ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 16 Август 2019 14:16

 

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, дар саҳифааш дар Facebook муроҷиатномае нашр кардааст, ки дар он аз муҳоҷирон даъват карда мешавад, дар шиносномаҳояшон муҳрҳои қалбакии "убури марз" нагузоранд. Бино ба гуфти Иброҳим Аҳмадов, мувофиқи қонунгузории федеролӣ  муҳоҷире, ки ҳадафи сафараш шахсӣ аст, бояд дар давоми ҳар се моҳ сарҳадро убур карда, аз нав регистратсия ё ба қайд гирифта шавад. Баръакси ҳол тибқи қонун, нафаре, ки ин қавонинро вайрон кардааст ё ҷарима мешавад ё аз ҳудуди кишвар ихроҷ карда мешавад. "Агар миёнаравон бо қасами ду дунё шуморо бовар кунонанд, ки муҳри убури сарҳадро бидуни ширкати шумо бо корти муҳоҷиратии "тоза" дастрас карда метавонанд, бовар накунед ва шиносномааатонро надиҳед", - ҳушдор додааст Вазорат.

 

Ҷумъа, 16 Август 2019 14:14

Тибқи қарори Ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон имзо кард, аз 1 ноябри соли равон КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” ба ҷамъияти саҳҳомӣ мубаддал хоҳад шуд. Бар асоси қарор 100 дарсади саҳмияҳои онро давлат соҳиб хоҳад буд. Инчунин “Алюминсохтмон” низ ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфта, сад дарсади саҳмияҳои онро ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” соҳибӣ мекунад. Дар баробари ин Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки дар заминаи маркази тиҷоратии “Металлург” маҷмааи меҳмонхона ва табобатгоҳи “Ширкент”, истироҳатгоҳҳои “Қаратоғ”, “Куран” ва кӯдакистонҳои рақами 9, 10, 11, 12, 14, 16 низ ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил карда шаванд, ки 100 дарсади саҳмияҳои онҳо ба ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” тааллуқ хоҳанд дошт.

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 19:07

Ҳини сафари Президенти ҶТ ба н.Ховалинг футболистони наврас дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳҳо ҳунарнамоӣ кардаву ҷаҳон-ҷаҳон нерӯ гирифтанд. Вале Алишер Ӯрунов ном муовини президенти ФФТ, ки ба фикрам дар умраш футбол набозидааст (ранг бину ҳол пурс), табъи кӯдаконро хира кард. Ин масъул назди дастаи футболи «СССР» омадаву дод зад, ки «чаро инҳо дар 

футболкаашон СССР навишта шудагӣ? Инҳоро аз майдон бароред. Табъи меҳмонҳо-ба намефорад». Ба Ӯрунов фаҳмонидем, ки «даста «ФК СССР» ном дораду сарпарасташ газетаи мардумист. Сарвари Давлатамон бошад, аз дидори ин атфол хеле шод шуданду аҳсанташон хонданд». Ростӣ, 1 чиро нафаҳмидем: Ҳамин Ӯрунов ба Кӯлоб чӣ нотавонбинӣ дорад, ки ҳамеша пеши мо сангар мегузорад? Ҳатто ба ФК Равшани Кӯлоб хусумат дораду бозингарони нави дастаро бо азоби алиме номнавис кардем???

М. Мубориз

Махсус барои СССР

Аз редаксия: «Неши ақраб на аз рӯи кин аст!». Алишер-акомон чанд мақолаи танқидии моро, ки барои рушди футбол навишта шудааст, хондаву «хафа буламан», яъне хафа шудаанд-дия. Шон фикр доранд, муовин неву шоҳаншоҳи футболанду касе бояд пишакашонро пишт нагӯяд. Мо сари мавзуъ бармегардем ва дар бораи футболшиносии ин фард сӯҳбат хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 19:04

   Дар шаҳри Панҷакент бо ширкати ошпазони шаҳру деҳот Фестивали оши палав баргузор гардида, ғолибон дар чанд бахш муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.  

