ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 07 Октябр 2020 08:28

Боре андешидаед, ки Рӯдакиву Шоҳин, Носири Хусраву Мавлавиро барои маҳаллаҳоямон мепарастем?! Дар сӯҳбат бо фарҳангиён сахт ҷуғрофиёи таваллуди имрӯзаи ин удабо таъкид мегардад. Ва гумони ғолиб бар ин аст, ки агар ин ё он шоир аз маҳаллаи мо намебуд, пас ӯ парвардаи тахайули мо намешуд. Ҳамин аст, ки ба Шоҳин дар Кӯлобу ба Носир дар Қӯрғонтеппаву Қубодиён ва ба Рӯдакӣ дар Панҷакент пайкара гузоштаем…

 

Тарсам, нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,

К-ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст!

(Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозии Тоҷик)

 

Дӯсти зиёд фарҳангӣ ва интеллигентам, ки аз Миллат ва фарҳанги он сахт дифоъ мекунад (дар сухан ва танҳо дар он!) эрод бар ҳар во¬жае мегирад, ки «туркиву ба Тоҷикӣ роҳ бурда» бошад. Кор то ҷоест, ки ҳар калимае, ки ӯ намедонад Тоҷикист, шадидан туркиш мехонад ва барои корбурди он садд ме-гузорад. Пафоси лжемиллии ӯ то ҳаддест, ки бовар кунед, дар сӯҳбат бо ӯ ҳатто аз Тоҷикӣ ор мекунӣ. Ба таҳқиқ мардум дар бораи ӯ аз масали «хизмати хирсона» кор ги¬рифтааст. 

Боре суолаш додам, ки «Медонӣ, ту шодихӯрдаи пан¬туркизм ҳастӣ?», ранҷид. Ӯ ранҷид, вале дар умқи наза¬раш дидам, ки бо ман розӣ аст…

Боре андешидаед, ки Рӯдакиву Шоҳин, Носири Хус¬раву Мавлавиро барои маҳаллаҳоямон мепарастем?! Дар сӯҳбат бо фарҳангиён сахт ҷуғрофиёи таваллуди имрӯзаи ин удабо таъкид мегардад. Ва гумони ғолиб бар ин аст, ки агар ин ё он шоир аз маҳаллаи мо намебуд, пас ӯ пар¬вардаи тахайули мо намешуд. Ҳамин аст, ки ба Шоҳин дар Кӯлобу ба Носир дар Қӯрғонтеппаву Қубодиён ва ба Рӯдакӣ дар Панҷакент пайкара гузоштаем…

Идеологияи тафриқаандози пантуркистӣ, ки 100 сол муқаддам сари миллатро буррид, имрӯз дубора аз худ да¬рак медиҳад ва моро ба гунаву шеваи дигар фаро гириф¬тааст. Ин раванди барои миллати Тоҷик махуф, ки дар тӯли асри 20 гаҳвораҳои фарҳанги миллатро рабуда буд, ҳамакнун дар ҷомаи пурхатартари ҷадид (на ҷадидизм) зуҳур мекунад. Нафаҳмидед? Мефаҳмонам:

- Дар замоне, ки миллатҳои ҷавони ҳамҷавор аз тариқи зӯр номи Тоҷикро аз тоблуи шиносномаҳо ба тав¬ри сунъӣ зудудаанд, мо Тоҷики асил меҷӯем!!! 

…Тоҷики асил, яъне КӢ?! Оне, ки ба иддаои мо 7 пушташ Тоҷик аст? Мебахшанд, шахсан барои фарҳанги миллӣ ҳамоне асилзодааст, ки хасеро дар таърихи мил¬лат болои хасе гузошта бошад. Кор то ҳаддест, ки имрӯз мо генҳои ягона қаҳрамони Миллати Тоҷик ва мубориз дар баробари урдуи муғул-Темурмаликро кофтан дорем; Ӯ Тоҷики асил буд, ва ё хуни туркӣ дошт?!

