ХАБАРИ ДОҒ
Сешанбе, 16 Июл 2019 17:17

    Тибқи иттилои Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар кишвар то ба имрӯз 6 миллиону 458 ҳазору 990 нафар муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ба қайд гирифташуда, теъдоди муштариёни фаъол 4 миллиону 856 ҳазору 887 нафарро ташкил медиҳад. То 11.07.2019 аз ин теъдод, яъне аз шумораи наздики 6,5 миллионнафара танҳо 1 миллиону 883 ҳазору 385 нафар тавонистаанд бо пешниҳоди шиносномаи намунаи соли 2014 сим-кортҳои хешро аз нав ба қайд бигиранд.

    Чуноне ки мавсуф зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2016 №207-7 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳоли вобаста ба он» азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон-корти ID гузаронда мешавад. Тибқи ин қарор Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15.08.2019 ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз 2 симкортро бо шиносномаҳои нав-ID корт анҷом диҳад. 

   - Дар сурати то 15.08.2019 пурра иваз нашудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба шиносномаҳои намунаи соли 2014 мо метавонем барои тамдид намудани мӯҳлати мазкур ба ВКД ҶТ муроҷиат намоем, - таъкид дошт Илҳом Атоев.

 

 

 

Душанбе, 15 Июл 2019 17:14

   Маркази «Ёрӣ ба муҳоҷирон» номгӯи ҳамаи хизматрасониҳоро ҷиҳати гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Руссия пешниҳод менамояд: 

   - Тарҷумаи тасдиқшудаи ШИНОСНОМА аз ҷониби идораи ноториалӣ дар ш.Москва. 

   - Тарҷумаи тасдиқшудаи РМА (ИНН) аз ҷониби идораи ноториалӣ дар ш.Москва.    - Сугуртаи тиббӣ (медицинское страхование);

   -  Сертификат дар бораи донистани забони русӣ аз тарафи Донишкадаи давлатии забонҳои русӣ ба номи А.С.Пушкин. 

Мӯҳлати гирифтани тамоми ҳуҷҷатҳо аз 4 то 6 рӯз. 

 

Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ-98853 55 55, 2270337 

Суроғаи мо-ш.Душанбе, к.Мирзо Турсунзода 3/1, ҳуҷраи 2.

 

 

Ҷумъа, 12 Июл 2019 16:26

 

Ҷумъа, 12 Июл 2019 12:01

   ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» тасмим гирифтааст лоиҳаи навсозии пиёдароҳ ва кӯпруки мошингарди х.И.Сомонии пойтахтро то буриши хиёбони Сино татбиқ намуда, равшандиҳиндии хиёбони мазкурро ба таври муосир ба роҳ монад.

   Лоиҳаи иншооти мазкур  дар асоси қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД ш.Душанбе ва КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» таҳия  гардидааст. ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар асоси лоиҳаи дахлдор, пас аз дастрас намудани хулосаи экспертизаи он ва иҷозати Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе ба корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳад кард.  

 

 

 

 

 

 

Панҷшанбе, 11 Июл 2019 10:32

   Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ ва ҳамзамон сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ ба зертобеони худ дастур додааст, ки масъалаи саривақт иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014, яъне ID-шиносномаҳо ва фароҳам овардани шароит барои сокинони деҳаҳои дурдасти вилоят тадбирҳои мушаххас андешида, бо таъсис ва равон намудани нуқтаҳои сайёр мушкили шиносномаивазкуниро дар маҳалҳо ҳаллу фасл намоянд.

   Тавре ба мухбири СССР дар сӯҳбати ихтисосӣ Рустам Мирзомурод, муовини сардори РВКД дар ВМКБ иброз дошт, аз номи сардори Раёсат ба унвони мудирияти ширкатҳои алоқа ва мобилӣ вобаста ба гузоштани таҷҳизоти махсус ва фароҳам намудани фазои интернетӣ дар дурдасттарин маҳалҳои вилоят алакай нома равон карда шудааст. 

   - Бо ба даст омадани чунин имконият кормандони шӯъбаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо тариқи мошинҳои сайёр ба маҳалҳои дур фиристода мешаванд, то дар ҷояш ин мушкили мардумро осон намоянд. Шумо медонед, ки амалӣ ёфтани ин кор бидуни шароити электронӣ ва интернетӣ ғайриимкон аст, зеро системаи шиносномадиҳиву ивазкунӣ муттамарказ мебошад. Воқеан ҳам баъзе деҳаҳо хеле дур аз маркази ноҳия ҷой гирифта, сокинонаш баъзан дар 2-3 моҳ 1 маротиба имкони омадан ба маркази ноҳияро доранд. Бо назардошти ин мо тасмим гирифтем барои осон кардани ин раванд кормандони худро ба деҳаҳои дурдаст фиристем, -афзуд Рустам Мирзомурод.

