ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 13 Сентябр 2019 09:31

Рӯзи 11 сентябри соли равон духтарчаи 1-сола, сокини вилояти Хатлон, ҳини саргарми бозӣ аз беэҳтиётӣ ба чуқурии думетраи симчӯб афтидааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят низ дар 1 хабарномааш гуфтааст, ки кӯдаки хурдсол ба чоҳи думетра, ки барои гузоштани симчӯб канда шуда буд, фурӯ рафтаст. Духтарча бо ёрии наҷотдиҳандагон дар зарфи 3 дақиқа берун оварда шуд ва аввалин ёрии тиббиро ҳам барояш расондаанд. 

Баҳодур Уроқов,

СССР, Хатлон

 

Ҷумъа, 13 Сентябр 2019 09:25

Рӯзи 23.08.2019 бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар мавзеи Кончочи н.Айнӣ аз ҷониби КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» саёҳати иттилоотӣ (press tour) ташкил шуд. Зимни боздид шоҳид шудем, ки айни ҳол корҳо дар сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» бо суръат пеш рафта истодаанд. То имрӯз ҳудуди 7 км нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Чин ва Россия ба ҷои сеюм барояд. Корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз 3 қитъа-Чӯлбоӣ, Кончоч ва Шахкон аст, ба истифода дода мешавад. Дар кон захираи 5 элементи кимиёӣ (тиллову сурма- асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит) ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб ва ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳо дар мамлакати мо истихроҷу коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.

Дар захираи умумии конҳои гурӯҳи Кончоч сурма қариб 265.000 тонна, тилло қариб 50 тонна, флюорит-76.650 т, нуқра 59,44 т, симоб 11 97,1 тоннаро ташкил медиҳанд. Саҳмдорони ҶСП «Талко Голд»-КВД Ширкати алюминийи Тоҷик ва Ҷамъияти Саҳҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» аллакай корҳоро оид ба ҷалби сармояҳо ба сохтмони корхона баргузор намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 24.06.2018 президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузург санги асос гузошта буд. Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ 1 солу 6 моҳ ба нақша гирифта шудааст. Солҳои 2018-19 аз худ намудани конҳои гурӯҳи Кончоч, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муҷтамаи саноатии ҶСП «Талко Голд» дар назар аст. Ба роҳ мондани истеҳсоли тилло ва сурма марти с.2020 ба нақша гирифта шудааст. Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончоч марти с.2020 дар назар аст. Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки беш аз 600 ҷои корӣ таъсис ёбад. Дар заминаи бунёди ин корхона марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ш.Амин,

СССР

 

Панҷшанбе, 12 Сентябр 2019 14:22

   Рӯзи 11.09.2019 бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади ш.Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бояд гуфт, ки Бунёди ин марказ дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад.

   Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, Маркази минтақавии перинаталӣ дар ш.Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати ҶТ дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст.

    Муассисаи тандурустӣ дорои шуъбаҳои қабул, бахши кӯмаки фаврӣ, шуъбаи машваратию ташхисӣ, шуъбаи аворизи ҳомиладорӣ, шуъбаи бемориҳои занона, шуъбаи таваллуд, шуъбаи модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, шуъбаи бемориҳои навзодон, шуъбаи ҷарроҳии навзодон, шуъбаи соматикии як ва дуи кӯдакона, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати баланди тиббӣ мерасонад. Дар Маркази минтақавии перинаталӣ дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидаанд, ки барои солимии модар ва кӯдак шурӯъ аз давраи ҳомиладорӣ то таваллуд ва баъд аз таваллуд пешбинӣ шудааст.

Таҷҳизоти муосири тиббӣ иборат аз рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва дигар таҷҳизоти ҳозиразамон мебошанд.

   Гуфта мешавад, ки Маркази мазкур дорои 106 кати хоб ва 225 утоқи кориву ҳуҷраҳои беморон аст ва дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла ошхона, системаи берунии барқ ва шабакаи обрасонӣ бунёд гардидааст. Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 адад камераи назоратӣ насб шудааст.

 

 

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 16:20

10 сентябр дар варзишгоҳи марказии ш.Панҷакент консерти ҳунарпешаи халқии Узбекистону Тоҷикистон Шералӣ Ҷӯраев баргузор шуд. Ин аввалин сафари ҳунарии Ҷӯраев баъд аз беҳ шудани муносибатҳои байни 2 давлат аст. То ин замон чандин ҳофизони давлати ҳамсоя, аз қабили Севинч Мӯминова, Озода Нурсаидова, Мардон Мавлонов, Оғабек, Улуғбек Раҳматуллоев... дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон консерт доир намуда буданд. Ш.Ҷӯраев зиёда аз 2 соат дар варзишгоҳи марказӣ барои мухлисонаш сароид. Баъди консерт раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода бо ин ҳофизи саршинос мулоқот ва эшонро бо оши Панҷакент меҳмондорӣ намуд. Ба сомонаи “СССР” имкон даст дод, ки сӯҳбати кӯтоҳе бо ин ҳунарпеша доир намояд. 

-Таассуроти шумо аз консерт дар Панҷакент...

-Мардуми Панҷакент нағз қабул карданд. Мухлисонам гарм пешвоз гирифтанд. Ҳамааш хуб буд.  Ташаккур ба ташкилкунандаҳои консерт, ки бо ҳамин баҳона ба Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент омадем. Бо мухлисон вохӯрдем... 

-Кушодашавии сарҳад ба шумо-ҳунармандон чӣ дод?

