ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Август 2019 08:53

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Солеҳ Зайниддинов аз деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз бо телефони 98 833 03 04 ба СССР занг задаву гуфт, ки имрӯз давлат тинҷу ором аст, пас облава чӣ даркор? Воқеан, чаро писарони вазирону раисон дар хизмат нестанд? Агар бошад руйхати аскарбачаҳои чиновникҳоро дар СССР чоп кунед.

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 08:43

Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзосалим Муллоҷонов, нафақагир аз ноҳияи Ашт ба СССР занг задаву гуфт, ки ман ба муаррихи сермаҳсули газетаи СССР-Меҳрубон Салимшоев чанд савол дорам:

1.Соли 1960 дар кӯҳҳои Табошар, Консой, Канзал, Қаромазор бо ҳамроҳии геологҳо ба ҳайси тахтабардорак (рейна) кор мекардам. Дар чанд ҷои кӯҳ шахтаҳо буданд. Аз онҳо пурсидам, ки инҳо аз они киянд, гуфтанд, аз хитоиҳо, чунки дар кадом аср омада, кон канда, канданиҳои зеризаминиро ба Хитой бурдаанд. Воқеан дар ин кӯҳ дарахт ё алаф намерӯяд. Бисёр ҷои кӯҳҳо сурх аст ва ин шаҳодат медиҳад, ки канданиҳои зеризаминӣ беҳад бисёранд. Гӯед, ки хитоиҳо дар кадом аср ин ҷо кон кандаанд?

2.Барои ҷумҳурии мустақил шудан дар замони Шӯравӣ чанд шарти Ҳокимияти Шӯравӣ буд?

3.Барои ҷумҳурии мустақил шудан кадом навоҳӣ ҷидду ҷаҳд ва арзу шикоят ба Москва кардаанд, ки с.1929 РСС Тоҷикистон ташкил ёфт?

4.Дар 1 рӯзномае хонда будам, ки с.1920 дар Хоруғ якумин бор мактаби русӣ кушода ва Шириншо Шотемур ба ин мактаб дохил шуд. Аввал бо духтари тоҷик, пас аз чанд сол бо русдухтаре, ки тарҷумони ҳамин мактаб буд, ошно шуда, издивоҷ кардааст. Аз ин русхонум 2 духтар дорад. Пас аз репрессия духтарҳо Русия рафтанд. Суол: тақдири онҳо чӣ шуд?

Хоҳиш дорам, ки ба ин суолҳо Салимшоев посух нависад.

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 08:41

Салом, СССРи мардумӣ! Ҳафтае пештар дар мошинбозори н.Рӯдакӣ будам. 1 нафар дӯст илтимосам кард, ки барои харидории мошин кӯмакаш кунам. Кӯмак ба маънои маслиҳат. Рафтем якҷоя бозор. Мошинҳо ҳар намуд ва нархҳои гуногун дар қатор. Дӯстам мошини тамғаи «Опел» (соли барориш 2000)-ро, ки рангаш сафед буд, интихоб кард. Бо соҳибаш нарх кардем. Савдомон пухту бо қимати 20.000 сомонӣ харидем. Ҳолати мошин бад набуд. Бо ин гуфтаниям, ки дар байни мардум овозае ҳаст, ки бо иллати боло рафтани нархи газу бензин… қурби мошин ба замин задааст. Ин гапҳо комилан дуруғ аст, зеро моли хуб ҳама вақт қурбашро нигаҳ медорад. Мисли гӯшти тоза, ки ҳамеша харидор дораду моли хуб ҳамеша бозоргузар!

Маннон Тошматов,

н.Дӯстӣ (Ҷиликӯл)

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 08:38

Салом, СССР! Одамизодаро аз гурусначашмиӣ бояд наҷот дод. Чашм, ки сер шуд, одам ба ҷалабиву пораву фасод даст намезанад. Ҳама вақт нафрат дорам ба омӯзгоре, ки чашми тамаъ ба ҷайби хонанда дорад. Ана ҳамин васвасаи молу пул ва бекорӣ инсониятро ба сафи ДИИШ, Толибон, ҲНИТ, Гуруҳи 24… бурд. Воқеан, маорифи Шӯравӣ моро дар рӯҳияи чашмсерӣ тарбият мекард. Мо аз ҷомеаи умедворкунандаи сотсиализм ба ҷомеаи васвосии империализм афтодем, ки ин гузариш ба мо гарон афтод. Ҳоло ягон кас 1 мавқеъ-роҳи муайяну дуруст надорад ва мо намедонем, ба куҷо равонаем. Олами сармоя-капитализм моро фаро гирифтааст, аммо онро эътироф карданӣ нестем. Боварии инсонҳоро ба оянда баргардонидан ҳоло вазифаи идеология аст. Вақти он расида, ки одамонро ба дунёи реалӣ баргардонем.

