ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:12

 

То ба имрӯз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ беш аз  3 миллиону 200 ҳазор симкортро бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифт. Ин бақайдгирӣ то 15 феврали соли равон идома хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 27.01.2020 Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти мазкур зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

    Бино ба иттиллои Илҳом Атоев айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди ҶТ намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштаанд-3 миллиону 855 ҳазору 789 ададро ташкил медиҳад.

    Илҳом Атоев дар посух ба суоли хабарнигори “СССР” дар мавриди хонафурӯшии раиси Ххадамоти алоқаи кишвар Бек Сабур гурез намуд. Суоли хабарнигори ҳафтаномаи СССР “Чаро рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта раис мардумро қабул намекунад, ҳол он ки мувофиқи фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳафтае 1 маротиба вазирону раисон бояд мардумро қабул кунанд?” низ бе посух монд. Мавсуф танҳо барои вайрон кардани хомушии толор гуфт: “Шумо саволи худро 1 маротиба чуқур фикр кунед, баъд худро дар ҷойи ман монда вокуниш намоед. 1 гап ҳаст, шумо хафа нашаведу лекин  мегӯянд, ҷавоби одами “бузург” сукут”. Ё муовин моро дарк накард ё ҷавобаш хеле “мантиқӣ”буд. 

Ситора Сафарова, СССР

 

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:06

 

 Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҶТ рӯзи 28.01.2020 зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш ба суоли хабарнигори газетаи СССР дар мавриди авфи рӯзноманигори шинохта Додоҷони Атовулло ва рӯйхати сиёҳи журналистони тоҷик афзуд, ки чунин рӯйхат нест ва ҳар нафаре мехоҳад метавонад бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргардад.

   - Мо ягон рӯйхати сиёҳи журналистонро надорем ва ҳар журналисти тоҷике, ки ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад, агар хоҳад метавонад бо хоҳиши худ ба Ватан баргардад-ҳеҷ монеае нест. Дар мавриди Додоҷони Атовулло бошад ҳаминро мегӯям, ки ӯ авф шудааст ва ҳар вақте хоҳад метавонад ба Тоҷикистон биёяд. Агар журналистони дигар далелҳои худро дар бораи ҳамкорӣ накардан бо ҳизбу ҳаракатҳои дигар дошта бошанд, мо месанҷем ва дар сурати пайдо накардани ягон далел, албатта масъалаи авфи эшонро дар миён мегузорем, чаро не?-таъкид намуд Юсуф Раҳмон дар сӯҳбат бо мухбири мо.

Омирона Достиева, СССР

 

Чоршанбе, 29 Январ 2020 09:03

    Дар пайи шикояти сокинон нисбати табибони вилояти Хатлон 7 табиб танбеҳ гирифта, аз вазифа сабукдӯш шуда, 4 табиби дигар барои роҳ додан ба хатогиҳо зимни амалиёти ҷарроҳӣ низ танбеҳ гирифта ба вазифаҳои дигар гузаштанд. Дар ин бора Маҳмадҷон Абдуқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 27.01.2020 хабар дод.

    Мавсуф иброз дошт, ки хушбахтона ҳангоми хатогии амалиёти ҷарроҳии табибон ягон нафаре аз беморон хатари ҷонӣ набардоштанд.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, 29 Январ 2020 08:59

 

 Дар соли 2019 дар вилояти Хатлон 220 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда, зиёдшавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Восеъ, Левакант, Дӯстӣ, Вахш, Шаҳритуз, Ҷ. Балхӣ ва Ёвон ба қайд гирифта шудааст.

    Тавре Диловаршо Исоев, сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон рӯзи гузашта зимни баргузории нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ҳанӯз ҳам 10 муассисаи таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сабаби надоштани бино дар вагонҳо фаъолият менамоянд, ки хеле нигаронкунанда аст.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Душанбе, 27 Январ 2020 16:40

Ҷумъа, 24 Январ 2020 16:57

    Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 24.01.2020 Боймурод Шарифзода директори Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ таъин гашт.

    Ӯ дар ин симмат Сахидод Раҳматуллозодаро иваз намуд. Гуфта мешавад, ки Сахидод Раҳматуллозода яке аз номзадҳо ба курсии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ буда, шояд рӯзҳои наздик ба ин вазифа таъин карда шавад.

 

Ҷумъа, 24 Январ 2020 16:11

   Тавре қаблан хабар дода будем, бо Фармони Президенти ҶТ Маҳмадсаид Шоҳиён аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ озод карда шуда, ба ҷойи Носир Раҳмон раиси киностудияи «Тоҷикфилм» таъин гардид.

    Инчунин, тибқи иттиллои дарёфта, Завқӣ Завқизода, ки то ин дам ба ҳайси муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ фаъолият мекард, ба ҷойи Неъматулло Ҳикматуллозода вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд. Неъматулло Ҳикматуллозода аз ин пас дар вазифаи ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масаъалаҳои иқтисодӣ кор хоҳад кард.

    Бино ба хабари расида Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ низ аз вазифаи бар дӯш доштааш, барканор гашта, ба вазифаи муовини аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин гардид. Гуфта мешавад, ки Шамсиддин Орумбекзода ба нафақа гуселонида шудааст.

Тағийротҳо давом доранд ва мо пайгири он ҳастем. Мо метавонем!

 

Ҷумъа, 24 Январ 2020 16:07

 Бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 1 қатор кормандони мақомоти милитсия ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.

    Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, аз ҷумла, генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ба вазифаи сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи Намояндаи ваколатдори ВКД ҶТ дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомулоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотерапӣ ва прекурсорҳои онҳо, генерал-майори милитсия Орифзода Нурулло Марифхон ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 ВКД ҶТ дар ш.Исфараи вилояти Суғд, генерал-майри милитсия Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Бустон вилояти Суғд, полковники милитсия Пирумшозода Нуриддин Давлат ба вазифаи сардори Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ, полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, полковники милитсия Туразода Нуралишоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шуданд.

    Инчунин, полковники милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил ба вазифаи сардори Қисми минтақавии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, подполковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Фархори вилояти Хатлон, подполковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа сардори Шуъбаи ВКД ҶТ №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар н.Фирдавсии ш.Душанбе, подполковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н. Спитамени вилояти Суғд, подполковники милитсия Муҳиддинзода Файзиддин Шамсуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ховалинги вилояти Хатлон, подполковники милитсия Мирзоев Саидаҳрор Раҳимович, ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар ш.Нораки вилояти Хатлон, майори милитсия Солеҳзода Неъматулло Саъдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар н.Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва майори милитсия Қурбонали Пулод Барфӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи ВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани ш.Душанбеи Раёсати ВКД ҶТ дар нақлиёт таъйин гардиданд.

 

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter