнудии арвоҳон. Раис, дар сӯҳбат бо мо гуфт, Худо хоҳад, поини оромгоҳи марказии Хоҷа Ғойиб паркинг месозаду роҳи мошингарди дохили мазорро, ки 3-4 км беш аст, обдав-лоток хобонида, равшанполо (прожектор) шинонида, обёрӣ менамояд. Чун оромгоҳҳои Аврупо ва Амрико! Беҳтарин ибтикор, ки раисони то Иноятзода ҳатто дар фикраш ҳам набуданд. Рӯиҳамрафта, донишҷӯёни кӯлобӣ мазори русҳоро, ки бесаробон мондааст, тамиз, поккорӣ, таъмир, тармим ва ранг мекарданд. Ин дар ҳолест, ки ҷавонону наврасони рус, бо шиорҳои гитлерӣ ба падару бобоҳои ин студентон ҳуҷумҳои авбошона мекунанд. Мо Метавонем, зеро Худо бо мост!!!

Ҳамин шумора нафаре дар бораи ободкориҳои Асадулло Раҳмонзода дар н. Данғара навишт, нафаре, ки таърифу тавсифро аслан хуш надорад. Вале ман танҳо барои 1 чиз перомунаш менависам: Ӯ ҳамкасби ман аст ва журналисти муваффақ. Қаламаш назир надорад. Бовар дорам, замоне шоҳкориҳояш (бовар кун, хонанда, воқеан шоҳкорист навиштаҳош!) ҳатман нашр хоҳанд шуд ва исботи ин гуфтаҳо мегарданд! Шояд нафаре дигар эрод гирад, ки ноҳияро соҳибкорон обод карданд? Дуруст! Вале масъули вежаи ин бунёдкориҳо маҳз Асадулло Раҳмонзода буд ва сахткориву сахтгириву коршиносиву корбарии ӯро аксарият медонанд. Ин аст, ки дар соате бархе масъули чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатӣ аз ину он мушкил меноланд, ӯ тавонист, 1 гӯшаи диёрро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳад. Мо Метавонем!

Воқеан ҳам гиру дори масъулини ватансозро дар аксарияти шаҳру навоҳии Тоҷикистон дида, шахсан ман андеша дорам, ки инҳо ҳама бархеста аз Мактаби Эмомалӣ Раҳмонанд! Мактабе, ки аз патриотизми лафзӣ ва ура-ура гӯиҳои хушку холӣ орист ва танҳо Ватансоз меофарад! 

Дар ҳамин ҳол, атрофии соҳибкории фардӣ (частный сектор) низ бубояд гуфт. Бин, хонанда, ки дар тамоми кишвар даҳҳо ҳазор соҳибкори патриот, бо хоҳиши дил, бо сохту созу бунёдкорӣ банд аст. Агар касе фикр дорад, онҳоро маҷбур мекунанд, 1000% хато мекунад. Банда, баъди роҳандозии Лоиҳаи «Деҳи ман-Ватани ман» ба ин чорабиниҳо ва маҷлисҳо даъват мешавам ва бо бовари комил мегӯям, ягон нафарро касе маҷбур на-мекунад ва на-кардааст! Ҳама ихтиёран ба ватансозӣ бархестаанд, ки ҳалолашон бод! Он афроде, ки сармояро бо роҳи дуздиву ғарӣ ғунд овардаанд, низ аз ин маърака худро дур гирифтаанд. Касе ба онҳо эрод ҳам намегирад. Вале ҳатман чунинҳоро рӯзе не рӯзе ҳам Худо мезанаду ҳам намаки ин Ватан ва низ қонунгузории Тоҷикистон. Мутмаъин бошед, ки Мо Метавонем!

Дар ин гирудори ватансозӣ, маро 1 ташаббуси хелеее Инсонпарваронаи ҳамкасби дигарам-Раҷаби Мирзо ба ваҷд овард. Ин ҷавонмард, ки агар малеҳ карда гӯем, худ низ шояд ба пулу мол ниёз дорад, камарро аз 7-ҷо баставу барои 2 фарзанди Гулбегим Раҳмонова, 1 муҳоҷири кори Тоҷик, ки дар Русия кушта шуд, ҳудуди 45000 сомонӣ ҷамъ карда дод. 1 тин аз ин пул ғайб назад. Ҳар нафаре Раҷабро медонад, низ медонад, ки ӯ амин аст! Амин хислати пайғамбарамон буд ва низ…яке аз насабҳои Раҷаб аст, ки бо ин рафтораш номи хонаводагиашро ҳалол кард. Мо Метавонем!

Нафари дигаре, ки бо ҳамчунин корҳои хайр машғул аст, Шоира Раҳимҷон корманди СССР, журналист, оҳангсоз ва адиба аст. Таблиғро дӯст намедорад, мисли дигар қаҳрамонҳои имрӯзаи ман. Вале ман медонам, ки ӯ танҳо дар соли пор беш аз 100.000 сомонӣ ҷамъ овардаву ба кӯдакони мариз тақсим кард. Бовар кун, хонанда, худаш низ мисли Раҷаб ва даҳҳо тани дигар ҳамкасбонам, ниёз ба пулу мол дорад, вале 1 тин аз ин пулро харҷи хеш накард. Мо Метавонем!

Ва аз ҳама баъд: Вақте нархи гӯшт дар бозору супермаркетҳо боло рафт, ҳама ба дашному сақату ҳақорат гузаштем, вале хасеро рӯи хас нагузоштем. Ҳамакнун 1 сирро фошат мекунам, хонанда: Медонӣ, кӣ сабабгори поинравии нарх шуд? Алиматов 1 соҳибкор ва Шоҳрух Саидзод-марди сахии дигар. Инҳо талош карданд, ки аз ҳисоби худ ба бозорҳо гӯшту пӯст, картошкаву пиёз ва ғ. ворид кунанд, то нархҳо аз осмони 8 низ убур накунанд ва ба касе лаб накушоданд, ки чунин амали хайр доранд. Магар дигар тоҷирону сарватмандон наметавонистанд ин корро кунанд? Метавонистанд! Вале дар моҳи Худо, онҳо аз инсоф убур кардаву ҳамён пур карданд, ки оқибаташ ба хайр нест.

Он чизе гуфтам, аз миллион 1-2 амали 5-6 патриоти ватансоз буд. Сафи инҳо бештар аст ва ҳамарӯза меафзояд. Пас, худ бигӯ, хонанда, оё масали «Тоҷикиш кардем!» оё мантиқу маънии мусбӣ касб накардааст? Кардааст ва ещё как!!!

 

Ҷумъа, 07 Июн 2019 16:24

   Чархаи 2-юми НБО «Роғун» ба таври санҷишӣ ба кор оғоз кардааст. Чуноне ки сомонаи хабарии «Азия плюс» менависад, феълан он нерӯи барқ истеҳсол нахоҳад кард. То ба ҳол санаи дақиқи расман фаъол шудани чархаи 2-юми НБО «Роғун» ва истеҳсоли барқи он маълум нест.

   Бояд гуфт, ки ду чархаи НБО «Роғун» ба таври муваққат насб карда шуда, мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол намояд. Чархаи 1-уми ин нерӯгоҳ 16.11.2018 ба истифода дода шуда буд. НБО «Роғун» 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш ҳамасола то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард.

 

 

Ҷумъа, 07 Июн 2019 11:26

Ҷумъа, 07 Июн 2019 09:16

    Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ба диққати шаҳрвандон, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё, ки 14 ва 15 июни соли 2019 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Аҳмади Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то километри 21-ум назди истироҳатгоҳи «Кохи Малика» манъ карда мешавад.

    Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе бо ҳамин сабаб ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки дар санаҳои 14-15-уми июни соли ҷорӣ безарурият аз ташриф ба ҳудуди пойтахт худдорӣ намоянд. Ҳамзамон аз сокинони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории ин ҷаласаи муҳими байналмилалӣ дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт танҳо автобусу троллейбусҳо фаъолият хоҳанд кард.

   Бояд қайд намуд, ки айни замон аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё 27 кишвари қитъаи Осиё буда, 8 кишвар ва 5 созмони байналмилалӣ ба ин Форум ҳамчун нозир узвият доранд. Дафтари марказии ин Форум дар ш.Нур-Султон (Остона) мустақар аст.

