ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 21 Октябр 2020 09:02

Оре, дигар новобаста ба саъю талоши ҳарифон, Равшани Кӯлоб, ки ҳамакнун ба дарвозаи ҳарифон 68 тӯб задаву 48 хол касб кардаву дар ҷои аввали Лигаи 1 қарор дорад, ба Лигаи Олӣ мебарояд!!! Зеро аз ҳарифон танҳо Эсхата, ки 8 имтиёз камтар дорад, бо эҳтимолият,  метавонанд ӯро дарёб ва ҳатто пеш гузарад, аммо ҳадди ниҳоӣ, ҷои 2-ро касе аз дасташ гирифта наметавонад. Ва ин дар ҳолест, ки Мирахмедов&Co гумон аст, ҷои аввалро ба касе диҳанд. Прогнози мо:

-Равшан соҳиби медалҳои тилои хурди Лигаи 1 шуда, чун чемпион ба Лигаи Олӣ роҳхат мегирад!!!

Бо ҳамин метавон гуфт, на танҳо Равшан ба Лигаи Олӣ бармегардад, ки ФУТБОЛИ АСИЛ ба Тоҷикистон меояд! Ҳамакнун, боз стадионҳоро пур аз мухлис хоҳем дид. Боз Эл-Классикои Тоҷик, набард, ҷанг, задухӯрд, VERSUS, 1х1 зании Истиқлолу Равшан, ки на танҳо футболи миллӣ, ки футболи Осиёро такон медод, ба варзишгоҳҳои Равшан-Аренаву Стадиони Марказӣ бармегардад, ки танҳо боиси таҳсину офарин аст!!!

Равшан дар Ҷоми АФК?!

Ва ин дар ҳолест, ки КФ Равшан метавонад таърихи футболи Тоҷикро тағйир диҳад. Зеро агар дар финали Ҷоми Тоҷикистон пирӯз ояд, Рвшан 100% имкон пайдо мекунад, ки марҳалаи гурӯҳии Ҷоми АФК бо беҳтарин клубҳои Қораи Осиё ва Араб бозӣ кунад! Ва ин кай ва ё чигуна муяссари Равшан мешавад? Биёед андеша кунем!!!

БОЗИИ НИҲОИИ ПАРИМАТЧ – ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2020 БАЙНИ «РАВШАН» ВА «ХАТЛОН» РӮЗИ 18 ОКТЯБР ДАР ҲИСОР МЕГУЗАРАД

Бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он ду дастаи вилояти Хатлон – «Равшан»- и Кӯлоб ва «Хатлон» - и Бохтар вомехӯранд, рӯзи якшанбеи 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бе ҳузури мухлисон баргузор мешавад. Бозӣ тавассути шабакаҳои телевизиони “Варзиш” ва “Футбол” мустақиман намоиш дода мешавад. 

Қобили қайд аст, ки “Равшан” то роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ, дар марҳилаҳои гуногуни ин мусобиқа бар дастаҳои «Ҳулбук» (3:2), «Панҷшер» (3:2), «Истиқлол» (4:2) ва «Регар-ТадАЗ» (1:0) зафар ёфт. «Хатлон» - и Бохтар бошад, то расидан ба бозии ниҳоӣ бар дастаҳои «Файзканд» (2:1), «Эсхата» (1:0) ва «Истаравшан» (2:0) дастбол омад.

Қаблан, «Равшан» (соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) 3 маротиба ба бозии финалӣ барои Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, ҳамагӣ 1 маротиба (соли 1994) онро ба даст овард. Дар он сол “Равшан” дар бозии ниҳоӣ дастаи “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохта буд.

«Хатлон» бошад дар таърихи фаъолияти худ (қаблан даста “Вахш” ном дошт) 4  маротиба ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромада, 2 бор (солҳои 1997 ва 2003) онро ба даст овардаст. 

Ёдрас мешавем, ки 17 сол пеш - соли 2003 ҳардуи ин дастаҳо дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат кардаанд.

 

Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2020

Финал

18 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 14:00 

«Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

 

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон (1992-2020):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзоде) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Бо пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳиссор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғаффуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. 

Бо пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1.

Бо пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. 

Бо пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Бо пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Бо пеналти – 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – ???

