ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:06

 Фазлиддин Насриддинов, яке аз хонандагони ҳафтанома аз ш.Душанбе занг зада (тел: 93 567 88 33) аз “лимит”-и барқ изҳори нигаронӣ кард. 

   - Аз ноҳияҳои дурдаст пайвандонамон занг мезананду мепурсанд, ки оё  “светкушӣ” сар шуда бошад. Аз интернет низ мехонам, ки мардуми деҳот нерӯи барқро бо меъёр гирифта истодаанду рӯзона барқ қатъ мегардад. Чандин шаҳрвандони дигар низ вобаста ба мушкилии барқ шикоят доранд. Оё дар кишвар дар ҳақиқат меъёри қувваи барқ ҷорӣ шудааст?

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 11:04

 Маҳмадулло Исматов, яке аз хонандагони ҳафтанома аз н.Ҷайҳун занг зада (тел: 93 837 94 19) гуфт, ки нозири минтақавӣ ва нафаре бо номи Ҷӯрабек замини деҳқониамро ба фиребу зӯрӣ гирифта истодаанд. 

   - Дар наздикии хонаам 1 гектар замини деҳқониро ҳуҷҷат карда гирифтем то ин, ки зироаткорӣ кунему зиндагии оиларо пеш барем. Айни замон дар хоҷагии деҳқонии мо караму картошка ва дигар намуди полезиҳо корида шудааст. Ногуфта намонад аз ҳосили ин замин 8,9 нафар бо умед аст. Мутаассифона, имрӯз нафаре бо номи ҳоҷӣ Ҷурабек омадааст ва мехоҳад замини маро соҳибӣ кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар замин айни замон зироатҳои гуногун кишт карда шудааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда вай 1 гапро такрор дорад “замината холӣ кун, ки ман шудгораш мекунам”. Ман ба ҳама ҷо шикоят дорам, вале ягон натиҷа нест. “СССР” кӯмакам кунед!

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 10:54

 “СССР”-и азиз! Хабари 10-15% зиёд шудани нафақа ва маош пули миллиамонро боз хортар мекунад. Масалан, бо сабаби 1 ставка дарс доштанам нафақаи маро 1 дирам ҳам зиёд накардаанд. Дар мактабҳо ба нафақахӯрон аз 1 ставка зиёд дарс намедиҳанд. 

Ман соли 2011 бо сабаби беморӣ бо 770 сомонӣ нафақа баромадам. Шодиям ҳадду канор надошт, чунки нафақаи ман баробари 170 доллари америкоӣ қурб дошт. То моҳи октябри соли 2013 нафақаамро аз «Амонатбонк» нагирифтам. Бо пули нафақа соли 2013 ба ҳаҷ рафтам.  Ҳоло нафақаам аз 1000 сомонӣ болост, вале арзишаш ба сад доллар  баробар нест. Пас сатҳи зиндагии ман соли 2011 беҳтар буд, ё соли 2020? Аз масъулон хоҳиш мекунам, ки на маошҳо боло раванду на нархҳо ба осмон дакка хӯранд, то ки аққалан дар ин муҳити кор набудану сатҳи пасти зиндагӣ орду равған ва шакару макарон дарёб карда тавонем.

Исмоил Зарифӣ, омӯзгор, ш.Панҷакент

 

Чоршанбе, 18 Ноябр 2020 10:40

Оғози солҳои 90-уми асри гузашта навбати дуюми азхудкунии дашти Тошработ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор гектар замин оғоз гардида буд. Вале ба сабаби саршавии ҷанги шаҳрвандӣ корҳо дар ин самт қатъ гардида, ин лоиҳа то ҳоло ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Дар навбати якуми обёришудаи дашти Тошработ бошад дар масоҳати 2 ҳазор гектар замин ва зиёда аз 17 ҳазор аҳолӣ ба кишоварзӣ машғуланд. 

Бояд гуфт, ки дар заминҳои навбати дуюми дашти Тошработ, ки ба ноҳияи Ҷ. Балхӣ мансуб аст, деҳаи «Чорводор», ки 10 хоҷагӣ дошт, ташкил ёфта, дар аввал онҳо аз оби нӯшокӣ ва қувваи барқ маҳрум буданд. Бо иқдоми созандаи соҳибкори муваффақ Амирулоҳ Саъдуллозода, деҳа ба 1 шаҳраки ободи ҳозиразамон табдил дода шуд. Фаъолияти созанда, донишманд, шоир, мушфиқи аҳли зиёии камбизоат, ин хусусиятро дар ягон фарди соҳибкори ватанӣ надидам ҷуз Амируллоҳ Саъдуллозода. Мутмаинам, ки чунин фарзандони баномуси меҳан дар обёрии дашти Тошработ ҳатман саҳми худро хоҳанд гузошт.

Сангалӣ Раҳимзода, н.Кӯшониён

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 11:53

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 11:39

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 11:35

Президенти Украина Владимир Зеленский сиёсатмадорони украинӣ ва сармоядорони тарафдори Русияро ба кӯшиши табаддулоти зиддиинқилобӣ муттаҳам кард. Зеленский ба шарикони байналмиллалии кишвараш итминон дод, ки давлати ӯ ба ин кӯшиш муқобила ва пирӯз хоҳад шуд.                                       

Ба гуфти Зеленский: "ҳукумати кишвар бо талошҳо мудовими "тазъифи волоияти қонун" рӯ ба рӯ ҳастанд ва пешрафтҳои кишвар дар мубориза бо фасод низ зери хатар қарор доранд".                                                                                                    Зеленский гуфт: "Онҳое, ки ин иқдомотро сарварӣ мекунанд ба хубӣ маълуманд. Инҳо эътилофе аз гумоштаҳои Русия ва сармоядорони маъруфи украинӣ мебошанд, ки фаъолияти ниҳодҳои зиддифасодиро барои худ хатарнок меҳисобанд. Онҳо зидди ҳамгароии Украина бо Шӯрои Аврупо ва НАТО буда, зидди ҳамкории Украина бо Сандуқи Байналмиллалии Асъор мебошанд".                                           

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 11:31

Салом “СССР” Ман хеле хушхолу хушбахтам, ки чавони замони Истиқлолият мебошам. Истиқлолият барои мо ҷавонон яке аз неъматҳои бузургест, ки насибамон гаштааст. Аз файзи истиқлол меболему хушҳолем. Барои таҳкими истиқлолият бояд мо ҷавонон бештару бештар рӯй ба китобу китобхонӣ орем. 

Ҳамсолони азизи ман! Инак мову шумо дар таътили тирамоҳӣ қарор дорем. Аз шумо як хоҳиши бисёр самимӣ дорам, биёед дар ин таътил бештар китобҳои бадеиро мутолиа намуда, вақти қимати хешро ба омӯхтани илму ҳунар бубахшем. 

Шабнам Мирзоева,  хонандаи МТМУ 16 н.Восеъ 

тел: 985375478.

 

саҳ 5 аз 9

Китобҳо

Flag Counter