ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:57

 

15.10.2020. Департаменти давлатии ИМА дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: 

“Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби САҲА/odihr барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст.”

Бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Узбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд. 

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), 1 ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд. Ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Дар ин интихобот 5 номзад ширкат варзиданд ва эълон шуд, ки дар муқобили номзадҳои начандон номдор ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад 

(3 миллиону 837 ҳазор) нафар раъй додаанд.

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:51

 

Б.Ғафуров аз соли 1956 то охири умраш директори Институти шарқшиносии АУ СССР буд. Тадқиқоти олим асосан дар се самт: омӯзиши таърих ва вазъияти ҳозираи ҳаракати миллии озодихоҳии халқҳои Шарқ, сиёсати 

миллии ленинии КПСС, таърихи халқҳои Шарқ ва пеш аз ҳама давраҳои қадим ва асримиёнагии он ҷараён ёфтааст. Ӯ дар ин солҳо чандин мақола, маҷмӯаҳо, ҳуҷҷату дастурҳо интишор намуд, ки ба масъалаҳои инқирози системаҳои мустамликадории империализм ва ташаккули давлатҳои ҷавони мустақили Осиё ва Африка бахшида шудаанд.

Муҳаббат ба Қуръон ва орзуи тавофи Каъба

Падару модари Бобоҷони хурдсол нисбати тарбияи хуби ӯ диққати калон медоданд ва онҳо ҳамчун шахсони босаводу бофарҳанг аз рӯи таълимоти китобӣ рафтор менамуданд. Аз ҷумла, ба фарзанди калонӣ таълимоти хуби диниро низ дода буданд.

Ман 7-уми апрели соли 1990 бо хоҳари калонии Б.Ғафуров-Тоҷинисо Ғафурова сӯҳбати тӯлоние доштам. Дар аснои сӯҳбат, аз ҷумла, гуфтанд, ки модарам Бобоҷон-акаамро бо ояти Қуръон таълим медод. Ва то охири умр бародарам ҳамчун мусулмон ба китоби муқаддастарини мо-Қуръони маҷид муҳаббати бепоён доштанд.

Ҳамин эътиқоду муҳаббати Б.Ғафуров ба китоби мусулмонон Қуръон буд, ки баъди сарвари пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР шудан (соли 1956), аввалин кӯшиши эшон ҳарчӣ тезтар ба чоп омода кардани Қуръон шуд. Сониян, Б.Ғафуров чун фарзанди мусулмон, аз хурдӣ адо кардани ҳамаи панҷ рукнҳои мусулмониро медонисту риоя мекард. Ва яке аз онҳо тавофи Каъбаро сидқан ва самимона мехост. 

Нахустин ҳоҷӣ-академик-коммунист

Инак, соли 1974 ба ӯ имконият мешавад, ки барои зиёрати хонаи худо Макка ва Мадина ба ҳаҷ равад. То академик Б.Ғафуров ҳеҷ намояндаи мусулмонони шӯравӣ ва ҳеҷ як донишманд ва замоне котиби аввали ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ ба ин сафари ҳаҷ нарафта буд. Профессорон З.П.Хоҷаев, Ю.Б.Исҳоқӣ ва дигарон рафтаанд, аммо на тариқи расмӣ. 

Пеш аз сафари ҳаҷ Б.Ғафуров моҳи маи соли 1974 ба сари қабри модар, ба ш.Душанбе омада, сурае аз Қуръон қироат намуд. Ин гӯё як фотиҳаи модар ба писар ба ин сафари муборак буд. Бобоҷон Ғафуров соли 1974 сафари муборакро дар Арабистони Саудӣ аз ш.Ҷадда оғоз мекунад. Подшоҳи онвақтаи мамлакат Файсал Абдулазиз ас-Саудшоҳ эшонро қабул мекунад. Яке аз аввалин суоли шоҳ ин буд, ки «Оё Шумо Каъбаро тавоф карданиед?» «Оё коммунистон ба ин эътиқодманданд?» ва дигар чизҳоро пурсид.

Б.Ғафуров, ки аз Қуръон бохабар буд, бадоҳатан ҷавоб дод:

- Каъбаро тавоф кардан, пеш аз ҳама шарт аст, ҳазрат. Ҳар фарде, ки худро мусулмон мешуморад, бояд аз ҳақиқати ислом бохабар бошад. Мо, ки алҳамдулиллоҳ мусулмон ҳастем, бояд вазифаи мусулмониро аз худ кунем ва аз рӯи нишондоди он амал намоем.