 

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

Чоршанбе, 21 Октябр 2020 09:00

Прокуратураи ноҳияи Шаҳритуз мақолаи зери унвонии «Чаро мақомоти ноҳияи Шаҳритуз хомӯш аст», ки дар ҳафтаномаи «СССР», таҳти №28 (617) аз 23.07.2020 ба табъ расидааст, вобаста ба муроҷиати сокинони н.Шаҳритуз, Ҷамоати деҳоти Х. Холматов, деҳаи Гулистон оиди баҳси замин ва қонунвайронкуниҳо нисбати Одинаев С.-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян гардид, ки хирмани зери баҳс қарордошта мувофиқи харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии ба номи И. Сомонӣ дар тарҳи №22/8 (баҳисобгирии давлатӣ 2005 сол) ҷойгир буда, масоҳати умумии 0,51 га-ро ташкил дода, аз ин заминҳои зери сохтмон 0,46 га ва зери об 0,05 га мебошад. Шаҳрванд Одинаев Ойятулло дар асоси шартномаи хариду фурӯш  аз 12 феврали соли 2013 аз тарафи нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии н.Шаҳритуз тасдиқ гардида, дар Феҳристи таҳти № I IIII-60 сабт карда шудааст, ки соябони хирмани мазкурро ба масоҳати умумии 52,2 МММО ҶТ харидорӣ намудааст. Мутобиқи қарори раиси н.Шаҳритуз аз 20.11.2013 таҳти № 647 «Оид ба вобаста намудани қитъаи замини зери амволи хусусигардонидашуда (соябони хирман) ба шаҳрванд Одинаев Ойятулло дар Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов» ба шаҳрванд Одинаев Ойятулло қитъаи замини зери амволи хусусигардонидашуда (соябони хирман) дар майдони 0,36 га бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат вобаста карда шудааст.

Нурова С. ва дигарон дар аризаашон қайд намуданд, ки дар деҳаи Гулистон ҷой барои гузаронидани тую маъракаҳо надоранд. Муайян гардид, ки дар асоси қарори раиси н.Шаҳритуз аз 18.03.2013 таҳти № 152 «Оид ба додани қитъаи замин ба кумитаи маҳаллаи деҳаи Гулистон барои сохтмони толори тӯйхона дар Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов» дар масоҳати 140,0 м2 бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат дода шуда, бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи А № 0471700 таъмин гардидааст. 

Нурова С. ва дигарон дар аризаи пешниҳоднамудаи худ қайд намуданд, ки шаҳрванд Одинаев С. аз ҳисоби фермаи деҳаи Қаҳрамон Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Холматов масоҳати 0,20 га қитъаи заминро фурӯхтааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки дар ҳақиқат дар дохили фермаи деҳаи Қаҳрамон шаҳрванд Мамадрахимов Нодирҷон истиқомат дошта, бо қарори раиси н.Шаҳритуз аз 02.12. 2010 таҳти № 141 манзили истиқоматӣ ва замини наздиҳавлигӣ воқеъ дар деҳаи Чинори н.Шаҳритуз бо масоҳати умумии 945 м2 вобаста карда шудааст.

Санҷиш собит намуд, ки байни муаллифони муроҷиат ва Одинаев С. солҳои тулонӣ баҳсу мунозира доир ба истифодабарии қитъаҳои заминҳои зикршуда ҷой дошта, тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳалли онҳо ба ваколати мақомоти судӣ мансуб мебошад.

Р. Азиззода,  и.в. прокурори н.Шаҳритуз, мушовири адлияи  дараҷаи 2  

 

Чоршанбе, 21 Октябр 2020 08:58

Субҳониддин Очилдиев, узви Ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияи миллии ношунавоёни ҶТ ба идора омада, бо имову ишора ва навиштан гуфт ба раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ 1 эрод дорам.

   - Рӯзи интихоботи президентии ҶТ ва рӯзи дигар натиҷаи овоздиҳиро аз шабакаҳои ТВ тамошо кардам, вале чизе нафаҳмидам. Роҳбарияти кумита бояд дар фикри мо мардуми ношунаво, ки кам нестем, ҳам бошад. Ва дар чунин рӯзҳои таърихӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ тарҷумаи забони имову ишораро ба роҳ монанд. Қаблан сурдоперевод тавассути бархе аз барномаҳои Шабакаи «Тоҷикистон» ваТВ «Баҳористон» ба роҳ монда мешуд, ҳоло он ҳам аз байн рафтааст. Чаро ин қишри осебпазири давлат аз хабару гузоришҳои кишвар огоҳ набошад? Чаро ин имкониятро, ки муваззафед фароҳам созед, аз мо мегиред? 

 

Чоршанбе, 21 Октябр 2020 08:49

 Ҷонмаҳмад Гулзода, муаллиф ва хонандаи доимии газетаи мардумӣ аз н.Ёвон (тел: 93 885 23 23) занг зада гуфт, ки аз тарзи имтиҳонгузории Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ розӣ нест.

   - Имтиҳонҳое, ки тариқи тест сурат мегиранд, хонандаро бесавод мекунанд. Суолномаҳои тестҳо бо ҷавобаш омада, ҳар як имтиҳонсупоранда таваккалӣ ҷавобро пахш мекунаду бо ҳамин имтиҳон тамом. Пешниҳод дорам, ки дар баробари тест аз ҳар 1 дохилшаванда диктант ё иншо гирифта шавад, зеро дониши хонандаро танҳо бо ин васила муайан кардан мумкин асту халос. Хонандае, ки навишта наметавонад, чӣ гуна 5 сол дар мактаби олӣ таҳсил мекунад?

 

Чоршанбе, 21 Октябр 2020 08:47

Дар Маскав аз метро берун шуда, ба тарафи меҳмонхона хостам ба таксӣ биравам. Мошине пешам истоду, бо забони русӣ адресро гуфтам. Аз даруни мошин ҷавони ришдарози зебое бо овози баланд садо кард".. тоҷикӣ!!!" Гуфтам «Бале!»

Ӯ бо харитаи роҳ аз телефонаш нархи роҳкироро 460 рубл муаян карду гуфт имрӯз ҷумъа, рузи хайр аст, агар 600 рубл диҳӣ мебарам. Ман ба риши мусалмонии ӯ назар кардаму гуфтам, ки дар ин рӯзи хайр 300 рубл медиҳам, ки ӯ рад кард. Ва боз гуфтамаш, ки ин ришат ба сурату мақсадат рост нест. Ғазабаш омаду сахт қаҳ карду рафт. Аз пушташ мошини дигар истоду боз ман матлабамро гуфтам, ӯ ҳам аз харита нархи роҳро 460 рубл муайян карду гуфт - "сен ӯзбек ми сиз"? Гуфтам -"Таджик ман!! – Гуфт «Имрӯз рӯзи "ДЖУМА" бо забони русӣ, агар ба нархи 450 рубл диҳӣ мебарам. Ман 300 рубл гуфтам, ӯ каме таввақуф карду оҳиста рафт. Аз пушти ӯ мошини дигаре истоду ҷавони рус бо забони тозаи русӣ аз ман пурсид, адресро ба такрор гуфтам, ӯ низ аз харитаи телефонашро дида, нархро 460 рубл муайан кард. Ва ман 300 рубл гуфтамаш. Гуфт-" шумо ғарибкоред"? Гуфтам- «бале!» Гуфт «хуб, мебарам!» Ва нишастаму ба вай гуфтаи Мавлойи Бузургро қисса кардам, ки «Ай мусалмон номуссаллам умадӣ…»

Дар вафо аз кофире кам «умади" тарчума кардам. Мавсуф ба ҷойи қисса аз ман нахост музди корашро бигирад, вале ман ба ӯ гуфтам ки имруз рӯзи хайри мусулмонҳост ва ба 500 рубл додам.

Назар Мирзода, ш.Санкт-Петербург

 

Чоршанбе, 21 Октябр 2020 08:42

Салом СССР-и дардошно! Қобили қайд аст, ки газетаи шумо доимо дастраси мо хонандагон гардида, дар он мавзуҳои доғи зиндагӣ ва дигар матлабҳо чоп мешаванд. Ҳадаф он нест, ки хусумат ва бахиливу душманиро нисбати якдигар истифода бурда матлабҳои худро руи чоп орем. Ҳадаф он аст, ки камбудиҳоро ошкор намуда, роҳи ҳалли онҳоро ёбем, то ба дигарон ибрат шавад. 

