ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:20

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусалом Мирзоев аз ноҳияи Файзобод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, чанд шумора пештар дар СССР хондам, ки муздури тоҷикро бо таҳқир, бо зарби корд скинхедҳои Русия зада куштаанд. Ҳоло барои ман ва садҳо нафари дигар номаълум аст, ки дар соли 2018 ва 9 моҳи соли 2019 чанд тобути Тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон омада бошад? Хоҳиш мекунам, ки ҳамин фактро бо руйхаташ дар СССР чоп кунед ва нависед, ки муҳоҷири тоҷик аз кадом ноҳияи Тоҷикистон ва чандсола асту бо чӣ иллат фавтидааст… Ёдам, ҳаст, ки СССР солҳои 2008-2009 чунин силсиламатлабе ҳам дошт, таҳти унвони «Онҳо ҳам одам буданд…».

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:18

Салом, СССР! Ман хонандаи доимии СССРам. Дар бораи ободиҳои н.Мастчоҳ гуфтаниям. Дар маркази ноҳия муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохт, 1 хабари хуш он аст, ки сохтмони Қасри фарҳанг дар арафаи анҷомёбист, боғи фарҳангии ба номи шоири халқӣ Юсуф Вафо азнавсозӣ шуда истодаасту дар он ҳайкали барқади шоир гузошта мешавад. Сохтмони варзишгоҳ барои 10.000 ҷои нишаст ба охир расида, сохтмони бинои идораи маъмурии шӯъбаи маориф, идораи ҲХДТ, осорхона, парчами Тоҷикистон ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳия бо суръат давом доранд. Раиси ноҳия-Ғайрат Азиззода дар ҳар 1 вохӯрии худ бо мардум аз соҳибкорон, тоҷирон, шахсони доро даъват ба амал меорад, ки дар ободии маҳалли зист саҳм гузоранд. Мо-мардум ҳамеша барои обод сохтани зодгоҳамон мекӯшем. Мо Метавонем!!!

Аюбҷон Давлатов,

ҷамоати Оббурдон, н.Мастчоҳ, тел: 92 880 19 86

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:15

Дар 1 аз сӯҳбат бо чанд ҳоҷӣ менишастем, ки дар боби гармии ҳавои Арабистон, бо бодбезакҳои пурқувват ҳавои салқин додан аз болои сар, фаршҳои салқини хонаи Худо мегуфтанд. Яке савори шутур дар болои кӯҳи Арафот акс гирифтанашро таъриф мекард, дигаре аз таъоми гарми мошини хайрхоҳи араб бо эҳтиром мегуфт. Беш аз 1 соат нишастем, лек ягон ҳоҷӣ дар бораи тавофи Каъба, сайри Сафову Марва... ҳарфе нагуфт. Ба саволи “чанд тан ҳоҷӣ аз ҷумҳурӣ ҳаҷҷи акбар кардаанд?” ва ҳатто онҳоро кӣ роҳбаладӣ мекард, чизе намедонистанд. Ба касе пӯшида нест, 1 қисми онҳое, ки ҳаҷ кардаанд, дар гузашта майл ба шароб доштанд, аз ҳаққи мардум хӯрдан сармоя ғундоштанд, ё ягон одати номатлубро соҳиб буданд. Фарзандон аз ин амалҳои онҳо халос хӯрем гуфта, онҳоро ба сафари ҳаҷҷи фарзӣ ё умра мефиристанд. Инҳо баракс, аз тавоф омаданду номи ҳоҷигиро бар замин заданд. Як қисми ҳоҷиён бо маблағҳои дигарон ҳоҷӣ шудаанд ва ин хилофи “қувват бар тавоноӣ” аст. Аз ҷумҳуриамон ҳар сол беш аз 5000 нафар хонаи Худоро зиёрат ва 5000 доллар барои рафтуомад ва дигар амалҳо хароҷот мекунанд. Аз ин маблағҳо Арабистони Саудӣ фоидаи ҳангуфт мебинад. Фикри ман ин аст: Кумитаи дин дар назди ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ масъала гузорад, то ки нисфи маблағи ҷамъшударо ҳар сол ба ҳар 1 мамлакате, ки зоиринаш зиёрати хонаи Худо мекунанд, кӯмаки яквақта расонад. Ин амалест тибқи шиори “муъмин бародари муъмин”, зеро маблағҳои ҷамъшуда аз ҳисоби ҳаҷ дар Арабистон зидди мусалмонҳои дунё истифода мешаванд. Аз Арабистони Саудӣ талаб намоем, ки таъйид кунанд, хонаи Худо танҳо барои онҳо нест!!!

Зайнулобиддин Ҳусейнов

деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

 

Чоршанбе, 25 Сентябр 2019 08:09

Баддаҳантарин, бадгуҳартарин, бадбахттарин, бадбинтарин ва ҳақоратгӯтарин миллат … Тоҷик шудааст!!! Ва пеши роҳи ин бадбахтиро бояд гирифт, ки фардо дер мешавад!

Сухан сари ба масал «гулҳои сари сабади миллат» меравад, ки дар орухонаи Фейсбукӣ худро падару модари миллат хонда, дигарандешонро ҳақорат медиҳанд. Усулан ман Фейкро Одам намепиндорам. Зеро ин турфа нимодаму нимаҳайвонҳо гунае аз ҳамон персонажҳои репрессияи сталиниянд, ки он замон номашон дигар буд: Анонимшик! Ана ҳамин анонимшикҳо сари миллионҳо нафарро хӯрда буданд. Ҳоло Фейкҳо, ки аз тухмаи ҳамон номардони солҳои репрессияанд, роҳи хубтару гуворотари сияҳу бадномсозии ҳаммиллатонро дарёфтаанду дар кабинетҳои барҳаво нишаста, рӯи мардони марди ин миллат, сар аз 1 соҳибкори муваффақ то журналисту раису вазиру сарвазиру президент, борони маломату тӯҳмату бӯҳтон мерезанд. Дар Хитой пеши роҳи инҳоро гирифтанд. Русияву Амрико низ онҳоро сарришта кард. Дар Аврупо кайҳо камаршикастаанд. Ӯзбекистон низ ин мушкилро ҳаллу фасл намуд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки Тоҷикистон кай поккорӣ аз ин нопокзодаҳоро шуруъ мекунад? Ба назар мерасад ҳич вақт!

Хандабарангез аст, ки бӯҳтонномаҳои ин нимаҳайвону нимаодамҳо, яъне Фейкҳо, ки дар Фейс нашр мешаванд, боз аз сӯи мақомот мавриди санҷиш қарор мегиранд!!! Ҳарчанд дар қонунгузории мо тафтиши номаҳои аноним, бе муаллиф, манъ аст! Маро ба навиштани ин матлаб 1 моҷаро тела дод, ки гуфтанд, яке аз сабабҳои барканории раиси собиқи ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода бӯҳтонномаҳои дар Фейсбук нашршудаи Фейкҳо будаанд…

Фейкҳо 2 мақар, ситод, штаб доранд. Яке дар Аврупо, ки шодихӯрдагони наҳзатиянд ва дигаре дар ш.Душанбе, фарзи мисол, ҳамин бинои ГЖК… Бояд ин Фейкҳоро пайдо ва бо ному насабашон фош ва ба ҷавобгарӣ кашид. Афроди дигаре низ ҳастанд, ки худ Фейк наянд, аммо ин Фейкҳоро тӯда-тӯда (ҳайвон, ки бошанд ё подаанд, ё тӯда) ба саҳафоти таъсисдодаашон ба «друзья»-гӣ қабул карда, бо дасти онҳо мардони мардро дашному ҳақорат медиҳанд. Ва агар аҳамият додаед, ҳар нафаре, ки аз Миллати Тоҷик, Давлати Тоҷик, Ҳукумати Марказӣ ва дастовардҳои кишвар ва Ватан ҳарф гуфт, Фейкакон ба дашному ҳақораташ шуруъ мекунанд. Онҳо дар симои ину он фард, фарзи мисол, актёр ё коргардоне, ки мутаассуф, аз эгоизми бисёр худро Нофи Замин метарошанд, ҳатто миллатро ҳақорат медиҳанд.

Воқеан ҳам дар Қонунгузории бисёр кишварҳо, масалан, Русия омадааст, саҳифаи интернетӣ, фейсбукӣ ва ҳатто блоге, ки беш аз 9000 хонанда дорад, аллакай ВАО дониста мешавад ва тибқи қонунгузорӣ чунин саҳафот бояд барои дашному сақат посух гӯянд! Фикр намекунед, ки дар мо ҳам кайҳо чунин фурсате фаро расидааст, ки ҳамингуна қонун қабул гардад? Ин сензура нест! Ин ҳифозат аз беадабону бетартибону бенизомиҳоест, ки дар олами виртуолӣ миллатеро ҳақоратчӣ, дашномпардоз ва беодоб кардан доранд! Агар чунин Қонун қабул шуд, фарзи мисол, чанд Гей(к)-и ланданӣ (гуфтори худашон) намебитвонанд, ки хосаҳои миллатро таҳқиру дашном диҳанд дар саҳафоти чанд лоуболаке, ки гӯиё ба ин дашномномаҳо сару коре надоранду мегӯянд: «Айб дар ош аст!». Айб дар мош аст! Ва ин мошҳоро бояд барчиду ба ахлоттӯда партофт. Мо мечинему мепартоем. Мо Метавонем!

Воқеан дар бораи гейҳо, ки фейк шудаанд. Инҳо имрӯз, ки забону давлати моро инкор кардан доранд, пагоҳ мутмаин бошед, кокулчаҳошон паси сар ҳатман мӯди урупоии «ҳезӣ» ва «баччабозӣ»-ро низ ташвиқ хоҳанд кард. Зеро дар Ғарб ин чизи маъмул аст ва тарғиби он халтаи пул. Нафаре, ки ҷинсияти худро дар Аврупо ба негре фурӯхтааст, магар метавонад ҳомии миллат бошад? Дар 100 сол на! Ва агар ин худозадаҳо ҳомии миллат бошанд, пас мо ва хонандагони мо ва 9 млн Тоҷикистонӣ бо онҳо нестем!!!

Ва аз ҳама муҳим: Вақте, ки ин фейк-гей(к)ҳо баъди сӯҳбати Профессор Иброҳим Усмонови Тоҷиктарин Тоҷик ба ӯ дарафтоданд, 1 нафаре ёфт нашуд, ки бо имзои худ аз устод ҳифз кунад. Ва акнун чигуна ба эроди Усмонов наметавон бовар кард, ки аз миёни даҳҳо муаллими факултаи журналистика ҳамагӣ чанд нафаре мақола навишта метавонанду бас? Агар метавонед, пас чаро аз Мэтри факулта ҳифз намекунед? Хомӯшии шумо 2 маънӣ дорад:

-Ё наметавонед ва Ё бо душманони миллат ҳамфикред!

Ман дар ин моваро танҳо 1 нафар-Саъдии Маҳдиро мебинам, ки аз манофеи миллӣ ҳифз мекунаду бас! Дигар муаллимин хомӯшии шубҳабарангезро ихтиёр кардаанд. Галстукҳо маҳкам бастагиву ишкамҳо серу мошинҳо таки по… о, маоши ҳукумат ва давлати Тоҷиконро ҳалол кунеду қалам гиред охир?! Журналистони расонаҳои расмӣ чаро хомӯшанд? Вақти он расида, ки дар ҷанги иттилоотӣ камин-окопро интихоб кунанд. Зеро Саъдӣ, Сафват, Усмонов, Шоира, Нури Наср, Абдуқодир Талбаков…ва боз 4-5 нафари дигар тани танҳо мондаанд дар ин гирудор. Мушаххасан бояд муайян кард, ки шумо бо кистед. Бо мо, ё бо онҳо?

Дуализм ва дурӯягӣ бас! Мо Метавонем!

PS: Хос барои Барзу Абдураззоқов! Вақте, ки ман Мо мегӯЯм, ҳаргиз Шумо ва шумобаринҳои манқуртро, ки забони модарашонро намедонанд ва ё фейк-гейкҳоеро, ки худро порс мегӯянд, дар назар надорам! МО ҳич вақт бо шуМо набудем ва нестем ва нахоҳем буд. Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 20 Сентябр 2019 16:11

    Рӯзи 17.09.2019 бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисо 5-и н.Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ-ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузошта шуд.

   Бояд гуфт, ки иқтидори корхонаи мазкур дар 1 сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин буда, барои истеҳсоли қолинҳо дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил”-и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳанд шуд. Дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегарданд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъйиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол хоҳад шуд.

    Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди ба истифода додани он 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Барои  бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф гашта, интизор меравад, ки ин корхонаи саноатӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. 

 

Ҷумъа, 20 Сентябр 2019 16:06

 Пагоҳ, 21.09.2019 дар Маҷмааи савдои “Меҳргон” Иди себ баргузор хоҳад гашт. 

   Иди мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ва Вазорати кишоварзии ҶТ ташкил карда шуда, тибқи иттиллои расида, қарор аст дар он боғпарварон аз тамоми минтақаҳои мамлакат намунаи беҳтарини себҳои тоҷикиро ба намоиш ва фурӯш гузоранд.

 

 

 

 

 

 

Ҷумъа, 20 Сентябр 2019 12:37

 

Нафаре, бигзор хеле ҳам бузург ва ё гургмасалу баррамонанд оё ҳуқуқ дорад, ки 1 миллати Шарифро рамаи гӯсфанд хонад?

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 13:33

Субҳи 18.09.2019 дар гузаргоҳи марзии “Қизил-Бел”-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти Қоҳир Расулзода, сарвазирони Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев баргузор шуд. Сарвазирон ба раҳбарони хадамоти марзбонӣ ва мақомоти маҳалли ду кишвар дастур додаанд, ки ҳамкориҳоро дар тамоми сатҳо тақвият бахшида, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон пурзӯр кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд. Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст, ки постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд. Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки аломатгузорӣ нашудааст, ғайриқонунист.

 

саҳ 3 аз 10

Китобҳо

Flag Counter