ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 14 Август 2019 08:49

МИҲД н.Хуросон мақолаи «Мушкилиро раис ҳал накунад, кӣ мекунад?» (СССР, 24.01.2019, №4(541)-ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия муҳокима намуд. Масъалаи оби ошомиданӣ яке аз мушкили асосии ноҳия буда, ба ҳолати имрӯза дастрасии аҳолӣ ба он 12%-ро ташкил медиҳад. Аз тарафи МИҲД ноҳия дар ин самт тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуда, барои таъминоти аҳолӣ бо об ҳамкориҳоро бо намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония ба роҳ монда, лоиҳаро бо арзиши $54 млн. пешниҳод кардааст, ки корҳои лоиҳавӣ дар ин самт ҷараён дошта, беш аз 80.000 тан бо об таъмин мешаванд. Дар сурати амалишавии Барнома аҳолии деҳаи Ф.Ғаниев низ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ меёбанд. Дар деҳаи Меҳнатобод Маркази саломатӣ фаъол аст, ки ба беш аз 3000 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Деҳаи Ф.Ғаниев аз ин муассисаи тиббӣ дар масофаи 1 км 600 метр ҷойгир аст. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ин деҳа сохтмони бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн… ба нақшаи иловагӣ ворид карда мешавад. Дар самти дур ҷойгир будани мактаб ҳаминро бояд илова кард, ки деҳаи Ф.Ғаниев аз МТМУ №20 дар масофаи 1 км 700 метр ва аз МТМУ №16-и деҳаи Меҳнатобод дар масофаи 1 км ҷойгир буда, ба омадурафти хонандагон ба макотиби мазкур мушкиле нест.

Н.Подшоҳзода, муовини раис

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 08:47

Узви Ихвон-ал-СССР, Зафар Иброҳимов аз шаҳри Кӯлоб (тел: 98 582 32 11) ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки барои чӣ либос-формаи мактабӣ барои мактаббачагон маҷбурӣ аст? Хайр, майлаш, бигзор маҷбурӣ бошад, аммо чаро намегузоранд, ки мо-падару модарон либоси дилхоҳ (босифат!!!)-ро аз фурушгоҳҳо барои фарзандони мактабхони худ бигирем? Ман аз кулли хонандагони СССР пурсиданиям, ки оё чунин мушкил бо онҳо низ ҳаст, ё фақат ман чунин проблема дорам? Хоҳиш мекунам, ки дигарон ҳам фикри худро дар ин хусус нависанд. Гап сари сифат меравад, на қиматии он!

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 08:44

Узви Ихвон-ал-СССР, Шерзод Мамадназаров (тел: 93 801 17 74) аз кӯч.Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ (Боғи Ғалаба) дар суҳбати телефонӣ бо газетаи мардумии СССР гуфт, ки дар бораи виҷдону инсофи таксиҳои пойтахт гуфтаниям. Субҳи 4.08.2019, соати 6:30 дақиқа 1 кори муҳиме пайдо шуду ба таксии 3333 занг задам. Хуллас, такси бо сарсониҳои зиёд дар гардиши кӯчаи мо омад. Ба таксӣ (тамғаи Тойота) нишастам. Ҳисобкунаки маблағ дар телефони ронандаҳои такси, тавре маълум, аз 10 сомонӣ сар мешавад. Аммо бо сабабҳои бароям то ҳол муаммо, «счетчик» аз 11 сомонӣ ҳисоб карданро сар кард ва маро то маҳаллаи Семзавод (назди таксиҳои Хуҷанд) бурда расонд ва ронанда гуфт: «Роҳкирои шумо 27 сомонӣ шуд!». 50 сомонӣ додам. Ронанда кисаашро кофту гуфт, «ако, узр, пули майда надорам» ва 20 сомонӣ бақия дод. Бояд 23 сомонӣ медод! Ва ҳини баргашт аз маҳаллаи Семзавод барои қиёси нархи роҳкиро ба «Олуча-такси» (7000) занг задам. Таксии 7000 омаду нишастам ва то дари хона расо 25 сомонӣ гирифт…

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 08:42

Салом, СССР! Дар бораи посухи арабтаборони н.Қубодиён гуфтаниям. Шумо-арабтаборон аввал мақолаи Зиё Абдуллоро дурусттар хонед. Агар савод дошта бошед, мефаҳмед, ки З.Абдулло андешаи шахсии худро гуфтаасту ягон хел тафриқа ва ҷудоиву фитнаеро бод надодааст. Бовар дорам, ки шумо-6000 нафар мардуми арабтабори Қубодиён аслан газета намехонед! Чунин мепиндорам, ки посухро аз номи шумо ягон кас ё якчанд нафар аз рӯи кина нигошта, обрӯи устод Зиёро бе ягон асоси илмӣ паст заданиянд.

