МИҲД н.Мастчоҳ навиштаи «Монеагузориҳо дар Мастчоҳ»-и З.Дилшод (СССР, №30, 25.07.2019)-ро мавриди омӯзиш ва баррасии амиқ қарор дод. Ҳақиқатан бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои умумиҷумҳуриявии ҷашни 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ с.2020 дар н.Мастчоҳ таҷлил карда мешаванд. Ба ин муносибат дар ноҳия як қатор иншооти муҳташами ҷашнӣ ба мисли қасри замонавии фарҳанг барои 1000 ҷои нишаст, варзишгоҳи замонавӣ барои 10.000 ҷой, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд», МТМУ барои 720 хонанда, майдони Парчами давлатӣ ва чандин иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки дар ҳамаи онҳо раванди корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд. Аз ҷумла, корҳои сохтмонии қасри муосири фарҳанг беш аз 80% иҷро карда шудааст. Инчунин то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия сохтмон, бунёд ва азнавсозии 535 иншоот ба маблағи умумии беш аз 480 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки вобаста ба татбиқи он дар нимсолаи якуми с.2019 ба маблағи 14 млн. 560.000 сомонӣ 68 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст...
Солеҳиён Ш. А.
Муовини Раиси ноҳия
Мухлис ва хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР Абдулфаттоҳ Икромов табиб аз ноҳияи Ёвон ба газетаи СССР занг задаву гуфт, имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки Қонун дар бораи дохилшавӣ ба макотиби олии кишвар танҳо баъд аз адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қабул гардад. Дар ин бора мутахассисони соҳа чӣ мегуфта бошанд? Барои мисол, дар Ӯзбекистони ҳамсоя дар ин хусус қонуни вежае ҳаст, ки агар то фарзанди шумо дар Артиши Миллӣ хизмати ҳарбӣ накарда бошад, ҳаргиз ӯро ба кори давлатӣ роҳ намедиҳанд ва ҳатто дари макотиби олӣ ба рӯи фарзанди хизматгурези шумо баста аст!!!
Хонандаи ҳамешагии газетаи мардумии СССР-Дилбар Каримова аз шаҳри Ваҳдат ба СССР занг зада, мепурсад, дигар тақдири ҷоизаи Нобел гирифтани адиби Тоҷик, устод Темур Зулфиқоров, ки газетаи СССР чанд сол пеш пешниҳод карда буд, чӣ шуд? То ҷое медонем, ҷоизаҳои Нобелро дар тамоми бахшҳо-фарҳангу сиёсату иқтисод ва технология… ба ашхоси соҳибҳунар супориданд, ки ҷумлагӣ аз Аврупо буданд. Лек аз устод Темур ҳарфе дар ин бора нашунидем. Аммо 1 саволи ман посух мехоҳад: Оё Тоҷик Метавонад, ки соҳиби ҷоизаи Нобел бошад? Зеро то имрӯз нашунидаам, ки Тоҷик ҷоизаи машҳури ҷаҳониро соҳиб шуда бошад…
Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР! Ман ба 1 мушкили сахти иҷтимоӣ дармондаам ва ниёз ба маслиҳат дорам. Аммо камина мехоҳам ин мушкилро дар суҳбат бо домуллои гиромиқадр Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов иброз намоям. Лиҳозо, аз газетаи СССР хоҳиш дорам, ки барои ёфтани Ҳоҷӣ Мирзо кӯмакам кунад. Яъне домуллоро аз куҷо ва чӣ хел ёфтанам мумкин? Хулласи калом, банда ба машварати динӣ эҳтиёҷ дорам. Эҳтирому эътиқоди ман ба домуллои муътабар хело зиёд аст ва аминам, ки мушкли ман танҳо дар суҳбати домулло ҳал мешавад. Лутфан, суроғаи устоди азизро ба ман нависед.
Ф.Исмат,
ноҳияи Восеъ, тел: 98 503 80 76
Аз редаксия: Мо аввал бо Ҳоҷӣ сӯҳбат мекунем ва агар розӣ шуданд, суроғаашро ба Шумо равон мекунем. Ин фарҳанги эҳтиром аст. Мо Метавонем!
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Перомуни армия гуфтаниям: Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки даъват ба сафи армияро чун давраи Советӣ бо даъватномаи военкомат, бо тую маърака барпо кунад, вале бе дахли Танзим! Бигзор бо хурсандӣ ба хизмат раванду обутоб ёбанд ва соқу саломат (на инвалид!) пеши падару модарашон баргарданд. Имрӯз даъват ба сафи армия 1 камбудии ҷиддӣ дорад: Ба хизмати армия фақат фарзандони деҳқон, коргари одӣ, камбизоату камбағалон даъват мешаванд, на фарзандони доро, вазирону мансабдорон! Охир Ватан, Тоҷикистон барои ҳама азиз аст. Барои чӣ дар давраи ҶБВ фарзандони Сталини Бузург дар сафи пеши ҷанг буданд? Сталин ҳатто фарзандашро, ки дар асорати немисҳо буд, озод накард, барои он ки ҳазорҳо фарзандони халқи СССР дар ин аҳвол буд ва ҳамаро чун фарзанди худ медонист! Давлати СССР Ватани ҳама буд, ҳама баробар софдилона дар хизмату ҳимояташ буданд. Сталин намегузошт, ки 1 ваҷаб замини Ватан ба душман бимонад, на мисли ҳозира, ки Қирғиз ватани моро забт карда гирифтаасту мо хап карда тамошо дорем, гӯё ҳеҷ гап нашудааст. Фарзанди мансабдори тоҷик ширин асту эркатулфор, Мошинсаворӣ карда гардад, хориҷа раваду хидматро камбағал кунад? Мантиқ куҷост???
