ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Январ 2020 08:42

 

Ғуломалӣ Асоев, хонандаи доимии ҳафтаномаи СССР бо редаксия тамос гирифта, гуфт, беш аз 10 сол мешавад, ки ба бемории буғумдард (брусселёз) гирифторам. Ҳар сол 1-2 бор табобат мегирам. Соли гузашта қариб 2 моҳ дар шуъбаи  бемориҳои сироятии беморхонаи ноҳияамон ва 20 рӯз дар беморхонаи бемориҳои сироятии маҳаллаи Зарафшони пойтахт табобат гирифтам, аммо ягон беҳбудие  ҳис накардам.

    Ман соли 2009 ҳатто ваксина гирифта будам. Аммо фоидаи онро ҳам надидам. Ростӣ, дигар намедонам, куҷо раваму ба кӣ муроҷиат намоям. Ягон даромад аз ягон ҷой надорам. 1 писар дорам, ки ҳоло дар синфи 10 мехонаду духтарчаи калониам бошад дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Духтарчаи хурдиам дар синфи 5-ум таҳсил мекунад. Айни замон дар хона бистариам. Ягона умедам ин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат Насим Олимзода мебошад. 

    Агар Вазири муҳтарам аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба ман имкони дар ягон беморхона табобат гирифтанро медоданд, 1 умр миннатдор мешудам. Мегӯянд, Насим Олимзода 1 шахси хоксор, меҳрубон, донишманд ва ҳамеша дастгиру мададгори халқи камбағалу бечора аст. Боварӣ дорам, ки ӯ кӯмаки худро аз ман дареғ нахоҳад дошт. 

Ғуломалӣ Асоев, н.Файзобод

 

Чоршанбе, 22 Январ 2020 08:38

Хонандаи доими газетаи мардумии СССР аз ш.Исфара Муқсидхон Сатторов (тел: 918 90 39 42) занг зада оиди кушодашавии нимпайкараи Иосиф Сталин дар ш.Исфара хабар дод. 

Мавсуф иброз дошт, ки аз ҷониби намояндаи ҳизби комунистии ш.Исфара Исматҷон Бобоев рӯзи 12 декабри соли 2019 бахшида ба 130-солагии Иосиф Сталин нимпайкарааш гузошта шуд. Дар охир мехоҳам дар шумораи оянда  дар бораи худи Сталин ягон маълумот барои мо пайдо намоеду нашр кунед. Шумо  метавонед!

 

Чоршанбе, 22 Январ 2020 08:36

 (Ҷавоб ба мақолаи «Облава ва Миллат»-и ҳафтаномаи СССР аз 31.10.2019)

Ҳамасола нақшаи даъвати наваскарон ба сафҳои Артиши миллӣ дар ш.Кӯлоб ва ноҳияҳои гирду атрофи он ба пуррагӣ иҷро мегардид ва бо гузораи чанд сол теъдоди умумии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб суръати афзоиш дорад ва нақшаи-чорабиниҳои таҳррезигардида барои даъвати ҷавонписарон низ тағйир меёбад. Яъне, шумораи сокинони ин минтақа сол то сол зиёд шуда истодааст… Ин мушкилоти иҳотакунӣ ё ба истилоҳи омма облава бо пеш омадани баъзе аз камбудиҳои ҷомеа ва заиф гаштани пояҳои ақидаи онҳо пайдо шуд ва имрӯз давра ба давра кам гаштааст. Ҷойи қайд аст, ки шумораи ихтиёриён ва ҷавонони меҳандӯст аз ш.Кӯлоб низ дар сафҳои Артиши миллӣ зиёд аст ва як хабару иттилоъи носаҳеҳи омма ҷавононро думболагир шудааст, яъне душворию печидагиҳои хизмати ҳарбӣ… Тибқи нақшаи даъвати тирамоҳӣ бо дарназардошти теъдоди аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб-15616 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ аз шаҳру деҳоти мазкур ба хизмати ватан-модар сафарбар карда мешаванд. Комиссияи даъватӣ фаъолият дошта, тамоми чораҳои лозимӣ баҳри иҷрои бенуқсони  нақшаи ба зиммагузошта муҳайё мебошад. Дарвоқеъ мушкилот дар ин самт мавҷуд аст, аммо амалҳои характери коррупсионӣ дар мавсими имсолаи даъвати баҳорию тирамоҳӣ миёни кормандони комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва масъулони ин ниҳод ба қайд гирифта нашуд. Айни замон, ки маъракаи сафарбаркунии шаҳрвандони синну соли даъватӣ дар минтақаҳое, ки нақшаи ба уҳдаашон вогузоштаро иҷро накардаанд идома дошта, дар ш.Кӯлоб то санаи 20.11.2019 82 % нақша амалӣ шудааст.

Прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб, подполковники адлия Шарифзода Б.

 

Чоршанбе, 22 Январ 2020 08:33

 Ман парвардаи ҳамин давру замон, насли хушбахти даврони соҳибистиқлоли баъди Шӯравиям. “Союз”-е, ки бобоҳову падарамон бо ҳасрат нақл мекунанд, миси “Мурғи самандар”-у “Кӯҳи Қоф” бароям ҷуз хаёлу афсонае наметобад ва аксаран ба он бовар намекунам ва бовар карда ҳам наметавонам. Охир магар инмкон дорад, ки дар ҷомеа ҳама баробар, дар 1  сатҳ зиндагӣ кунанд? Касе ба касе бо чашми тамаъ нанигарад? Дуздию фиреб набошаду ҳама пайи луқмаи ҳалол аз субҳ то шом кор кунанд? Ва инро ҳам зодаҳои ҳамон давр мегуянд, ки ҳама хушҳол буду кам одамони руҳафтодаю маъюс во мехурданд. Ва боз дар ин афсонаҳо зам мекунанд, ки он давра дар 1 маҳалла 1 мошин буду гуё ба ҳама тааллуқ дошт. “Нони ман”-гуфтанӣ гап набудааст. Маоши коргар ба рӯзгор басандагӣ мекардааст. Инаш ба хайр. Ҳатто метавонистааст, ки бо ҳамон маблағ хона ҳам харад. Дар афсонаҳои ҳамон давре, ки солмандон “Союз”-аш мегуянд, қанд 88 тин, шакар 78 тин,  равғани пахта 1 сӯму 44 тин, орд 12 сӯм, тухм 10 тин, гӯшт 2 сӯму 50 тин ва дигар молу маҳсулоти аввалия ҳамин хел нархҳои аҷоибу ғароиби боварнокарданӣ доштаанд... 

Хуршед Мавлонов, ш. Душанбе 

 

Чоршанбе, 22 Январ 2020 08:31

1. Хизмати ҳарбӣ яксола карда шавад, зеро ҷавонписарони мо аллакай дар мактабҳои миёна дар зарфи 2 сол фанни дифои ҳарбиро омӯхта, савгандро азёд карда, тарзи кор фармудани аслиҳаро ёд гирифта, ба хизмат пурра тайёранд.

2.Ба ҷуз донишгоҳи тиббӣ дар дигар донишгоҳу донишкадаҳо кафедраҳои ҳарбӣ барҳам дода шаванд, чунки дар замони Шӯравӣ ноқис будану камбудии зиёд доштани ин кафедраҳо ошкор гардида буд, донишҷӯ тахассус мегирад, на аскарӣ меомӯзад!

3.Ба кори идораҳои давлатӣ фақат онҳое қабул карда шаванд, ки хизмати ҳақиқии (на кафедраро!) ҳарбиро адо кардаанд.

4. Ба наваскарон онҳое роҳбар таъйин шаванд, ки педагоги ҳақиқии босаводи серталаб бошанд, на ҷаллоди ҷоҳили бераҳм! Шиканҷа меҳри наваскаронро нисбат ба Ватан кам мегардонад.