Дар яке аз шумораҳои гузашта мо оиди ғайриқонунӣ кушодани нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҷ/д Оббурдон навишта будем. Вақте ки шахсони масьул ба арзи мо нарасиданд, мо ба қабули раиси ноҳия даромадем. Раис ваъда доданд, ки ин масъала ҳалли худро меёбад ва ин боиси нигаронӣ нест. Қарори раис дар бораи аз байни маҳаллаи аҳолинишин бардоштани НФС баромад ва иҷроиши ин қарор ба зиммаи муовинон ва Кумитаи идораи замини ноҳия вогузор шуд. Вале бо сабабҳои ба мо номаълум иҷроиши қарор ба таъхир афтод. Бори дигар ба қабули раис даромадему масъала ҳалли худро ёфт. Мо ба воситаи газетаи “СССР” минатдории худро ба раиси ноҳия Тоҳир Азиззода  мерасонем. Ба кормандони газетаи “СССР” низ комёбиҳои эҷодӣ таманно дорем! Мо метавонем!!! 

Олимбеки Зиёиён, н.Мастчоҳ, тел: 917548252

 

Чоршанбе, 21 Октябр 2020 08:40

 Тоҷикистон чанд шаҳри қадимаи таоруфӣ дорад, ки дар онҳо ҳама якдигарро мешносанд. Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, Исфара, Ҳисор….намунаи олии консерватории ин миллату кишвар аст. Вале мо имрӯз дар бораи Кӯлоб ҳарф мезанем. Зеро қаҳрамони матлаби мо-қаҳрамони ҶБВ, қаҳрамони меҳнат, барандаи Ордени Ленин, Бобои Ғуломи таърихӣ ва таърифӣ аз ин шаҳр буд…

Бобои Ғулом одами оддӣ на, ки чеҳраи Кӯлоби бостонӣ буд, зеро қариб ҳар сокини Кӯлоб рӯзе набуд, ки нагӯяд: -Ба гуфтаи Бобои Ғулом…!!!

Роҳи охирин…

11.10.2020. Субҳи солеҳон, Ғулом Шарипов-иштирокчии ҶБВ, дар синни 96 солагӣ, аз олами сифлӣ буридаву бар улвӣ бупайваст. Ҷанозаи марҳум дар боғи худаш баргузор гардид. Ҳамон боғе, ки дар соли 2004 Абдуқайюми Қайюмзод, ки бо устод Ботиров, Мирзонабӣ Холиқзоду Барот Юсуфиву Раҳматкарими Давлат, дар тамузи тобистон ба хатнасӯри писари банда омада, зери сояи дарахтон нишастанд, гуфта буд:

-Боғи Бобои Ғулом набошад, кӯлобиҳо куҷо мераванд?!

...Рӯзи якшанбеи гузашта, дар ин боғ ҷои сӯзанпартоӣ набуд. Гӯиё Кӯлоб мотам дошт ва табиист, ки намози ҷанозаро Мулло Ҳайдар Шарифзода-маъруфтарин домуллои вилоят хонд ва дар бораи Бобои Ғулом гапҳои хуб гуфт. Суханҳое, ки ҳама медонист...

Бобои Ғулом

Вежагии Бобои Ғулом дар дилсофӣ ва содагияш буд ва камтар ҷанозае дидаам, ки мардум саф-саф, бо ашки шашқатор, аз пайи тобут рафтаву корномаи раҳматиро ёд карда, механданд. Ашку табассум, ғаму нишот... Ингуна парадокс танҳо барои одамони Худодода ва ҷаннатӣ муяссар мегардад. Мо низ чанд қиссаи марҳумро ин ҷо мекорем. Мо Метавонем!

