ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 31 Июл 2019 11:35

   

Дар натиҷаи баргузории амалиёти «Нелегал-Тобистон-2019» муайян карда шуд, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 96 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 119 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош ва бақайдгирӣ содир шуда, нисбати онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд. Инчунин, аз ин теъдод барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд.

   Тавре сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар баргузории амалиёт дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо 3196 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 724 корхонаву ташкилотҳое, ки дар онҳо 3491 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 125 иншооти сохтмонӣ, 65 корхонаи истеҳсолӣ, 326 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида баромада шуданд. Зимни баргузории амалиёт риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи ҶТ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифт. 

 

 

 

Чоршанбе, 31 Июл 2019 11:09

   Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии даври 4-ум дастаи мунтахаби Эронро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, шоми 30.07.2019 дар варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявии ш.Душанбе дастаи  футболи  мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии даври 4-уми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби  наврасони то 16-солаи Эронро бо ҳисоби калони 3:0 мағлуб намуд.

   Голҳои дастаи  мунтахаби  Тоҷикистонро Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд. 

 

Чоршанбе, 31 Июл 2019 10:53

 

   Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар нишасти ахири матбуотӣ вобаста ба масъалаи ҷамъоварии маблағ аз сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт барои таъмиру рангубор, гуфт, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, ҳамзамон аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки нисбати масъулоне, ки аз сокинон барои ин кор маблағ талаб менамоянд, ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунанд. 

   - Ҳукумати ш.Душанбе тасмим гирифтааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ симо ва намои пойтахтро дигаргун сохта, рангубори беш аз 2 ҳазору 200 бино ва сохтмони 133 бинои баландошёнаро ба анҷом расонад. То 1.07.2019 дар пойтахт рангубори 448 адад бино ва азнавсозии 112 адад нуқтаҳои партовпартоӣ гузаронида шуда, шумораи биноҳое, ки ниёз ба таъмир доранд, наздики 4 ҳазору 700 ададро ташкил медиҳанд. Маблағи буҷҷаи шаҳрдорӣ барои таъмир ва рангубори беш аз 2000 бино намерасад ва мо ният дорем бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ин корро амалӣ намоем, -таъкид намуд М.Зувайдзода.

 

Чоршанбе, 31 Июл 2019 10:51

 

   Дар соли равон тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илми ҶТ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 25 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 6409 ҷойи нишаст бо маблағи умумии 89 миллиону 891 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

   Бино ба иттиллои Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми мамлакат, ҳамзамон сохтмони 244 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 70 ҳазору 591 ҷойи нишаст идома дошта, аз ин шумора сохтмони 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 12 ҳазору 446 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва ба тариқи ҳашар сохтмони 48 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 5 ҳазору 659 ҷойи нишаст давом дорад.

 

 

Чоршанбе, 31 Июл 2019 10:12

Отабек Умаров-шавҳари Шаҳноза, домоди хурдии президенти Ӯзбекистон дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ки БДА Тошканд ӯро барои риоят накардани қоидаи ҳаракати роҳ штраф кард. Дар санади пардохти ҷарима дида мешавад, ки ӯ барои ҳаракат бо суръати баланд 1 млну 824 570 сум (бештар аз 200 доллар) ҷарима пардохтааст. Ӯро пас аз он ҷарима карданд, ки дар Инстаграм видеои ҳаракаташ дар яке аз кӯчаҳои марказии Тошкандро гузошт. Дар видео дида мешавад, ки ӯ мошини «Тесла»-ро бо суръати тақрибан 200 км/соат меронад.

 

Чоршанбе, 31 Июл 2019 10:09

Қадимтарин ҳаводори газетаи СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 74-сола, аз деҳаи Туркироҷи шаҳри Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки бо 2 мушкил назди шумо омадаам:

1.Дар хонаводаи ман духтарам-Гавҳаршодбегим (соли тав.1981) маъюби гуруҳи 1 асту 200 сомонӣ пенсия мегирад. Комилан роҳ гашта наметавонад. Мехоҳам, ки нафақаашро зиёд кунанд. 

2.Дар замони СССР вақте синну соли кас ба нафақа мерасид, ӯро зуд аз кор озод намекарданд. Баъди ба нафақа баромадан ҳам маъмурият ба дидорбинии нафақагир мерафт ва аз ҳаёту зиндагониаш огоҳ мешуд. Агар шахсе ҷавоб диҳад, ки баъди ба нафақа баромадан ҳам кор кардан мехоҳад, маъмурият бо ҷону дил ин хоҳиши ӯро қабул мекарданд. Боз дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки “таҷрибаи шумо барои мо боиси омӯзиш аст. Бе шумо корхонаи мо пеш намеравад”. Дар шароити ҳозира, ки синнат ба нафақа расид, аз кор ҷавоб дода мегӯянд: “Фармон аз болост!” Аён нест, ки ҷавон аз ӯҳдаи кор мебарояд, ё не! Агар фармони боло дар ин бора бошад, пас чаро онро бо ВАО эълон намекунанд?

 

Чоршанбе, 31 Июл 2019 09:55

Чоршанбе, 31 Июл 2019 09:50

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 15

Китобҳо

Flag Counter