ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 09:07

   

   Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар чаҳорчӯбаи бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаи мунтахаби футболи Муғулистонро бо ҳисоби 0:1 пирӯз шуд. Ягона голи ин бозиро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 81-уми бозӣ ба ҳадаф расонид.

   Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин бозӣ рӯзи 10.09.2019 дар ш.Улан-Батор сурат гирифта, чанд рӯз пеш, аниқтараш рӯзи 5.09.2019 бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни  дастаҳои  мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии ш.Душанбе баргузор шуд. Дар ин  рақобат футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашта, ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба дарвозаи ҳариф зад. 

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 09:01

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:55

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:49

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:45

4.09.1937. Дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария яке аз роҳбарони Коминтерн И.Рейс аз ҷониби ҷосусони НКВД ба қатл расид. Ӯ қаблан изҳор дошт, ки бо Сталин робитаашро қатъ ва аз Тротский ҷонибдорӣ мекунад.

4.09.1945.Дар СССР Кумитаи давлатии мудофиа фаъолияташро қатъ кард. Ин Кумита дар оғози ҷанг таъсис ёфта, ба он шахсан Сталин сарварӣ мекард.

4.09.1962.Оғози буҳрони Кариб: Президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ роҳбари Куба Фидел Кастроро гӯшзад кард, ки ба ҳар иқдоми ҳарбии Куба посух хоҳад дод. Худи ҳамон рӯз Маскав низ ба амрикоиҳо гуфт, ки Кубаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

5.09.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрет бобати оғози террори сурхро ба тасвиб расонид.

5.09.1929. КМ ВКП(б) қарор "Бобати чораҳои батанзимдарории истеҳсолот ва ҷорӣ намудани якмудириятӣ"-ро қабул кард. Агар пештар корхонаро 1 роҳбарияти сегона (мудир, котиби ташкилоти ҳизбӣ ва раиси иттифоқи касаба) роҳбарӣ мекарданд, баъди қарор нақши калидиро котиби ташкилоти ҳизбӣ касб кард. Аз ин ба баъд, мансабҳои роҳбарикунандаро дар корхонаҳо танҳо аъзои ВКП(б) метавонистанд ишғол кунанд.

5.09.1940. Дар рӯзномаи "Пионерская правда" повести машҳури Аркадий Гайдар "Темур ва командаи ӯ" чоп шуд. 

5.08.1983. Кишварҳои Ғарбӣ парвози тайёраҳои ширкати "Аэрофлот"-ро ба ҳудуди худ таҳрим карданд. Таҳрим 14 рӯз идома ёфта, сабабаш суқути ҳавопаймои Кореяи ҷанубӣ (Боинг-747) дар наздикиҳои ҷазираи Сахалин шуд.

5.09.1991.Дар Маскав Анҷумани вакилони мардумии СССР доир шуд. Анҷуман Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро қабул карда, қарор бобати омодасозии имзои Созишномаи Иттиҳоди Давлатҳои соҳибистиқлол ва Қонун дар бораи Идоракунии давлатӣ дар давраи гузаришро ба тасвиб расонид.

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:37

 

Таваллудат муборак

1937 яке аз даҳшатноктарин солҳо дар таърихи собиқ Шӯравист. Маҳз дар ин сол дастгоҳи саркӯбгари НКВД СССР фаъолияташро ба авҷи аъло расонида, мардуми зиёдеро равонаи зиндонҳо гардонид. Қисмати зиёди ин афрод ё кушта ва ё дар зиндонҳо ҳалок шуданд. Аммо дар баробари ин, с.1937 дастовардҳое низ барои аввалин кишвари Шӯроҳо ба армуғон оварда буд. Яке аз маҳсули назарраси ин сол, таваллуди беш аз андозаи атфол дар СССР аст. Умуман, солҳои 1936, 37 ва 38 дар СССР афзоиши бесобиқаи миқдори таваллуд ба чашм мехӯрад. Барои мисол, дар баъзе макотиб барои таваллудшудагон дар с.1937 7 синфи параллелӣ "А", "Б", "В", "Г", "Д", "Е" ва "Ж" роҳандозӣ шуда буданд. Афроди таваллудшуда дар ин солҳо чунон зиёд буданд, ки ҳини даъвати онҳо ба сафи Артиш барои комиссариатҳои ҳарбӣ низ мушкилот ба бор оварданд. Назди ҳар комиссариати ҳарбӣ навбати тӯлонӣ аз ин афрод шакл мегирифт ва кори ҳарбиёнро мушкил карда буд. Аммо то миёнаҳои солҳои 1950 дар СССР с.1937-соли сиёҳ муаррифӣ намешуд, балки оғози ҷанг (1941)-ро чунин як соли сиёҳ пиндошта, бештари кӯдакони таваллудшуда дар ин сол, дар рафти ҷанг волидон ё наздикони худро аз даст доданд. 

Назар аз берун

С.1937 дар хориҷи СССР низ бардоштҳои гуногун дошт. Масалан, дар китоби "Хронологияи пурраи асри ХХ", ки дар Оксфорди ИМА навишта шудааст ва с.1999 нашриёти “Вече”-и Русия онро чоп кард, ба рӯйдодҳои с.1937 дар сайёраи Замин ҳамагӣ 6 саҳифаи чопӣ бахшида шудааст. Рӯйдодҳои собиқ СССР бошад, дар ин китоб ҷои зиёдеро ишғол накардаанд. Ин китоб ҳамагӣ 7 рӯйдодро дар СССР зикр намудааст. Барои мисол, 17.07.1937 миёни СССР ва Англия бобати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ созишнома баста шуд ва 3 август миёни СССРу ИМА шартномаи тиҷоратӣ ба имзо расид. Дар бахши "Илм, техноложӣ ва кашфиёт" гуфта мешуд, ки СССР дар Қутби Шимолӣ стансияи илмӣ ифтитоҳ мекунад. Дар бахши "Наққошӣ, муҷассамасозӣ, ҳунарҳои зебо ва меъморӣ" омадааст, ки Вера Мухина

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:35

Суди Олии ҶТ мақолаи С.Ш.Саидовро зери сарлавҳаи «10 моҳ боз дар кӯчаем» (СССР, 4.04.2019, №14(551) дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дод. Аз муҳтавои мақола бармеояд, ки Саидов ва дигарон нисбат ба санадҳои судии марбут ба парвандаи гражданӣ бо даъвои Гиёева М.Ш. бо ҷавобгарии Саидов С.Ш., Шосафарзод М.Б., Қосимова С.С. ва ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва гарав, шаҳодатномаи сабти гарави манзили истиқоматӣ, созишномаи ҳаққи дасткашӣ… қабулшуда норозигӣ баён намудаанд. Тибқи қисми 1-и моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда ва дигар шахсон мумкин аст бо тартиби муқарраркардаи қонун шикояти назоратӣ пешниҳод карда шавад. Ашхосе, ки мақоларо навиштаанд, иштирокчии парвандаи граждании мазкур мебошанд ва тариқи назоратӣ ба марҳилаи назоратии Суди Олӣ бо шикоят муроҷиат накардаанд. Аз ин рӯ, онҳо дар асоси талаботи меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ метавонанд нисбат ба санадҳои судӣ ба суди марҳилаи назоратии Суди Олӣ шикояти назоратӣ пешниҳод намоянд, ки асос барои ба тариқи назоратӣ омӯхтани ваҷҳҳои онҳо ва қабули қарори асоснок мегардад.

Исҳоқӣ А.А.

муовини Раиси Суди Олии ҶТ

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:34

Узви Ихвон-ал-СССР, Мирзосаид Ҳикматов, нафақагир аз ноҳияи Ашт ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки дар ягон давру замон ғулом музд нагирифта буд ва ягон хел ҳуқуқ ҳам надошт. Гап сари муздур-муҳоҷирони тоҷик дар Русия меравад. Имрӯзҳо мардикорони тоҷикро ғайриқонунӣ не, балки расмӣ ва ҳатто бо хоҳиши худи онҳо ба Федератсияи Русия барои кор мефиристанд. Аламовар ин аст, ки аксарияти муздурони мо дар Русия ароба кашида, падару модари худро ба ҳаҷ мефиристанд. Дуруст, ҳаҷ дар шариъати Ислом аз муҳимтарин фароиз буда, мункири он аз дин хориҷ аст. Аммо касе ҳуқуқ надорад, ки дар бораи ҳаром қабул шудан ё нашудани ҳаҷи ҳоҷиён ҳукм намояд, инро танҳо Худо (ҷ) медонад, на банда. Дар ҳар сурат ба диди ман, ҳаҷе, ки аз пушти аробаи ғуломӣ сурат мегирад, қобили қабул нест!!!

 

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter