ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 26 Июн 2019 11:04

20.06.1921.Ба Петроград аввалин киштӣ бо озуқаворӣ барои гуруснагони Поволже ворид гардид. Он шабу рӯз қисмати Поволжеи РСФСР гирифтори гуруснагии сахт шуда буд ва ҳамаи ҷаҳон ба он кумак мекард.

20.06.1963. Миёни СССР ва ИМА хатти мустақими алоқа кашида шуд, то тарафҳо нохудогоҳ ҷангро оғоз накунанд.

21.06.1926. Дар Маскав аввалин таксиҳои шӯравӣ ба хизматрасонӣ оғоз карданд. Дар оғоз дар Маскав танҳо 16 мошини тамғаи "Рено" ба таъбире "таксӣ мезаданд".

21.06.1941.Нерӯҳои низомии немис, ки дар марзи шарқии СССР мустақар буданд, аломати шартии "Дортмунд"-ро дарёфт карданд. Тибқи ин аломат амалиёти низомӣ зидди СССР тибқи нақшаи "Барбаросса" 22 июн мебоист шурӯъ мешуд. Дастаҳои тахрибкори олмонӣ вориди хоки СССР шуданд ва флоти ҳарбии олмонӣ минакории вурудӣ ба халиҷи Финро сар кард.

21.06.1941.Дар шаҳри Самарқанд мақбараи Темури лангро канданд. Мегӯянд, баъди чанд соати боз кардани қабри Темур ҶБВ оғоз гардид.

22.06.1919. Маҷлиси умуми (Ассамблея)-и Веймери Олмон бо сабаби талаби таҳдидомези Антанта барои имзои созишномаи Версал ризоият дод. Ин созишнома яке аз сабабҳои оғози ҶБВ ба шумор меравад.

22.06.1940. Фаронса дар бешаи Кампен санади таслими бечунучарои худро дар баробари Олмон имзо кард.

22.06.1941. Артиши гитлерӣ бе эълони ҷанг ба хоки СССР ҳуҷум кард. Оғози ҶБВ. Ин рӯз дар бештари кишварҳои собиқи СССР чун Рӯзи ёдбуд ва ғаму андӯҳ қадр мегардад.

Чоршанбе, 26 Июн 2019 11:00

Оид ба натиҷаи баррасии мақолаи «Шефи телефонбозори Саховат кист?» иттилоъ медиҳем, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Нисбати 5 нафар ҳуқуқвайронкунандагон, ки ба савдои кӯчагӣ машғул буданд ва нисбати 16 тан ташкилкунандагони телефонбозори ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи 1 ВКД дар ноҳия протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо 15 нафар соҳибкорони гузаргоҳи зеризаминии назди КВД «Бозори Саховат», ки бе шаҳодатнома ё патент фаъолият мекарданд, вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, онҳо ҳуҷҷатҳояшонро ба Нозироти андози ноҳия пешниҳод карда, пурра бо патент таъмин шуданд. Ҳоло камбудиҳо дар минтақаи мазкур ислоҳ шуда, зери назорати доимӣ қарор доранд. 

Н.Маҳмудиён, 

муовини раиси ноҳия

 

Чоршанбе, 26 Июн 2019 10:59

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Азимҷон Абдуссаломов аз деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки бисёр падару модарон фарзандро ба Русия ё ба дигар ҷо равон мекунанду намедонанд, ки тақдираш чӣ шуд. Дар Ватан падараш орзуи Ҳаҷ мекунад. Модараш дар орзуи зодрӯз… ва дар гардан занҷирҳои тилоиро кашол кардан. Фикр намекунад, ки ин ҳама кайфу сафо бо хуни ҷигари писараш ба даст омадааст. Барои ҳамин, аз ҳамаи падару модарону хоҳару бародарон илтимос мекунам, ки худнамоиро кам карда, фарзандҳоро дар ватан ба кор монед. Пеш аз ҳама фарзандро хононда, маълумоти олӣ додан даркор! Дигар худ роҳашро ёфта роҳгардон шуда меравад!

 

Чоршанбе, 26 Июн 2019 10:57

Узви Ихвон-ал-СССР, нафақагир, Бахтиёр Миродилов, сокини маҳаллаи Профсоюзи шаҳри Душанбе дар суҳбати телефонӣ бо газетаи мардумии СССР гуфт, ки дар хатсайри 25 қонуну қарор ва фармонҳои Ҳукумати шаҳри Душанберо тамоман писанд намекунанд. Худашон шоҳу табъашон вазир! Масалан, нақлиёти мусофиркаши тамғаи «Мерседес-спринтер» (рақами қайди давлатиаш 2586 ТТ 05) аз мани 80-сола роҳкиро талаб мекунад. Ман ҳуҷҷатам нишон додам. Дар ин бора фармони Раиси ш.Душанбе 2 сол пеш содир шуда буд, ки бояд аз шаҳрвандони аз 75-сола боло роҳкиро нагиранд! Вақте дар ин мавзуъ бо ронанда ва кондуктораш гап задам, онҳо бо ман доду вой ва беодобона суҳбат карда, гуфтанд, ки «қонуну қарору фармонҳои Ҳукумати ш.Душанбе барои мо дахл надорад ва ба куҷое шикоят мебаред, кардан гиред!!!»

 

Чоршанбе, 26 Июн 2019 10:53

Салом, СССР! Дирӯз дар хатсайри №43 ҷавондухтаре ба ҷои он, ки ба кампири бо бибияш баробар ҷой диҳад, худро ба зани дар паҳлӯяш нишаста бо азобе мисли шиноси дерина вонамуд кард, то мусофирон пай набаранд, ки ӯ гӯё ин кампирро намебинад! Ин ҳодиса аввалин ва охирин бор нест, ки мебинам. Ҷавонони тануманд ва якраву худписанд дар автобусу троллейбусҳо мисли хор ба назар мерасанд, ки 3-4 ҷойро банд карда, бо овози баланд бо ҳам дар мавзуҳои ғайришаръӣ баҳскунон мераванд. Наход, то ба ин ҳадд ҷавонони имрӯз аз тарбият дур монда бошанд? Одоби тоҷикӣ кучо шуд???

Ҳаким Исмоилзода,

адиб

 

Чоршанбе, 26 Июн 2019 10:49

Ба маълумоти раҳбарияти нашрияи СССР расонида мешавад, ки дар ин ҳафтанома таҳти унвони «Идгардак равӣ 500 сомонӣ ҷарима?» (СССР, №23(560), 6.06.2019) оид ба як гуруҳ падару модарони хонандагони муассисаи мо ба воситаи Интернет хабар додаанд, гӯё ман-директори муассисаи таълимии №72-и н.Данғара дар баромадам дар назди хонандагон қайд карда бошам, ки «агар дар рӯзи иди Рамазон ид кунед, шумо ба маблағи 500 сомонӣ ҷаримаандозӣ карда мешавед». Ин гуфтаҳо ҳам дар Интернет ва ҳам дар мақолаи чопшудаи СССР ягон асос надорад ва ин баромадҳо бо ин гуна суханҳо дар назди хонандагон баён нашудааст. Танҳо ба хотири бо тартиби муайян ва боодобона идгардак кардани хонандагон таъкидҳо карда шуда буд. Инчунин ҳангоми идгардак намудан аз ҷониби хонандагон, ба нишасти гурӯҳӣ ва ташкили шабнишинӣ, шабгардиҳо роҳ надодан таъкидҳо карда шуд. Бори дигар иброз менамоям, ки сухани маблағи 500 сомонӣ ҷаримаандозӣ умуман дар ягон ҷамъомад баён карда нашудааст ва инро коллективи омӯзгорон ва кормандони муассиса низ тасдиқ менамоянд.

Ҳусейн Шарипов,

директори муассисаи №72, н.Данғара

Аз СССР: Муаллим ва завҷаашон меҳмони редаксияи мо буданд. Воқеан ҳам тӯли умри пурбаракот ин 2 тан хидмати маориф кардаанд ва тӯҳмату бӯҳтон задан ба ишон аз рӯи инсоф нест. Кофист, бигӯем, ки завҷаи ин директор набераи Соҳиб Табаров-устоди устодони соҳаи маърифатпарварӣ будаву 3 насл омӯзгорӣ доранд. Мо Метавонем! 

 

Чоршанбе, 26 Июн 2019 09:24

Пас аз фосилаи 30-сола бо дастгирии бевоситаи сарвазири ҶТ, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода тасмим гирифта шуд, ки дар Кӯлоб Заводи Аккумуляторбарорӣ созанд. Ин ҳамон тарҳест, ки дар соли 1988-90 ба вокуниши шадиди лже-патриоту зиёиёни аз саноат 100 км дур гирифтор гардид. Созмони мардумии «Ошкоро», ки маҳз барои НАСОХТАНи ин бузургтарин завод дар Осиёи Марказӣ бунёд ёфт, баъдан дар ҷанги гражданӣ саҳми бориз гузошт. Маҳз ҳамин заводу ҳамин «Ошкоро» ба майдон чеҳраҳоеро рехтанд, ки баъдан дар майдони «Озодӣ» бар зидди «Шаҳидон» хайма заданду кишварро ба ҷанги гражданӣ кашиданд. Ба лидерони он созмон таваҷҷӯҳ кунед:

-Рустами Абдурраҳим, Сангак Сафаров, Қурбон Зардаков, Мулло Ҳайдар, Маталӣ, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Мираҳмади Амиршоҳ. 3 тани ахирӣ, дуруст аст, ки бо буғранҷшавии вазъ худро аз раддаи аввал канор кашиданд. Аммо муҳимтар коре, ки ин созмон кард-насохтани заводе буд, ки метавонист Кӯлобро аз вартаи бекорӣ раҳо диҳад. Баҳонаи ягонае, ки пешвоёни Ошкоро «кашф» карданд, ки «заҳролудшавии шаҳр ва маргу мири ҳама сокинони он будӣ». 1 даъвии бе асос ва сода. Тоҳир Ғозиев-муҳандиси ҳирфаӣ, сиёсатмадор ва технократ, ки «Падари идея» буд, мегӯяд, агар ин завод сохта мешуд, Кӯлоб аз умқи бенавоӣ мебаромад ва Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ оҷилан ба 1 давлати саноатӣ табдил меёфт…

Имрӯз ҳукумати марказӣ таҳти сарварии Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он хатои мудҳиш ва фалокатбори созмони мардумии «Ошкоро»-ро ислоҳ карданист. Бар ивази 40 млн доллари амрикоӣ!!! Ин дар ҳолест, ки Заводи аккумуляторбарорӣ бояд аз ҳисоби буҷҷаи маскавии СССР сохта мешуд…

«Ошкоро» ва моҷарои Заводи Аккумулятор ба таҳқиқ моҷарои бунёди Роғун дар он солҳоро ба хотир меорад. Роғун низ бар асари даъвои чанд зиёии аз саноат дур сохта нашуд. Рӯиҳамрафта, ин моҷаро пешвоёнеро чун Гулрухсор Сафӣ, Бозор Собир, Давлат Худойназаров ба арсаи сиёсат овард. Дуруст аст, ки бону Гулрухсор сипас аз сиёсати майдонсозӣ худро канор гирифт ва хуб ҳам кард. Зеро хатарро эҳсос намуд. Аммо Бозору Давлат ба чоҳи кандаи ҷангҷӯёни исломӣ уфтоданд. Аҷобати кор ин ҷост, ки гавҳари майдони Озодӣ агар шиорпартоёни «Завод-насозем» будӣ, пас меҳвари Шаҳидон лидерони «Роғун-насозем» шудӣ. Даъвии ин зиёиёни аз саноат дур низ 1 омил буд: -Тоҷикон таки об мемонанду сарбанди баланди Роғун метавонад мардумро кушад.

1 даъвои аз ҳақиқат миллиард фарсах дур. Аҳамият деҳ, хонанда, ки авомили НАМЕСОЗЕМ барои 2 иншооти бузургтарин танҳо даъвии равшанфикрон асту баҳонаашон зистмуҳитӣ. Яъне технократе зидди ин лоиҳаҳо набаромада буд. Вале мо, ки халқи эҳсосӣ ва шеърпарварем, думболаи нотиқон рафтем. Ба гуфтаи Бозор Собир ба лутфи сеҳри Ситсеронҳои хиёбонӣ дода шудем:

Чу минбар ба тахт баробар шавад,

Ҳама ном Бубакру Умар шавад…

Воқеан ҳам, баъдан, устод Бозор дар сӯҳбат бо СССР мардона иқрор кард, ки «моро фирефтанду фанди чанд муллои бесаводро дарк накарда, ба фитна дода шудем». Соате расидааст, ки боқӣ дастандаркорони ин моҷаро низ мардона хатои худро иқрор кунанд. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

Ҳукумати марказӣ таҳти талошу кӯшиши бевоситаи сарвари давлат-Эмомалӣ Раҳмон Роғунро низ сохт! Бар ивази миллиардҳо доллари амрикоӣ!!! Коре иҷро шуд, ки ҳатто хушбинтарин шарикони стротегии мо бар он бовар надоштанду ҳамсояҳои кинатӯз роҳи оҳану ҳаворо бар мо мебастанд, то Роғун бунёд наёбад. Бунёди Роғун воқеан ҳам аз нодиртарин дастовардҳои на танҳо кишвари мо, ки куллияи давлатҳои пасошӯравист. Шумо 1 мисоле доред, ки лоиҳае дар қиболи проекти бузурги Роғун дар маҳдудаи собиқ СССР матраҳ шуда бошад? Ин корро танҳо мо-Тоҷикон кардем. Зеро Мо Метавонем!

Роғун ва Заводи Аккумуляторбарорӣ бори дигар исбот кард, ки мутаассуф, аз паси лже-патриоту равшанфикрони саноатситез ва муллоҳои нотиқ рафтан хатарҳо дар пай дорад. Имрӯз ҳукумати марказӣ дар амал собит намуд, ки Метавонад бидуни ҳаёҳӯй Тоҷикистонро ба кишвари саноатӣ мубаддал созад.

Гуфтанист, Заводи Аккумулятори Кӯлоб, ки тарҳи $40 млн аст, дар 8-10 соли ахир хароҷоташро пурра пӯшонида, фоидаовар мегардад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола мо танҳо аз хориҷи наздик ба маблағи то 16 млн доллар (расмӣ) ва беш аз 25 млн доллар (аслӣ) аккумулятор мехарем. Дигар намехарем! Мефурӯшем!!!

Матлабро чаро навиштам? Мардум, хонандаи гиромӣ, аъзои Ихвон ал СССР ба шӯру валвалаву иғвову дасисаҳои равшанфикрони торикдилу мулло-воъизини интернетӣ бовар накунед. Кӯр 1 бор асо гум мекунад, ки мо кардем. Ба гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ «Ҳар кас кори худашро кунад!». Шоир шеър гӯяд, муаллим муаллимӣ, мулло муллоӣ кунаду хулиган хулиганӣ. Ба технократҳо халал нарасонед, то Давлат созанд!

 Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 20 Июн 2019 11:54

Сохтмони Манораи муназзамӣ, ки дар асоси татбиқи Лоиҳаи грантӣ ва Созишномаи байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса марти с.2018 дар фурудгоҳи пойтахт барои КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оғоз гашта буд, ба охир расида, рӯзҳои наздик маросими ифтитоҳи расмии он баргузор хоҳад гашт. Бояд гуфт, бунёди Манораи муназзамӣ, ки дар таърихи истиқлолияти кишвар иншооти беҳамтост, тӯҳфаи арзандест ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ. Лоиҳаи иншоотро ҷониби Фаронса бо назардошти таклифу пешниҳоди мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тарҳрезӣ намуда, ба меъёрҳои сохтмонии ҶТ ва ҷаҳон мутобиқ гардонида, аз ҷониби мақомоти дахлдори тарафайн мувофиқа карда шуда, аз экспертизаи давлатӣ низ гузаронидааст. Дар ин замина Лоиҳаи Созишномаи байнидавлатӣ таҳия гардида, дар байни вазорату сохторҳои 2 ҷониб мувофиқа шуд ва то қадри имкон такмил ёфта, ниҳоят 13.07.2015 аз тарафи намояндагони расмии Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар шахси Вазири нақлиёти ҶТ ва Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. Аввали ноябри с.2017 аз ҷониби ширкати франсавии  «MARC MEUNIER” (МАРК МЁНЕ) оғози корҳои сохтмонии Манораи муназзимӣ ба роҳ монда шуд. 

Зимни сафари расмӣ ба ҷумҳуриамон Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан-Батист Лемуан 18.04.2019 ба КВД “Тоҷикаэронавигатся” ташриф овард. Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамчунин сафири Ҷумҳурии Фаронса дар ҶТ хонум Ясмин Гуедар ва 1 қатор меҳмонони олиқадр аз вазорату корхонаҳои мухталифи ин кишвар шомил буданд. Дар мулоқоти мазкур ҷониби Тоҷикистонро, ба ҷуз директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Ашуров Лоиқ, директори Агентии авиатсияи гражданӣ ҶТ Субҳонзода Икром ва муовини вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод намояндагӣ намуданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили марбут ба дӯстии дуҷонибаи кишварҳо ва тақвияти ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ибрози назар карда, баъдан меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонии Манораи муназимӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шинос шуда, ба кори анҷомдодаи пудратчии генералии сохтмон ширкати фаронсавии “Марк Мёне” баҳои баланд доданд. Инчунин, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар с.2018 ҷиҳати амалишавии парвозҳои ҳавопаймоҳо тавассути фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 долонҳои ҳавоии нави транзитиро ташкил ва ба истифода дода, чуноне дар Маҷмӯи иттилоотии аэронавигатсионӣ (AIP) низ омадааст, ин амал ба маротиб парвозҳоро афзуд. Аз шумораи умумии хизматрасонӣ 4686 парвоз транзитӣ буда, нисбат ба с.2017 47,5% зиёд аст. Ин нишондиҳанда возеҳ баён менамояд, ки шароити мусоиди лозима барои афзоиши парвозҳои транзитӣ муҳайё карда шуда истодааст. 

Ҳамзамон, дар соли 2018 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» модернизатсияи низоми радиостансияҳои оварандаи навъи АРМ-150 МА, насб ва ба истифода супоридани радиоминои масофасанҷи ДМЕ/ДМЕ-таҷҳизоти аэронавигатсионии муосирро дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб, ш.Истаравшан ва н.Данғара пурра ба анҷом расонид. Дар с.2018 аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба 51574 адад ҳавопаймо хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба с.2017 4,6% ё 2278 адад зиёд аст.

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

саҳ 2 аз 12

Китобҳо

Flag Counter