Ҷумъа Муродов,
н.Восеъ
Пантуркизм дар ҷомаи маҳини насиҳату панду танз ва хандахаришсозии миллати Тоҷик эҳё мегардад, ки 2 карат хатарноктар аз пантуркизми ҷадидони Бухоро дар солҳои 1920 аст. Инро бояд касе мегуфт, ки ман гуфтамаш. Мо Метавонем!
Намехостам дар ин бора нависам, вале Худо шоҳид, ки душманони миллат гузарониданд. Сахт менависам! Зеро душманони дохилӣ, мисле, ки гург дар ҷомаи гӯсфанд, сӯи миллати Тоҷик даҳон гиз кардан доранд ва мутаассуф, ин табассуми дӯстона нест:
Хушнуд машав, душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест!
Вазъият хеле бад шудан дорад. Зеро душманон бо нидоҳои урра-патриотизм ва ура-дӯстӣ, мехоҳанд даҳони тамомии интеллигенсияеро, ки роҷеъ ба ифтихороти миллӣ менависанду мегӯянд, бубанданд. На-ме-та-во-нед! Ва иддаъоҳои дурӯғини шумо роҷеъ ба дӯстии халқҳо ва мини-саҳифаҳои «Дружба» ва «Братство»-ятон моломоли кизбанд. Мо ба миллате кор надорем, вале Миллати хешро иззат мегузорем ва табиатану зотан аз ҳама миллатҳои қораи Осиё ва ҳатто олам боло мегузорем. Ин кредои ман ва шиори дилхоҳ Тоҷики сарбаланд буд, ҳаст ва мемонад! Борҳо гуфтаву боз менависам, Тоҷик баробар бар дилхоҳ миллати пешрафтае чун англису франсузу испаниву арабу турк асту аз қавму қабоили сунъии навтаъсиси степнишин болотарак меистад. Зеро фарҳанги илму адён, навиштору гуфтору пиндорро мо-Тоҷикон ба ин мардум ҳадя кардаем. Мисоли оддӣ мехоҳед? Бузургони моро қавму қабоили дигар аз худ мекунанд, зеро они худро надоранд! Мо дорем ва ину он бузургворамонро бар ишон тақдим мекунем: Низомиро бар озариҳо, Форобиро бар қазоқҳо... шаҳру қасабаҳоро бар ину они дигар. Зеро медонем, ки Модари Тоҷик боз бузургвороне аз унҳо бузургтар таваллуд мекунад:
-Боз зояд Модари Тоҷик фарзанди дигар!!!
Сари мақсад меоям: нафаре бо исми гӯшхароши Утқир, дар Фейсбук солҳову моҳҳост, ки ба ҳар дастоварду пешрафти Давлати мо бо танз менигараду ободиву озодиҳои Давлати Тоҷиконро мавриди хандахариш қарор медиҳад. Ин нафарак 1 усули зиндагонӣ дорад:
Неши ақраб на аз рӯи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст…
Утқирбек, ки худро зодаи Тоҷикистони азиз мехонад, вориди баҳсҳои интернетӣ шудаву ҳамеша бар дилхоҳ ақидаи миллӣ эрод мегирад. Ҳар боре исми гӯшнавози Тоҷикро шунавад, чун мор бар худ мепечад. О, буродар, аз кадом қавму қабилае, ки бошӣ, ҳалолат бод. Шахсан ба ман ва мо лозим нестӣ. Бирав, ҷое дилат мекашад. Зеро гуфтаанд, ки «Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам», яъне ранг бину ҳол пурс. Ва аммо ин нафар, вақте журналистони миллатпарварда ва патриотро Фашисту Расист мехонаду бар пешравиҳои Давлати Тоҷикон бо танз назар медӯзад, косаи сар лабрез мегардад. Рӯиҳамрафта, ин Утқирбой танҳо Давлати моро танз мезанад. Кишвареро, ки худро намояндаи он миллат мехонад, аслан даст намехалонад. Зеро медонад, ки дар он кишвар аз чунинҳо шашлик тайёр мекунанд, сих мезананду мепазанд то сурх шудан! Ва аммо чун мо-Тоҷикон миёни ҳам қилу мақол кардаву ба оташи ғазабу тоҷикситезии утқирҳо равған мепошем ва миллату давлатро сарфи маҳалпарастиамон кардаем, ин афрод худро дар табақи хеш мебинанд (на своей тарельке). Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки ҳоло ба Тоҷикистон онҳое санг меандозанд, ки дар ин кишвар таваллуд шудаву намояндаи дигар ақвоманд. Утқиру Темуру Болтаву Гайкаҳо…, ки садқаи ному нони Тоҷик шаванд!