   Дар Фестивали мазкур 14 нафар ошпазон иштирок намуда, ҳунари ошпазии худро намоиш доданд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода аз маҳсули дастони ошпазҳо шинос гардида, изҳор дошт, ки оши Панҷакент воқеъан дар Тоҷикистон камназир аст. 

   - Соли оянда ҷашни 5500 солагии Саразм аст ва ҳар яки мо меҳмононро бо оши тоҷикӣ меҳмондорӣ хоҳем кард. Бояд меҳмонони хориҷӣ бубинад, ки тоҷикон дар ошпази чӣ қадар маҳорати хуб доранд ва ин таъоми моро ҳатто ЮНЕСКО эътироф кардааст,- гуфт Ислом Зиёзода. 

   Фестивал дар чанд бахш: оши беҳтарин, ошпази беҳтарин, беҳтарин сабзирезакун баргузор шуд. Дар фестивал меҳмонони хориҷӣ ҳам даъват ва иштирок намуда, аз оши тоҷикӣ бо камоли майл чашиданд. 

 

Хуршед Фозилов, махсус барои СССР аз ш.Панҷакент

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 11:41

 

    Палатаи ҷамъиятии Осетияи Шимолӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаи ВМКБ 1500 нусха китоби бадеиву дарсӣ ҷамъоварӣ намуда, тавассути ҷамъияти тоҷикони Осетияи Шимолӣ-«Помир» тақдим намудааст. Ин иқдом пас аз муроҷиати раҳбари ҷамъият Арсен Худододов сурат гирифтааст. 

   Бояд гуфт, ки теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Осетияи Шимолӣ хеле зиёд буда, ҳанӯз соли 2014 байни ин вилоят ва Осетияи Шимолӣ Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву ичтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расида буд.

    Китобҳои мазкур то оғози соли нави хониш ирсол гашта, ба китобхонаҳои мактабҳои миёнаи ВМКБ тақдим карда мешаванд.

 

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 11:39

Рафтори дағалона ва дастдарозии 1 нафар ронандаи кирокаши пойтахт нисбат ба зани раҳгузар боиси паси панҷара рафтани эшон гашт.

 Шоми 12.08.2019, тахминан соати 20:20 дақиқа 1 нафар ҷавондухтар, сокини пойтахт бо ирсоли муроҷиат ва нашри маводе дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз дағалрафтории 1 ҷавонписар, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардид. Ҳамагӣ баъди 1 соати нашри муроҷиат кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян намуда, ронанда ва автомашинаи зикргардидаро ба Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дастрас намуданд.     Тавре аз маркази матбуоти РВКД ба мухбири СССР хабар доданд, дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Давлатов Заробиддин Илҳомиддинович соли таваллудаш 16.06.1992 сокини н.Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навобод буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «ВАЗ-21014» аломати қайди давлатиаш 0014 ЕС 01 мебошад. 

   Номбурда зимни пурсиш пурра ба амали содирнамудаи худ иқрор гардида, иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 12.08.2019 тахминан соати 20:20 дақиқа, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади ш. Душанбе аз тирезаи автомашинаи худ дасташро бароварда, қисмати рони пои чапи ҷавондухтарро қапида, рафтори дағалона намуда, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ҷавондухтарро паст задаст.

    Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Давлатов Заробиддин бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди н.Синои ш.Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 13.08.2019 бо ҳукми Суди н.Сино барои кирдори майдаавбошӣ нисбати номбурда Давлатов Заробиддин ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуда, барои адои ҷазо ба Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ворид карда шуд.

 

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 10:12

Вақтҳои ахир сокинони пойтахт дар мавриди эҳёи ҳавзҳои шиноварӣ микрорайону маҳаллаҳои шаҳр хеле зиёд сӯҳбат мекунанд. Чанд нафар аз хонандагони газетаи мардумии СССР низ ба идора занг зада, дар бораи эҳёи дубораи ҳавзҳои шиноварии дар замони шӯравӣ бунёдшуда ба мо гуфтанду хостанд, ки мо ин масъаларо бо масъулини шаҳри Душанбе дар миён гузорем.

