ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:27

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:22

 

Шоҳид ҳастем, ки сарфи назар аз бардавом ва бошиддат будани бориши барф ва тармабории зиёд  дар роҳи Душанбе- Чанок ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истинои рӯзҳои беҳад афзун будани хавфи тармаборӣ  таъмин буда, кормандони мо муназзам будани ин раванд ҷаҳду талош доранд. 

  Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар мавсими сармо тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»., Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019- 2020» ва талаботи банди 33 моддаи 3- юми шартномаи Консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловаӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво фармоиши дахлдори  вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Чаноқ» ба тасвиб мерасад. 

   Тибқи муқаррароти  он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе- Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад. Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки талаботи мазкурро мадди назар дошта бошанд, зеро дар қитъаҳои роҳ вазъ нигаронкунанда аст.

   Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, субҳи дуюми январи соли равон, бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармабории зиёд ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд.

Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳоми “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар давоми ду рӯз зиёда аз 30 тармаро бартарф намуданд,  чоруми январ роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи мазкур имконпазир гардид. 

Мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад. 

   Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии мусофирону ронандагон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст.

Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намудаи воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедорем. 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:15

 

Гинеколог

    9 январи соли 1996 дастаи ҷангиёни чечен бо сарварии Салман Радуев ба шаҳри Кизляри Доғистон зада даромаданд. Дастаи ҷангиён аз 256 ҷангӣ иборат буда, тибқи иттилои чеченҳо дар Кизляр базаи чархболии нерӯҳои рус қарор дошт ва русҳо ҳамавора аз ин ҷо ҳудуди Ичкерияро бомбаборон мекарданд. Аммо ин маълумотҳо тасдиқ нагардиданд ва чеченҳо дар майдони ҳавоии Кизляр танҳо ду чархболи МИ 8 и вайронаро пайдо карданду халос.        Чеченҳо чархболҳоро сӯзонданд ва баъди даргирии шадид бо нерӯҳои муҳофизатии майдони ҳавоӣ ба ҷониби шаҳри Кизляр ақиб нишастанд. Майдончаи ҳавоӣ дар канори Кизляр ҷойгир гардида буд. Ҷангиён вориди шаҳр шуданд ва дар даргириҳои аввалин 35 нафарро аз даст дода, дар таваллудхонаи Кизляр мустақар гардиданд. Чеченҳо аз биноҳои гирду атроф мардумро гаравгон гирифта ба бинои таваллудхона интиқол медоданд. Дар натиҷа Радуев тавонист 3700 нафарро гаравгон гирад. Радуев баъдан иддао кард, ки онҳо нақша надоштанд касеро гаравгон гиранд, аммо вазъият чунон пеш рафт, ки ӯ барои наҷоти дастааш чорае ҷуз гирифтани гаравгонон надошт. Дар зимн маҳз ба хотири тасарруфи таваллудхона Радуев баъдан бо тахаллуси "гинеколог" маъруф гардид.

Талаби ҷангиён

   Баъди гирифтани гаравгонон Радуев аз Маскав талаб кард нерӯҳои худро на танҳо аз Чеченистон, балки ба пуррагӣ аз Қафқози Шимолӣ берун барорад. Табиист, ки Елтсин наметавонист ин талаби ҷангиёнро иҷро кунад. Русҳо дар Будёновск аллакай як бор ба шикасти нангин мувоҷеҳ гардида буданд ва ин дафа ба ҳар васила мебоист дастаи Радуевро торумор мекарданд. Бинобар ҳамин фармондеҳии русҳо дар Доғистон ба ҳеҷ гуфтушунид бо ҷангиён розӣ нашуданд. Аммо бахти Радуев баландӣ кард ва роҳбарияти Ҷумҳурии Доғистон баъди гуфтушунид розӣ шуд ҷангиёнро то сарҳади Ичкерия гусел намояд. Ҷангиён бештари гаравгононро озод карданд ва бо 230 гаравгон субҳи 10 январ савори 9 автобус ҷониби сарҳади Чеченистон роҳ пеш гирифтанд.

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:11

8.01.1977. Дар қатораи метрои Маскав таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи ин таркиш 44 нафар осеб диданд, ки 7 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷаи тафтиш маълум гардид, ки ин амали террористӣ буда, онро се нафар арманитабор С.Затикян, А.Степанян ва З.Багдасарян амалӣ кардаанд.

8.01.1980. Дар СССР бо Қарори махсуси Раёсати ШО таҳти №100, академик Андрей Сахаров аз тамоми мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд. Сахаровро инчунин аз унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (ӯ се ситораи қаҳрамонӣ дошт) низ маҳрум карданд. Сабаби ин амалкард, аъмоли зиддидавлатии академик унвон гардид. Худи Сахаров баъди ду ҳафта аз ин Қарор огоҳ шуд.   

9.01.1920. Нестор Махно, ки бо лақаби Батка Махно дар Украина маъруф буд, аз равона кардани нерӯҳояш бар зидди полякҳо худдорӣ кард. Махно дар ҷанги гражданӣ иттифоқчии болшевикон ба шумор мерафт ва нерӯҳояш дар канори Артиши сурх бо сафедҳо меҷангиданд. Аммо баъди ин амалкардаш болшевикон ӯро ғайриқонунӣ хонданд ва баъди чанде торумор карданд.

10.01.1920. Дар Женева Лигаи Миллатҳо-ташкилоти байналмиллалии давлатҳо таъсис дода шуд. Роҳбари Шӯравӣ Владимир Ленин дар ҳамон оғоз моҳияти ин ташкилотро дарк кард ва дар бобаташ навишт, ки "Лигаи Миллатҳо иттиҳод танҳо дар қоғаз аст ва дар амал бошад ин лига гурӯҳи ҳайвоноти ваҳшие беш нест". Бо вуҷуди ин, СССР соли 1934 ба ин Лига шомил шуд ва баъди 5 сол аз он хориҷ карда шуд. Фаъолияти ин ниҳод низ бо ҳамин ба охир расид.

10.01.1996. Дар рафти ҷанги аввали чечену рус, фармондеҳи чеченҳо Салмон Радуев бо дастаи махсуси худ ба Доғистон юриш бурд ва деҳаи Первомайскро ба тассаруф даровард. 

11.01.1919. Дар Русияи Шӯравӣ Продразвёрстка (супоридани ҳатмии ғаллаи зиёдатӣ ба давлат аз ҷониби деқонон) ҷорӣ карда шуд. Ин система яке аз аносури сиёсати коммунизми ҳарбӣ ба шумор рафта, то соли 1921 дар РСФСР идома дошт.

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 16:05

03.01.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:46 дақиқа. Шаҳраки Данғара… 

Сӯи Кӯлоб сафари корӣ доштаму аккурат дар ҳамин соат аз назди Масҷиди ҷомеъи ба номи Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кӯлакӣ, ки ба эътирофи Шайх Нақшбанд ва ба шаҳодати Мавлонои Балхӣ «Аз авлиёулиллоҳ аст!», расидем. Чун рӯзи Одина буд, тасмим гирифтем, намози ҷумъаро гузорида, сипас роҳамонро давом диҳем. Пештоз мегӯям, ин масҷид ҳамагӣ 1 проблема дошт, вале чӣ МУШКИЛИЕ!!!

Эшони Сайид Муттаҳҳар, ки эмоматии масҷиди мазбурро бар дӯш дорад, хуш садое дошту хуб донишу ҷаҳонбинии ухравию муосире. Аз шунидани мавъизааш, ба вежа дар мавриди тарбийяти фарзанд, кайфийяти рӯҳ бардоштем. Мардуми Данғара онгуна бо муҳаббату самимият меҳмонони намозгузорро пешвоз гирифтаву зери пояшон, дар ин ҳавои сарди барфу боронӣ, шолу қолӣ меандохтанд, ки ту гӯӣ, Хонаи Худо неву хонаи ин мардум даромада бошӣ. Намозро бо кайфийяти билотасвир гузоридему берун шудем. Ва он чизе, ки дар кӯча дидем, кайфи на танҳо мо, ки ҳазорон-ҳазор намозгузору мусофиру равандаву чархандаву ронандаро парронд:

- Пробка!!! 

Неомусалмонони мо, ба вежа мусофиркашони самти Душанбе-Кӯлоб, Кӯлоб-Душанбе, Фархор-Душанбе, Ҳамадонӣ-Душанбе, Восеъ-Душанбе, Ховалинг-Душанбе, Шӯрообод-Душанбе, Дарвоз-Душанбе, Ванҷ-Душанбе (на беҳуда масири ҳаракатро мегирам, то хонанда бидонад, ки чӣ қиёмате ин ҷо барпо шуда буд!!!)…Шоҳроҳи Давлатро (оре, ин масир мақоми расмии давлатӣ ва стротегӣ дорад!) пурра баста буданд! Барои чӣ? Барои намози ҷумъа!!!

Ҳазорон-ҳазор мошин дар шоҳроҳ дармонда буд. Ба иллати чанд таксисте, ки худнамоӣ кардаву ба масҷид давида медаромаданду мошинҳои худро ҳар ҷое, ки рост меомад, мегузоштанд. Ба ҳисоби ман, ҳадди ақалл 7-8 рад мошин назди масҷид, дар тӯли 500-600 метри паҳноии шоҳроҳ саф зада буд. Ин мошинҳои неомусламононе буданд, ки намоишкорона, бо кибру ғурур, такаббур (хислатҳои иблис алайҳилаъна!) автоҳояшонро сари роҳ партофта, сӯи масҷид медавиданд.

Ҳой, буродарон! Намегӯям намоз нагузоред. Ин шояд бузургтарин савобест, ки дар номаи аъмолатон навишта мегардад. Вале оё медонед, ки бузургтарин ҷурм дар мазҳаби Эмоми Аъзам роҳбандист??? Шояд огаҳон ин қиссаро донанд, ки халифаи Бағдод хобе ваҳим дид ва таъбираш наёфтанд ва Эмоми Аъзам, ки он замон кӯдак буд, гуфт, ман таъбир хоҳам кард, вале ба 1 шарт: бояд аробаи ман аз роҳ бозпас нагардад ва бо самте ҳаракат намуд, ки яҳудии бадавлате дар сари роҳи мардуми мусалмон хона бино карда буд. Хуласи калом, ки ин ҷо ҷои ташреҳи  зиёд нест, ҳамин хона садди роҳи Эмоми Аъзам шуд ва бо амри шоҳ иҷборан хонаи яҳудиро хароб кардаву роҳи мусалмононро бикшоданд… Ва аммо, мо, ки даъвии мазҳаб дорем, ҳар рӯзи ҷумъа роҳи даҳҳо ҳазор мусофирро мебандем ва на танҳо дар масҷиди фавқуззикри н. Данғара, ки дар тамомии масоҷиди кишвар!