Дар ин сӯҳбат бо шоҳ Файсал Б.Ғафуров ояте аз сураҳои Қуръон оварда, илова мекунад, ки ҳеҷ пирӯзӣ бе дӯстиву рафоқат даст надодааст. Дар ин ҷо ҳадиси ҳазрати пайғамбар алайҳиссаломро оварда гуфтааст: 

«Мӯъминон дар дӯстӣ ва раҳму шафқат монанди як ҷисманд, узве агар ба дард ояд, ҳамаи узвҳои дигар низ дард мекашанд. Мо бояд мамлакатҳои бо ҳам тифоқ бошем, сулҳу салоҳро сиёсати хирадмандонаи худ донем. Каъба, хонаи худо, муқаддастарин ҷои мусулмонони олам аст. Ман, ки фарзанди мусулмон ҳастам, тавофи Каъбаро аз овони ҷавонӣ сидқан ва самимона мехостам. Вале нуқси поям имконият намедод, ки рукни муқаддасотро иҷро намоям. Ҳоло ҳам дар андешаам, ки бо ин пои ланг дар ин синну сол чӣ тавр ҳаҷ мекунам. Оё бо ин пой ба кӯҳи Арафот мебаромада бошам?»

Аз ин сӯҳбат, аз ин ҷавобҳои пурмаъно ва хирадмандонаи Б.Ғафуров 

шоҳ Файсал ба ваҷд омада, як луқмае мепартояд:

- Воаҷабо, агар коммунистон ин хел мӯътақиди дини ислом бошанд, сад офарин!

Баъд шоҳ ба Б.Ғафуров рӯ оварда мегӯяд: - Барои Шумо аробаи дучарха пайдо мекунем ва ба аробача мешинед ва ҳаҷро адо мекунед. Рӯзи дигар зиёрати Каъбаро карданд, баъд ба Миною Муздалифа ва кӯҳи Арафот рафтанд.

Зиёрати ҳаҷ-бақои дӯстии СССР ва Арабистони Саудӣ

Баъди зиёрати Каъба шоҳ Файсал аз сари нав Ҳоҷӣ-академик Б. Ғафуровро қабул кард. Дар ин сӯҳбат Ҳоҷӣ Бобоҷон тавассути китобҳои хондаи худ аз рӯи «Таърихи Табарӣ», «Таърихи масъудӣ»-и Байҳақӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд оид ба таърихи дини ислом, ҳаёти Муҳаммад-Расули худо нақл мекунад. Яъне аз маълумотҳои аз китоби ниёгон ва махсусан модари босаводи худогоҳаш гирифтааш дар ин сафар кор дод. 

Барои Б.Ғафуров ҳаҷ на фақат ибодат, балки як анҷуманест, ки тамоми мусулмонони олам дар он ҷо мусоҳиб мешаванд. Устод чун донандаи хуби Қуръон аз сураи «Бақара» ояти 196 огоҳ буд, ки мегӯяд: «Аъмоли ҳаҷ ва умраро барои худои мутаол ба поён расонед». Аз ин ҷост Ҳоҷӣ-академик Б.Ғафуров зимни ин сафари муборак ҳамаи шартҳои асосию муҳими ҳаҷро ба ҷо овард. Аввалан, Каъбаро зиёрат карда ба хондани дуои «Лабайка Оллоҳума лабайк», яъне дуои талбия ҳафт маротиба онро тавоф намуд.

Баъди он, санги сиёҳ, ки онро Ҳаҷаруласвад меноманд, мебӯсад, аз чашмаи Зам-зам оби муқаддас менӯшад ва ҳафт маротиба байни теппакӯҳи Сафо ва Марвро ба хотири он, ки Ҳоҷар-завҷаи Иброҳим алайҳиссалом дар атрофи он ҷойҳо дар ҷустуҷӯи об давутоз намуда буд ва аз рӯи ривоятҳо кӯдак пайдо шуда буд, метозад. Б.Ғафуров дар хонаи худо чун марди поку некхоҳ қадам мегузорад. 

Аксари мо расми дар Каъбатуллоҳ гирифтаи устод Ҳоҷӣ-академикро дар либоси эҳром дидаем. Он рӯзҳои дар либоси эҳром будан Б.Ғафуров худро чун хушбахттарин фард меҳисобид. Ӯ дид, ки ҳамаи эҳромбастагон бародарони моанд ва ваколату намояндагии маънавии моро ба дӯш доранд. 

Сипоси Андропов

Баъди ду-се рӯзи баргаштани Б.Ғафуров аз Маккаю Мадина рӯзе занги утоқи кориаш баланд мешавад. Аён аст, ки занги ҳукуматӣ. Аз он тараф садо меояд, ки ҳозир раиси кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ)-и СССР Ю.В.Андропов дар тамос мешавад. Академик Б.Ғафуров ҳайрон мешавад, ки чӣ гапу чӣ коре бошад, ки худи Раиси амният гап мезадааст? Баъди салому алейк ва ҳолпурсӣ Ю.В.Андропов гуфтааст:

- Офарин Бобоҷон Ғафурович, шумо бо сафари Макка зиёрати худро ҳамчун мусулмон адо карда, бо ин ба мустаҳкамию дӯстии ду давлат мақоми калон гузоштед.