-Муносибатҳо хуб шуд. Ташаккур ба президентҳои 2 давлат, ки бо шарофати онҳо рафтуомади 2 халқи аз қадим дӯсту бародар барқарор гардид. Сафарҳои ҳунарӣ баргузор намуда истодаем. Аллакай чанд маротиба ба Тоҷикистон омадам. Дуо мекунам, ки худоё, ҳамеша дар Ӯзбекистону Тоҷикистон тӯй бошад. Дӯстӣ ҷовидон бод! Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмонро умрашон дароз бод. Ҳамеша рафтуомадамон канда нашавад. 

Хотиррас мешавем, ки аввалин маротиба Шералӣ Ҷӯраев баъди беҳ шудани равобит бо давлати Ӯзбекистон моҳи марти с.2018 ба Тоҷикистон омада, дар шоми дӯстӣ якҷо бо ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, дует сароида буданд. 

Хуршед Фозилов, Самад Самадов

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 10:49

     Айни замон дар ш.Кӯлоб сохтмони марҳилаи аввал ва азнавсозии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов амалӣ ёфта истодааст. Бояд гуфт, ки мавзеъи ҷойгиршавии он дар к.С.Сангов қарор дошта, он бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таҷдид меёбад. Масоҳати замини зер ва атрофи он 0,23 га-ро ташкил медиҳад. 

    Тавре ба мухбири СССР дар МИҲД ш.Кӯлоб хабар доданд, барои сохтмон ва азнавсозии бинои Коллеҷи ҷумҳуриявии санъат ба номи Кароматулло Қурбонов аз рӯи лоиҳа иҷрои 2,1 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ гардидааст. Дар сохтмони бино 25 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб  карда шуда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Фаридун» ба зима дошта, лоиҳаи сохтмон аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶСК «САНИИОСП» пешниҳод гардидааст.

    Сохтмони мазкур аз моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, марҳиллаи дуюми он то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.

 

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 10:48

Шоми дирӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани ш.Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталонро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

   Тавре Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар медиҳад, оғози корҳои навсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур, моҳи феврали соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба анҷом расидааст.

   Бояд гуфт, ки боғи «Хуталон» дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариси лейландӣ, 240 можжевелник, 240 бех дарахтони ороишии шамшод, 90 бех сирен шинонида шуда, 24 фаввораи гуногунранги ороишӣ насб гардидаанд, ки ба атроф зебоии хосса зам намудаанд.

Баландии дарвозаи асосии боғи мазкур 6 метр ва паҳноияш 60 метрро ташкил дода, дар назди он 2 таваққуфгоҳи нақлиёт ҷойгир мебошанд. Инчунин 13 ҳазор метри мураббаи ҳудуди боғ асфалтпӯш гардида,13 метри дигари он сафолакпӯш карда шудааст.

     Дар ин росто 100 ҳазор гулҳои ороишии гуногуни мавсимӣ ва бисёрсола дар боғи “Хуталон” шинонида шуда, 400 адад чароғаки равшанидиҳанда насб гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки барои солимӣ ва дилхушии кӯдакон ду майдончаи варзишӣ дар ҳудуди боғ ва 1 бинои қаҳвахона бо тарҳи муосир бунёд гардидаанд. Болои марғзорону сабзаҳои боғ ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу, кабкҳо баҳри рушди зеҳнии кӯдакон ва дӯст доштани муҳити зист ҷамъ оварда шудаанд.

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 09:49

Хабарнигори мардумии СССР, Шокир Наимов аз н.Рашт дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст, кулли ҳаводорони СССРро бо Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон сидқан таҳният мегӯям. Баъдан, солҳои донишҷӯӣ (1998-2003), вақти таътил ба ш.Душанбе-пойтахти Тоҷикистон рафтану вақти сар шудани дарсҳо маро азоби роҳ азият медод. Бовар мекунед, расо соати 7-8-и субҳ ба роҳ мебаромадему соатҳои 13-и пешин ба Душанбе мерасидем. Бояд шукронаи ин давлати тинҷу ором кунем. Шукри Истиқлолият, ки айни ҳол ҳама мушкилоти 20 соли пеш паси сар шудаанд. Дина саҳар, соати 8:30 аз н.Рашт (Ғарм) баромадаму ба н.Данғара соати 1:20 расидам ва соати 3:30 боз ба Душанбе баргаштам. Ва ҳамаи ин дар муддати 1 рӯз тай шуд. Қаблан санҷида будам, ки ҳамин қадар масофаро камаш дар 2-3 рӯз тай мекардед, яъне аз Рашт ба н.Данғара рафта, боз гашта Душанбе биоӣ ва ба Рашт бигардӣ. Дигар ин ки аз Рашт то Душанбе ва Данғара диққат додам, ҳама бинову роҳҳо бо тарзи замонавӣ бунёд шуда истодаанд. Дар роҳ сайёҳони зиёдро вохӯрдам. Итминони комил дорам, ки ин аз оромӣ ва фаровонии хони мост. Ҳар нафаре агар ин ҳамаро бо чашм дидаву худро ба кӯрӣ мезанад, мурданаш беҳтар!!! Воқеан ҷиянам аз Ғарм ба Донишгоҳи Данғара шомил шуд ва сабаби рафтанам ҳамин буд. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 09:47

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлолияти кишвараш фармон "Дар бораи авфи гуруҳе, ки аз кардаашон содиқона пушаймон шуда ва дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд"-ро имзо кард. Дар асоси фармон, 65 зиндоние авф шуданд, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд. Аз ин шумор 17 тан комилан озод, 13 тани дигар шартан авф шудаанд. Ҷазо нисбати 20 маҳбуси дигар сабуктар ва 15 каси дигар аз ҷазо дар намуди ҳабс озод шудаанд. Миёни авфшудагон 4 зан, 1 шаҳрванди аз 60-сола боло, 1 шаҳрванди хориҷӣ, 39 шаҳрванде, ки дар созмонҳои мамнуъ аъзо буданд, ҳастанд.

 

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter