ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 02 Январ 2020 12:37

вокуниш ба мақолаи шаҳрванд Исмоил Зарифӣ таҳти унвони «То ҳол нафақаи сентябрро нагирифтаем» (аз 22.10.2019)

Дар миқёси  вил.Суғд маблағгузории нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ тибқи реҷаи тасдиқгардида амалӣ гардида, ба ҳолати 11.11.2019 талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои 9 моҳи соли ҷорӣ ба таври пурра амалӣ карда шудаанд. Ин нишондод барои моҳи октябри соли ҷорӣ ба қадри 36,3 млн. сомонӣ ё худ  53,8 фоиз таъмин карда шуда бошад ҳам, лекин дар ин ҷода мушкилиҳо низ ба назар расида истодаанд, зеро ба ғайр аз 6  шаҳру ноҳия, аз ҷумла Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Мастчоҳ ва Айнӣ, дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда дар масъалаи воридоти маблағи андози иҷтимоӣ норасоӣ нисбат ба талаботи нафақа ба назар мерасад, ки он бо назардошти хароҷотҳо аз ҳисоби андози иҷтимоӣ дар ш.Панҷакент-95,9 фоиз ҷамъоварӣ гардида, пардохти норасоии маблағи талаботи нафақа аз ҳисоби маблағҳои вилоят ва ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст.

Гарчанде, воридоти маблағи андози иҷтимоӣ бо назардошти хароҷотҳои нақшавӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вил.Суғд дар ш. Панҷакент ба ҳолати 1.11.2019 68,3 млн. сомониро ташкил намуда бошад ҳам, лекин ин нишондод ҳамагӣ ба 97,2 фоизи нақша баробар гардида, норасоӣ нисбати таъмини нақшаи андози иҷтимоӣ 1,9 млн.  сомониро ташкил намуда бошад ҳам, маблағгузории талаботи нафақаи моҳи сентябри соли 2019 дар ш.Панҷакент санаҳои 15 октябр ва 24 октябри соли 2019 (бинобар дар ду марҳила сурат гирифтани маблағгузории нафақа) амалӣ карда шуда, ҳамзамон қисми аввали маблағгузории нафақа дар ш.Панҷакент санаи 11.11.2019 ҷараён гирифтааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки нишондоди болозикр боиси нигаронӣ буда, ба раванди маблағгузории талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ таъсири манфии хешро расонида истода, бақияи қарз аз ҳсиоби андози иҷтимоӣ дар шаҳри Панҷакент, мутобиқ ба иттилои Раёсати андоз дар вил.Суғд давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 3,9 млн. сомониро ташкил намуда, мутобиқ ба банди 155 Дастурамал оиди «Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ бо Фармоиши дахлдор аз 5.02.2016, №11 тасдиқ гардидааст, реҷаи маблағгузории нафақа барои моҳи гузашта, то санаи 20-уми моҳи навбатӣ пешбинӣ гардидааст. 

Пӯлодӣ У. сардори Раёсат    

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 12:33

Салом ба кормандони нашрияи дӯстдоштании СССР. Ман шумораҳои №49 ва 50-ро мутолиа намуда, вобаста ба пешгирии фасод дар ҶТ чанд пешниҳод дорам:

 1. Аз ҳисоби кӯҳистон, ки 93%-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад ба оилаҳо аз 0,2 то 0,5 гектор замин тақсим шавад. 

а) Аз ҳисоби чашмаҳои кӯҳӣ, обанборҳои хурд-хурд сохта, заминҳо обёрӣ гарданд.

б) Соҳибони замин чун соҳибкори инфиродӣ эътироф шуда, аз онҳо андози иҷтимоӣ гирифта шавад. 

в) Ин заминҳо чун мерос аз насл ба насл гузарад;

2) Дар ҳар ноҳия парки тракторӣ ташкил карда, ба соҳибони замин тариқи иҷора хизмат расонида шавад. Методи мазкур дар вил.Андиҷони Ӯзбекистон натиҷаи хуб дод. Чунин метод барои Тоҷикистон низ аз манфиат холӣ нест ва 2,5-3 миллион аҳолиро соҳиби кор карда, ба кам шудани фасод дар кишвар саҳм мегузорад. 

Иброҳим Кенҷаев, ш.Исфара, тел: 987551403 

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 12:26

  

  Дар СССР унвонҳои бузург ба одамони соҳаи меҳнат ва ҷанг дода мешуд, чуноне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 54 нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советиро гирифтанд. Дар баробари ин шахсоне, ки софдилона меҳнат мекарданду нисбат ба дигарон худро фаъол нишон медоданд, бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор мешуданд. Дар Тоҷикистони мо чунин шахсҳо буданд: Миралӣ Маҳмадалиев, Абдуғаффор Самадов, Саидхӯҷа Урунхоҷаев, Суфро Боқиева, Идӣ Каримов ва ғ., ки ба ин унвони бузург сазовор гаштаву шаъну  шараф  ва ифтихори мо тоҷикон буданд.

   Ман мақолаҳои Ҳ. Сафар бо номи «Ҳадду ҳудуди мо баробар буд» дар шумораи №43 (580) аз 24 октябри соли 2019, навиштаи А. Исмоилов бо номи «Ленин ба мо нон дод», навиштаи М. Сафаров бо номи «Аз говҷӯш то вакили СССР» ва  мақолаи С. Қутбиддиновро бо номи СССР-ро мантиқан нигаред», инчунин навиштаи Н. Ниёзмадовро бо номи «Озодиро дар СССР дидем»  №47 (584) аз 21 ноябри соли 2019 ҷонибдорӣ мекунам ва ба ин рафиқон аҳсан мегӯям, ки аз дили соф навиштаанд. А. Соқиев хонда хулоса бароред.

С. Аминов, н.Фархор

 

Панҷшанбе, 02 Январ 2020 12:23

Даъвии сӯхтагӣ пеши ман, эй лола, макун,

Мешиносад  дили ман, бӯйи дили сӯхтаро!!!

Чун дар анҷоми солҳои кӯҳани қаблӣ, СССР муваззаф аст, пеши хонандаи худ, дӯстон, мухлисин ва аъзои Ихвон ал СССР, дар арафаи Соли Нав ҳисобот диҳад, ки дар соли 2019 мо бо чӣ коре банд будем. Зеро мо мардумием ва ҳатман аз кори кардаи хеш ба мардум ҳисобот медиҳем. Амале, ки дар ягон газетаи, на танҳо ватанӣ, ки дар ақсои олам, дучор нахоҳед гашт. Мо Метавонем!

Омодаӣ, хонанда? Пас, рррааафффтттееемммм….

Шуморае, ки дар дастдорӣ, №589 аст. Яъне, дар тӯли ин 12 соли боҳамӣ, танҳо сардабир ҳудуди 600 сармақола навиштааст, ки мавзуъҳои бикр ва обношустаро фароҳам дар мегирифтанд. Дар поин аз арифметикаи оддӣ кор мегирем. 

2356 нафар меҳмони мо гаштаву дар бораи мушкилоти рӯзмарра сӯҳбат кардаанд:

Х=589х4

Х=2356

Ва агар дар ҳар шумора 7-8 хонанда занг задаву ибрози назар карда бошанд, пас мо теле-матлабҳои 4417,5 нафарро нашр кардаем:

Х=589х7,5

Х=4417,5

Дар ҳар шумора ҳудуди 30 СМС-паёмак ба мо мерасид, ки мо аз ин теъдод беҳтаринҳо, то 15 тояшро чоп мекардем, ки мешавад  8835 пайки мардумӣ:

Х=589х15

Х=8835

Дар рубрикаи 7 рӯз дар таърих, ба таври ҳамешагӣ то 17-20 рӯйдоди таърихӣ чоп мешуд, ки ҳудудан 10.602 санадро фароҳам меорад:

Х=589х18

Х=10602

(Акнун офарини майнаи Меҳрубон Салимшоев намегӯед?!)

Рӯиҳамрафта Меҳрубоншоҳ дар тӯли ин маҳдуда ҳудуди 600 матлаби таърихӣ нигоштаасту устод Умари Шерхон моро бо 400 қаҳрамони ҶБВ дар ҷабҳа ва ақибгоҳ шинос кардан дорад: ва ин ҳама дар саҳ-4.

Рубрикаи Носталжи бошад беш аз 1178 аксу тоблуи таърихи муосир ва даврони советиро ба мо муаррифӣ кардааст, ки ҳалоли Идибек бод!

Х=589х2

Х=1178

Гӯшаи АНИҚ…дот бошад 400 бор нашр шудаву латоифи воқеиро дар бораи кору пайкори журналистон, адибон, фарҳангиён ашхоси номдори кишвар ба табъ расонид.

Дар пурбаҳстарин саҳифа- «СССР: Мо ва баҳси мо» тӯли 12 сол хонандагон бо ҳам баҳсҳои созанда карда, беш аз 1800 матлаб роҷеъ ба чараёни босмачизм ва таърихи муқовимат навиштаанд. Бархе мегӯянд, мавзуъ қатъ гардад, вале ба пиндори мо мавзуъ ҳанӯз бикр асту баҳогузории сиёсӣ ва дипломатӣ нашудааст ва ба масале «таба-тобеъин», яъне онҳое, ки агар шоҳиди бевосита ҳам набошанд, солдидаву аз забони падарону модарон-шоҳидони солҳои 1920-30, таърихи моҷароро шунидаанд, дар ин бора менависанд, ки фардо чанд кори докоториву номзадӣ хоҳад шуд. Яъне, баҳсро давом медиҳем. Нависед. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

Яке аз муҳимтарин саҳифаи мо, албатта, Газетаи Мардумист,  ки дар худ ҳудуди 100 Хабарнигори Мардумӣ ва даҳҳо тани дигар фаолони ҷамъиятӣ ва аъзои Ихвон ал СССРро гирд овардааст. Ин саҳифа дар тӯли ин маҳдуда на кам-на ғам, 4123 мақола роҷеъ ба мушкилоти мардум дар соҳоти мухталиф нашр кард. Мо Метавонем!

Х=589х7

Х=4123

Дар Газетаи Раисон моҳе 1 бор, ҳудуди 7-8 вазиру раису кабиру сағир ба мо посух навиштанд, ки хонанда худ шоҳид аст. Рубрикаҳои вежаи Ҷамилабону Ҳусейнова, ки пору пайкор, созандагиву халтураҳои раисони шаҳру навоҳиро дар бар мегирифт, ҳар ҳафта то 6-7 матлаб нашр мекард. Рубрикаҳое, ки наванд, омори расмӣ намеорем. Вале дар тӯли ин 589 шумора кормандони ҳафтанома, муаллифони доимӣ ва хабарнигорони мардумии СССР, дар ҳар шумора тақрибан 73 матлаб,  дар ҷамъ 42997 (!!!) макола, хабар, гузориш, репортаж, очерки таърихӣ, лавҳа, шарж, шеър, ҳаҷвия… чоп кардаанд, ки ҳалоли якояки мо бод!

Х=73х589

Х=42997…

Вале ин ҳама охири кор нест. Мо фикр дорем, ки ҳанӯзам проблеми обношуста, мушкили ҳалталаб дар ҷамъият хеле зиёд аст ва ману ту-хонандаи ин сутур дар Соли Муш-2020 барои ҳаллу фасли он камари ҳиммат мебандем. Мо Метавонем!

Сутун бар боми миллат қомати мост,

Ва медонӣ чаро? Мо Метавонем!

 

саҳ 14 аз 14

Китобҳо

Flag Counter