Оре, Б.Ғафуров ҳам сиёсатмадору дипломат, ҳам сарвари хирадманд, ҳам олими нуктадон ва ҳам мусулмони ба имон буд.

 

Усмонҷон Ғаффоров, с.1999

 

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:42

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:35

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:28

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:11

 

23 октябри соли 1966 ҷосуси шӯравӣ Ҷорҷ Блейк аз зиндони низомаш шадиди  "Уормвуд Скрабз"- шаҳри Лондон фирор кард. Зиндони "Уормвуд Скрабз" яке аз зиндонҳои машҳури пойтахти Англия ба шумор рафта, дар ин ҷо зиндониёни хавфнок нигаҳдорӣ мешуданд. Фирори Блейк аз зиндон сару садоҳое зиёде барангехт ва ба яке аз аҷоибтарин ҳаводиси он сол мубаддал гардид. Блейк ҳангоми фирор, 1 даста гули довудӣ аз гулфурӯшии хиёбони канори зиндон харидорӣ карда, дар назди дари зиндон барои ёдоварӣ гузошту рафт.

Турки ҳолландӣ

Ҷорҷ Блейк соли 1922 дар шаҳри Ротердами Ҳоланд ба дунё омад. Падараш зодаи шаҳри Истамбули Туркия буд. Бобои Блейк яке аз тоҷирони муваффақи турк ба шумор мерафту бо тиҷорати қолинҳо машғул буд. Ӯ фарзандони зиёде дошт, ки баъди ҷанги ҷаҳонии аввал дар кишварҳои зиёде маскан гузиданд. Аз ҷумла падари Ҷорҷ, ки дар ҷанги ҷаҳонии аввал шомили артиши англисӣ шуда буд ва барои қаҳрамониҳояш дар ҷанг шаҳрвандии англисиро соҳиб гардида,  Ҳолландро барои иқомат ихтиёр намуд. Модари Блейк аз хонадони зиёиёни ҳолландӣ буд. Маҳз модар ба иқрори худи Ҷорҷ дар шаклгирии шахсияти ҷосуси оянда нақши асосӣ ифо кард.                                                                                         

 Ҷорҷи ҷавон маълумоти ибтидоиро дар Ҳолланд касб кард, аммо баъди марги падар вазъи иқтисодии оилаи онҳо душвор гардида, дар машварати хонаводагӣ қарор доданд Ҷорҷро ба Қоҳира назди аммааш равона кунанд. Аммаи Ҷорҷ зани банкдор ва аз нигоҳи молӣ пурра таъмин буд.Ҷорҷ дар Қоҳира се сол зиндагӣ карда, дар ин муддат коллеҷи англисиро хатм намуд. Соли 1939 Ҷорҷ ба Ҳолланд баргашт, аммо баъди чанде ҷанги ҷаҳонии дуввум оғоз гардиду немисҳо Ҳолландро ишғол намуданд. Ҷорҷ модару хоҳаронашро ба Англия фиристод ва худаш дар Ҳолланд боқӣ монд.                                                                                       

Блейк ва СИС (Секрет интеллидженс)

Баъди чанде Блейк ба ҳаракати Муқовимати ҳолландӣ пайваст ва аз ҳамин замон зидагии пинҳонкоронаи ӯ оғоз мегардад. Блейк дар муқовимат ҳуҷҷатҳои махфӣ ва адабиёти зиддифошистиро аз як шаҳр ба шаҳри дигар интиқол медод ва доим дар маърази хатар қарор дошт.Бо вуҷуди ин, ҷосуси ояндаи шӯравӣ аз фаъолияташ қонеъ набуд ва қарор дод аз Ҳолланд ба Бритония биравад. Ҷорҷ бо кумаки дӯстонаш, тавонист тариқи Белгия, Фаронса ва Испания худро ба ҷазираи Гиблартар бирасонад ва ба нерӯҳои англисӣ мулқақ гардад.                                                                           

 Баъди чанде Блейки ҷавон ба Англия рафт. Дар ин ҷо Ҷорҷ Блейкро ба нерӯҳои дарёӣ сафарбар карданд ва ӯ мактаби афсариро хатм намуда, ба ҳайси афсари яке аз киштиҳои ҷангӣ хидмат мекард. Соли 1945 дар авохири ҷанг Блейкро ба хадамоти ҷосусии кишвар СИС (Сикрет интеллидженс) сафарбар карданд ва ӯ дар шӯъбаи ҳолландии хадамоти ҷосусӣ ифои вазифа мекард.

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:08

22.10.1942. Артиши Сурх дар рафти муҳорибаи Ленинград, десанти немисию финниро, ки мехост ҷазираи Сухоро дар кӯли Ладога ба тассаруф дарорад маҳв кард. Агар десантчиёни немис дар ин амалиёт муввафақ мешуданд, ягона роҳи таъмини шаҳр бо озуқаро қатъ мекарданд ва Ленинград ногузир таслим мешуд.

22.10.1962. Президенти ИМА Ҷон Кеннедӣ эълон кард, ки кишвараш Кубаро ба муҳосираи ҳавоӣ ва обӣ мегирад.  

22.10.1975. Стансияи кайҳонии шӯравӣ "Зӯҳра-9" (Венера) ба сатҳи сайёраи Зӯҳра фуруд омад ва бори аввал аксҳои сатҳи сайёраи дигари системаи Офтобиро ба Замин ирсол намуд.

23.10.1917. Дар нишасти КМ РСДРП(б), роҳбарони ҳизби болшевикӣ мебоист масъалаи шӯриши мусаллаҳонаро баррасӣ мекарданд. Дар рафти нишаст, аксарияти роҳбарони болшевик зидди шӯриши мусаллаҳона баромад карданд, аммо Ленин, ки ногаҳонӣ ҳузур пайдо кард, тавонист аксариятро бовар кунонад то ба тарафдории шӯришии мусаллаҳона овоз диҳанд. 

23.10.1946. Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, аввалин нишасти Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.

23.10.1966. Ҷосуси шӯравӣ Ҷон Блейк аз зиндони "Уормвуд Скрабз"-и шаҳри Лондон фирор кард. Блейк ҳангоми фирор, аз наздиктарин гулфурӯши кӯча як даста гули довудӣ харида, онро дар назди дарвозаи зиндон ба ёдоварӣ гузошт. Ин кори Блейк рӯзноманигорони англисро ҳайратзада карда буд.

23.10.1974. Дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена 75-умин нишасти Кумитаи Байналмиллалии Олимпӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст қарор дода шуд, бозиҳои XXII-юми Олимпӣ дар пойтахти СССР шаҳри Маскав баргузор гарданд.

23.10.1984. Дар СССР Кумитаи Бехатарии Давлатӣ барҳам дода шуд. КГБ-и СССР асосан вазифаи ҷосусӣ, зиддиҷосусӣ, мубориза бо коршиканиҳои иқтисодӣ ва ғайраро иҷро мекард.

24.10.1939. СССР ва Олмон созишномаи ҳамкориҳои иқтисодиро ба имзо расониданд. Тибқи ин созишнома СССР ӯҳдадор шуда буд ба Олмон ғалла ва нафт ирсол намояд. 

24.10.1941. Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ, саввумин маркази саноатии СССР, шаҳри Харковро ба тассаруф даровард.

25.10.1922. Қисмҳои Артиши халқи-инқилобии Ҷумҳурии Шарқи Дур бо сарварии И.Убаревич ба Владивосток дохил шуданд.

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:05

Абдурауф Раззоқов, бостоншиноси тоҷик меҳмони идора шуда, гуфт, ки 1 хушхабар дорад.

   - 11 октябри соли равон бо Татяна Филимонова бори нахуст дар ш. Кӯлоб қабр ва устухони ҷасадеро пайдо кардем, ки ба давраи сангу биринҷӣ тааллуқ дорад. Ин бузургтарин бозёфти миллии асри ХХI далолат ба он мекунад, ки Кӯлоб на 2700, чуноне то ҳол мешумурдем, балки тақрибан 5-ҳазорсола мебошад. 

Моҳи апрели соли ҷорӣ мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев маро ба Душанбе даъват карда, корди қадимаеро нишон дода буд, ки далолат ба аҳди биринҷӣ дошт. Яъне, он тақрибан 50 аср пеш сохта шудааст. Чуноне маълум гашт, кордро сокини ш.Кӯлоб Амирхон Хоҷаев дар маҳаллаи Умари Хайём тасодуфан ёфтааст. Ба банда, ки 37 сол аст бо ҳафриёти Саразм машғулам, ин бозёфти шабеҳи Саразм хеле аҷиб буд. 10 рӯз ҳафриёт гузаронидем. Ҳама бозёфтҳо ба охири ҳазораи 4 ва ибтидои асри 3 пеш аз милод пайванд дорад. Алҳол ин бозёфтҳои қабр, ки шаҳодати таърихи тақрибан 5000-солаи Кӯлобанд, дар осорхонаи шаҳранд.

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 9

Китобҳо

Flag Counter