ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:30

Узви Ихвон-ал-СССР, Абдусамад Сайфиддинов аз ноҳияи Файзобод ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки саводи донишҷӯён худи ҳозир нисбат ба фанни компютер сусттар аст. Бояд тадриси информатикаро аз синфи 3-4 дар макотиби миёна ба роҳ монем ва барои донишгоҳ омода кунем. Ин айби студент нест. Ӯ завқ дорад, аммо мутаассифона, пас аз дарс дар хона шояд аз ӯ волидайнаш напурсад, ки дар чӣ вазъ қарор дорад. Завқро бояд аз мактаби миёна муаллим дар вуҷуди хонанда ба вуҷуд орад. Студенти имрӯза хоҳиш ва талабот дорад, аммо зӯраш ба қабули илми муосир намерасад. Дар информатика сайтсозӣ, барномасозӣ, сет (шабака), системаи амалиётӣ ва ғ. дохиланд. Ҳадди ақал дар бораи инҳо дар мактаби миёна муаллимони фанни компютер андак иттилоъ доданашон даркор. Ин таҳкурсӣ аст. Дар охир гуфтаниам, ки бояд маоши муллим ҳам дар зиндагиаш расанда бошад. Яъне муаллим дигар дар бораи даромади иловагӣ ва мушкилоти хонааш наандешад.

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:25

Салом, СССР! Ягона газетае, ки аз хурд то нафақахӯр ҳар ҳафта бесаброна дар дӯконҳои газетафурӯшӣ интизоранд, ин СССР аст. Ман маддоҳ нестам, вале 1 рӯз дар киоск 8-ум одам будам, баъди ман мисли қатора... Мардум аз апаи Гавҳар Шарофзода ҳам нозукбинанд ва агар камбуди имло мебуд, ҳатман эрод мегирифтанд. Тарзи навишт-услуби СССР ба ҳама писанд аст. СССР 1 ҷиҳати хуби илмӣ низ дорад (агар кӯр набошӣ мебинӣ!), ки ман дар вақти дарс бо шогирдонам меомӯхтам ва ба ҳамаи онҳо мақбул мешуд. Билохира, 70%-и шогирдонам СССРхон шуд. Дар ҳама давру замон ҳақиқат ғолиб омадааст, гарчанде душманон сангсор мекунанд. Касе, ки ба газетаи СССР чоҳ канад, илоҳо худ биафтад. Тамоми дуоҳои бади мардуми камбағал бар самти душманони газетаи СССР расида бод!!! Мо Метавонем!

Исматулло Собирӣ,

омӯзгор, н.Вахш

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:17

Шарипова Дилором хоҳари 34-солаи мо, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони н.Мастчоҳ маъюби гуруҳи I, ба бемории гломерулонефрити музмини намуди омехта, бемории музмини гурдаҳо (дараҷаи 5) мубталост. Роҳи ягонаи зинда мондани ӯ ҷаррохии пайванди гурда (пересадка почки) ва нархи ин ҷарроҳӣ қариб 200.000 сомонӣ аст. Албатта, ин миқдор маблағро Дилором надорад ва волидонаш низ маъюбанд. Танҳо бо кумаку дастгирӣ ва саховати шахсони сахӣ ҷарроҳии ӯ метавонад амалӣ шавад. Онҳое, ки ин сатрҳоро мехонед, хоҳиш мекунем, нисбати ҳаёти 1 духтар, ки умеди зиёди зистанро дорад, бетараф набошед. Зеро 1 кӯмаки Шумо метавонад ба 1 духтари ҷавон ҳаёт бубахшад.

Шумораи телефон барои тамоси бевосита бо пайвандони бемор:

93 751 10 20; 92 861 65 79

Суратҳисоб:

Банк-корреспондент: БАНК ВТБ (ПАО)

БИК 044525187

К/ст. 30101810700000000187

Банк-Получатель: ҶСК «БОНКИ ЭСХАТА» дар ш.Хуҷанд

К/сч. 30111810355550000099

Рас.счет: 20218810900110000298

 

Чоршанбе, 11 Сентябр 2019 08:14

 

(Мушкили Миллӣ)

Авоили истиқлолият демократу наҳзатӣ баобрӯ буд. Сипас даври боевикҳо расид. Баъдаҳу «муҷоҳидин». Сипас замони ришдарозакон, ки воқеан мисли ришашон умри дағ-дағаашон низ дароз буд. Андаке баъдтар даврони «наркобаронҳо» ҳукмрон гардид. Сипас муллоҳо ба майдон омаданд. Паси ишон рӯзгори ҷодугарон даррасид. Почкалтаҳои юбкапӯши салафиву ваҳҳобӣ низ солҳо мавриди тақлиду пайгирии ин миллат қарор доштанд. Каме пештарак боз ришдарозони бе бурути шашликхӯри доишӣ давову дағо мекарданд. Муллоҳо-ку умре бояд садрнишини маҳофилу маъракаҳо боқӣ мемонданд, агар ҷояшонро... СТОП! Кӣ гирифт? Ким медонад? Ҷои ин ҳамаро… «Росиян» гирифт!

Росиян-фахр. Росиян-домоди дилхоҳ! Росиян-Қиблаи умед! Росиян-гавҳари орзӯи ҳар тоҷикбачча! Росиян-ишқи аввалину охирини гулдухтаракони тоҷик… Росиян-душмани Тоҷикистон…

Оре, ҳайрон нашавед. Имрӯз, мутаассуф, ҷараёни махуфе рафта истодааст, ки машинаи идеологии кишвар онро ё намебинад, ё дарк намекунад ва ё бо он ҳамфикр аст. Садҳо ҳазор Тоҷик Росиян шудаанд. Яъне шаҳрвандии Русияро қабул мекунанд. Ман бовар дорам, ки аз хонадон ва ё табори ҳокимини вақт низ Росиян бисёр асту пинҳон медоранд. Медонед, ин чӣ хатаре дорад? Абарқудратон «просто-так» паспорт намедиҳанд, грин-карт бозӣ намекунанд. Ҷояш ояд барои 100 лже-шаҳрвандаш тухми моро бо элак мебезанд. Ёд оред, «Делои летчикҳоро». Овардед? То-та!

Росиян имрӯз дар дилхоҳ маърака бологузар аст. Ба масале ҷои Ҳоҷӣ-бобову муллоҳоро гирифтааст. Зеро мардум медонад, ки Росиян, ки шудӣ, ҳоҷӣ ҳам мешавию гоҷӣ ҳам, муллову мавло низ. Вале дар асл Росиян кист? Кӯчарӯб, ахлоткаш, сохтмончӣ… Аз дилхоҳ урус пурсед, мегӯяд, ки гастербайтер, «жалкий таджик», «таджикское г…но». Воқеан ҳам ҳафтаи пор навори лату кӯб, кордхалонӣ ва сипас куштори 1 «таджикское г…но» олами интернетро тарконид. Дунё сӯи Россияи фашистӣ туф андохт! Олам ба ҷӯш омад, ба хурӯш омад, ба ғазаб омад. Илло радиову телевизиони мо, ки ақаллан 1 ҳарф дар ин бора нагуфтанд. Вазорати хориҷӣ, ки кори ҷонияш ҳифзи шарафи Давлати Тоҷикон аст, 1 нотаи эътироз равон накард. Бовар дорам, чунин номаи эътирозро Лавров аз Аслов сахт интизор буд. Вале чун дар дигар маврид мо хомӯш мондем. Зеро фарзанд ё хешони наздикамон Росиян ҳастанду мабодо Кремл ранҷад. Барои мо шарафи миллат шарафи фардии мо нест! Мо фикр дорем, ки чанд уруси фашистак 1 тоҷикро лату кӯб кардаанду бас! Неъ! Агар онҳо 1 тоҷикро мекуштанд, ҳаргиз ба такрор ӯро «таджикское г…но» намегуфтанд! Онҳо миллати Тоҷикро хала задаву ҳақорат медоданд.

Шукурҷон Зуҳуров ва парлумони касбии мо агар аз Шарафи Миллат пуштгирӣ накунанд, ба чӣ кор оянд? Охир, мавҷудияти онҳо аз буҷҷа, яъне кисаи ману ту, хонандаи ин сутур ва пулҳои равонмекардаи ана ҳамон «Таджикское г…но»-ҳоянд-ку?! Мӯҳтарам вакилон, ақаллан нонатонро ҳалол карда, аз манофеъи нонте - мардуми оддӣ ва «таджикское г…но»-ҳо дифоъ кунед!!! Вагарна шумо ҳам, ман ҳам, мо ҳам ба он ибораи таҳқиромез қӯшем! Туро намедонам, хонанда, Шукурову Асловро низ намедонам, вале шахсан ман бо шунидани он ибора худро низ «Таджикское г…но» ҳис кардам…

Э, воқеан, канӣ шоиру нависандагони мо, ки ба Ольга Тутубалинаи нозанин дарафтода буданд, барои корбасти ҳамин вожа (г…но), ки ӯ аз забони Ленини бузург чун ситата оварда буд? Миллатро «г…но» гуфтанд-ИНТ хомӯш аст. Зеро фикр дорад, интеллигенсияро Тутубалина «г…но» гуфт, онҳоро таҳқир кардааст, вале тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ скинхедҳо тоҷикеро «г…но» гуфта, мекушанд, ин ба онҳо дахл надорад…

Росиян… Русҳо мақоле доранд, ки «бьют по морде, а не по паспорту!». Бовар кун, хонанда, шояд ҳамон бечораи бетақдир низ паспорти ФР дошт!!! Ва рӯзе мерасад, ки шуморо низ, мӯҳтарам Росиянҳо, барои чашму абрӯи сияҳ, новобаста ба мӯҳри шиносномаатон, хоҳанд кӯфту хоҳанд гуфт: Таджикское г…но!!!

Аввалҳо моро намезаданд, дашном медоданд-хап кардем. Оҳиста-оҳиста заданд-хап кардем. Гурӯҳ-гурӯҳ заданд-хап кардем. Ровшану Ҷумшут карданд-хап кардем. Ба куштан гузаштанд-хап кардем. Диданд, ки девори осонбуроему пуштибоне надорем, таҷовузмон карданд-хап кардем. Хуршедаи 9-соларо 23 халаи корд заданд, хап кардем. Кӯдаки 5-моҳаро дар пулис куштанд-хап кардем. Тифли 5-соларо таҷовуз кардаву куштанду имрӯз суди Русия он «маняк»-ро ҳатто суд карданӣ нест-хапппем… Пас, «конечно» «г…но»-мон мехонанд!!! 

Маҳатма Гандӣ, вақте 1 англис ҳиндуеро маҷбур кард, то мисли саг аф-аф кунад, миллатро ба майдон кашид ва беш аз 1 млрд ҳинду чанд моҳ дар кӯчаҳо ҷакиданд. Англисҳо ба ин фишори равонӣ тоқат накарда, соли 1948 куллан Ҳиндустонро тарк карданд. Мо низ бояд худро г…но хондаву сафорати ФР ва Дивизияашро бадар созем!!! Мегӯед, таҳдиди Толибону Афғонистону…ҷангу ҷадалҳо? Аввал, ки ин ҳама таблиғу ташвиқи теле-шоуҳои русист. Ва сипас бигзор! Бигзор моро кушанду қатл кунанд ҳам. Ҳар чӣ ҳам бошад-шавад, вале охир Шараф бояд ҳифз гардад! Одамвор бояд зист! Вагарна умре «Таджикское говно» мемонем(д).

Мо Метавонем!

 

Душанбе, 09 Сентябр 2019 12:09

Панҷшанбе, 05 Сентябр 2019 14:13

   Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббии пойтахт ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии шаҳр раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки оид ба камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодашонро мустақиман ба ӯ ирсол намоянд.

    Тавре ба мухбири СССР дар Раёсати иттиллоот ва робита бо ҷомеаи МИҲД ш.Душанбе хабар доданд, сокинон метавонанд арзу пешниҳодоти хешро тавассути “Viber” ва “Whatsapp” бо телефони рақами 985-95-22-22 ва почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ба унвони Раиси ш.Душанбе ирсол намоянд. 

 

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 09:11

Собиқ президенти Украина Петро Порошенко ҳамроҳи хонаводааш бо самолети "Bombardier Learjet 60“ барои истироҳат ба Олесунни Норвегия парид. Пеш аз парвози ӯ Бюрои зиддифасоди миллии Украина алайҳи Петро ва вазири корҳои хориҷии Украина-Павел Климкин делои ҷиноӣ кушод. Ҳоло дар маҷмуъ муқобили Порошенко ва командаи собиқи ӯ 14 делои ҷиноӣ боз шудааст...

 

Чоршанбе, 04 Сентябр 2019 09:08

Назари Наврӯз, муаллими собиқадор аз ноҳияи Фирдавсӣ дар меҳмони СССР гуфт, ки моҳе пештар имтиҳон аз тамоми фанҳо дар ҳама мактабҳои олӣ тариқи тестӣ хатм шуд. Гуфтаниям, ки ин усули имтиҳони довталабон мисли қимор-имтиҳон дар ГАИ аст, ки дар даврони шӯравӣ месупурдем ва соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ (права) мешудем. Қимор чист? Таваккал гуфтанӣ гап! «Таваккал-бахти кал» мегуфтанд бобоҳои мо. Яъне системаи тестӣ донишҷӯро тамбал ва бесавод мекунад. Тест ин 1 чизи тайёр аст, ки савол дораду ҷавоб не. Донишҷӯ дар 2-3 соат ҷавоби саволҳоро аз ҳар куҷо ба осонӣ меёбад. Дилхоҳ кори осон одамро тамбал мекунад. Донишҷӯ бояд заҳмат кашад, баъд ба қадри хондан мерасад. Студенте, ки дар бораи фанни дарсӣ тасаввурот надорад, дар имтиҳон ширкат карда, бо сари баланд баҳо мегирад. Ин аст натиҷаи системаи тестӣ. Лек ин усули имтиҳонгирӣ ба донишҷӯёни бесавод писанд аст. Ин навъи имтиҳонсупорӣ аз Ғарб ба мо омадааст. Гап дар ин ҷост, ки дар Ғарб ҳама мехонад, дар мо бошад баракс. Воқеан, дилхоҳ донишҷӯи тоҷики аз имтиҳони тестӣ гузаштаро дар бораи саволҳои дирӯзааш пурсед, қариб ягон чӣ намедонад!!! Ман дар ин бора, ба тафсил дар СССР менависам!

 

саҳ 8 аз 10

Китобҳо

Flag Counter