Холмурод Сафарзода

узви ИЖТ, ш.Панҷакент, тел: 92 819 52 76

 

Чоршанбе, 21 Август 2019 08:36

 

Худкардаро даво нест!

(масали мардумӣ)

10.08.2019. Шоми пеш аз ид. Вориди бозори… (дилхоҳ бозор!) шудам. Бовар кунед, манзараи бомбаандозии ҶБВ-ро мемонд растаҳои бозор. Ярмаркаҳо пурра рӯфтагӣ, рафҳо холӣ, мардум чизе, ки аз сари роҳаш мебаромад, шуставу кӯфтаву рӯфта мехариданд. Ба фикрам, ягон «мусори полезӣ» намонд. Картошкае, ки дар 2 аср касе намехарад, бо нархи 2 сомониву 80 дирам мерафту пиёзу харбузаву тарбуз бо кадом нархе, ки савдогар мегуфт (40-50-70 сомонӣ!!!), ХАРидор меХАРид… Ва дар ин додуситад, ягон зарра маъмурияти Бозор айбдор набуд. Иллати гароншавии нарх сари ХАРидор, яъне мову шумост, хонандаи ин сутур.

Оре, ин мову шумоем, ки худро ҷонҳавл ба бозор задаву ҳар чизе ба чашм мехӯрд, мехаридем. Эй мардум! Ин гурусначашмӣ аз куҷо ёри ин Миллат шудааст? Магар пагоҳ Қиёмат барпо мешуд ва ё ҷанги ядроӣ шуруъ, ки бо ин тангназарӣ ба бозор ҳуҷум кардем(д)? Моҷаро ин буд, ки агар 6 сония савдо кардаву мехостӣ, нархро пасттар созӣ, дилхоҳ ХАРидори дигар омадаву маҳсулоти полезиро меХАРиду мерафт.

Гӯшт… Оҳ, баччаи гӯштро Худо кушад! - гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ. Гӯшт 47-48 сомонӣ буд, агар баҳс мекардӣ ва аммо гӯштро то 60-65 сомонӣ «бе хӯр-хӯр!» гуфти ҷавонони муосир, ХАРида мебурданд. Воқеан ҳам хеле аҷиб буд, ки 700 тонна гӯшти ваъдагии КВД Захираҳои моддии шаҳр дар ин шабу рӯз куҷо шуд? Мафияи гӯшт, ки тайи чанд соли ахир сабабгори болоравии арзиши тамомии маҳсулот дар бозорҳои кишвар шуда истодааст, ин бор низ таслим нашуд ва зӯри ҳукумат ба ишон нарасид… Масъулин медонанд, ки сари ин мафия ки(м)ҳо меистанд ва шояд аз усули Сталинӣ кор гирем бо ин паразитҳои бозори молу чорво? Зеро онҳо, ки эмони худро дар иди Рамазону Қурбон фурӯхта, бизнес мекунанд, гумон аст, ки аз виждон тарсу ҳарос дошта бошанд. Зимнан, ин шиор дар баробари Мафияи Гӯшт бояд корбаст шавад:

Адаб шарт аст, агар фарзанд шӯх аст,

Саги девонаро дору кулӯх аст!!!

Дар ҷамъ Мафияи Занҳо бар Мардон боз пирӯз шуд. Зеро таври маълум, кам марде ҳаст, ки дар идайн худнамоӣ кунад ва агар ҳаст, мардак нест! Ва аммо занҳои мо танҳову танҳо барои худнамоӣ, дастурхони пурнозу неъмат меороянд, то дугонаҳояшон дидаву оби даҳонашон резад. Ва аксарияти бонувони мо, ки 1 вазифа доранд-Соҳибхоназан ва чӣ будани азияти кору ширинии маоши меҳнатро начашидаанд, моҳонаи мо-мардонро бе дудилагӣ чошу пош мекунанд. Нагӯед, муаллиф аз сафи шумо-мардони азиз берун аст, ман низ ин азиятро ҳамасола дар ҳама идайн мекашам. Чӣ кунем, ки ҳатто Қонун дар бораи Танзим низ бар бонувони Тоҷик зафарёб нашуд, ки нашуд… 

Ва аммо ин Ид чанд хубие ҳам дошт. Нахуст ин, ки эмом-хатибон ахиран ба Танзим даромаданд. Намоз дар ҳама масоҷид расо соати 06:30 дақиқа шуруъ ва 06:50 (бо тамомии атрибутҳои исломӣ-ният, намоз, хутба, қироат) хатм гардид, ки аҳсант ба Кумитаи Дин!!! Ёд дорам, ки намозҳои қаблӣ, 3-4 соат давом мекарду мардумро дар ҳавои сарду гарм муллоҳо нигаҳ медоштанд. Дар масоҷиде намоз ҳатто 2-3 бор баргузор мешуд, ки айни савоб набуд! Хулласи калом, дар ҳамин самт хеле пешравиҳо ҳаст.

Сафи атфоли идгардаккун низ каме коста шуд, ки низ боиси аҳсанту офарин аст. Кӯдак набояд ид гуфта, тамомии шаҳру деҳаро чарх занад. Равад, мо тарафдор, аммо танҳо ба кӯчаву биное, ки худ зиндагонӣ дорад! Ва аз ҳама нуктаи муҳими Иди Қурбони имсола ин буд, ки Душанбешаҳр аз хуну халаф халос ёфт. Умед дорам, ташаббуси Рустами Эмомалиро руасои дигар шаҳру навоҳӣ низ сармашқи кор қарор медиҳанду нуқтаҳои вежаи қурбонӣ мекушоянд. Бовар кунед, дидани хунрезии гӯсфанду гову буз, ки мӯҳтарам мусалмонони пойтахт, довталабона ва намоишкорона иҷро мекарданд, манзараи мудҳишу муҳлике буд. Ёд доред, ки дар барномаи сайёҳии худ-«Орёл и Орешка», Андрей Бедняков маҳз дар рӯзи иди Қурбон манзараҳои забҳи гӯсфандро нишон додаву Тоҷикистонро хандахариши оламиён карда буд? Мо низ хафа шудем! Ҳол он ки Андрей камбуди усулии моро кашф намуд. Дар ягон шаҳри дунё, ҳатто дар Макка, дар ин рӯз, дар маърази омм гову шутуру гӯсфанд на-ме-ку-шанддд!!! Ин гӯсфандкушӣ бештар аз худнамоии мо, ки «бинед, ман қурбонӣ мекунам!», ягон часпише бар ислом надорад. Ва хайрият, ки бартараф шуд!

Дар ҷамъ, хонандагони гиромии ман, ки ҳамаатонро бори дигар бо Иди Қурбон табрик мекунам, дастурхон, қурбонӣ, меҳмондорӣ, хайру сахо, инояту лутфу меҳрабонӣ бояд пӯшида бошад. Зеро агар барои Худо мекунем, пас Ӯ дилро назар мекунад, на хону деги гӯштбирёнамонро ва мабодо хато рафтаву пушаймон шавем?! Соли дигар ҳамин моҷароро такрор мекунем, ё ислоҳ мешавем, мардум???

Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 16 Август 2019 16:01

(Микс-афсона барои калонсолон)

Буд-набуд, будгор буд, кулӯх набуд шудгор буд. Хулласи калом, 1 Бузаки Ҷингилапо буду 7 бузғола дошт. Рӯзе Бузаки Ҷингилапо болои боми Гург баромада, бо ҳар 2 по ва 2 даст, ки онҳо низ пое беш наянд, шиферҳоро кӯфтан гирифт. Гург садое намебаровард. Буз гизала шуда, сахттар задан гирифт, боми Гургро. Гург бо овози хаставу шикаста, ларз-ларзон садо баровард:

-Буз-апа, о, меҳмонҳоямро «подставить» карда, бо Саг-акотон бурда суд кардед. Чанд бор аз ман пул кандед. Дигар чизе дар бисотам надорам. Боз чӣ мехоҳед???

Бузаки Ҷингилапо ба ғазаб омада бонг зад:

-Ту хӯрдаӣ Алӯли ман, ту хӯрдаӣ Булули ман…Хиштаки сари танӯри маро ту хӯр…

-Исто, буз-холаҷон, - сухани Бузакро буррид Гург - о, мана, ман дида истодаам, ки Алӯлакат бо телефон моҷароро аз паси буттаҳо сабт дорад, Булулакат диктофон дар даст садову Хиштакат видео гирифта истодаанд. Ин корро, ки буд карданд, мебаранду Мехчапараку Тоқчапарак онро монтаж мекунанд, Болошинак овервойс месозад, яъне садои сунъӣ медарорад ба ин навору Поёншинакат, ки хаккер асту ҳатто дар интихоботи президенти Америка ба тарафдории Доналд Трамп овозҳои Ҳилларӣ Клинтонро дуздида буд, ин ҳамаро дар Фейсбуку Инстаграм, Ютюбу Имо мепартояд ва ана баъд Саг дело кушода, боз маро кашокаш мекунад. 

-Баро ба ҷанги ман, козёл!-аз ғазаб ларзида бонг дардод Бузаки Ҷингилапо.

-Хобатро ба об гӯй, апаҷон!-Гург занҷираи дарро кушода гап мезад, то ҳадаҳа боз онро пӯшад, - Шерро фиреб дода, ба хонаат бурдӣ, бечораро лучи модарзод навор гирифта, суд карданд. Паланг гӯиё барои таҷовуз бар номуси Хиштаки Сари Танураки ноболиғат 15 сол гирифт, Шағоли бечора баъди тӯҳмати бузғолаҳоят ба Русия фирор кардаву «дворник» шудааст. Дар ҷангал 1 дарранда намонд! Ҳамаро бо макру фиреб «козлит» ва несту нобуд кардед. Навбати ман расид? Намебароям!

-Хайр чӣ?-Бузаки Ҷингилапо бо фахр сари синаашро кӯфт, - даври шумо гузашт. Фикр кардӣ, дарранда, ки шудӣ, 1 умр буз хӯрда мегардӣ? Ҳоло давр даври бузҳо! Осиёб ба навбат!!!

-Маро ба ҳолам гузор, Буз-апаҷонакам, - Гург ба зорӣ даромад, - О, ман ба шумо чӣ бадӣ кардаам? Мо-гургон санитар, яъне поккорони ҷангалем. Бузу бузғола, оҳуву сайдҳои касалро меқапему мехӯрем.

-Аз ёдат рафт, ки бобоят чӣ қадар момаву холаҳои маро азият медод?

-О, ун давраҳо гузаштанд, ба гузашта салавот, ҳоло давр-даври бузҳо, бузигарӣ карда, ҳамаро «иск» баста мегардӣ-ку?

-Салавот??? Аҳаааа… Ту экстремист будаӣ-ку?!

Бузаки Ҷингилапо телефони мобилашро бароварда ба Саг занг мезанаду мегӯяд, ки 1 экстремистро ошкор кардааст. Чанде баъд Саг бо чанд кучук пайдо шуда, дасту пои Гургро баста мебаранд. Буз нафаси осуда кашида, мегӯяд:

-Давр-даври мо-бузҳост! – Ва рафта бо Гурги асиру сархам селфӣ мекунад. Ҳамту, барои хотира. Шаб бошад, Мехчапараку Тоқчапарак ин аксро ба Фейсбук гузошта зераш менависанд:

-Гурге, ки кӯшиши таҷовуз бар номуси Модар-Бузро дошт, дастгир гардид. Ӯ ба замми он, ки ошиқи очаи мо буд, боз 3 зан доштааст…

 Давом дорад

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

Ҷумъа, 16 Август 2019 14:24

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати ба қайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав то 15-уми феврали соли оянда тамдид карда шуд. Пештар ин муҳлат то 15-уми августи имсол муқаррар шуда буд. Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба қарори ҳукумат тағйирот ворид шуда, муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи нав то 15-уми феврали соли 2020 тамдид карда шуд. Ин қарор рӯзи 15-уми август аз сӯи раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст. Дар ин қарор, ки дар "Ҷумҳурият" -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба нашр расид, омадааст, ки дар қарори қаблӣ, "рақам ва калимаи "6 моҳ" ба калимаҳои "як сол" иваз карда шаванд".

 

Ҷумъа, 16 Август 2019 14:21

Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе ҳавои камабру бебориш дар назар аст.  Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

 

саҳ 6 аз 13

Китобҳо

Flag Counter