 

 

Ҷумъа, 07 Июн 2019 09:11

Надид ӯ дар ҷаҳон инсони бадро,

Адабро ҷусту пайдо кард абадро.

Бихонам "Қул ҳуваллоҳу аҳад"-ро,

Худо раҳмат кунад Султон Ҳамадро!

(Хайрандеш)

 

Ӯ ягона нафаре буд, ки баъди тақсимоти ҳукумати 30%-а думболаи нафсу курсиву мансаб нарафт, ҳол он ки метавонист дилхоҳ маснадро баргузинад, зеро аз ангуштшумор афроди донишу ҳушманди собиқ ОТО буд. Шикастанафс, софдил, поквиждон, ҳирфаӣ, бебок, хушқалам, профессионал, ИНСОН.... 

Султон Ҳамади 68-сола, журналисти маъруфи тоҷик, ки аз саратони меъда ранҷ мекашид, шоми 6.06.2019 дар манзилаш, дар ш.Душанбе фавтид.

Cултони Ҳамад 3.04.1952 дар н.Тавилдара (ҳоло Сангвор), дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. С.1969 мактаби миёнаро дар н.Ҷиликӯл (ҳоло Дӯстӣ) хатм карда, с.1974 риштаи филологияи тоҷики ДДД (УДТ) ба номи В.И.Ленинро хатм кард. С.2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони «Аз Ардашер то шери Панҷшер» дар шакли китоб аз сӯи нашриёти «Ирфон» ба табъ расид. С.2005 китоби дигараш бо номи «Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо» дар нашриёти «Деваштич» аз чоп баромад. Соли 2007 ду китоби дигари ӯ «Дар сӯҳбати соҳибдилон» ва «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» аз сӯи нашр.«Деваштич» ва китоби дигараш таҳти унвони «Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон» дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ба табъ расид. Дар с.2012 китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ва нашри 2-уми «Султони қалбҳо» дар нашриёти Бухоро чоп шуданд. Китобҳои «Бурхи Валӣ-дӯсти Худо» (нашр."Истеъдод”) ва «Дар пайраҳаи нур» (нашр."Муаттар”) с.2013 нашр шудаанд.

Анд китоби дигари Султони Ҳамад бо номҳои «Сулҳ ҳадяи Худо буд», «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», «Босмачӣ хоин буд, ё ватанхоҳ?», «7+33=Сулҳу оштӣ» (Шарҳу тафсири 40 мулоқоти роҳбарони ҷонибҳои сулҳкунанда дар раванди гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон), «Афғонистон баъди Толибон», «Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат», «Лаби дарёи Ому» (Аз дафтари назм) омодаи нашранд.

Шодравон дар даврони Шӯравӣ дар КБД (КГБ) кор мекард. Солҳои 1990-92 сардори шуъбаи КГБи ноҳияи Қубодиён буд. Ба Афғонистон гуреза шуд ва роҳбарии бахши амнияти ИНОТ (ОТО)-ро ба ӯҳда дошт. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон чанд сол сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, баъдан сардабири нашрияи “Наҷот” буд. 

Баъдан хабарнигори махсуси Радиои Озодӣ дар Афғонистон шуд (2004-2005). Сипас кори расмиро хатм ва чун журналисти мустақил фаолият кард. Сардабири сомонаи “Рӯзгор ва газетаи ҳамномаш буд. Пажӯҳишгар, тадқиқотчӣ, муаррих ва публитсист.

 

Равонаш шоду хонаи ахираташ обод бод. Омин. 

 

Ҷумъа, 07 Июн 2019 07:09

Чанд рӯзе пеш бар асари боронҳои пайдарҳам ва омадани селу лой ба Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ 220 хоҷагӣ пурра ва 80 хонаи дигар қисман зарар дида, 5 хонаи дигар хароб шуд. Масъулони ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия гуфтанд, ки бар асари омадани сел сокинони 3 ҷамоати ноҳия қисман ва сокинони Ҷамоати деҳоти Гулистон бештар зиён диданд. Ҳоло корҳои барқароркунӣ, ба гуфти сокинон, идома дорад.

 

саҳ 9 аз 12

Китобҳо

Flag Counter