   Мавсуф инчунин қайд намуд, ки чунин деҳаҳо бештар аз ноҳияҳои Рӯшон-водии Бартанг, Мурғоб-Булункӯлу Қароқул, Роштқалъа, Дарвоз ва Ванҷ воқеъ буда, сокинон низ якчанд маротиба дар бораи ташкили нуқтаҳои сайёри шиносномаивазкунӣ дар маҳалҳои дурдаст ба унвони ВКД ҶТ низ муроҷиат намудаанд.

СССР

 

Чоршанбе, 10 Июл 2019 16:28

 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе парвозҳои ҳавопаймои «PACTEC International»-ро, ки аз ш.Душанбе ба самти ш.Хоруғ парвоз анҷом медод, пас аз манъи якҳафтаина дубора иҷозати парвоз дод. Гуфта мешавад, ки Ёдгор Файзов, раиви ВМКБ барои барқарор намудани парвозҳои ҳавопаймои ин ширкат шахсан ташаббус нишон дода, ба Ҳукумати ҶТ муроҷиат кардааст.

   Парвозҳои ширкати «PACTEC International», ки аз фурудгоҳи Фахробод ба Хоруғ анҷом меёфт, бо сабаби талаби маблағи ҳангуфт-наздики $100 000 барои хизмати рӯизамини аз ҷониби фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мутаввақиф карда шуд. Бояд қайд намуд, ки фурудгоҳи Хоруғ зертоби фурудгоҳи байналмилалии Душанбе буда, барои хизмати 1 ҳавопаймо $101 талаб намуда, маҳз пас аз дахолати сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иҷозати ин парвозро додааст.

 

СССР

 

Чоршанбе, 10 Июл 2019 16:25

Хоҳарону бародарон, дӯстони азизу арҷманд ва гиромиқадр!!!!!!!

Бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост. 

Ҳамсарам, ҳамсари вафодорам, нозбардору нозпарварам, волотар аз ҳама дӯстони ҷониям, сарчашмаи идроку илҳомам, осоиши рӯзгору дилпуриам дар роҳи пуршебу фарози ҳаёту фаъолиятам дар ҳама давру замонҳои зиндагиям, модари беназиру меҳрубон, гулпарвари хонадону фарзандони азизам, ки ҳамеша одобу масъулият, покию накӯкорӣ, инсофу адолат, сабру таҳаммул ва одамиятро меҳвари зиндагию ҳаёташон меҳисобиданд, роҳи охираташонро паймуданд.

Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,

Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.

(Гулрухсори Сафӣ)

Дигар ҷояшон холист, аммо муҳаббату садоқати оиладорӣ, ҳамдилию вафодории беҳамто ва рӯҳи покашон бароямон ҷовидонист.

Худованд хонаи охираташонро обод ва фирдавси баринро барояшон насиб гардонад. 

Аз ғамшарикӣ ва изҳори тасаллияти самимимонаатон нисбати мусибати оилавиям аз самими қалб сипосгузорам ва оид ба эҳтироми бевоситаю ирсолнамудаатон назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам.

Ҳамеша саодатмандию шодкомии рӯзафзуни Шумо ва хонаводаатонро аз даргоҳи ХУДОВАНДИ МУТАОЛ таманно менамоем.

 

Чоршанбе, 10 Июл 2019 11:41

    Саидпошо Қаҳҳорова, сокини 86-солаи ш.Бохтар тасмим гирифтааст ба ҷойи сафари Ҳаҷ яке аз кӯчаҳои шаҳрашро таъмир намояд. Айни ҳол дар к.Абдусалом Қаҳҳорови маҳаллаи Сарчашмаи ш.Бохтар бо ташаббуси ин зан 1,5 км роҳ таъмир шуда истодааст. 

   Мавсуф 1 маротиба зиёрати хонаи Худоро дошт ва маротибаи дуюм фарзандон барои сафари Ҳаҷ барояш маблағи муайяне омода намуданд. Саидпошо Қаҳҳорова бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифт, ки маблағи сафари Ҳаҷро дар таъмири роҳи ҷойи истиқоматаш харҷ намояд. Ин тасмими модарро фарзандон дастгирӣ карда, алакай дар ин росто кор шурӯъ шудааст. Дар оғози кори нек масъулини ҳукумати шаҳр барои ин амали хайр аз номи раиси ш. Бохтар Исмоилзода Абдуаллим ба пиразани накӯкор изҳори миннатдорӣ карданд.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, вилояти Хатлон

 

саҳ 10 аз 15

Китобҳо

Flag Counter