ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 28 Октябр 2020 09:00

Садсолаҳост, номе бо тахаллуси Зулқарнайн, ки дар Қуръон омадааст, миёни уламои фиқҳ баҳсҳо эҷод мекунад. Зумрае ӯро Куруши Кабир ном мебаранд-нахустин шоҳаншоҳе, ки бузургтарин империяро асос гузоштаву ба ҳама адён ва мазоҳиб иҷозати фаолият додааст. Куруши Кабир нахустин императоре низ ҳаст, ки ба қавми яҳуд ва мӯсоиён, на танҳо иҷозати тарғибу ташвиқи яккахудоӣ дод, ки ин халқу ин динро аз нестии кулл раҳо кард. Зимнан, яҳудиён то ин замон аз ӯ арҷ мегузоранд…

Душмании мантиқӣ

Ва ана ҳамин коре, ки ӯ дар ҳаққи душмани №1-и аъроб кард, симои ӯро дар олами араб манфур сохт. Зеро таври маълум миёни аъробу яҳуд душмании хунӣ ва абадист! Ва ин адоват аз даврони Ҳазрати Иброҳим сар мешавад. Ёд оред моҷарои Соро (Сара)-ву Ҳоҷар ва Исмоъилу Исҳоқ (Ицхак)-ро. Ёд овардед? Ана акнун 1 масали арабиеро ин ҷо мекорем, ки аз қавми араб ба мо-тоҷикон сироят кардааст:

Амакбачча-душманбачча!!!

Зеро писарони Исҳоқ асосугзори қавми яҳуд шуданду фарзандони Исмоъил аз араб. Ва ин адовати амакбаччаҳо то рӯзи қиёмат давом хоҳад кард…

Имрӯз ҳам ин 2 қавм даъвоҳои шаръиву китобиву мазҳабиву диниву дунявиву марзиву тобеъӣ доранд. Ва аҳсант ба арабҳое, ки аз мавқеи худ 1 қадам қафо намераванд. Зеро манофеи миллии хешро ҳифз мекунанд! Аммо моро чӣ бало задааст, ки ба Куруши Кабир душманӣ варзем? Чаро Курушро муллоҳои мо инкору Александрро, лашкаркашеро, ки нимаурён мегашту дар пояи тахташ оргия, вакханалия, секси гурӯҳӣ (маъзарат) мекарду никоҳу талоқро намедонист, даҳҳо худочаро мепарастиду санаму бутҳоро саҷда менамуд ва худро «Писари Худои Худоҳо-Зевс» мехонд…пайғомбари Худо мехонанд? Ин муллоҳо 1 бор таърихчаи зиндагонии Александрро варақ зада бошанд ва ё аз ин гӯшам ба ун гӯшам-ба гӯши чаппаргӯшам, гуфта, ваъзи кадом муллои недоучи арабро аз асри 8-9 то даврони мо кашида меоранд? Ақаллан сураи Ихлосро хонед, пеш аз оне, ки мисли шоироне чун Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба ин дом фитодаву Искандарномаҳо менавиштанд, сафсатта хонед! Шумо-муллову немулло ва хонандагони оддии ман 1 бор ба расму тасвирҳои антиқавӣ, ки Александр ва аҳли ҳукуматашро тасвир кардаанд, мутаваҷҷеҳ шудаед? Марҳамат, бинед. Махсус барои шумо ин ҷо коридем... 

Дидед? Кадом пайғамбари барҳаққ чунин беадабӣ, беақлӣ, бехудоӣ ва бефарҳангӣ мекунад? Ва ҳам дар куҷо ва кай, ваҳйе ба чунин шоҳи бадахлоқ расида бошад, ки ман надидаву нахондаам??? …

Ман, навсиандаи ин сутур бисёр фикр кардам, ки чаро муллоҳо Искандар, он же Александрро, пайғамбар мехонанд?! Ва ба хулосаи мантиқие расидам:

 Душмани душман-дӯсти ман аст!

Александрро танҳо ба ин хотир, ки ӯ Авастову Персополис, мутаносибан Китоби муқаддас ва пойтахти Тоҷикон-форсҳоро сӯхтааст, арабҳо (на Худо ва на Қуръонаш) пайғамбар мехонанд!

Ин фикри шахсии ман аст ва метавонад хато ҳам бошад. Аммо дигар ман ягон бузургии Алексро наёфтам. Хунхор, хунрез, ғар, ҷалаб, зинокор, валадуззино, одамкуш ва нафаре, ки худашро Худо (писари худо боз кӣ мешуд?) хондааст. Куҷо чунин пайғамбаре дигар дармеёбед?

Вале мутаассибини араб, ки баъди ғасби Эрони Бузург дар симои идеологияи Авасто ва шоҳони Тоҷику порс душмани №1 дидаанд, Александрро барои Авастосӯзияш пайғамбар хонданд. Яъне, мантиқан, пайғамбари Худо-Александри валадуззинои нимбараҳна ва нимаурёну хунхор, ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш Авасторо бо амри Худо сӯхта буд! Ва тамом!!! То ҳанӯз муллочопакҳои мо фикр доранд, ки Алекс пайғамбар аст ва дар мадҳи қотили Тоҷик, қотили Спитамон-падарбузурги қаҳрамони хеш, валангорсозандаи Самарқанду Чочу Бухоро ва Персополис…сикандарномаҳо менависанд…

Аҷобати дигар ин аст, ки аъроб пайғамбарии Искандарро ун давроне мегуфтанд, ки таври маълум ҳама мардуми Эронзамин зардуштӣ буд ва чунин бархӯрд барои идеологияи араб лозим. Ва аммо имрӯз, ки фарзи мисол, дар Тоҷикистон 1 зардуштӣ нест, чаро Александр пайғамбар бошаду Куруши Кабир на?

Суолест, ки барои дарки он камтаракак ақл лозим, 1 чизи хокистарранге, ки аҳли бидъат ва таассуб қариб надоранд…

 

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 08:57

Абдулаҳат Наврузов, омӯзгор мухлис ва хонандаи доимии газетаи “СССР” аз ш.Панҷакент занг зада (тел: 92 633 34 92) гуфт, ки муомилаи Носир Бобоев маро сахт дилсард кард. 

   - Корафтода шудаму роҳ гирифтам ба шуъбаи шиносномадиҳии ШВКД-и ш.Панҷакент. Баъди интизориҳои зиёде навбатам расиду даромадам. Мутаасифона бо як нафаре рӯ ба рӯ гаштам, ки аз шаҳрванди оддӣ ягон фарқият надошт. Манзурам аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки Носир Бобоев, корманди шуъбаи шиносномадиҳӣ буда, либоси низомӣ надорад. Аз ин рӯ натавонистам рутбаи ҳарбии эшонро муаян созам. Бало ба паси ин ҳама, барои гирифтани як имзо чандин соат мунтазир шудаму корам бошад нотамом монд. Дар баробари оне, ки ин корманд вазифаи худро иҷро намекунанд боз муносибати дағалона дорад.  Мегӯянд, ки Бобоев кайҳост, ки ба нафақа баромадааст, лекин аз курсияш даст намекашад. Ба воситаи газетаи мардумии “СССР” талаб мекунам, ки дар ҷойи чунин нафақахӯрон кадрҳои ҷавонро ба кор таъмин кунанд. Ногуфта намонад, ки имрӯзҳо кадрҳои ҷавони басаводу бофарҳангу хушмуомила кам нестанд.

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 08:54

Тоҳири Абдуҷаббор, мухлис ва муаллифи доими газетаи мардумии “СССР” аз н.Ховалинг занг зада (тел: 987 41 77 41) гуфт, ки мардуми Кӯлоб дар ҳақиқат миллатпарастанд. 

   - Вақте ман дар ш.Кӯлоб меҳмон будам ягон чойхона ё ошхонаеро бо номҳои ғайримиллӣ надидам, баръакс ҳамаашон бо номҳои сирф миллии тоҷикӣ навишта шуда буданд. Ба 1 қаҳвахона даромадам ва аз Умедҷон гуфтанӣ корманди онҷо пурсидам, ки чаро дар ин наздикиҳо ягон лағмон ва ё самбусаи уйғурӣ дида намешавад?  Гуфт: -“Амакҷон, ин ҷоро Кӯлоб мегӯянд ва мардуми мо хӯрокро аз номаш нею аз таъмаш баҳо медиҳанд”. 

Воқеан ҳам ин ҳолат маро хело хурсанд намуд, ки дар ин минтақа хӯрокҳои миллиро зиёдтар барои меҳмонон тарғиб мекунанд. Баъдан фаҳмидам, ки дар кадом як гӯшаи Кӯлобшаҳр худи уйғурҳо омада тарабхонае кушодаанд. Дар ш.Душанбе ба кадом хиёбоне, ки надароӣ ҳатман ошхонаҳои гуногунномро мебинӣ. 

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 08:51

Мақолаи журналист Саидҷаъфар Сафарзода, ки дар ҳафтаномаи «СССР» аз 6.08. 2020, № 30 (619) таҳти сарлавҳаи «Суди Хуросон посбони таърихро ҷазо дод» ба нашр расидааст, якҷоя бо маводи парвандаи ҷиноятӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. 

Муайян гардид, ки бо ҳукми суди н.Хуросон аз 22.06.2020 Манонов Холмаҳмад Нуруллоевич бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 200 соат берун аз вақти асосӣ, вале на зиёда аз 4 соат дар 1 рӯз таъин карда шудааст. Аз ҳисоби Манонов Х.Н. ба манфиати хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови ноҳияи Хуросон зарари моддӣ ба маблағи 7540 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Манонов Х.Н. барои он аз тарафи суд маҳкум гардидааст, ки ҳамроҳи бародаронаш Манонов Ф.Н. ва Манонов И.Н. дар мавзеи Сайёди заминҳои фонди озоди хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови н.Хуросон бе гирифтани чиптаи дарахтбурӣ 65 адад буттаҳои гази тарро бурида, ба хоҷагии ҷангали номбурда ба маблағи 7540 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Дар мақола оварда шудааст, ки парвандаи ҷиноятӣ дар заминаи ғарази шахсӣ бо ҷангалбон сурат гирифта, посбони мавзеъи таърихӣ-Қалъаи қадимаи Сайёд Манонов Холмаҳмад барои тоза намудани даромадгоҳи қалъа ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Маоши Манонов Х.Н. ҳамагӣ 330 сомонӣ буда, ӯ наметавонад маблағи зарари муқарраршударо пардохт намояд. Вақте журналист аз судяи суди н.Хуросон далели гунаҳгории маҳкумшударо пурсидааст, ӯ ҷавоби дилбазан додааст, ки «агар гунаҳгор розӣ нест ба суди болоӣ шикоят кунад», вале судҳои болоӣ қарорҳои зерсохторҳои худро бетағйир мемонанд.

Омӯзиши маводи парванда нишон дод, ки гунаҳгории маҳкумшуда Манонов Х.Н. дар ғайриқонунӣ, бе ба даст овардани чиптаи хоҷагии ҷангал буридани 65 адад буттаҳои гази тар, бо нишондодҳои Довудхуҷаи Саидхуҷа намояндаи ҷабрдида-муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови ноҳияи Хуросон, шоҳидон Аҳмадов М., Ҳасанов М., Манонов Ф., Манонов Ф., Манонова Г., Эралиев Х., Боймуродов Ф. протоколҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса  ва далелҳои шайъӣ, суратлавҳаҳо ва навори видеоӣ исботи худро ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки тибқи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда 65 адад буттаҳои бе иҷозати махсус аз ҷониби Маноновҳо буридашуда ба ёдгории бостонии Сайёди муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», ки маҳкумшуда Манонов Х.Н.  дар он ба ҳайси посбон кор мекунад, тааллуқ надошта, ба фонди озоди хоҷагии ҷангали ба номи А. Холови н.Хуросон мансуб мебошад.

Ш.Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии ҶТ

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 08:47

Салом газетаи мардумӣ! Бо умеди шарҳи шумо! Мо нафақахӯрон интизор будем, ки бо содир шудани фармони Пешвои миллат оиди баланд бардоштани нафақа дар хаҷми 15 % каме ҳам бошад аҳволи зиндагиамон беҳтар мегардад. 

Бо "шарофати" дастурамали нави Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати ҶТ нафақаи баъзе гурӯҳи нафақахӯрон ва маъюбон зиёд нашуд. Чаро пешакӣ шарҳ надодед? Алакай дар бозору дорухонаҳо нархҳо ба осмони ҳафтум дака хӯрданд. Президенти ҶТ чӣ фармон содир карду шумо чӣ кор кардед “мӯҳтарам” масъулини соҳа! 

Н.Абдуллозод, нафакахӯри ноумед, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 08:45

- Салом «СССР»-и азиз! Сар аз 1.09.2020 маошу нафақа дар кишвар боз 10-15% зиёд карда шуда, маошхӯрону нафақагирон чӣ қадар афзудани маошу нафақаро дар моҳи октябр эҳсос карданд. Ман дар мавриди маоши кормандони буҷавӣ ва нафахӯрон чизе намегӯям, зеро барои аз они кӣ чӣ қадар зиёд шуд, бояд соатҳо гап заниву қиёс кунӣ. Ман мехоҳам дар бораи нодуруст нақшабандӣ кардани нафақаи маъюбон арз кунам. 

Бубинед, Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд кардани маошу нафақа ба тамоми қишри ичтимоӣ равона шудааст, вале чаро Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ нафақаи маъюбон ва парасторони онҳоро нодуруст тақсимбандӣ кардааст. Ҳамакнун, нафақаи маъюби гурӯҳи 1-ум ва парастори он зиёд карда шуду, нафақаи парасторони маъюбони гурӯҳҳои 2-юму 3-юм не? Ин магар одилона аст? Чаро шумо бо чунин амалҳо ба обрӯ ва нуфузи Президенти ҶТ латма мезанеду бовариро ба Ҳукумати марказӣ коста?

Даврон Шоев, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 08:42

Нахуст мехоҳам тамоми омӯзгорони н.Тоҷикободро бо Рӯзи муаллим табрик намуда, барояшон муваффақиятҳои навро орзу намоям. Дигар ин, ки беҳтар мебуд, агар онро Рӯзи Муаллим нею Иди Кормандони Соҳаи Маориф меномидему мисли давраи Шӯравӣ ботантана таҷлил менамудем. 

Дар давраи Шӯравӣ Рӯзи Муаллим бо як шукӯҳу  шаҳомати хоса  ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз дар Қасри Фарҳанги ноҳия ҷамъомади пуршукӯҳе доир гардида, дар он роҳбарони ноҳия, сардорони ташкилоту идораҳо, роҳбарони мактабҳо ва қисми зиёди омӯзгорон ширкат меварзиданд.

Пас аз ифтитоҳи ҷамъомад мудири шуъбаи маориф доир ба бурду бохтҳои соҳаи маориф гузориш медод.Сипас, хонандагон омӯзгоронро табрик намуда, дар васфи Ватан, Модар, Сулҳ, омӯзгор, китоб ва ғайра шеърҳо қироат менамуданд. Эҳёи чунин ҷамъомадҳо ва ҳавасманд намудани омӯзгорон ба пешравии кори соҳаи маориф такони ҷиддие хоҳад бахшид. 

Бегмат Маҳмудов, Аълочии маорифи ҶТ, н.Тоҷикобод   

 

Чоршанбе, 28 Октябр 2020 08:40

Соли 4-ум аст, ки банда барои баргардонидани пасандозҳоям аз бонки “Агроинвестбонк” ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амният, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ариза менависам. Фоизи фоидаи пасандози банда дар 3 сол, ки ин бонк нагардонид, мувофиқи ҳисобҳо зиёда аз 10 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил менамояд. 

Чаро раиси ин бонк Муродалӣ Алимардонов молу мулки худро дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Ёвон, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ҷойгир аст, фурӯхта, пасандозҳои мардумро намедиҳад? Коршиносон ҳадс мезананд, ки миллионҳо долларҳои мавсуф дар минтақаи офшорӣ ба фоидаи соҳибаш чарх мезанад, вале чаро бонк аз вазъи бӯҳронӣ баромада наметавонад?

Дар замони фаъолияти бонк ва филиалҳои он харҷи зиёд буду ин ҳам боиси муфлис шудани он гашт. Солҳои 80-уми асри гузашта дар деҳаи Заргари н.Кушониён шуъбаи “Амонатбонк” арзи фаъолият дошту шумораи муштариёнаш ба 4000 нафар мерасид. Шуъба аз 2 утоқи корӣ иборат буда, 1 зани рустабор хизмат мерасониду ба ҳама расидагӣ мекард. 

Дар филиалҳои “Агроинвестбонк” бошад солҳои ахири фаъолият шумораи коргарон ба 20-30 нафар расида, ҳама бо компютери замонавӣ кор мекарданду исрофкорӣ аз ҳад гузашт. 

Сангалӣ Раҳимов, Корманди шоистаи ҶТ

 

саҳ 2 аз 9

Китобҳо

Flag Counter