ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 25 Ноябр 2020 17:57

Мишка Галу(чоп)стян, ки солҳои тӯлонӣ Тоҷиконро Ровшану Джумшуд гуфта, тариқи ТНТ-телевизиони Алишер Усманов, таҳқир мекард, худ ва миллати худро Джумшуд кард: арманиҳо, чун персонажи Джумшуду Ровшани Галустян, унитаз ва ҳатто мурдаҳои худро канда гирифта, ба ватани бобоишон гурехтанд!!! 

Воқеан ҳам вақте, 13 сол пеш газетаи мардумии «СССР» бар ҳифозати миллат бархоставу Галучопстянро ба маърази таҳқир кашид, бисёриҳо гумон доштанд, ки мо ба таъбири Лоиқ Шералӣ «Ба ҳован об мекӯбем». Аммо аниқ…дотҳои мо дар бораи Галустян кори худро карданд. Хонандаи азалии мо ёд дорад, ки мо навишта будем, то ин проект хатм наёбад, мо низ таҳқири Галучопстянро идома медиҳем. Ва аз ҳама муҳим ва аҷибаш дар ин моҷаро ин буд, ки 3-4 тоҷикак, ба дифоъи ин Галу хеста, моро ҳатто барои таҳқири ин нафар то суди рафиқонаи Шӯрои матбуоти кишвар кашиданд. Ин ба ном тоҷикакҳо таҳқири миллати хешро таҳаммул мекарданду ҳақорати моро нисбат ба душмани №1-и миллати Тоҷик-ТНТ ва Галустян на. Хуб, дигар чӣ буду чӣ на, муҳим нест. Муҳим он аст, ки ин лоиҳа баста шуд! Мо Метавонем!!!

Ва акнун баргардем сари моҷарои Қарабоғи Кӯҳӣ. Ҷанги Қарабоғ имрӯзу дирӯзӣ нест. Нахустин набарди давомдор дар ин анклав ҳанӯз дар солҳои 1905-07 шуруъ шуда буд. Сипас, бо вожгун шудани Империяи Николайи 2, баъди инқилоби Ленин, Арманистону Озарбойҷон низ худро мустақил эълон кардаву барои Қарабоғи Кӯҳӣ ҷангро сар карданд. Ҷанг солҳои 1918-20 давом кард ва танҳо бо дахолати Армияи Сурх арманиҳо саркӯб шуданд ва анклав чун Вилояти мухтор (автономная область) бо аҳолии армантабор ба ҳайъати Республикаи демократии Озарбойҷон шомил гардид.

Воқеан ҳам болшевикҳо зиёд мардуми зирак буданд ва дар тамомии ҷумҳуриҳои бародарӣ 1 ё 2 анклав, вилоятҳои мухтор ва республикаҳои автономӣ коридаанд, ки онҳоро бомбаи ақрабакаш тӯлонӣ (бомба замедленного действия) меноманд, ки ҳар ҷо-ҳар ҷо ба таркиш меоянд. Фарзи мисол, Қрим, Приднестровйе, Донбасс ва ғ. Фаромӯш накуне(м)д, ки дар мо низ ингуна автономия ҳаст, ки то ҳанӯз фитна дар он хомӯш намегардад…

То соли 1987, то шурӯъи бозсозии горбачёвӣ, ки таври маълум ба сарнагунии давлати абарқудрати СССР овард, Қарабоғ низ «тинҷ» буд. Дар ин сол бо баҳонаи ивазшавии директори совхози Чардахлӣ (ҷои арманӣ озарӣ омад) конфликт шуруъ шуд. Озариҳо арманиҳои ин деҳаро заданд ва онҳо «нахустин гурезаҳои Қарабоғ» гаштанд. Сипас дар Ереван мардум ба по хест ва талаби ба Арманистон пайвастани вилояти автономӣ бо пойтахташ Шуша карданд ва…ҷанги саввуми Қарабоғ шуруъ шуд!

Ин конфликт 4 сол давом кард (1987-91). Ва дар таърихи 28 августи 1991, баъди шикасти ГКЧП, арманиҳо вилояти автономиро Республикаи Қарабоғи Кӯҳӣ эълон карданд. 1 сол баъд ҷанги хунбортарин миёни РҚК+Ереван ва Боку сар зад, ки 2 сол давом кард (1992-94). Баъди пошхӯрди СССР табиист, ки Армияи Советӣ низ миёни ҷумҳуриҳо тақсим шуд (танҳо Набиеви аблаҳ аз ин Армия чизе нагирифт!). Маскав тибқи директиваи № 314(3)022 ба Озарбойҷон чунин силоҳу муҳимот дод:

237 танк,

•325 мошини зиреҳпӯш,

•204 БМП ва БТР,

•170 тӯпи «Град».

Ба Арманистон:

•54 танк,

•40 БМП и БТР,

•50 тӯп.

Бо гирифтани ин силоҳ ҷанг низ шуруъ ва аз тарафи арманиҳо 16500 ва аз ҷониби озариҳо 11557 ҷангӣ кушта шуд. Қарабоғ ба арманиҳо гузашт. 

Дар тӯли 26 соли ахир, Ереван бо ин дастовардаш меболид. Аммо Бокуи расмӣ ба оҳистагӣ мусаллаҳ мешуд. Ҷанги ахирӣ, ки ҳамагӣ 6 ҳафта ё худ 42 рӯз давом кард, нишон дод, ки озариҳо арманиҳоро ғофилгир кардаанд. Ва ҳамааш аз Пашинян сар шуд. Сарвазири наве, ки муҳаббат сӯи амрикову Аврупо дошт. Аз ин ишқи якҷониба Маскавро рашк омад ва пинҳонӣ фармони «ФАС» ба Боку дода шуд. Озарбойҷон, ки бо силоҳу муҳимоти ҷангии муосир муҷаҳҳаз буд, дар 42 рӯз даб-далаи Ереванро бароварду Пашинян маҷбур шуд, капитулятсия кунад. Заминҳои Қарабоғ қариб пурра ба Озарбойҷон баргардон шуд. Ва агар Русия миёнчигарӣ кардаву дубора ба саҳна намебаромад, Боку ва Туркия, ки дуввумин Армияи бузургтарини НАТО дар ихтиёраш аст, Арманистонро ба хок яксон мекарданд.

Аз ин гирудор танҳо 1 чиз мушаххасан маълум гардид: Кремл дӯсти вафодор буда наметавонад ва дар сурати барои худаш мувофиқ мисли Арманистон дилхоҳ шарики стротегияшро зери хатар раҳо месозад. Зимнан, аз ҷанги Қарабоғ тамоми ҷумҳуриҳои дӯсти Маскав, бо шумули Тоҷикистон, бояд дарси ибрат гиранд ва ба «умеди Худо шуда, буттаро раҳо насозанд!». Яъне Армияи худро бояд муҷаҳҳаз кард! Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 19 Ноябр 2020 12:13

   Маъруф Муҳаммадзода, раиси ш.Хуҷанд бо Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа сабукдӯш гардида, ба ҷойи эшон Фирдавс Шарифзода, ки то ин дам дар вазифаи раиси ш.Гулистон кору фаъолият мекард, иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Хуҷанд таъин карда шуд.

    Инчунин, бо 1 Фармони вежаи Сарвари давлат Қурбонзода Амирхон Файзулло аз вазифаи раиси ш.Истаравшан озод ва ба ҷойи мавсуф Маъмурзода Адҳам Маъмур иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Истаравшан таъин гардид. Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода бошад ба ҷойи Фирдавс Шарифзода, раиси ш.Гулистон таъин карда шуд.

   

 

Панҷшанбе, 19 Ноябр 2020 12:09

    Тибқи 1 Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 18.11.2020 Салимзода Шерхон Одина бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ озод карда шуд. 

   Ба ҷойи ӯ Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Мавсуф то ин дам дар вазифаи Прокурори вилояти Суғд кор мекард.

Панҷшанбе, 19 Ноябр 2020 12:06

   Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар ҶТ вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ қарор кард, ки барномаҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави мамлакат манъ карда шавад.

   Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

 

Панҷшанбе, 19 Ноябр 2020 11:38

    Маҳмадсаид Зувайдзода, ки то ин дам дар вазифаи муовини якуми раиси ш.Душанбе кору фаъолият мекард, бо 1 Фармони вежаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз ин симат барканор ва бо 1 Фармони дигари Сарвари давлат раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ таъин карда шуд.

    Қурбонзода Амирхон Файзулло, ки то ин дам дар вазифаи раиси ш.Истаравшан кор мекард, ба ҷойи Маҳмадсаид Зувайдзода муовини якуми раиси ш.Душанбе таъин гардид.

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 12:18

Эълонҳои ташкилоти «Алиф Сармоя»-ро дар оинаи нилгун дидему хостем тавассути кредити онҳо 1 телевизор харем. 27.07.2020 ба идораи «Алиф сармоя» рафтем, ба мо ҳуҷҷат доданду ба мағозаи «Волна», ки дар рӯ ба рӯи Раёсати БДА ВКД ҶТ ҷойгир аст, фиристоданд. Пас аз интихоби зиёд 1 телевизори тамғаи «Остин»-ро бо нархи 2820 сомонӣ харидорӣ намудем. Ман ду моҳ аз нафақаам 160 сомонӣ пардохт кардам, вале баъди 1,5 моҳ телевизор дигар нишон надод. Баъди чанд рӯзи бе оинаи нилгун мондан ба писарам гуфтам, ки телевизорро бо ҳуҷҷатҳояш ба мағоза баргардонад. Писарам оинаи нилгунро бурда пасон гуфт, ки масъулони мағоза гуфтанд, ки он вайрон шудааст.

Номаи кафолат

   Масъули мағозаи «Волна» ҳуҷҷатҳоро мебинаду мегӯяд, ки коғази кафолаташро биёред. Баъдан писарам телевизорро бурда, дар ателеи биноҳои Иттифоқи касаба монданӣ мешавад, аммо онҳо телевизорро намегиранд. Ман 50 сомонӣ дода, аз Роғун ба шаҳр омадам. Рӯзи дигар, яъне 28.09.2020 ба мағоза рафта, ба масъулони он муроҷиат кардам. 1 ҷавон бо ному насаби Сарфароз Дадабоев аз ман хост шиносномаамро диҳам. Шиносномаро гирифта нусхабардорӣ карду гуфт рӯзи ҷумъа биёед, номаи кафолати телевизорро медиҳем. Инро шунида шод шудам, лек шодиам дер давом накард. Он ҷавон бо 1 духтари рус гап заду маро манъ кард-афзуд, ки мактуби кафолат дода наметавонем. Тамоми ҳуҷҷатҳоро баровард, ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар компютер ҳаст, аммо гуфтанд, ки шумо номаи кафолатро гум кардаед, ҳоло он, ки онро ба ман надода буданд.

Телевизор не, дарди сар шуд!

   Ба ҳамон таксӣ нишаста, ба дафтари ташкилоти «Алиф Сармоя» рафтам, дар назди даромадгоҳ мизоҷи зиёде дар интизори навбат буданд. Ба 1 духтарак муроҷиат кардам, ному насабамро пурсида 10-15 дақиқа дар компютер чизе кофту баъд 1 ҷавони дигарро ҷеғ зад, ки номаш Насур буд. Насур иброз дошт, ки ба ҳамон мағоза равед ман занг мезанам. Боз назди Сарфароз Дадабоев омада, аз номи Насур гап задем. Ӯ таъкид кард, ки ба ателе-ҷои таъмири телевизор назди ҳуқуқшинос Галина Николаева равед, иҷозат диҳад мо мактуб медиҳем. 

Назди ҳуқуқшинос омадем. Галина бо мағрур мактуб куҷо шуд гуфта, хеле дуғу пӯписа кард. 1 соати расо шиштам, баъд ҷеғ зада гуфт, ки телефонатона монеду равед, мо ҳал карда занг мезанем. Соати 2020 занг зада  гуфт, ки роҳбарият барои додани номаи кафолат розӣ нашуданд. Нархи таъмири телевизорро бошад устоҳо 200 сомонӣ гуфтанд. Бегоҳ ба таксӣ 80 сомонӣ дода ноумед ба хона баргаштем. Ана фоидаи «Алиф Сармоя»!  

 

Наҷмиддин Худоиев, ш.Роғун         

 

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 12:12

Ростӣ, намедонам, бо кадом ҷурму гуноҳ Баҳром Иноятзода собиқ раиси Истаравшан ва Кӯлоб ҳабс шудааст?! Мегӯянд аз рӯи 6 банди ҷиноӣ. Хуб, ин кори суд аст, ки муайян намояд ва ҳақро ба ҳақдор расонад. Вале то ҷое ман медонам, ӯ на дар Истаравшан ва на дар Кӯлоб, ки раис буд, ҳатто хона надошт! Дар меҳмонхонаи ҳукуматӣ мезист. Дар Истаравшан коре кард, ки ҳазорсолаҳо хоҳад монд: Ӯ Кохи Муғро, ки худи Зардушт дар он ҷо Оташи Муқаддаси нахустини дини Яктопарастиро афрӯхта буд, новобаста ба бархӯрди бади фанатикҳои маҳаллӣ, сохта ба истифода дод.

Вале аҷиби кор ин аст, ки СССР ин қадар мардумро танқид мекунаду ягон масъул парвое надорад. Фарзи мисол гирем, раиси н. Рӯдакиро, ки атрофи пойтахтро шаб ба гӯристони торик мубаддал месозаду дар хусуси «корномаҳояш» торномаҳои сайтҳои иҷтимоӣ пур шудаанд. Аммо раисро ба ҳадде буруташро табар намебуррад, ки ақаллан чароғеро равшан накард, ки накард...

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:58

Мақолаи «Чӣ гуна ман COVID шудам»-и Сайёфи Мизробро, ки дар шумораҳои №40-41 «СССР» 1(5-22 октябри соли 2020) ба табъ расид, пурра хондам. Шукр, ки дӯст ва ҳамкасби мо аз ин беморӣ шифо ёфтааст. Худованд умри дарозаш бидиҳад! Муаллиф дар баробари миннатдорӣ ба табибон рӯйхати дорувориҳоро овардааст, ки гаронарзиш ва истеҳсоли хориҷианд.

Аммо ман чанд нафар дӯстонамро медонам, ки бо истифода аз доруҳои ватании арзон ба фазли Худованд шифо ёфтаанд. Яке аз онҳо сокини маҳаллаи Хоҷа Мӯсои шаҳри Ҳисор Алимардон Ҳусейнов мебошад. Номбурда дар моҳи шарифи Рамазон гирифтори беморӣ шуда, изҳор намуд, ки таъми ғизо ва бӯйро ҳис намекунад, иштиҳоро гум карда, беҳол гаштааст. Яке аз дӯстонаш  7 адад нӯшдоруи аз сиёҳдона тайёркардаи «Антиковид-19»-ро, ки ҳар кадом 100 милилитрӣ мебошанд, барояш дастрас кард. Рӯзе 3 маротиба 1 қошуқӣ аз ин давои табиӣ истеъмол намуда, дар 2 ҳафта ба по хеста, фаъолияти соҳибкориашро идома дод.

Сиёҳдона ва асал-аҷали вирус

Сокини маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Абдулазиз  Ҳикматов  бошад, илова ба нӯшдоруи сиёҳдона аз маҳлули пошанда (спрей)-и «Антиковид-19» низ истифода бурда, шифои комил ёфт. Ӯ ба хотири гирифтор нашудан (профилактика) ба бемории COVID-19 ба тамоми аҳли хонаводааш истеъмоли давоҳои мазкурро  тавсия дод.

Сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Полвонов Сифатулло, ки дар миёни 2 ҳафта 4 нафар шахсони барояш азизро аз бемории мазкур аз даст дод, дар хона 1 моҳ бистарӣ шуда, аз равғани сиёҳдона, асал ва нӯшдоруи сиёҳдона  истифода бурда, шукри Худо шифо ёфт. 

Ман низ бо аҳли хонавода аз равғани сиёҳдона, асал, нӯшдоруи сиёҳдона, нӯшдоруи «Авитсенна» (иборат аз 26 гиёҳ), маҳлули пошандаи «Антиковид-19» истифода бурда, бо фазли Худои Меҳрубон аз ин беморӣ эмин мондем. Равғану давоҳои зикршуда истеҳсоли ширкати ватании «Авитсенна» аст, ки сарварии онро Сайидвалӣ Ҳикматов бар дӯш  дорад. Давоҳои истеҳсоли ин ширкати ватанӣ ҳама табиӣ буда, аз доруҳои хориҷӣ арзонтаранд. Барои 1 давраи пешгирӣ (курс профилактика) ва муолиҷа дар маҷмӯъ аз 200 то 500 сомонӣ (максимум) кифоя аст. 

Ба доруи ватанӣ арҷ гузорем

Мутаассифона, дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба давоҳои ватанӣ кам эътибор медиҳанд. Аз рӯи тафаккури даврони шӯравӣ амал карда, хаёл мекунанд, ки танҳо моли хориҷӣ босифат аст. Хуб мешуд, ки табибони мамлакат давоҳои ватаниро таҷриба намуда, ба беморон тавсия диҳанд. Зеро солҳои чилум-панҷоҳуми асри гузашта, олмониҳою  япониҳои иқтисодиёташон  баъди ҷанг  харобшуда ҳангоми интихоби мол  ба маҳсулоти ватанӣ (бо вуҷуди  қимат буданаш) арҷ гузошта, истеҳсолоташонро дастгирӣ карданд. Дар натиҷа корхонаҳои ватаниашон «ҷон гирифта», яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё кишварҳои аз ҳама пешрафта шуданд. Агар мо ҳам маҳсулоти ватаниамонро мисли олмониҳову япониҳо дастгирӣ кунем, корхонаҳои мамлакат, ки тифли навзодро мемонанд, зуд ба по рост хоҳанд шуд. Мо метавонем!.

С. Суннатӣ,  рӯзноманигор 

махсус барои СССР

 

саҳ 3 аз 9

Китобҳо

Flag Counter