Воқеан ҳам насли калонсоли мо хуб ёд доранд, ки дар замони шӯравӣ қариб дар назди ҳар 1 бинои истиқоматӣ ва ё маркази маҳаллаҳо ҳатман ҳавзи шиноварӣ вуҷуд дошту кӯдакони маҳал дар он оббозӣ карда, аз хурдӣ шиновариро меомӯхтанд. Бассейнҳои бо номи «Гитара» ва «Орленок», ки аз лиҳози дарозӣ ва паҳноӣ калонтарин дар пойтахт буданд, ҳавзҳои машҳур ҳисобида мешуданд ва барои мо-насли навраси 25 сол пеш оббозӣ кардан дар ин ҳавзҳо боиси фахр буд. Бо мурури замон ин ҳавзҳо беоб шуданду бекор ва ба ёди хомӯшӣ рафтанд. Бо мақсади бунёди майдончаҳои варзишӣ аксарияти ҳавзҳои пойтахт таҷдиду азнавсозӣ гашта, ба ҷояшон майдончаҳои футболу волейбол ва макони бозӣ пайдо шуданд. Агар дар ягон гӯшаи пойтахт ҳавзе монда бошад ҳам, дар ояндаи наздик он ҳатман тахриб ва ба ҷояш иншооти наве сохта хоҳад шуд.

 

Зувайдзода: «Дар микрорайонҳо ҳавзҳои шиноварӣ месозем!»

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба суоли хабарнигори мо дар мавриди бунёди ҳавзҳои шиноварӣ иброз дошт, ки шаҳрдорӣ сари ин масъала тадбирҳои мушаххас андешида истодааст ва аз оғози с.2020 ба сохтани ҳавзҳои шиноварӣ ва оббозии истифодаи умум дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт оғоз хоҳад кард.

-2 соли охир мо бештар таваҷҷӯҳро ба бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона равона намудем ва то охири соли ҷорӣ боз 58 майдончаи нави варзишӣ дар микрорайону маҳаллаҳои Душанбе ба истифода хоҳанд дода шуд. Айни замон дар ҳудуди пойтахт 60 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекунад, ки аз он 12 бассейн дар таъмиранд. Аён аст, ки ин ҳавзҳо аз лиҳози иқтисодӣ на ба ҳама дастрасанд. Қарор аст дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ Қасри бузургтарин ва муосиртарини варзишӣ дар маҳаллаи гардиши Лучоб ба истифода дода шавад ва дар ин маҷмаа 6 ҳавзи нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Аммо медонем, сокинони шаҳр мехоҳанд, ки бассейнҳои хурду миёна маҳз дар микрорайонҳо сохта шаванд ва аз оғози с.2020 мо аз ҳамаи онҳое, ки дар ҳудуди ш.Душанбе майдончаи варзишӣ ва бозӣ месозанд, ба нақшаи сохтмони он бунёди ҳавзи оббозиро низ илова намуда, сохтмонашро талаб хоҳем кард,-таъкид дошт Зувайдзода.

Ҷ.Ҳусейнова, СССР

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 10:07

17 август устод Темур Зулфиқоров-шоир, нависанда, дармматург, сенариянавис, барди Русия, ки аз табори Тоҷиконанд, зодрӯз доранд. Чакидаҳои Шайх Хоҷа Насриддин ҳамчун табрикоти ишон пешкаши аҳли завқ гардид. Мо Метавонем!

                                                                                 

  МАСНАВИҲОЕ, КИ АЗ МӮРЧА ХУРДТАР… АЗ АЛАФАК НОЗУК

                       ВА АЗ ГАРД ҲАМ САБУКТАРАНД

 

 

 Хоҷа Насриддин ва чаҳор писари ӯ

 

Хоҷа Насриддин чаҳор зан дошт…

Зани аввала ба вай писаре ҳадя кард…

Писар калон шуд ва ба Па́года (Ибодатгоҳи буддоиҳо) рафт…

Зани дуввум низ ба вай писар ҳадя кард.

Писар бузург шуд ва ба Синаго́га рафт…

Зани сеюм ҳам ба вай писар туҳфа кард…

Вай калон шуд ва ба Калисо рафт…

Зани чаҳорум низ ба вай писар бахшид…

Писараш ба Масҷид рафт…

 

Эҳа!..

 

Рӯзе Хоҷа дар қуллаи Кӯҳи тилло нишаста буд…

Бо хурсандӣ менигарист, ки чӣ тавр фарзандон сӯи ибодатгоҳи хеш равонанд… 

Ба чаҳор тарафи дунё…

 

Оре!..

 

Дар олам чи қадар инсон бошад, ҳамон қадар роҳ аст сӯи Парвардигор…

Пири хирад як оҳ кашиду гуфт:

-Худовандо!.. 

Ба ман зани панҷумро ҳадя кун, то вай бароям духтаре ҳадя кунад…

Зеро танҳо духтар метавонад пирии маро дар қуллаи Кӯҳи Тилло осонтар кунад…

Умрамро дар ҳамон кулбаи хасдаргил…

Ки ба ахтарҳо наздик аст…

                                                     ***** 

 

                                     

  Шавҳари пиру зани ҷавон

 

Хоҷа Насриддин, ҳамин, ки шавҳари пири зани ҷавони хундарҷӯшро дид, табассум карду гуфт: 

-Бародар! Эҳтиёт бош, хамиву болоравиҳои мағзи ту дар хамиву болоравиҳои бадани ин ҷавонзан ғӯта нахӯранд!..

 

Эҳа!.. 

                                         *****

                             

Асои қадимаи Хоҷа Насриддин

 

Дар айёми пирӣ ягона дӯсти содиқ барои Хоҷа Насриддин асои ӯ буд: як асо аз чӯби чаҳормағзи қадима…

Пири хирад мепурсид аз асо:

-Дӯсти ман ҳастӣ?..

-Мо дар се по рӯи олам мегардем…

-Ё душманӣ?..

-Ки нагзорӣ ба бағали замини азиз уфтам?..

-Ва бо тани худ мӯрчагон ва кирмҳои доимгуруснаро сер кунам…

                                                     *****

 Исои Масеҳ ва асри XXI

 

Хоҷа Насриддин гуфт:

-Як суол матраҳ аст дар асри XXI, 

Ки басо дӯст дорад Пули тиллоро…

Он ҳам ин аст, ки як маркаби сафеди ором

Ва ҳамон яктаҳи кӯҳнаи Исои Масеҳ –

Оқибат лимузинҳои локзада гардиданд!..

Ва низ либосҳои гаронвазни зарандуди ходимони калисо… 

 

Оре!..

 

Падар қашшоқ, вале покиза аст, қоматаш рост…

Аммо писар доро, аз вазни тилло  - миёнаш куз шуда…

                                         *****

 

  Хоҷа Насриддин дар бораи барҳам хӯрдани СССР

 

Хоҷа бо андӯҳи зиёд ин рубоиро хонд:

 

Онҳоеро, ки Пиряхро васф кардаанд,

Онҳоеро, ки Пиряхро лаънат хондаанд, 

Ҳамаро бо худ бурд он Пирях…

Он Пиряхеро, ки аз ҷониби хоин Горбачев,

Тарканда шуд ва ба яғмо рафт…

Беному нишон рафт сӯи Уқёнуси яхбаста…

Мисли Элладаи Қадим… Абадӣ!.. Билкулл!..