Мусалмонӣ пеш аз ҳама тамиз аст! Вале мо бетамизӣ карда, роҳҳоро баставу ба ҳазорон одам мушкил эҷод сохта, боз даъвии савобияти намози ҷумъа дорем? Борҳо шоҳид шудаем, ки дар пробкаҳои назди масоҷиди пойтахт, ба вежа Масҷиди 1-ум Советский, Сари Осиё, Яккачанор…умуман дар ҳама масоҷиди ҶТ, мошини ёрии таъҷилӣ-03, сӯхторхомӯшкунӣ-04, милиса-02, автобусу троллейбусҳо, мошинҳои боркаш дармондаанд. Дар интизори онҳо ҳатман маризе буд, ки ҷон медод, хонае буд, оташ мегирифт, мусофире буд, ҷое дер мекард, бечорае буд, ки мавриди тазйиқи дузду авбоше қарор дошт. Вале барои мо ин ҳама 2-пула гап! Ҳоло ҳам шояд бархе ин сутурро хондаву гӯяд, ки намоз аввалиндараҷа аст! Не, бародарон, дар оғози ҳар дину мазҳаб, ҳар ибодату намоз…мардумсолорӣ, дилнаёзорӣ, дастгирӣ ва муҳаббатфизоӣ қарор дорад. Боз ҳам мегӯям, зидди ягон намозе нестам, вале коре кунед, ки мушкил барои мардум эҷод насозед, то Ӯ намозатонро бипазирад. Исломро дини гуманӣ кунед, на ситамӣ!!! Агар ҳамингуна роҳбандӣ, фарзи мисол, дар Маккву Мадина шавад, пулиси исломӣ мошинҳоро пачақу маҷақ карда мепартояд, то минбаъд чунин номаъқулиро накунанд. Боқӣ ҳукм аз худи хонанда... 

PS: Шахсан ман қотеъона аз Вазири Корҳои Дохила, Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии ҶТ, раисони шаҳру навоҳӣ дархост дорам, ки ба мушкил расидагӣ кунанд ва дар навбати аввал рақами тамомии мошинҳоеро, ки дар тамомии гӯшаву канори кишвар дар рӯзҳои намози ҷумъа роҳҳоро мебанданд, кашида гиранд ва ронандагонро ҷаримаи сахт бубанданд. Бовар кун, хонанда, мо-мардуми табармусалмонро танҳо чунин сахтгирӣ ба ифоқа, тартиб, сомон ва виждон хоҳад овард. Мо Метавонем!

 

 

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 15:58

 

Нуралӣ Латипов (тел: 937995601), сокини н.Мастчоҳ ба идораи редаксия занг аз рафтори сармуҳандиси корхонаи обу коррези н.Мастчоҳ шикоят кард:

-  Инженери Корхонаи обу коррези н.Мастчоҳ доимо дар рафти иҷрои кораш ба паст задани шаъну шарафи инсонӣ ва поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон  роҳ  медиҳад. Ӯ ҳангоми ҷамъ намудани пули оби нушокӣ аз аҳолӣ ба шаҳрвандон муносибати ғайриинсонӣ намуда, бо усули зӯрӣ маблағро ҷамъоварӣ мекунад. Аз мо мардуми дар хонаҳои ҳавлигӣ зиндагӣ мекарда, ки на “канализация” дорему  на чизи дигар, ки дар  1 шабонарӯз 1,5 - 2 соат об медиҳанду халос, баробари хонахои баландошёнаи “канализация”-дор, пул меситонанд. Ин одам ҳам назоратчӣ будасту ҳам инженер. Пулро аз шаҳрванд бо зӯрӣ мегирад, лекин “квитансия”-и пули мегирифтагиашро на ба зорӣ медиҳаду на ба гапи хуш. Ин инженер бо мардум бо бадтарин сурат рафтор мекунад, вале ҳангоми мушоҳида намуданӣ дағалӣ аз ҷониби шаҳрвандон нисбати худаш, дарҳол ба мақомот шикоят мекунад. Хуллас, касе, ки ҳарфи ӯро ду мекунад ё суоли зиёдатӣ мепурсад мусибатбор мешавад - ба гуфтаи худи ӯ. 

 

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 15:55

 

 Маҳадбек Маҳмадов,  (тел: 937649502) аз н. Қубодиён ба ҳафтаномаи мардумии СССР занг зада, чунин иброз намуд: ман мухлиси газетаи шумо буда, қариб ҳамаи шумораашро мехонам. Аммо, мо 1 мушкил дорем, газетаро аз  “қади” роҳ ё ин ки аз бозори ноҳия дастрас мекунем. Чаро дар 1 ноҳияи калон, 1 дӯкони газетаю маҷаллафурушӣ нест? Хуб аст, ки раиси ноҳия хело пешравӣ ва бунёдкорӣ мекунад, аммо барои маънавиёти мардум дӯконе лозим аст, ки махсус барои фурӯш ва паҳн намудани рӯзномаву маҷаллаҳо бошад. 

Аз редаксия: Ба ҳамин монанд шикоятҳо аз ш. Кӯлоб, Данғараву Шоҳину Фархор ва тамомии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мерасанд. Шояд масъулин ҳамакнун, баъди бонги изтироб задани Президенти ҶТ роҷеъ ба пурзӯр шудани ҷанги иттилоотӣ (мӯҳтарам раисон Паёмро хонед!!!) сари бунёди 1 не, якчанд дӯкони рӯзномафурӯшӣ меандешанд?

 

Панҷшанбе, 16 Январ 2020 15:52

Вокуниш ба маводи нашрияи «СССР», мақолаи Қобилҷон Дадобоев таҳти унвони «Конибодом: нақша иҷро, вале…раис ку???» аз 31.10.2019, №44

Бобати корҳои ободонӣ ва созандагӣ бояд тазаккур дод, ки ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД шаҳр бунёди 506 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, аз он то имрӯз аллакай 267 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст. Вобаста ба рафти корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ҳаминро гуфтанием, ки алҳол дар боғи фарҳангию фароғатӣ ва кинотеатри ба номи К.Ёрматов ҳамчун Қасри фарҳанг барои 500 ҷои нишаст, дар кӯчаи ба номи К.Хуҷандӣ барои бунёди бинои шуъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, дар ҳудуди майдони Исмоили Сомонӣ барои сохтмони Нишони давлатӣ корҳои лоиҳавӣ идома дошта, иншооти фавқуззикр соли 2020 мавриди истифода қарор дода мешаванд. Сохтмони бинои МТМУ №7 барои 480 нафар хонанда дар 1 баст ва МТМУ №52 барои 240 нафар хонанда, корҳои сохмонӣ идома дошта, соли 2020 мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. 

Оид ба масъалаи бунёди хонахои баландошёна ҳаминро зикр карданием, ки алҳол дар кӯчаи марказии шаҳр ба номи К.Хуҷандӣ бинои адвокатура, маркази савдо бо хонаҳои истиқоматии 5-ошёна аз ҷониби соҳибкорон Ашрапов Ином ва Қобилов Умед, дар к.Исмоили Сомонӣ бинои маркази савдо бо хонаҳои истиқоматии 10-ошёна аз ҷониби соҳибкор Шокиров Акмал, дар кӯчаи ба номи Собирҷон Қобилов аз ҷониби соҳибкор Маҳкамова М. бинои бисёрошёнаи маркази савдо бо хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта истодааст. Дар соли 2019 дар шаҳру деҳоти Конибодом дар маҷмуъ 25 маркази хизматрасонӣ, 17 маркази савдо, 3 адад дорухона, 3 толору 5 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Соли ҷорӣ зиёда аз 11,8 км роҳҳо асфалтпӯш карда шуд. Аз ҳисоби МИҲД шаҳр, дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ 36 адад кӯчаҳои шаҳру деҳот бо дарозии 38,2 км чароғон ва дар 4 чорроҳаи асосии шаҳр 16 чароғаки роҳнамои рақамӣ насб карда шуд.

Соли ҷорӣ барои рушди соҳаи маорифи шаҳр дар МТМУ №45 4 синфхонаи иловагӣ ва 2 утоқи корӣ, дар МТМУ №47 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 утоқи корӣ, дар МТМУ №53 5 синфхонаи иловагӣ ва 1 маҷлисгоҳ, дар МТМУ №19 ва №44 толори варзишӣ аз ҳисоби МИҲД шаҳр, дастгирии соҳибкорон ва кумитаи падару модарон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Раиси ш.Конибодом З.Давлатзода

 

саҳ 9 аз 14

Китобҳо

Flag Counter