5.Нисбат ба хизматкардаҳо ғамхорӣ карда шавад, то ки бекор намонанд, барои қути лоямут муҳоҷир нашаванд.

6.Пур кардани “Нақшаи барои даъват ба хизмати ҳарбӣ” барҳам дода шавад, зеро 200 марди шуҷоъ беҳ аз 1000 тарсончак.

Ҳаким Алӣ, аз Ҳисор, 01.12.2019

 

Чоршанбе, 22 Январ 2020 08:27

Дар ҳоле, ки миллати мо тайи 2 садсола бо нобиғаҳои фарҳангиш Ифтихор дорад, халқу ақвоми олам барои худ фарзандони Шуҷоъ, Сарбоз, Каллабур, Ҷаллод ва Оламфатҳро қаҳрамон интихоб кардаву мекунанд. Фарқият? Онҳо оламгиртар мегарданду мо…бефарҳангтар! Сари ин мавзуъ баҳс мекунем. Мо метавонем!!!

Насими истиқлолият барои мардуми пасошӯравӣ қаҳрамонҳои нав оварид. Украинҳо бо Бэндер, ӯзбекҳо бо Темури Ланг, Қазоқҳо бо Чингизхон, Прибалтҳо бо «Бародарони ҷангалӣ», русҳо бо Колчаку Деникинҳо ба ҷилва даромаданд. Воқеан ҳам 2-тани ахирӣ тӯли 70 соли шӯравӣ қаҳрамони манфӣ буданду антиЧапаеву антиСталину антиЛенинӣ. Ҳоло ҳама кор баракс шудааст. Вале миллати мо ҳамоно бе қаҳрамон монд, ки монд…

Темури Ланг вақте дар маркази Ӯзбекистон қомат афрохт, Тоҷикони фарҳангӣ ангушти ҳайрат газиданд. Қазоқҳо онгуна Чингизпараст гаштанд, ки дур нест соате бо қирғизҳо, ки низ мехоҳанд Темурчин (он же Чингиз)-ро қаҳрамони хеш шуморанд, дастобагиребон гарданд. Ҳоло сари қавми муғул хомӯшӣ ихтиёр мекунем, ки кайҳо Пайкараи хунхортарин фарди таърих-Чингизро дар Улан Батор гузоштаанд!!!

Ва аммо пурсида мешавад, раванди қаҳрамонсозии фарди сарбозу диловару шуҷоъ, шамшерзану гарданкашу ёғӣ… ҳаминрӯзист? Аслан на! Ва агар ба таърих назар дӯзем, мебинем, ки франсузҳо бо килки сеҳромези Александр Дюма ҳанӯз 14.03.1844 қаҳрамони рӯинатани сарбози сарафганда ва ёғӣ- Д’Артанян-ро офаридаанд. Испаниҳо, итолиёиҳо, англисҳо, амрикоиҳо… садсолаҳо муқаддам Фигарову Дон Кихоту Робен Гуду «Шпион»…доштанд. Габриэл Гарсиа Маркес полковникҳои нестандарҷаҳон меофарид, Ҷек Лондон Мартин Идени афсонавӣ… Яъне чӣ? Яъне ҳама адабиёт барои эҳёи рӯҳи миллии худ қаҳрамон месохт. Илло мо-Тоҷикон, ки на Робин Гуд кашф кардему на Д’Артанян сохтем  (Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати Тоҷикон аст, на қаҳрамони адабӣ ва ё устуравӣ!!! Вале дар тӯли 100 соли ахир асаре арзанда ҳам барои ӯ наофаридаем, ки ба 1 қасидаи «Бӯи чӯи Мӯлиёни Рӯдакӣ» ақаллан посухгӯй бошад!)…

Ин дар ҳолест, ки адабиёти клоссикии мо бо чеҳрасозии қаҳрамонҳо барои рушду устувории рӯҳи ғолиби миллӣ пойбанд буд. 1 Шоҳнома чӣ миқдор қаҳрамоне дораду 1 нидои Фирдавсӣ чӣ қадар ҳушдоре:

-Манат кардамаш Рустами Достон,

Вагарна яле буд, дар Систон!!!

(Воқеан ҳам миёни авом варианти …вагарна ХАРе буд дар Систон…корбаст аст, ки ҳич ба сатҳи Фирдавсӣ рост намеояд, ки қаҳрамонашро ба маркаб баробар кунад; ӯ чеҳрасозии худро мадҳ карда, мегӯяд, Рустам 1 ял, 1 паҳлавон буду ман чунинаш аз нав зодам!!! Ин мавзуъи баҳси дигар аст!).

Ҳамин субҳ, 13.01.2020 қиссаи оламшумули «Самаки Айёр»-ро варақ задам (1 нерӯи таккондиҳандаи навишти ин матлаб низ он шуд!) ва бо Робин Гуду Д’Артанян-ҳои миллӣ вар хӯрдам: Самаки Айёр, Рӯзафзун, Гулбӯй, Дабури Девгир, Қассоби Ҷангҷӯй, роҳзану авбошони дарёӣ (пиратҳо), айёрон, шабравҳо, мардони майдондор, гурзу шамшеру табарзину найзазанҳои миллӣ. Образҳое, ки таккондиҳандаи нирӯи ватанпарастӣ, энергияи миллатдӯстдорӣ ва фахр аз Тоҷик будананд! Пурсида мешавад, канӣ ин чеҳраҳо дар адабиёти муосир? Нест! Ва мо боз ҳайронем, ки чаро Тоҷикон китоб намехонанд.  О, чиро хонанд??? 

Ҳамин ҳафта, бо кӯмаки шоир Давлат Сафар 30 дона китоб гирифтам ва аксарият дар мавзуъи ба таъбири Бобои Ғуломи таърихӣ «ҳамон Аҳмади порина». Ва ҳамаи онҳоро аз ҳисоби буҷҷа нашр кардаанд: Ҳаминҳоро миллати фарҳангии мо, ки дар пояи ғурури персонажҳои Шоҳномаву Ғурғӯливу Самаки Айёру Бадоеъу Наводир-ул вақоеъу Чордарвеш тарбият ёфтаанд, БОЯД хонад??? Хестем(д), ки хобед(м)! Миллати бузургро бо образҳои тарсу, персонажҳои гирёнчак, ғамномаи беваву сағераву саргузашти гадову талбанда ва бечоранолии заъифмизоҷон наметавон сохт.

Ба миллати Тоҷик, ба адабиёти Тоҷик, ба фарҳанги Тоҷик медонед чӣ намерасад? Д’Артаняни Тоҷик!!!

Дорем, доштем, ҳаст! Кобед, меёбед. Набошад таваллуд кунед! Мисле, ки Дюма Д’Артанян зод, мисле, ки Доминик Мингелла Робин Гуд зод…мисле, ки Фирдавсӣ Рустам зод… Шумо ҳам зоед, таваллуд кунед, офаред, оваред ва баъд мебинед, ки ин миллат китоб ме-хо-над!!!

Мо Метавонем!

 

 

 

 

Ҷумъа, 17 Январ 2020 17:25

Ҷумъа, 17 Январ 2020 10:31

 

     Хонандагони тоҷик аз Олипиадаи байналмилалии Жаутиков бо 2 медали нуқра ва 10 биринҷӣ баргаштанд. 

    Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ иттиллоъ медиҳад, аз 9-ум то 13-уми январи соли 2020 дар ш.Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технология иттилоотӣ доир гашт. Дар Олимпиадаи мазкур 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуда, кишвари моро 3 даста аз литсей барои хонандагони болаёқат дар ш.Душанбе, литсейи муштараки тоҷикӣ-руссии «Ҳотам ва ПВ» ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иборат аз 21 нафар намояндагӣ карданд. Дар умум хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. 

 

саҳ 7 аз 14

Китобҳо

Flag Counter