ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:42

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:38

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:30

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:27

 Рустам Шеров, хонанда ва муаллифи ҳамешагии газета аз ш.Панҷакент меҳмони идора шуда гуфт, ки ба Ҳукумати нави мамлакат 5 пешниҳод дорам.

   - Аввалан, ки тамоми сокинони кишварро бо Рӯзи Президенти ҶТ, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил карда мешавад, табрик менамоям. Дигар ин, ки ба ҳайати Ҳукумати нави ҶТ 5 пешниҳод дорам: аз ҷумла ба сатҳи миёнаи маошу нафақа мувофиқ намудани хизматрасонии тиббӣ-нархи ташхисҳо, ки хеле гаронанд. Дуввум-танзими ҳатмии нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳо, ки ба маротиб боло рафта истодаанд, сеюм-қабули барномаи мукаммали пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, махсусан COVID-19. Чорум-тамоми хизматчиёни давлатӣ сар аз раисони вилоятҳо то мудирони шуъбаҳо бояд барои садоқат ба Ватан савганд хӯранд ва панҷум ин қабули барномаи тоза нигоҳ доштани муҳити зист, об, хок, кӯчаву маҳал ва идораҳо.

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:22

 

19 октябри соли 1942 Артиши Сурх ҳуҷуми ҷавобии худро дар рафти набарди Сталинград оғоз намуд. Ин амалиёт "Уран" ном гирифта, то 23 ноябр идома дошт. Дар натиҷаи он, армияи 6-уми немисҳо, ки ба он фелдмаршал Паулюс фармондеҳӣ мекард ба муҳосира гирифта шуд. Набарди Сталинград-бузургтарин набард миёни нерӯҳои СССР аз як тараф ва артиши Рейхи саввум аз тарафи дигар дар рафти ҶБВ ба шумор меравад. Инчунин дар ин набард нерӯҳои мусаллаҳи Руминия, Италия ва Венгрия низ аз ҷониби артиши немисӣ ширкат варзида буданд. Ба хотири амалиёти "Уран" 19 ноябр ҳамасола дар СССР ва Русия, чун Рӯзи нерӯҳои мушакӣ ва артилерӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

“Кори мастона”-и фюрер

Набарди бевосита барои Сталинград 17 июли соли 1942 оғоз гардид. Умуман ҳуҷуми тобистонаи Вермахт, ки "Фалл Блау"номгузорӣ гардида буд, дар оғоз танҳо тасарруфи Қафқозро дар назар дошт ва немисҳо бо ин амалиёт мехостанд СССР-ро аз манобеъи нафтиаш маҳрум гардонанд. Аммо дар рафти амалиёт, Гитлер нақшаро тағйир дод ва армияи 6-уми саҳроии Паулюс ҷониби Сталинград роҳ пеш гирифт.                                                                                                                 

Номгузории амалиёт низ хеле аҷиб ба назар мерасид. "Фалл Блау" (Fall Blau) дар забони немисӣ маъноӣ собити синтаксисӣ надорад ва забоншиносон онро ба маъноҳои гуногун тарҷума кардаанд. Яке аз маъноҳои ин вожа "кори мастона" мебошад ва амалкарди Фюрери олмониро дар рафти амалиёт, бисёриҳо маҳз амалкарди мастона меноманд. 23 агусти соли 1942 нерӯҳои ҳавоии олмонӣ бомбаборони шадиди шаҳрро оғоз карданд. Сталинград ба як майдони оташин мубаддал гашт. Дар паи ин бомбаборон зиёда аз 40 000 одам ҷони худро бохтанд. Задухӯрдҳои шадид на фақат дар рӯи замин, балки дар зери он низ ба вуқӯ мепайвастанд. Сталинград системаи зеризаминии бузурге дошт ва ҳар ду тараф дар рафти ин муҳориба аз ин система истифода мебурданд. Немисҳо бошанд ҳатто системаи зеризаминии худашонро бунёд карданд. Корҳои сохтмонӣ дар ин системаи зеризаминии нав қариб то охири муҳорибаи Сталинград идома доштанд ва танҳо моҳи январи соли 1943, вақте фармондеҳии олмонӣ дарк кард, ки муҳорибаро бохт, ин система аз миён бурда шуд. Як аскари немис дар бобати сохтани ин системаи зеризаминӣ дар ёддоштҳояш навишат буд: "Ман гумон мекардам фармондеҳии мо, бо сохтани ин система мехост ба дӯзах бирасад ва шаётинро ба кумак бихоҳад".  

Пошнаи Ахилессӣ

Бо вуҷуди вазъияти душвор дар Сталинград, фармондеҳии шӯравӣ низ бекор нанишаста буд ва ҳанӯз миёнаҳои моҳи сентябр Г. Жуков ва А. Василевский, аввалин тарҳи ҳуҷуми ҷавобиро барои муҳокима ба Сталин пешниҳод намуданд. Амалиёти оянда "Уран" номгузорӣ гардид ва онро нерӯҳои се фронт: Фронти Ҷанубу-Ғарбӣ бо сарварии Н. Ватутин, Фронтии Сталинград бо сарварии Н. Ерёменко ва Фронти Донӣ бо сарварии К. Рокасовский мебоист амалӣ менамуданд.

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:15

13.11.1918. Дар РСФСР ба овозхони маъруфи рус Федор Шаляпин унвони Артисти халқӣ дода шуд. Аммо Шаляпинро дар соли 1927 бо қарори ШКХ РСФСР барои фаъолияти хайриавиаш нисбати муҳоҷирони рус, аз ин унвон маҳрум карданд.

13.11.1982. Президенти ИМА Р.Рейган таҳримҳои иқтисодиро алайҳи СССР, ки баъди эълони вазъияти ҳарбӣ дар Полша ҷорӣ шуда буданд, бекор кард.

14.11.1920. Дар деҳаи Кашинои назди Маскав, аввалин чароғаки барқӣ дар деҳоти Русия фурӯзон карда шуд. Дар ифтитоҳи ин нерӯгоҳи хурдакак, сарвари ҳукумати РСФСР Владимир Ленин ширкат варзид.

14.11.1940. Дар пойтахти Рейхи саввум, шаҳри Берлин гуфтушуниди олмонӣ-шӯравӣ, бобати ҳамроҳгардии СССР ба иттиҳоди давлатҳои фашистӣ (Пакти сегона) бо нокомӣ анҷом ёфт. Тарафи СССР-ро дар ин гуфтушунид, вазири корҳои хориҷии кишвар В. Молотов сарварӣ мекард.

14.11.1991. Дар қароргоҳи Ново-Огарево, роҳбарони ҳафт ҷумҳурии СССР созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд.

15.11.1923. Раёсати Асосии Сиёсӣ (ГПУ), ки пештар ВЧК ном дошт, баъди таъсиси СССР ба Раёсати Асосии Сиёсии Муттаҳида (ОГПУ) тағйири ном кард. Инчунин Раёсати мазкур аз тобеъияти НКВД бароварда шуд. 

15.11.1944. Дар СССР бадарғакунии туркони-месхетӣ аз манотиқи сарҳадии  Гурҷистон бо Туркия оғоз гардид. Туркони-месхетӣ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон кӯчонида шуданд.

16.11.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ, шаҳри Керчро дар Қрим ба тассаруф даровард ва бо ҳамин нимҷазираи Қрим пурра аз артиши сафедҳо озод карда шуд.

17.11.1919. Бо қарори Шӯрои инқилобии РСФСР (Реввоенсовет) Корпуси савораи, собиқ афсари хурди драгунӣ Семён Буденний ба Артиши Якуми савора табдил дода шуд. 

17.11.1938. ШКХ ва Бюрои сиёсӣ қарор "Бобати ба ҳабсгирӣ, назорати прокурорӣ ва бурдани тафтишотро" ба тасвиб расониданд. Тибқи ин қарор дар СССР "дугона" ва "сегонаҳои" ғайрисудӣ бекор карда шуда, ба ҳабс гирифтани гунаҳкорон, танҳо бо қарори суд ё санксияи прокурор амалӣ мегардид.

17.11.1960. Дар пойтахти СССР, шаҳри Маскав Университети дӯстии халқҳо ифтитоҳ ёфт. 

 18.11.1918. Латвия соҳибистиқлолии худро эълон кард.

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:11

Ҳар нафаре ахбори ҷаҳонро дидаву шоҳиди беназмиву митингҳои тарафгирони Трампу Байден шуда, бовар дорад, ки дар Амрико инқилоб, ҷанги гражданӣ ё хунрезӣ мешавад, иштибоҳ мекунад. Ҳич гоҳ дар Амрико, ки садаи саввуми озодӣ ва демократияро баҳравар гаштааст, чунин корҳо анҷом нахоҳанд ёфт ва баъди эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот ҳар амрикоӣ, хоҳ тарафдор-хоҳ зидд, 1 ҷом мебардоранд ва 1 нӯшбод мегӯянд:

-For our president!-Барои президенти мо!!!

Акнун фарқияти тазоҳуроти қирғизиву арабиву укроиниву белорусии муосир ва тоҷикӣ (1990-91)-ро аз митингҳои давлатҳои пешрафта дарк кардӣ, хонанда? Мо ҳанӯз дар сатҳи камолийяти дарки масъулияти демократия нестем ва гарав мебандам, дилхоҳ тазоҳурот доманадор гардад, боз такрори солҳои 90 мешавад. Мисоли оддияш, боз ҳамон Беларус. Зимнан, хуб аст, ки ҷомеаи мо, ба вежа солдидаҳо зидди дилхоҳ тазоҳуротанд. Ҳоло вақти чунин амалкардҳо дар мо нест! Мо Метавонем!

Ва акнун баргардем сари глобал-политик. Сиёсати Бузург. Аз ҷойивазкунии Байден бо Трамп кӣ бурд мекунад? 

Ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад комилан бо ҷаҳонбинии хонандаи ин сутур муғаййир бошад, Трамп дар ҳоле, ки бо абарқудратон дастобагиребон шудаву ҳатто каштали Аврупоро гирифта буду Маскавро лигом мезад, ин амалҳояш ба нафъи давлатҳои хурд, ба вежа Тоҷикистон низ буд. Зеро вақте абарқудратон гиребонгири ҳам мешаванд, кишварҳои хурд бештар тараққӣ мекунанд ва ё ақаллан шонси худнамоӣ меёбанд. 

Бо ин ҳама Трамп баъди таблиғу ташвиқоти Телевизионҳои Русия, ки Тоҷикистон чун колонияи собиқ пурра зери таъсири онҳо мондааст, ба 1 қаҳрамони манфӣ табдил ёфт. Аз ӯ Брежневи сониро тарошиданд-Леонид Иличи солхӯрдаро. Боре Суҳробшои Фаррухшо қисса кард, ки:

-Аз Кӯлоб дар 1 таксӣ меомадам ва 2 мусофир нафареро ғайбат доштанд. Якеш гуфт, «э, ун падарқусур 1 одами бемаданият, бетарбият, атанганаълат, бехосият, нодида, гурусна, аблаҳ, шайтон…дар ҷамъ 1 Трампи дигар аст!»…

Ва ин ҳама натоиҷи таблиғу ташвиқоти ТВ Русия аст, ки мабодо рӯзе самташро тағйир диҳад!!! Ин ҳушдор ба дастгоҳи идеологист. Ёд доред, Уинстон Черчиллро, ки мегуфт «Англия дӯсту душмани абадӣ надорад, Англия манофеи абадӣ дорад!»?

Байден. Ӯ интихоби аксарият аст ва бе шакку шубҳа дар набарди сахт пирӯз омад. Бо пайки нахустин аз пирӯзии ӯ, ки ҳанӯз расман таъйид нашудааст, сиёсати ҷаҳонӣ самти дигар гирифт. Биржаҳо ба ҷунбиш даромаданд. Иттиҳоди Аврупо нафаси осуда кашид, зеро Трамп онҳоро андозбандӣ мекард. Хитой-ҳамсояи бузурги мо ба ҳаракат даромад. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ҷангҳои тиҷоратӣ, ки аз сӯи Трампи тоҷир роҳандозӣ шуда буд, хатм ҳам наёбанд, коҳиш дода мешаванд. 

Вале дар ҷамъ, сиёсати Амрико ҳамонгуна, ки ҳаст боқӣ мемонад:

-Душмани №1 Русия, 

-№2 Терроризм ва; 

-№3 Хитой. 

Ин ногузир аст. Зеро Байден барои хатми сиёсати беш аз 15-20 солаи Амрико бояд комилан хатти маши давлаташро тағйир диҳад, ки тавон надорад. Ва ин дар ҳолест, ки ҳолдонҳо хубтар медонанд, ки Амрикоро президенташ ҳоким нест. Ин мавзӯъи дигар аст, ки сараш замоне бармегардем. Мо Метавонем!

Ва аммо Байден бояд низ душмане нав барои пешбурди сиёсаташ дар олам дарёбад. Ва ин душман кӣ мешавад? Суоли матраҳ аст. Зеро Давлати исломиву қабоили араб саркӯб шудаанд, дар Украина ҷанг давом дорад, Маскаву Пекин душманони азалиянд. 

Стоп! Беларус! Гарав мебандам, Байден думи Баткоро зер мекунад. Ин гипотеза аст. Мебинем.

Ва аммо дар ин гирудор чеҳраи аз ҳама пуровоза витсе-президенти ИМА аст. Бону Камола Ҳоррис. Зодаи Ҳинд, ки муҳоҷир аст. Камола ва интихобаш ба дили миллион амрикоӣ, ки иммигрантанд, шӯълаи умед даровард ва шиори қаблии муъруфро зинда кард:

-America is a land of opportunity- Амрико давлати ормонҳост!!!

Ва ин дар ҳолест, ки он рӯз дур нест, то худи хонум Камола…раисиҷумҳури Амрико шавад. Зеро тавре расман эътироф гардид, президенти 46-уми 78 сола (с.т.20 ноябри 1942, Скрантон, Пенсилвания, ИМА) бо саломатӣ проблема дорад ва усулан кору бораш бар дӯши Камолабону хоҳанд уфтод.

Мебинем. 1 африқоӣ-Барак Обама омаду рафт, ӯро дигар ҳатто ёд ҳам намекунанд, зеро «неудачнитарин» сарвари Амрико буд. Ку бинем аз дасти ҳинду чӣ меояд ва дар таърихи башарият чӣ саҳме хоҳад гузошт?... 

 

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:08

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мақолаи «Ёвон: нақлиёти ҷамъиятӣ нест», ки дар рӯзномаи «СССР» № 34 аз 3 сентябри соли 2020 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳия хизматрасонии мусофиркашонӣ аз тарафи ҶДММ «Терминали Ёвон», ки соли 2007 таъсис дода шуда, дорои «Иҷозатнома»-и № 0026974 мебошад, ба сомон расонида мешавад. Ҷамъияти мазкур аз сабаби надоштани базаи истеҳсолӣ-техникӣ ва нақлиётҳои хусусии худхизматрасониро дар ин самт дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Автоэкспресс», мутобиқ ба шартномаи ҳамкорӣ амалӣ менамояд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автоэкспресс» бо 240 ронандагони автомашинаҳои боркаш ва 124 ронандаҳои автомашинаҳои мусофиркаш шартномаи ҳамкорӣ дошта, онҳоро бо роҳхат таъмин менамояд. 

Имрӯзҳо аз тарафи ҶДММ «Терминали Ёвон» дар 5 самти  байнишаҳрӣ, 16 самти наздишаҳрӣ ва 9 самти дохилишаҳрӣ фаъолияти мусофиркашонӣ ба сомон расонида мешавад. Дар ин самтҳо зиёда аз 100 адад нақлиёти сабукрав, аз онҳо  12 адад нақлиётҳои тамғаи «Тангем», «Хундай», «Чанху», «Мерседесс» ва дигар намудҳои нақлиёт хихмат мерасонанд. Нархномаи хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ вобаста ба намудҳои сӯзишвории автомобил истифодабаранда бо Фармоиши Вазорати  нақлиёти ҶТ аз 16.01.2018, №19 «Оид ба тасдиқи тарифҳои номаналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ» дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки тибқи нархномаи мазкур дар 9 хатсайри дохилишаҳрии ноҳия нақлиётҳои сабукрави тавассути сӯзишвории бензин ҳаракаткунанда  аз 1 то 1,8  сомонӣ тавассути гази моеъ ҳаракаткунанда аз 1 то 1,21 сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади кашонидани мусофирон дар 9 хатсайри дохилишаҳрӣ (шаҳраки Ёвон) ба ин хатсайрҳо воситаҳои нақлиётии тамғаи микроавтобусҳои гуногунтамға  ҷалб гардонида шуда буд, аммо аз сабаби кам будани шумораи мусофирон дар ин хатсайрҳо ва бо истифодаи воситаҳои нақлиёти сабукрави хурд рафту омад намудани мусофирон ронандагони дар ин самт ҷалбгардида аз хизматрасонӣ дар ин хатсайрҳо даст кашиданд.

Новобаста аз ин, бо мақсади беҳтар намудани хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон ба роҳбарияти ҶДММ «Терминали Ёвон» ва ҶДММ «Автоэкспресс» дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лозим ба зикр аст, ки имрӯзҳо тарҳрезии нақшаи муфассали маҳал (ПДП)-и шаҳраки Ёвон ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии шаҳраки Ёвон дар масоҳати 30,2 гектар омода гардидааст, ки дар доираи амалӣ намудани нақшаи муфассали мазкур «Терминали Ёвон»-и ноҳия, бинобар сабаби ба меъёрҳои мусофиркашонӣ мутобиқ набудани ҳудуди терминал (ҳамагӣ 0,66 гектарро ташкил медиҳад) ва бо пуррагӣ ҷойгир нашудани нақлиётҳои автомобилӣ дар хатсайрҳо аз кӯчаи ба номи Р. Раҷабов ба кӯчаи ба номи А. Ғуломов кӯчонида мешавад, ки хизматрасонӣ дар ин самт бо пуррагӣ ҳалли худро меёбад.

Ҷ. Саидзода, раиси н.Ёвон 

 

саҳ 4 аз 9

Китобҳо

Flag Counter