ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 07 Октябр 2020 09:20

Ҳафтаи равон 1 гурӯҳ сокинони хонаи №10-и гузаргоҳи 1-уми к.М.Турсунзода ба идораи редаксия муроҷиат намуда, аз амалҳои ғайриқонунии ширкати сохтмонии “Кристалл-сохтмон” шикоят карданд. Мардум мегӯянд, ки ширкати мазкур хонаҳои онҳоро ғайриқонунӣ, бе имзои шартнома вайрон карда, қисмати болопӯши ин бинои истиқоматиро алакай тахриб намудаанд. 

Сарпарасти “Кристалл-сохтмон” кист?

Бояд гуфт, ки роҳбарии ширкати “Кристалл-сохтмон”-ро нафаре бо ному насаби А. Абдулҳамидов бар ӯҳда дошта, дар бораи сарпарасти асосии ширкат касе маълумот надорад.  Сокинони бино то ин дам алакай 2 маротиба ба унвони раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ, ба Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон ариза ва мактуб ирсол кардаанд, вале ҳамаи ин кӯшишҳо барои барқарор намудани адолат бенатиҷа монда, мақомоти қудратӣ дар аксари ҳолат худи мардумро гунаҳкор ҳисобидаанд.

Ба гуфтаи сокинон дар ҳаракатҳои намояндагон ва масъулини ин ширкат на танҳо ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, балки ҷиноятӣ низ дида мешавад. Аммо, аризаҳои сокинон аз 14.09.2020 ҳатто корҳои сохтмонии ғайриқонунии ин ширкатро пешгирӣ карда натавонистанд. Ширкати номбурда то ин руз ба корҳои сохтмонии ғайриқонунии зидди қарори раиси ш.Душанбе даст зада, талаботи ин қарорро мадди назар карда, амалҳои ҷиноятии худро давом дода истодааст. 

Сармоя-ҳамагӣ 3000 сомонӣ...

Ба гуфтаи сокинон, ширкати “Кристалл-сохтмон” ба ваъдаи худ вафо накарда, мардумро бо дурӯғи маҳз аз хонаҳояшон берун карданд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ин ширкати хонасозӣ дар фонди оинномавии худ ҳамагӣ 3000 сомонӣ дораду халос. Маҳз ба ин хотир шубҳаи соҳибмулкон зиёд шудаву аз мақомот талаб доранд, ки чаро чунин ширкатҳо барои сохтмони хонаи истиқоматии 25 ошёна роҳ дода мешавад? 

Ҳамзамон лозим ба қайд аст, ки то ин рӯз, мақомоти дахлдор, хусусан раёсати назорати сохтмони ш.Душанберо мебоист, нисбати ҶДММ “Кристалл-сохтмон”, парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба фоидаи давлат маблағи аз 5800 то 11600 сомонӣ фоида меовард. 

Кӣ қонунвайронкунӣ дорад?

Барои нафароне, ки масъуланду аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огаҳӣ надоранд, гуфтаниям, ки дар моддаи 409 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ омадааст: 

Моддаи 409. Риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон. - Барои ҷойгир кардан, бунёд ва ба истифода додани объектҳо бидуни ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва бидуни иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ, инчунин риоя накардани дигар қоидаҳои сохтмони иншоот,-(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1477) ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз 7 то 10, ба шахсони мансабдор аз 30 то 50, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба андозаи аз 50 то 100 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад (100*58=5800) то дусад (200*58=11600) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1477) П.С. 1 нишондиҳанда барои ҳисобот 58 сомонӣ мебошад.

Худаш ҳасту номаш не!

Вобаста ба қазияи мазкур рӯзҳои охир дар тамоми сомонаҳои ичтимоӣ баҳс мераваду ҳамагон талаби дифои ҳуқуқи сокинони ин биноро мекунанд. Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки айни замон бинои №10 к.М.Турсунзода ба харобазор табдил гаштаву дигар имкони дар он зиндагӣ кардан вуҷуд надорад. Акнун пешопеши фасли сармо мардуми бехонамонда додашоро ба кӣ гӯянд? Воқеан ҳам ҳайрон мешавӣ вақте дар интернет ширкати “Кристалл-сохтмон”-ро ҷустуҷӯ мекуниву ҳеҷ асаре пайдо намешавад, боз ҳам дар он замоне, ки ин ширкат бо сармояи 3000 сомонӣ  дар маркази ш.Душанбе 1 бинои 25 ошёна сохтанӣ аст. Мо мавзӯро пайгирӣ мекунем. 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

Чоршанбе, 07 Октябр 2020 09:07

Чоршанбе, 07 Октябр 2020 08:57

Чоршанбе, 07 Октябр 2020 08:55

Муҳаммад Каримов,мухлис ва хонандаи доимии ҳафтаномаи СССР аз н.Ҳамадонӣ (тел 988 34 52 12) зада зада гуфт, ки бо дастгириҳои раиси навтаъсис ш.Кӯлоб боз ҳам симои дигар гирифта истодааст.

   - Пас аз таъин гаштани Абдуқодир Вализода ба вазифаи раиси ш.Кӯлоб мо бо чашми сар дида истодаем, ки дар шаҳр ҳақиқатан дигаргуниҳои кулли ба вуқуъ пайваста истодааст. Метавон инро аз як ҷиҳат пешравии шаҳр ва аз дигар паҳлӯ бошад таъмини ҷойҳои нави корӣ ҳисоб кард. Аз ҷумла гузоштани қуттиҳои партов дар ҳамаи хиёбонҳои шаҳр ҳам навгонист. Ба воситаи нақлиёти махсус дар ҳудиди шаҳр ҳамарӯза суханони Пешвои Миллат садо дода, ин аз 1 тараф ҳисси ватандӯстии сокинон ва меҳмонони шаҳрро баланд мебардорад. Якчанд қитъаи шаҳр бо оби нӯшокӣ таьмин гардид. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун машқҳои пагоҳирӯзи ташкил шуда, ҷавонон ба варзиш ҷалб мегарданд. 

 

Чоршанбе, 07 Октябр 2020 08:53

Тоҳири Абдуҷаббор, хонанда ва муаллифи доимии газетаи мардумӣ (тел: 98 741 77 41) занг зада дар бораи миёнаравҳо дар бозори чиптафурӯшӣ изҳори назар кард. 

Мушкили муҳоҷират дар хонадони мо ҳам асар кардаасту чанде аз фарзандони бо машаққат калонкардаамон дур аз Ватану аҳлу оила дар ҷустуҷӯи қути лоямутанд, аммо муддати 1 моҳ мешавад дар навбати рейсҳои чартерианду ба Ватан бозгашта наметавонанд. Чиптаҳои парвозро миёнаравҳо бо нархи хеле ҳам боло мефурӯшанд. Шанбеи аввали сентябр ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ барои бо роҳи сабуктар ва ба миёнарав омадани яке аз наздиконам ташриф овардам ва бо муовини вазир дар ин бора мо суҳбат намудам. Аз он арзи шифоҳӣ инак зиёда аз 10-рӯз мешавад. Аммо…

 

Чоршанбе, 07 Октябр 2020 08:49

Раёсати андоз дар вилояти Хатлон вобаста ба мақолаи «А. Ҷомӣ: маоши омӯзгор аз андоз вобаста аст?»-ро, ки дар ҳафтаномаи “СССР” аз 09.07.2020, № 25 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода чунин иттилоъ медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ иҷрои нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи А. Ҷомӣ ба андозаи 73 % таъмин гардида, ба ҷойи 17 млн. 135 ҳазор сомонӣ, ба буҷет 12 млн. 444 ҳазор сомонворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 4 млн. 691 ҳазор сомонӣ  ва нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли 2019 воқеан ҷамъоваригардида ба андозаи 1 млн. сомонӣ кам мебошад. Яке аз сабабу омилҳои мусоидаткунанда, ки боиси таъмин нагардидани нақшаи андозҳо дар ноҳияи А. Ҷомӣ гардидааст, аз як тараф дар сатҳи дахлдор дуруст ба роҳ намондани маъмурикунонии андозҳо бошад, аз дигар тараф дуруст ба инобат нагирифтани манбаъҳои воқеии андозбандӣ дар ҳудуди ноҳия  асос шуда метавонад.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хуруҷи  сироятии COVID-19 низ дар давраи ҳисоботии семоҳаи дуюми соли ҷорӣ таъсири манфии худро расонда, дар натиҷа ба кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва музди меҳнати кормандон дар як қатор субъектҳои хоҷагидор ва инчунин афзоиш наёфтани музди меҳнат ва кам гардидани шумораи коргарон оварда расонид. Аз ҷумла, аз ҳисоби 20 адад корхонаҳо шумораи коргарон 165 нафар кам гардида, дар 18 адад корхонаҳо фонди музди меҳнат ба маблағи 432,9 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Бақияпулии  қарзи андозҳо ба ҳолати 01.01.2020 маблағи 8129,7 ҳазор сомонӣ ва ба ҳолати 01.07.2020 бошад 7778,9 сомонӣ мебошад, ки нисбати аввали сол 350,8 ҳазор сомонӣ коҳиш дода шуда бошад ҳам, шумораи қарздорон 346 ададро дар бар мегирад ва дар як қатор корхонаву ташкилотҳо рӯ ба афзоиш дорад ва нигароникунанда мебошад. Аз ҷумла бақияи қарзи андозҳо дар ҶДММ «Чилча» - 3635 ҳазор, ҶДММ «Суҳроби Ҷамол»- 2938 ҳазор, ҶДММ «Пушинг 2013» - 2144 ҳазор, муассисаи «Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи А. Ҷомӣ» - 1641,5 ҳазор, ҶДММ «Шамол» -1327,6 ҳазор, ҶДММ «Шаҳром» - 1304,8 ҳазор, ҶДММ «Файзи Ҷомӣ» - 1069 ҳазор, муассисаи идораи давлатии истифодабарии канали «Баҳористон» - 590 ҳазор ва ҶДММ «Шоҳрух»-448 ҳазор сомониро ташкил мекунад.

С.Раҷабов, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон 

 

Чоршанбе, 07 Октябр 2020 08:40

Дуруду саломи самимӣ “СССР”-и арҷманд! Аз раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҷаноби  Мироҷ Абдулоев пурсиданиям:

   - Муҳтарам раис 70 ҳазор коммунист куҷо шуд? Чаро шумораи онҳоро Шумо кам нишон додаед? Бо қадамҳои устувор сӯи интихобот равон гардед!

Одил Ҳомидов ,узви ҲКТ, ш. Гулистон тел: 929055172

 

Чоршанбе, 07 Октябр 2020 08:35

Ҷаноби Сарвазир Коҳир Расулзода! Умедворам тавассути газетаи мардумии «СССР» ҳатман аз ин арзи ман ба шумо хоҳад расид. Шуморо аз давраи вазири хоҷагии об ва мелиоратсия мешиносам, банда он замон ба ҳайси сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон кор мекардам. Дар ҷамъомадҳое, ки шумо ба коркунони соҳаи обтаъминкуни вилояти Хатлон оиди ҳолати истифодаи оби полезӣ мегузаронидед, аз муҳандиси нотакрор дар илми назариявию амалии мелиоратсия буданатон дарак медод. Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб карда буд ин давраи дар мансаби раиси вилояти Суғд фаъолият доштанатон аст, ки дар маркази ш.Панҷакент зиёда аз 12 соат бетанаффус арзу доди шаҳрвандонро гӯш кардед. Ин сарбози Ватан будани шуморо исбот намуд. 

Ҳоло мехоҳам ба самъи шумо 1 масъалаи ҷиддиро расонам. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо оилаҳое, ки дар он нафаре гирифтори бемории рӯҳӣ бошад, кам нестанд. Муттаассифона, нафақапулии чунин беморон хело ночиз асту ба харидани доруҳои зарурӣ намерасад. Бояд гуфт, ки доруҳои маризони рӯҳӣ нисбат ба дигар доруҳои муқаррарӣ 40-45 % гарон аст. Онҳое, ки гирифтори бемории рӯҳианд 90-95 дарсад дар оилаҳои камбизоат зиндагӣ мекунанд. Хуб мешуд агар ба нафақаи чунин ашхос моҳе 300-350 сомонӣ барои дорупулӣ зам карда шуда, барои гирифторони беморони касалиҳои рӯҳӣ дорухонаҳои махсус таъсис меёфт. 

Сангалӣ Раҳимзода, Корманди шоистаи Тоҷикистон 

 

саҳ 8 аз 9

Китобҳо

Flag Counter