ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 02 Август 2019 13:22

  

   Дар нимсолаи 1-ми соли 2019 қисми даромади буҷети ш.Ҳисор 104,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба нақша 3,8 млн. сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин даври соли гузашта 10 млн. сомонӣ зиёд аст. Корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра ба миқдори 99,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн сомонӣ зиёдтар аст. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бошад ба 214 млн 526 ҳазор расидааст, ки дар қиёс бо соли 2018 11 млн 519ҳазор ҳазор сомонӣ афзоиш ба назар мерасад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Шарифҷон Ҷумазода, раиси ш.Ҳисор хабар дод.

    Тавре Шарифҷон Ҷумазода зикр намуд, сафари сайёҳон аз ҷумла сайёҳони хориҷӣ ба шаҳр зиёд гардида 87 ёдгориҳои таърихӣ дар ҳолати хуб қарор дошта, дар ин самт хизматрасонӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. 45 ҳазору 819 нафар сайёҳон ба Ҳисор сафар кардаанд, ки аз он 4 ҳазору 76 нафар шаҳрвандони кишварҳои дигар мебошанд. 

   Гуфта шуд, ки дар самти ободонии маҳал давоми 6 моҳ аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 143 км. роҳҳо мумфарш, шағалпӯш ва таъмир гардиданд. Сохтмони 89 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 19 муассисаҳои таълимии шаҳр идома дошта бо 2225 ҷойи нишаст дар 1 баст то моҳи сентябр ба анҷом хоҳад расид. Бунёди 10 корхонаи саноатӣ, 11 биноҳои баландошёна, таъсиси хоҷагии коммуналӣ бо 80 воҳиди корӣ, таъсиси чунин хоҷагӣ дар ҷамоатҳо, нақшаи минбаъдаи таъмири роҳҳу пул, дарёфти сарчашмаҳои нави андоз, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, афзоиши аҳолӣ, ки дар 3 соли охир беш аз 29 ҳазор зиёд гардидааст, низ аз мавзӯҳое буданд, ки хабарнигорон бештар таваҷҷӯҳ карданд. 

 

 

Панҷшанбе, 01 Август 2019 15:08

     Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 82-солаи сокини деҳаи Чилчашмаи н.Файзобод, нафақахӯр, бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд. 

   Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, номбурда, рӯзи 31.07.2019, тахминан соати 13:40-дақиқа, дар бинои масҷиди деҳаи Чилчашма аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо шаҳрвандон-мардони 50 ва 79-солаи сокинони деҳаи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3 маротиба ба бадани марди 50-сола ва 1 маротиба ба гардани марди 79-сола задааст.

    Дар натиҷа, марди 79-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

 

Панҷшанбе, 01 Август 2019 15:05

 

    Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳамкории зич бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Турсунзода Стансияи автоматии агрометеорологӣ, шабакаи пилотии агрометеорологӣ ба кор шурӯъ кард. Шабакаи пилотии агрометеорологӣ барои татбиқ намудани усулҳои нави ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти обу ҳаво бо мақсади дастрас намудани огоҳии пешакӣ дар бораи иқлим, бемориҳои растанӣ ва пешгӯии ҳосил ба деҳконон нигаронида шудааст.

    Бино ба иттиллои аз маркази матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо ба мухбири СССР расида, шабакаи пилотӣ аз 3 стансияи автоматии агрометеорологӣ иборат аст, ки дар 3 минтақаи мухталиф бо навъҳои хоси зироат-токзор дар ш. Турсунзода, зардолузор дар ш.Конибодоми вилояти Суғд ва пахта дар н.Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон насб карда мешаванд.

   Истифодаи иттилооти агрометеорологӣ дар соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим аст, зеро ҳар як ҷабҳаи фаъолияти кишоварзӣ аз обу ҳаво вобаста аст. Бо банақшагирии дақиқ ва тадқиқот, агрометеорология ба фермерон барои қонеъ кардани талаботи ҷаҳонӣ ба озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонад. Шароити пешгӯинашавандаи обу ҳаво, ки аз сабаби тағирёбии иқлим ва дигар зуҳуротҳои метеорологӣ ба вуҷуд меоянд, талаботро ба маълумоти дақиқи обу ҳаво зиёд кардаанд.

   -Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо ФАО ва шарикони миллӣ ҷиҳати таъсиси системаи самаранок ва устувори агрометеорологӣ дар Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Пас аз насб ин система баҳри тақвият додани соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути фароҳам овардани чораҳои пешгирикунанда, ки таъсири вазъи обу ҳаворо, хусусан хушксолиро, ба соҳаи кишоварзӣ пешгирӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст, таъкид кард Сафири ИА дар Тоҷикистон Мэрилин Ҷозефсон дар маросими ифтитоҳи ин стансия дар ш.Турсунзода.

 

  •  << 
  •  < 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  11 
  •  12 
  •  13 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 13 аз 13

Китобҳо

Flag Counter