                                     *****

 

    Меҳмонҳои якумра

 

Мебахшам ба Александр Судс,    рассом, баҳрнавард, нависанда

 

Уқёнусҳои беканор дар хоби баҳрнаварди куҳансол медароянд…

Субҳ вай рӯи болин хокаи намак мебинад…

Намак шояд аз пош хӯрдани обҳои уқёнус аст ё аз ашк…

Ман Меҳмонҳои Якумраро интизор будам…

Оре, мани оянда ба хокистар табдилшаванда, зуд аз чашмҳо ғайбзананда…

Меҳмонҳои Якумраро интизор будам…

Дар ҳамон кулбаи хасдаргили ларзон, ки дар теғаи Кӯҳи Тилло ҷойгир аст…

 

Хеле интизорӣ кашидам…

 

Ниҳоят, як шаб, ки садои  ҳазорзабон  ба гӯш мерасид…

Онҳо ба кулбаи эҳзони ман қадам гузоштанд…

 

Конфутсий ва Лао Тсзи…

Афлотун ва Суқрот…

Шоҳ Салмон ва Шоҳ Довуд…

Хайём ва Румӣ…

Сергий Радонежский ва Серафим Саровский…

Шопенгауэр ва Нитсше…

Маҳатма Ганди ва Такур…

 

Эҳа!..

 

Чи чеҳраҳои нурафшону ширин ва медалзеб!..

Либосҳо низ фохиру зебо ва ҳафтранг чун товус…

Оҳиста мавҷ мезананд… нозук…

 

Худовандо!..

 

Гохо чунин менамояд, ки хирадмандони асрҳои гуногун

Танҳо бо либоси худ фарқ мекунанд…

Ё худ ин як нафар пири хирад аст дар либосҳои гуногун…

 

Ва ногаҳ!..

 

Хишир - хишири либосҳо ба гӯш мерасад…

Вале дар кулбаам касе нест…

Меҳмонҳо омаданд, вале соҳибхона нест…

 

Ман паси буттаи хушобуранги гули ёси форсӣ паноҳ меёбам…

Ман – гадоям!..

Бо  нима ҷон!..

Донишам ҳам кам...

Руҳам шикаста…

 

Чиҳо мегӯям… ба Меҳмонҳои Якумра?..

Бо чӣ ҳикмати парешоне  ба ҳайрат мегузорам?..

 

Ана чаро ман аз кулба гурехта

Пушти буттаи ёс панаҳ ҷустам…

 

Пилҳо омаданд…

Мӯрчаҳо аз тарси зери пои онҳо маҷақ шудан ҳар сӯ гурехтанд…

 

Ман ба Меҳмонҳои Якумрӣ… ба либосҳои фохири онҳо менигарам…

Онҳо ку аз кишварҳои офтобӣ омадаанд,

Он ҷо ки Хирад – Духтари Офтоб аст…

Танҳо бохирадони Русияи Пурбарф дар тан либоси гаронвазн доранд…

 

Онҳо маро меҷустанд…

Зеро дӯст медоштанд, табассумкунон…

Чун падару модар айёми бачагиам…

Ниҳоят инҳо низ рафтанд…

 

Рӯи мизи қадимаи бухороӣ…

Дар сояи чанори ҳазорсола…

Дастнависи масалҳову шеърҳои тоза навиштаи ман хуфта буд…

 

Вай гум шуд…

 

Наход онро аккаи дузд ба осмонҳо бурда?..

Ё мушаке ба ҳуҷраи худ?..

Ё онҳо варо бо худ гирифта?..

Шояд барои ҳамин омада буданд?..

Намедонам, намедонам, вале тахмин мекунам… умед мекунам…

 

Эҳҳа!..

 

Шояд шохаи ёс меларзаду барги гулаш мерезад?..

Ё шояд манам гирёну нолон…

Худоё!..

Падари якумрии мо!..

Онҳо рафтанд…

Илтиҷо дорам: Ту нарав…

 

                                                               Аз русӣ тарҷумаи Нур Табаров

 

 

 

 

саҳ 7 аз 13

Китобҳо

Flag Counter