Воқеан ҳам дар ин доду ситад маро 1 нукта аҷаб уфтода: Куҷоанд бузургони ин миллат, ки дар олами виртуолӣ ва чопиву электронӣ аз Миллату Давлати хеш дифоъ кунанд? Чаро Раёсати Иттифоқи Нависандагон канор рафтааст? Шахсан ман, бидуни Ато Мирхоҷаи азиз, дигар ягон узви ин иттиҳодро на дидаву на мебинам, ки бо имзои хеш аз манофеи Давлат пуштигирӣ кунад. Чаро Низом Қосим Турсунзодаву Қаноату Аскар Ҳаким намешавад? Аз чӣ андеша дорад? Айнӣ, Лоҳутӣ, Миршаккар, Турсунзода, Боқӣ, Муъмин, Лоиқ, Меҳмон… магар муҳофизи идеологияи вақт дар РСС Тоҷикистон дар арсаи муборизаҳои ҷанги сард набуданд? Аскар Ҳаким дар давроне, ки ҷаноби Калашников ҳокими мутлақи Тоҷикистон буду туфангу таппонча вазиронаш, ҷасурона баромадҳо кардаву даъват ба Сулҳ менамуд! Пас, чаро раёсати ИНТ имрӯз хомӯш аст??? Ҷои хомӯшӣ нест ва ҳам ҷой-ҷои хомӯшон нест. ИНТ бояд дар майдони набарди идеологӣ дар хатти аввали ҷанг бошад:
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ,
Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, Манҳус-Утқирро кунӣ бе шоху барг!
Вале чун Сухану Қалам ба дасти хомӯшон аст, табиист, ки Утқирҳо гургро дуру майдонро холӣ дида, сари андешаи равшанфикронро хоҳанд буррид. Ва баҳона ҳам ёфтаанд, «дӯстии халқҳо»… «Утқировшина», «Пономарёвшина»-инҳо ҷараёни навеанд, ки дар баробари панэронизму пантуркизму панславянизму панваҳҳобизму панарабизм рӯз ба рӯз нерӯ мегирад ва ғизо-сӯзишворияш хомӯшии тарсолудаи мо-Тоҷикон гаштааст: Пономарёви рус аз «Комсомольская правда» миллати моро ба хар баробар мекунаду Утқир дастовардҳои моро танз мезанад, вале мо посух, ки гардондем-фашисту расистем. Оё, Давлати Тоҷикон, шаҳри бедарвоза аст???
Мо душмани ягон халқ нестем, утқирбойҳо, инро бояд донед, вале Миллати хешро аз тамомии қавму қабоили дигари олам болотар медонему мехонему менависем. Мо Метавонем!
Субҳи имрӯз бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида шуд. Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуда, бо кормандон ва мутахассисони НБО сӯҳбат орост.
Тавре Хадамоти матбуотии сарвари давлат хабар медиҳад, таҷдиди асосии НБО “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат хоҳад гирифт. НБО “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта буда, дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст. Корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст. Бунёди ин неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст.
Бояд гуфт, ки истеҳсоли солонаи неруи барқ дар НБО “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600-650 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад ва иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110- киловолта пайваст аст. Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолтаи неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад. Баъди таҷдиди пурраи неругоҳ умри он боз садсолаҳо зиёд шуда, тавоноиаш бештар мегардад.
Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австрагӣ сурат гирифтааст. Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа Консортсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд пешниҳод карданд.
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни сафари кории худ ба н.Зафарободи вилояти Суғд дар деҳоти Равшани ин ноҳия бо фаъолияти фермаи инноватсионии парвариши чорвои шохдор-бузҳои зотии аврупоӣ ва корхонаи коркарди ширу истеҳсоли панир шинос шуд. Бояд гуфт, ки фермаи мазкур соли 2015 дар худуди фермаи хусусигардонидашудаи соҳибкори маҳаллӣ Назар Ғоибназаров ва шаҳрванди Австралия Ҷеври Диллон таъсис ёфта, дар оғоз танҳо 10 бузи ширдеҳ парвариш меёфту халос.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, чунин фермаи махсуси инновасионии бузпарварӣ дар минтақа нахустин буда, дар муддати 4 сол саршумори бузҳо аз 10 то ба 240 сар расонида шуд. Аз ин теъдод 100 сар бузҳо ширдеҳ буда, ширҷӯшӣ ба ҳисоби миёна дар 1 шабонарӯз 2,5-3 литрро ташкил менамояд. Фермаи мазкур бо таҷҳизоти технологии пешрафтаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҷеври Диллон ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон худ фаъолияти фермаро муаррифӣ намуда, барои эшон аз имкониятҳои имрӯзаи фермаи беҳамто нақл кард.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар