ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 10:43

Хонанда, дӯст ва муаллифи доими газетаи мардумии СССР, Олим Ғуломов аз деҳаи Оқчакмани ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки тибқи мушоҳидаҳои ман, гурӯҳе барои баргаштан ба насаби русии «ов»-у «вич» зид ҳастанд. Ин мутлақо ғалат аст! Барои чӣ? Ҳоло мефаҳмонам! Ин маънои онро надорад, ки мо бояд ва ҳатман дар оғӯши Федератсияи Русия бошем. Ҳаргиз чунин нест! Ин ба он хотир аст, ки мо аллакай бо ин ному насаб ва куният одат кардаем ва ин осонтар аст, назар ба унвони тоҷикӣ. Ба маънии дигар, «ов»-у «вич» чӣ зиён дорад? Масалан, бо «зода»-ву «пур»-у «зод»-ҳо мо чӣ кор карда ҳам метавонем? Аз ин чӣ фоида мегирем? Ягон маънии дуруст ва манфиатеро дар ин маврид намебинам. Ва аз 1 номсозӣ ба шакли дигар гузаштан ҳам ягон кашфиёте нест, ки боиси ифтихор бошад. Беҳтар мебуд, ки ба ҷои ин хел кӯшишу афкори бемаънӣ рӯ ба кашфиёт ва ихтирооти техникӣ биорем. Касе агар бо ман розӣ нест, марҳамат нависад. Газета ҷои баҳс асту ҳақиқатгӯӣ! 1 бор пеши назар биоред: Онҳое, ки ба хориҷа бо ин ному насаби нав (дар паспорт) рафтан доранд, бо чӣ мушкилоте рӯбарӯянд. Дар бораи заҳмат бояд фикр кард!

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 10:37

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёмаш ба мардум гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ бояд барои эътирозҳои осоишта иҷозат диҳанд ва макони баргузории онҳоро набояд дар канори шаҳр интихоб кунанд. "Агар ҳамоишҳои осоиштаи эътирозӣ поймолшавии қонун ва ба ҳам задани оромии сокинонро дар пай надошта бошанд, бояд онҳоро дар доираи қонун иҷозат дод ва барои баргузорияшон макони махсусро ҳам интихоб кард. Вале аз ҳама гуна амалҳои зиддиконститутсионӣ ва иқдомҳои авбошона дар доираи қонун пешгирӣ мешавад», гуфт Тоқаев. Паёми ӯ дар ҳолест, ки Дариға Назарбоева-духти калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дубора раиси сенат-палатаи болоии порлумони ин кишвар интихоб шуд. Дариғаи 56-сола сентябри с.2016 бо фармони падараш вакили палатаи болоии порлумон-сенати Қазоқистон таъйин шуда буд.

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 10:30

Дар бораи Кӯлоб гуфтану аз Фалак нагуфтан бад-он монад, ки бе арӯс тӯй кунӣ ва ё бе намак шакароб. Зимнан, хонандаро ба сайри заминии олами малакутии Фалак даъват мекунем. Мо Метавонем!

Санъати рондашуда

Тасаввурнокарданист, вале дар тӯли 70 сол, онҳое, ки имрӯз доду бедоди миллату хештаншиносӣ мезананд, талошҳо доштанд, то Фалак-бузургтарин мусиқаи миллиро, ки бидуни нотаву адвор садҳо асрро паси сар карда омада буд, ҳаргиз ба долони ҳукумат ва радиову телевизион роҳ надиҳанд. Инҳо ҳатто дар даврони люмпен-пролетариат ва тантанаи санъати оммавӣ, тавонистанд Фалакро буғӣ кунанд ва моли авомуннос хонда пеш созанд. Ин нонсенси ҳукумати болшевикӣ-тоҷикии вақт буд.

Давлатманд-Коваи Фалак

Зуҳури Давлатманди Хол, мусиқашинос ва сарояндаи мумтоз ба даврони охири ҳамон раҳбарияти тангдил рост омад. Вале акнун Давлатманд муаррифии Фалак гардид ва то гӯшҳои кари Политбюрову СеКа ва раҳбарияти вақти РСС Тоҷикистон Фалакро расонид. Ва дигар намешуд Фалакро пинҳон дошт:

Давлатманди Хол, баъд аз 27 соли набардҳо дар майдони эҳёи Фалак ва муаррифии ин жанри мусиқаи миллӣ, онро зинда гардонид, озод сохт, нотабандӣ ва ба навъу тобишҳои азалӣ эҳё намуд.

Виртуоз ва Фалак

Шинохти Фалак дар арсаи байналмилал аз пирӯзии ӯ дар озмуни «виртуоз»-ҳо ё «нобиғаҳои мусиқаи ҷаҳонӣ» шурӯъ шуд, ки устод бо навозиши оҳанге бо ҷамиъи буғумҳои бадан аъзои ҳакамонро тасхир кард. Худи Давлатманди Хол дар ин бора мегӯяд:

-Ин озмуне буд, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО, соли 1991 дар Порис баргузор гардид ва дар он аз ҳама кишварҳои олам ҳунармандон ширкат доштанд. Дар ин байн танҳо ман будам, ки маро гурӯҳи созиву овозӣ ҳамроҳӣ надошт. Ва замоне ки гурӯҳҳои ҳунарии ҳар кишвар дастаҷамъона оҳанг менавохтанд, ман ҳам гуфтам, ки омодаам, тани танҳо ва аммо бо ҷамиъи буғумҳои бадан гавҳари зарбҳои миллиро муаррифӣ кунам. Барои ин дар назди гардан, бозу, ангуштон, гулӯ ва китфонам 8 микрофон устувор карданд ва ман бо садои дарунии буғумҳо як зарби тоҷикона навохтам, ки аъзои ҳакамон ба ваҷд омаданд ва шоҳҷоиза насиби ман шуд…

Бо ин ҳама танҳо дар соли 2004 Фалакро ба расмият шинохтанд. Дастандаркори ин муаррифӣ…Бунёди Сорос ва хонум Ойниҳол Бобоназарова шуданд.

Фалак чист? Анвоъи Фалак кадоманд?

Давлатманди Хол:

«Фалак яктост! Ва тақсимнашаванда аст ва рукнҳои Фалак дар мусиқаи мардуми олам мушоҳида мешавад. Бубинед, кадом миллат дард, ғам надорад? Фалак дард аст, андӯҳ аст, нола аст ва ҳам шодиву нишоти деринтизорест, ки агар дод нагӯӣ дилгир-нафасгир мегардӣ. Рукнҳои Фалак зиёданд; дар кӯҳистони тоҷик-мегӯянд Фалаки Даштӣ, Фалаки Кӯҳӣ, Фалаки Роғӣ, Фалаки Шод, Фалаки Шикаста, Фалаки Сарбаста, Фалаки Паррон, Фалаки Омехта, Фалаки Яклухт. Ин ҳама танҳо дар ҷануби кишвар ва Бадахшонанд. Боз дар шимоли кишвар Фалаки Пардагӣ, Фалаки Бепарда ҳаст».

Фалакро нота бандед!

Мусиқашиносони муосир бар назаранд, ҳамакнун замоне расидааст, ки Фалакро  бояд тавассути оркестри симфонӣ навохт. Вале барои адворбандии Фалак ишороти маъмулии нотаҳои ғарбӣ тангӣ мекунанд. Худобиомурз Талабшоҳ Сатторов, раиси собиқи Консерваторияи Миллӣ, 18 ишораи рамзии фалакро кашф кардааст ва аз ин зернотҳои ҷадид дар 1 ҷаласа бахшида ба Фестивали Фалак дар соли 2004 Аслиддин Низомов, раиси Иттиҳоди бастакорони кишвар ҳам ҷонибдорӣ карда буд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро то ҳанӯз Фалак, дар Тоҷикистон расман адворбандӣ нашудааст ва умқан омӯхта намешавад? Ҳаводорони фарҳанги мусиқаи миллӣ бар назаранд, барои ҷомаи амал пӯшидани ин ормон бояд ба Давлатманди Хол шароити мусоид фароҳам овард, то ба ташхису пажӯҳиши ҷиддии Фалак камар бубандад. Ростӣ, шахсан ман намедонам, ки агар ин корро Давлатманд накунад, пас кӣ хоҳад кард? Мо Метавонем!

Ансамбли Фалак ва Сурайё

Ҳоло дар Кӯлоб-маҳди Фалак метавон гуфт, фалаксарое намондааст. Зеро аксарияти ҳунармандон аз ин водӣ «фирори иҷтимоъӣ» кардаанд. Онҳо барои дарёфти қути лоямут ва зиндагонии арзанда кайҳо мавзеъро тарк гуфтанд. На Давлатманд ин ҷосту на Файзалӣ Ҳасан ва ҳамакнун на…Сурайё.

Воқеан ҳам Сурайёи Қосим тайи 2 даҳсолаии ахир ягона нафаре буд, ки намехост Кӯлобро ба пуррагӣ тарк кунад. Ӯ асосгузори ягона ансамбли Фалак дар шаҳри Кӯлоб низ ҳаст. Вале бӯҳрони фарҳангӣ ба ин хонадон низ асар кард. Сурайё дигар дар Кӯлоб…меҳмон асту бас. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба консертҳои давлатии маҳаллӣ ҳатто роҳашро бастаанд. Ягона фалаксарои маҳаллӣ дар консерт нест. Инро чигуна метавон фаҳмид?

Бо ин ҳама умед дорем, ки Фалак мисли 70 соли шӯравӣ дар маҳдаш-водии Кӯлоб нахоҳад мурд. Вале парадокси моҷаро ин аст, ки дар он солҳои фалакбадбинии ҳукумат ин жанр посбонҳое дар симои Одина Ҳошим, Қурбон Зардак, Давлатманди Хол, Гулчеҳраи Содиқ дошту…ҳоло, дар даврони фалакдӯстдорӣ дар ин водӣ ақаллан 1 ситораи ҳунар надорад…

 

СССР

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 10:25

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 09:19

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 09:11

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 09:10

Узви Ихвон-ал-СССР, Наҷмиддин Худоиев аз шаҳри Роғун бо телефони 93 118 40 44 ба СССР занг задаву гуфт, ки Душанбе-пойтахти Ватани мо рӯз то рӯз ободу зебо шудан дорад. Биноҳои осмонбӯс, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, майдонҳои варзишӣ, маконҳои хос барои кӯдакон рӯ ба физоиш аст. Душанбе бо ташаббуси раиси ҷавону кордон, ватандӯсту меҳнатӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ комилан дигар шудан дорад. Ва ин ҳама ободӣ худ аз худ пайдо намешавад. Дар дуруст намудани ҳуҷҷатгузории иншоотҳо ҳиссаи Толиб Мирзораҳимов-раҳбари Корхонаи фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (МБТИ)-и ш.Душанбе чашмрас аст. Ӯ супоришҳои шаҳрдориро сари вақт иҷро ва ҳуҷҷатгузории биноҳоро бо сифати баланд иҷро менамояд. Толиб беш аз 30 соли ҳаёти худро дар ин корхона гузаронидааст.

 

Чоршанбе, 18 Сентябр 2019 09:07

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Мирзоҳикмат Маҳкамов (тел: 98 799 64 05) аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба СССР занг задаву гуфт, ки ман беш аз 50 сол боз бо тарбияи насли наврас машғулам. Солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ пеши назар меояд. Зеро талхии нооромиҳои давраи ҷанг ба оилаи мо ҳам таъсири калон расонид. Писарам Абдурашид Маҳкамов, ки ҳамон айёми нооромӣ донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ буд, бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ бемор шуда, ба деҳа баргашт омаду гуфт: Моро устодонамон то Истаравшан бо КамАз оварда, гуфтанд, ки «то ором шудани авзоъ дар хона бошед». Писарам нисбат ба устодони худ-Иброҳим Усмонов, Муртазо Зайниддинов, Абдувалӣ Давронов, Худоӣ Шариф, Пайванди Гулмурод… меҳри беандоза дошт. Афсус, ки ҷигарбанди ман дар синни 33 ҳаётро падруд гуфт. Шукр мекунам, ки бо шарофати шабзиндадориҳои Пешвои Миллатамон имрӯз дар нафақаи пиронсолӣ буда, бо рӯҳи ҷовидонии фарзандам Абдурашид дар тарбияи насли наврас ва эҷодкорӣ ҳисса мегузорам. Ҳар касе агар заррае хираду маърифату фаросат дорад, бояд ба қадри тинҷӣ бирасад!!!

 

саҳ 4 аз 10

Китобҳо

Flag Counter