Эй арабтаборони Қубодиён! Инро донед, ки ягон Одам каси дигарро ҳаққу ҳуқуқи кофиргӯӣ надорад, зеро Худованд худаш дилу нияти ҳар 1 бандаашро медонад. Аз посухи шумо маълум, ки таблиғгар, фитнаандоз, нобино ва бесаводу бахил худи шумоед. З.Абдуллоро таъна ба Зардуштиву Оташпарастӣ назанед. Инро донед, ки дини зардуштӣ ва китоби «Авесто» асари Худост ва Ҳазрати Зардушт низ яке аз паёмбарони Худост ва поягузори нахустин дин дар дунёст! Лиҳозо, зидди андешаи 1 донишманд фитна ва тафриқа барпо накунед ва ҳаргиз аз номи уламои кишвар гап назанед. Чунки чунин ҳақро надоред! Дар асри 10 не, дар қарни 21 зиндагӣ доред!!! Кӣ чӣ хел мемирад ва ӯро кӣ ҷаноза мекунад, кору вазифаи шумо нест! Дар охир гуфтаниям: Шумо-арабтаборони Қубодиён бояд дар газетаи СССР аз Зиё Абдулло узр бипурсед!

Асадуллои Бекназар,

н.Кӯшониён

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 08:40

Салом, СССР! Дар шумораҳои гузашта мақолаи Мирзоалӣ Ёровро бо номи «Кенҷаев Каттании тоҷик набуд» хондам. Дар бораи Каттанӣ будану набудани Кеннҷаев. Ман метавонам чандин касро шоҳид номбар кунам ва худам ҳам дар майдони Озодӣ, байни мардум гашта, ибораи «Кенҷаев Каттании тоҷик»-ро фаҳмидагиам. Он вақтҳо дар ҳақиқат ҳамин гапҳо буд. Ман Кенҷаевро аз даври донишҷӯӣ мешиносам. Баъди хатми факултаи ҳуқуқи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) солҳои тӯлонӣ корманди Прократура буд. Аз муфаттиш сар карда, то прокурори н.Фрунзе (ҳоло И.Сомонӣ), прокурори прократураи нақлиёт, депутат, раиси Совети олӣ кор кард. Солҳои тӯлонии фаъолият барои худ хонаи 2-ошёна, дача, коттеҷ… насохт, мошини иномарка надошт. Ӯ олим, доктори илмҳои ҳуқуқ буд. Барои ӯ на пулу моликият ва на Каттанӣ лозим буд. То охири умр дар сексия зист, тамоми илму маҳорати худро барои тараққиёти ҷумҳурӣ сафарбар кард.

Абдуҳамид Нарзиев,

Устоди ДМТ

 

Чоршанбе, 14 Август 2019 08:36

(Чмо интеллигент нест ва интеллигент чмо буда наметавонад!!!)

10 рӯз дам гирифтам. Дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, ки воқеан ҳам бо кӯшишу талоши Давлат Самизода-раиси ин коргоҳ, 1 осоишгоҳи сатҳи байнулмилалӣ шудааст. Тамомии табибон бо пешхидматону кормандонаш зиёд муомилаи хушу сара доранд, ки боиси афзоиши роҳату фароғату табобату фараҳ аст. Ва аммо сӯҳбат сари ин Осоишгоҳ нест. Ман дар ин ҷо камтар кор мекардаму бештари авқотамро харҷи мутолиа, сарфи филм, тамошои телевизионҳои чандин кишвар, бо шумули Ӯзбакистону Русияву Тоҷикистон намуда, ахиран умқан газетаву журналу саҳафоти интернетро варақ задаву ба хулосае омадам, ки ба Тоҷикон нависам, ки чмо (человек морально об…тёсанный-яъне одаме, ки маънан худбохтааст: дар Армия пасттарин солдат!) ҳич вақт зиёӣ нест. Интеллигент нафарест, ки синаро барои Шараф сипар мекард ва хунашро мерехту обрӯяшро на:

Хуни худро гар бирезӣ бар замин,

Беҳ, ки оби рӯй резӣ бар канор!

Ин шиори интеллигентҳои Тоҷик буд! Зиёӣ ҳодии ҷамъяит аст ва интеллигенти Тоҷик ана ҳамон Рустаму Суҳробҳо буданду Гурдофариду Манижаҳо. Зиёии Тоҷик дар ҷанг дар сафи аввал меистод! Мани худро дошт. Шахсият буд. Инсон буд. Гапро дар рӯи одам мезад. Ҷавонмард буд!!!

Мутаассуф, бо болғаи идеологии шӯравии а ля русӣ бар сари миллати мо чунон куфтаанд, ки то ин рӯз мо дар бораи интеллигентсияи то инқилоби октябрии худ ҳеҷ иттилоъе надорем. Ҳамаро бо 1 ҷорӯб-босмачӣ руфта партофтанд. Ҳаргиз тарафдори босмачӣ набудаму нестам, аз рангу рӯшон безорам. Вале магар он чанд лақайу туғайу турку муғули дузд табори ману ту буданд хонанда? Инҳо билкулл босмачӣ буданд, дузду роҳзан буданд. Вале магар бидуни инҳо Тоҷик ҷадд, авлод, табор, зод ва зот надошт? Дошт! Ва аммо куҷо шуданд онҳо? Аз архивҳои тошкандиву маскавӣ бояд ҷуст. Аҳмади Донишу Шоҳину Ҳайрату Туғрал чун зиёӣ дар хотири мо мондаанд ва он ҳам бо…шеъру шоҳасарҳои назмиву насрӣ. Аз ин ҷост, ки фикр дорем, шоиру нависанда интеллигент асту бас! Ҳаргиз! Зиёӣ танҳо аҳли эҷод нест. Рустами Дастон магар шеър менавишт ва ё шамшер мезад? Ва агар Шоҳномаро умқан бихоне(д)м, дарк месозем, ки Рустам интеллигенти пеши пеш буд. Шамшер низ дастгоҳи зиёист! Зиё танҳо дар насиҳату панд ва шеъру румону повесту ҳикоят нест. Магар мешавад дасти тааррузи душманро танҳо бо насиҳат баст? Корду камону дору расан лозим аст барои ҳифзи Шарафи Ватан ва ин корро бояд интеллигент кунад!

Зимнан ителлигенти мо бояд Рустамвор зиндагонӣ кунад… Нафаре сақат гуфт, интеллигент нест! Муштзӯрӣ кард (дар ҳолати ҳифзи шараф) зиёӣ нест!! Сарватманд бошад-ку…эҳаааа тамоман аз марзи интеллигенсия каноратарак аст. Яъне интеллигент тарсу, беқувват ва камбағал бояд буда бошад? Магар Айниву Лоҳутӣ камбағал буданд? Дуртарак равам? Тазкираҳо мегӯянд, бори маъишати Рӯдакиро (мисле, ки ҳозир Варзоб истироҳат меравем) садҳо шутур мекашид! Фирдавсӣ 60 ҳазор тангаи ғайритилоии Султон Маҳмудро дар 1 ҳаммом партофта рафт (он тангаҳо пули андаке набуданд, ба масале ӯ 60000 евро мехосту ба ӯ 60000 доллар доданд!). Ҷомӣ, ки аз ӯ мо танҳо 1 хислат-шикастанафсӣ омӯхтан дорем, сарвате дошт, ки Алишери Навоӣ-садри аъзами Ҳирот надошт! Яъне камбағал интеллигент нест, зеро зиёии бепулу хонаву дар ҳич гоҳ Ватанашро Рустамвор ҳифз нахоҳад кард…

Воқеан ҳам, шукри Худо ва истиқлолият, ки имрӯз шоирону муаллимони макотиби олии мо хелееее сарватманданд, ҳарчанд пинҳон медоранд. Ҷои пинҳон кардан нест. Бояд муаллим бой бошад, то мактаббачча сӯи дониш дилгарм гардад…

Интеллигентҳои рус (аз моро ҳазф карда, аз худашонро таблиғ мекарданду мо рӯзгорашонро медонем), мисли Пушкин, Грибоедов, Лермонтов барои Шараф дар дуэл кушта шудаанд. Магар инҳо графзода, дворянин, яъне душман набуданд? О, инқилоби октябр бар ҳаминҳо пирӯз шуда буд-ку?! Ин ҳушдор ба дастгоҳи идеологии мост, ки соате расида, мо низ зиндагиномаи табори бузургу интеллигенти худро бознигарӣ кунем.

Интеллигенти фаронсаву англису испанӣ…агар беш аз 35-40 сол умр медид, мавриди танзу ханда қарор мегирифт, ки чаро дар дуэл барои шараф ва ё ҷанг зидди душманони ватанаш фавт наёфта, ба ин синну соли бузург расидаанд.

Яъне чӣ? Яъне интеллигент онест, ки аз Шарафи худ, Шарафи Миллати худ, Шарафи Ватани худ, Шарафи дӯстдоштаи худ, Шарафи зани худ, Шарафи марзу буми худ бо хун ҳифз мекунад ва ҳаргиз тарсӯ нест!

Ин фикри шахсии ман аст, ки метавонад бо андешаи аксарият муғаййир бошад. вале ҳар касе маро аз наздик мешносад, медонад, ки ин иддаоям сухани холӣ нест. Ман, масалан чунинам!

Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,

Ту гӯӣ ҷоҳиле девонагӣ кард?

Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,

Ки беҳ аз оқили бе ғайрат аст ин!

Ин, аллакай, моли Ҳилолист. Нафаре, ки барои Шараф кушта шуда буд. Классика!...

 

 

Ҷумъа, 09 Август 2019 13:53

   Нархи 1 кило гӯшти гов имрӯз дар растаи гӯштфурӯшони бозори «Саховат»-и пойтахт 47 сомониро ташкил медиҳад. Нархи 1 кило гӯшти гӯсфанд 45 сомонӣ арзиш дошта, ҳамарӯза ба бозор то 350 кило гӯшти гов ва то 200 кило гӯшти гӯсфанд ворид карда мешавад.

   Тавре дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР Сайвалӣ Сабзаев, директори КВД «Бозори «Саховат» иброз намуд, бо мақсади ғановати бозор ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ниёзи аввалия рӯзи 8.08.2019 аз 3 ноҳияи вилояти Хатлон 4220 кило пиёзу картошка, сабзиву қаламфури булғорӣ, помидору бодиринг ворид карда шуда, дар ярмаркаи ташкилнамудаи маъмурияти бозор бо нархи дастрас ба фурӯш гузошта шудааст. Воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон ба бозор имрӯзу фардо низ давом хоҳад ёфт.

   Нархи 1 кило пиёз ҳамин ҳоло дар бозори «Саховат» 2 сомонӣ, помидор 3 сомонӣ, бодиринг-2 сомонӣ, боимҷон-1,5 сомонӣ, картошка-2 сомониро ташкил медиҳад. Арзиши меваю сабзавот низ назар ба дохили бозор нисбатан арзон буда, қимати 1 кило ангуру шафтолу ва себ аз 6 то 8 сомониро ташкил менамояд.

    Директори бозори мазкур таъкид менамояд, ки дар сурати даст ба фиребу гаронфурӯшӣ задани гӯштфурӯшон харидорон метавонанд ба ситоди маъмурияти бозор муроҷиат намоянд.

 

Ҷумъа, 09 Август 2019 13:50

   1 кило гӯшти гов имрӯз дар бозорҳои «Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф»-и ш.Бохтар 45 сомониро ташкил намуд. Гӯшти гӯсфанд 43-45 сомонӣ арзиш дошта, равғани думбаро хоҳишмандон бо нархи 40-45 сомонӣ барои 1 кило метавонистанд харидорӣ намоянд.

   Дар баробари гӯшт нархи меваю сабзавот низ дар арафаи Иди саиди Қурбон ба маротиб боло рафт. Ҳамин ҳоло дар бозорҳои номбурда нархи 1 кило себ 10-30 сомонӣ, нок 10-20 сомонӣ, 1 дона банан 3,5-4 сомонӣ, 1 кило помидор 5-8 сомонӣ, 1 дона тарбуз 15-30 сомонӣ, 1 кило шафтолу 10-15 сомониро ташкил менамояд.

   Сулаймон Саидов, 1 сокини н. Кӯшониён, ки дар бозори марказии ш.БОхтар харид менамуд, дар сӯҳбат бо мухбири СССР афзуд, ки дирӯз 8.08.2019, соати 19:20 гӯштфурӯшон нархи 1 кило гӯшти говро то ба 60 сомонӣ бардоштанд, вале дар назди дӯконҳо навишта шуда буд, ки нархи гӯшт 45 сомонист…

 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон 

 

саҳ 9 аз 13

Китобҳо

Flag Counter