Дар мавриди асилзодаҷӯӣ мо асолатбохта гашта¬ем! Беҳтарин чеҳраи миллӣ, сарсупурдатарин Тоҷик ва ҳатто нафаронеро, ки миллатро аз вартаи маҳви солҳои 90 вораҳонидаанд, дар сӯҳбатҳои «фиш-фиш» мо реша¬коб мекунем; мабод агар овозаи дурӯғе бар гӯши мо аз 1 дайдуе бирасад, ки «бобокалони фалонӣ … турк аст» … хурсанд мешавем. Намешавем? Мешавем!!!

Гӯё ба миллат хидмате кардем; генҳои Тоҷикеро ёф¬тем: Ӯ асилзода нест! Зеро тешаи тафриқаи пантуркизм сари моро дукафон кардааст. 

Ин ҳама дар мавридест, ки 70 сол аст, бо таассу¬фи зиёд мегӯем, Тоҷиконро дар даврони шӯравӣ, бо зӯр дар Ӯзбакистон ӯзбак карда буданд. Хуб карда буданд! Сазои мо ин аст; сазои мое, ки нафареро, ки дар паспорташ «Тоҷик» навишта¬анду худро Тоҷик мехонад, решаи муғуливу туркиашро меҷӯем, ана ҳамин асту бас! 

Ин ҳама асолатҷӯӣ дар мавридест, ки дигар Тоҷик будан, мояи фахр ҳам нест; таҳқир аст. Бовар надоред? Боре бо паспорти Тоҷикистон аз марзи кишварҳои ҳамсояи ИДМ гузар кунед. Чӣ расад ба Русия?…

Миллати лӯлиҳоро дар Ӯзбакистон Тоҷик менави¬санд. Медонед барои чӣ? Барои ор кардани Тоҷик аз мил¬лати худ. Ва бо ин ҳама мо решаи нафареро меҷӯем, ки ба бахти бади худ Тоҷик асту аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон омадаву парчами фарҳангро бардоштааст…

Чаро бо Лоиқ дастобагиребонем? Боре аз худ суол кардаем? На! Суол кардаем, ки КӢ зидди Лоиқ барома¬дааст? Гузашта аз ин КӢ аз Лоиқ пуштибонӣ мекунад, дар ин баҳсҳои бемантиқи «аввал мурғ буду баъд тухм»? Ҳамаи онҳое, ки дар ин моҷаро даст доранд, аз ҳар 2 тараф шодихӯрдаи идеологияи пантуркистии ихтило¬фандозанд! Лоиқ ниёз ба пуштибон надорад! Лоиқ ниёз ба оппонент ҳам надорад! Танҳо ин рашки маҳалл аст, ки мо ба Лоиқшоҳ санги маломат бизанем: Зеро шоири ҳаммаҳалли мо маҳбуби дилҳо чу Лоиқ нест! Ва кор то ҷоест, ки номи Лоиқро ба таври сунъӣ аз хотираи мил¬лат шустан дорем. Чаро имрӯз Лоиқ аз маҳофили ада¬бии мо ғайб задааст? Чаро ҷуз ҳаммаҳаллаҳо ӯро пуш¬тибоне нест? Чаро сабтҳои Лоиқу Ашӯр Сафарро бояд ҳаммаҳаллаҳо ва пайвандони онҳо бо 100 зориву зӯрӣ аз тариқи ТВ ва Радио ба мардум пешкаш кунанд? Ва чарои охирин: 

-Чаро пайкараи Лоиқро дар Панҷакенту Ашӯр Са¬фарро дар Кӯлоб сохтем??? 

Зеро идеологияи тафриқаандози маҳалгароии пан¬туркизм ба решаҳои мо часпидааст. 

Зеро мо фикр дорем, ки Лоиқ панҷакентиву Бозор файзободӣ, Муъмин дарвозӣ ва Ашӯр кӯлобист. 

Воқеан ҳам, имрӯз, ки корҳои созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият босубот давом доранд, дар навбати аввал мо бояд аз ин микромаҳалчигӣ оҷилан ҷилавгир шавем, зеро фардо дер хоҳад шуд. 

Зеро имрӯз ин раванд ҳомила аст: Ҳомили миллатчаҳое бо ҳамин номҳо; 

миллати панҷакентӣ, файзободӣ, дарвозӣ, кӯлобӣ, помирӣ, хуҷандӣ…

Интеллигенсияи шодихӯрдаи Ғафурову Турсунзода¬ву Раҳимзода, ки аз марзи 60 убур кардаанд, имрӯз ба ин падидаи нангин хамӯшона менигаранд. Фикр мекунам, ки ин хамӯшии тарсолуда аст! Зеро мо, воқеан, интелли¬генсияи ҷасур на дорем ва на доштаем! 

Ин ҳамон СССР буд, ки интеллигенсияи моро таҳрик медод ва ҷасорат ҳадя мекард. Ҷасорати сунъӣ! Ҷасорати моломол аз тарс. Ҷасорати зодаи тарс!!! Вагар-на имрӯз, ки ҳатто худи Президент ливои миллатро ба даст гирифтааст… ин мардум интизори амр ё супориш намеистод, то аз миллати хеш пуштибонӣ кунад... 

Тасаввур кунед, ки имрӯз пешвои миллат ... миллатдӯстдор намебуд: Даҳшати пирӯзро тасаввур кар¬дед? 

Оре, даҳшат аст, зеро мо интеллигенсияи ҷасури миллӣ надорем. Аммо ҷасорати маҳалл дорем; боз чигуна ҷасорате!

Кор то ҷоест, ки шашмақомро ӯзбекӣ мехонему Фа¬лакро моли авом?! Оё ҳамин тавр нест? Ин суол ба на¬мояндагони интеллигенсияи 4 гӯшаи Тоҷикистон аст. Биёед, 1 бор мардона иқрор шавем, ки чунин ҲАСТ! Ва агар ҷои эрод бар ин нукта, мардона даст рӯи сина гузоштаву бигӯем, оре, чунин буд, ҳаст, пас нахустин қадамро дар роҳи иттиҳоди мил¬лат гузоштаем. 

Мо набояд Шашмақому Фалакро ба хотири риояи таҳаммулпазирии маҳаллаҳо гӯш кунем, навозем, бишна¬вем ва … тоқат кунем. Ин лжесиёсати таҳаммулпазирии маҳалла аст, ки миллатро дучори балову батар кардааст ва ҳам мекунад. Парчами миллатпарастиро то аз чан¬ги сиёсатмадорон гирифтаву ба дасти интеллигенсия надиҳем, вомондагонем!

То рӯзе ки чароғи маҳофили ёдбуди Ашӯр Сафарро дар Кӯлобу Лоиқро дар Зарафшон равшан доштаву му¬зейи Қаноатро дар Дарвоз бунёд мекунем, вомондаго¬нем!

То замоне ки пайкараи Шоҳин дар Кӯлобу Рӯдакӣ дар Суғд асту Носир дар Қӯрғонтеппаву Қубодиён, дар¬мондаем!

То рӯзе, ки мо ҷасорати пиндор надорем, осебпази¬рем!

То даъвову дағо сари ҳазрати Лоиқ ҳаст мо … аслан миллат нестем, чӣ расад ба асолатамон! 

«СССР», албатта, талош хоҳад кард, ки ин раванди номатлубро решакан кунад! Ва ҳам мекунад. Тоҷикон мақоле доранд, ки «1 гул баҳор нест». Аммо ин мақоли тарсӯён аст. «1 гул баҳор ҳаст!», агар боғбони хуб дошта бо¬шад! Ва мо он боғбоне мегардем, ки ин гулро ба гулзор ва гулзорро ба чаман ва чаманро ба Меҳан бадал мекунем. Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 02 Октябр 2020 11:11

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 9 аз 9

Китобҳо

Flag Counter