Зани мурда-зиндаи Бобои Ғулом

Бобои Ғулом дар ҷавонӣ рухбоз буд ва хеле бонувонро дӯст медошт. Эксковатор дошту сар аз Дарвоз то Нораку Қурғонтеппа, дар маҳдудаи вилояти Кӯлоб, роҳҳои ДСУ-4-ро месохт. Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта, ки ҷавони ҳузарби нав аз корзори Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргашта буду “шустряк”, дар 1 деҳаи дурманзари Шӯрообод, 1 беваро во мехӯраду 2 ҷуфт калушу маҳсӣ, 3-4 метр читу сатин бурда, хостгорӣ мекунад ва мегӯяд, ки “занам нав мурдааст”. Он замон на телефон буд, на радио ва на телевизор. Вале зани сипоҳи шӯроободӣ, мегӯяд, ҷавобамро фардо медиҳам ва ҳамон рӯз хеста, бо адреси хонаи Ғулом (он вақт Бобо набуд), ба ш. Кӯлоб, кӯчаи Куйбишев, гузари Аэропорт меояд. Мебинад, ки 1 зани сабзинаи мӯяш то замин, гов мечаронад. Дуову дуруд гуфта мепурсад:

-Ғуломро, дугон, мешносӣ?

Он зани говчарон, ки аз қазо холаи Садафмоҳ-завҷаи Ғулом буд, мегӯяд, хеле хуб ва аз наздики наздик мешиносамаш! Сипас “арӯс” боз мезпурсад, ки “Рост аст, занаш ба наздикӣ мурдааст?”. Холаи Садафмоҳ мегӯяд, “кӣ гуфт?”, ки меҳмон мегӯяд, “худи Ғулом”. Холаи Садаф мегӯяд:

-Оре, мурдааст ва ҳамон “раҳматӣ” манам!

Акнун худ тасаввур кун, хонанда, ҳоли бобои Ғуломи “бевамардро”: Шӯроободӣ ӯро рад мекунаду дар хона холаи Садафмоҳ бо ҷорӯби кундук интизор...

Ҳайбати немис

09.05.1980. Мактаби №27. Вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҶБВ. Бобои Ғулом дар трибуна назди микрофон нишастааст. Ин замон Бахтиёр Ятимзода, 1 хонандаи мактаб, бо дастури муаллимин, ба Бобои Ғулом савол медиҳад:

-Бобои Ғулом, Шумо ягон немисро асир гирифтаед?

Таври маълум дар шӯравӣ немисҳоро тарсончак, беҷонак тасвир мекарданду иштирокчиёни ҷанг таърифу тавсифу дағ-даға аз корзори хеш доштанд. Вале Бобои Ғулом, ки ҳақиқатгӯ буд, ба ин суоли хонанда, аз микрофон чунин посух дод:

-Чӣ, чӣ, асир? Бачам, унҳоро немис меган, очата зин мезананд!

Дидори Гитлер

Соли 1943. Ғулом Шарипов бар асари захму ҷароҳати зиёд танҳо дар қатора ба худ меояду мепурсад, куҷо равонаем? Гулдухтари табиб мегӯяд, “Сӯи Тоҷикистон. Ҷанг барои Шумо адо!”. Бобои Ғулом мегӯяд:

-А, бачаҳалоко, намонден, 1 бор ҳаму Гитлера медидуму насиҳаташ мекардам, ки ин г...хӯрира бас кунад???

Ҳиммати Бобои Ғулом

09.05.2020. Раиси ш. Кӯлоб бо муовинонаш хонаи Бобо омада, 1 гулдаста ва 500 сомонӣ тӯҳфа меоранд. Бобои Ғулом 500 сомониро ба дасти Алии Беҳудуд-писараш дода мегӯяд, “Бачам, болояш 1-2 сӯми дигар монда, давида рафта аз бозор гӯшту пӯст биор, ки ба фикрам раис гурусна менамояд...”!

PS: Бобои Ғулом умри дарози пурбаракот дид. Гуфти худаш аз 1 сағераи почакандаи гуруснаву бараҳна, давлати СССР ӯро одам кард, ҷанговар сохт, Русияро аз фашизм наҷот бахшид, соҳиби обрӯ, пулу мол, хонаву дар, зану фарзанд ва садҳо набераву абераву чабера ва муҳимтар аз ин-обрӯ кард. Худаш аз зиндагонӣ аз замин то осмон розӣ буд... Рӯҳат шод ва хонаи ахиратат обод бод, Бобои Ғуломи ҳамаи мо. Омин!!!

 

Ҷумъа, 16 Октябр 2020 16:14

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter