ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:21

 Набӣ Расулов, яке аз хонандагони доимим ҳафтанома аз ш.Ҳисор занг зада (тел: 919 02 31 24) гуфт, ки оё қиматшавии маҳсулотҳои хӯрока дар бозорҳои тамоми кишвар бошад?

   - Бо эҳтироми зиёд ба Савфат Буҳрон муроҷиат карда мегӯям, ки бародари азиз ман шуморо сахт эҳтиром мекунаму хоҳам кард, зеро хонандаи доимии газета, ба хусус навиштаҳои шумо ҳастам. Лекин тавре, ки дигар хонандаҳо низ дар шумораи гузашта ҳафтанома ишора карданд маводи навиштаи шумо дар бораи даврони шуравӣ ба ман ҳам сахт расид. Дӯсти азиз, мисоли оддӣ: 1 маротиба нархи имрӯзаи шакарро ба давраи СССР муқоиса кунед. Дар бораи орду равған дигар чизе намегӯям. Шояд дар миён худатон ба хулосае меоед, ки дар ҳақиқат сахт гуфтаед. 

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:18

Салом газетаи мардумии “СССР” ва бародари азизам Сафват! Мо Путин-параст нестем. Шӯравӣ дигар буду Путин дигар аст. Дар давраи Шӯравӣ қариб ба ноҳияҳои баландкӯҳ самолётҳо мепариданд ва мусофир мекашонданд. Нархи чиптаи самолёт дар масири Кӯлоб-Сарихосор 3 рубл, Кӯлоб-Ховалинг 2 рубл, Кӯлоб-Душанбе 6 рубл, Кӯлоб-Ленинобод 12 рубл буд. Автобусу тролейбус ва мошинҳои сабукраву таксиҳо ҳам будаанд. Магар таксиҳои тамғадори зебои ГАЗ-24-ро фаромӯш кардаед. Он ГАЗ-52, ЗИЛу тележкаҳое, ки Шумо мегӯед, мо аз шавқу завқу муҳаббат ба онҳо менишастем, чунки он ронандаҳо коргарони заҳматкашу чақчақӣ будаанд ва аз мусофирон пул ҳам намегирифтанд. Он “Запороже”, ки шумо мегӯед, барои маъюбони ҶБВ будаанд ва ҳамчун туҳфа дода мешудаанд. Магар аз ҳамон зулму ситами амир Олимхон ё хару аробаи он халос шуда яку якбора ба ГАЗ-52-53, ЗИЛу трактор нишастан афсона нест? СССР ҳамчун "ҚишлоҚи тиллоӣ"-и Раҳим Ҷалил дар ёдҳо боқӣ мемонад. Васфи СССР ба гуфтан тамом намешад бародар. Агар зиёд нависам эшони Исмоилҷон қабулаш намекунад. 

Ҷ.Шарифзод, н.Восеъ, тел: 987149096

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:16

Дар 1 нишасте бо нафаре ҳамсуҳбат шудам, ки кам-кам аз сиёсат низ бохабар буд. Дар ибтидо суҳбат қариб ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон рафту оқибат ба сиёсат омада расид. Ман хостам суҳбатро хотима бахшаму дар охир гуфтам, ки мо тоҷикон бояд ҳазорон маротиба шукронаи Офаридгорро намоем, ки ба мо Эмомалӣ Раҳмон барин сарвари мушфиқу меҳрубонро насиб гардонидааст. Ҳамсуҳбатамон ногаҳон гуфт:

- Бародараш Нуриддин низ беҳтарин шахсият буд. Якчанд сол пеш дар майдони ҳавоии н.Данғара кор мекардем. Рӯзе ҳангоми ба кор рафтан дар маркази н.Данғара нохост 1 мошини хориҷии зебое наздамон омада истод. Мо ба самти аэропорт гуфтему он мард савор шавед гуфт. Ба роҳ баромадему дар суҳбат даҳонамон гарм шуда, оиди сохтмонҳо ва ободии Данғара суханони зиёди ногуфтанӣ ҳам гуфтем. Чунон зиёд гуфтем, ки чи тавр ба объекти корӣ расиданамонро нафаҳмида мондем. Аз он мошин фаромада ба ронанда, ки ба мо ҳеҷ ҳамсуҳбат нашуда буду ҳатто ба бемаънигиҳои мо ҳарфе нагуф, хайру хуш кардем. Дар мошини акои Президент ба ҷои кор омадем! 

Ба ҳамдигар нигоҳ карда мот шуда мондему дигарчи гуфтанамонро надонистем. Гумон кардем, ки ҳозир кормандони мақомотҳо омада моро мебаранду хушрӯяк лату кӯб мекунанд. Дастамон пеши кор каме рафт. Дигар дар хиҷолат монда, чи кор карданамонро намедонистем. Дақиқаҳо мегузаштанд. 

Ҳанӯз вақти хӯроки нисфирӯзӣ нашуда буд, ки ҳамон мошини зебо дар дур намоён шуда, рост ба самти мо ҳаракат кард. Дасту поямонро ларза гирифта буду мошин торафт наздиктар мешуд. Акаи Нуриддин аз мошинаш 1 лаганд оши кори калон, нон ва обҳои нӯшокӣ оварду он рӯз хуб ошхӯрӣ кардем. Ин аст хоксориву мардумсолорӣ!

Ҷаббор Раҷабов, 

ш.Кӯлоб

 

Чоршанбе, 11 Ноябр 2020 09:13

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!!!

Пештоз мегӯям, коре дар Фаронса шуда истодааст, таҳрики олами ислом аст. Мо мусалмонон, агар воқеан мусалмонем, бояд донем (агар китобе хондаем), ки Ҳазрати рисолатпаноҳ, Муҳаммад (С) ҲАБИБ, ДӮСТИ Худост ва фикр дорему доред, ки Худо дӯсти худро бештару хубтар аз ману мо ҳифз карда наметавонад?

Бо ин чӣ гуфтаниям?  Ба доми иблисони фарангӣ нағелед! Ин дом барои Ислом аст. Ва доми хеле баде, ки садсолаҳо онро кофтаву ёфтаанд…

Вале дар ин гирудор, яъне сарбуррии чанд фаронсавии насронӣ, қатлу кушторҳои гӯиё барои карикатураи паёмбарамон, моҷаро 1 нозукие дорад, ки бояд дарк кард:

- ЯГОН мусалмони хавориҷ дар ин кишвар даст ба қатлу куштори насрониён назадааст, ки ба мо талқин мекунанд. Ҳама кори афродест, ки чун террорист дар кишварҳои худ мехостанд давлати исломиву хилофат барпо кунанду баъдан чун фирории сиёсӣ ба Пориж паноҳанда шудаанд. 

Яъне чӣ? Яъне кори «спец-служба»-ҳои Пориж аст ин хунрезиҳо. Зеро фарзи мисол, агар ба гуфтаи Макрон-президенти Фаронса, «фанатикҳои исломӣ ва пасмондаи ҷамъият» ин корро мекарданд, маъзарат мехоҳам, дунё пури фаронсавист…Чаро он ҷо коре намекунанд? Ҳаргиз таҳрикдиҳанда нестам. Фактро мегӯям. Далели раднопазирро.

Ва медонед чаро? Зеро ин ба ном «террористони исломӣ», фанатҳои исломӣ, мутаассибини исломиро худи Пориж омода мекунад. А, ту, хонанда гиромӣ, фикр доштӣ, ки кӯдаке аз Чеченистон дар синни 2-3 солагӣ Фаронсаи пешрафта мераваду сипас «мутаассиб» мешавад? Хонанда оё медонад, ки фарзи мисол, пешвоёни Инқилоби Исломии Ирон чандин сол дар Фаронса мезистанд?

Франсуа Макрон-президенти ин кишвар, ки симои аслии худ, яъне исломбадбинияшро нишон дод, ҳамон Попи Рум (Урбани II) аст, ки 26.11.1095, яъне 1025 пеш, бо ислом ҷанги салибӣ эълон карда буд. Ва акнун ёд оред, «Ҷанги Салибии Буш»-ро дар соли 2001… Таърих такрор мешавад? Асло на. Инҳо таърихро барвақт навиштаанд. Усома бен Ладен дастпарварашон буд ва ҳоло 1 чечени бечораи 18-соларо «душмани насоро» сохтанд. Именно, сохтанд!

Чечени 18 сола-Абдулаҳ Анзоров, ки гӯиё сари муаллими таърихро барои нишон додани карикатураи паёмбари ислом (с.) буррид, касе ҳатто намепурсад, ки дар ун мактаб мехонд ё на? Ва агар намехонд, чигуна ва кӣ ин хабарро ба ӯ расонид?! Ва умуман ин ҷавон ким буд?

Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон гуфт, «гуноҳро сари чеченҳо напартоед! Ӯ ҳамагӣ 1 бор ва он ҳам дар 2-солагиш дар кишвари мо буд. 16 сол дар Фаронса тарбият меёфт ва фаронсавист!!!». Воқеан ҳам, фарзи мисол, 1 гурезаи сиёсии исломгарой аз ҲНИ, агар мабодо баъди 15 СОЛ АВРУПОИЕРО қатл кунад, бояд мо-Тоҷикон азияти виждон кашему мунтазири бомбаҳои НАТО шавем? Воқеан ҳам аллакай чанд тоҷикро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ дар Германия қаппидаанд...

Вале муҳимтарин сухане, ки Рамзан Кодиров гуфт, ин буд:

-Мусульмане, не поддавайтесь провокациям!

Воқеан ҳам мо бояд ба иғво дода нашавем! Макрон фаронсавӣ нест. 1 лаққиест, ки мехоҳад бо ин суханаш дубора мардум ба ӯ овоз диҳад. Фаронсавӣ шахсан барои ман Александр Дюма аст, ки то ҳанӯз асарҳояшро мехонам. Пориж барои ман Лувр аст, Эйфел аст, Наполеон аст… Ва ахиран Пориж барои ман хонум Ясмин Гуедар-собиқ сафири ин кишвар дар Тоҷикистон аст, ки барои рушди муносиботи фарҳангии мо талошҳо мекард.

Фаронса Макрону Марин Ле Пен-пешвои фашистони ин кишвар нест, ки худашон мусалмононро таҳрик медиҳанду менависанд «фашизми исломӣ тан-тана дорад». Чӣ хуш гуфт, Раҷаб Эрдуғон-президенти Туркия дар ҷаласаи СММ, ки «Макрон 1 девона аст. Ӯро бояд девонахона бурд!». 

Ва аз ҳама охир, чун журналист, аз Макрони «ошиқи озодии сухан» суолгузорӣ мекунам:

-Он аблаҳие, маъзарат, харигарие, беодобие ки маҷаллаи «Шарли Эбдо» дар ҳаққи пайғамабри ислом кардаву мекунаду аз паси ин «озодӣ» мардуми бечораи фаронсавӣ мефавтанд, ба кадом меъёри журналистӣ посухгӯст? «Озодии сухан» ба маъние нест, ки фарзи мисол бо хондани чанд сатри бехирадона сари чанд кас бупарад. Устоди журналистикае дар Шветсия бору гуфта буд:

-Ягон факт, далел, озодӣ, демократия, популизм, ба журналистика иҷозат намедиҳад, ки ҷони мардумро ба хатар гузорад…

Шояд Кабирӣ ва аъзои ҲНИ, ки дар Аврупои «исломдӯст» паноҳанда шудаанд, ба ин суол ҷавобе доранд? Охир онҳо-ку моро сӯи «озодии аврупоӣ» бурданианд???

Воъизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд-он кори дигар мекунанд…

PS: Банда бо тамомии нафароне, ки Макрони, ба гуфти Эрдуғон, психопатро дастгириву пуштибонӣ мекунанд, зидд ҳастам ва зидд мемонам!!!

 

Сешанбе, 10 Ноябр 2020 09:39

Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 14:11

Президенти Беларус Александр Лукашенко дар рафти сӯҳбати телофонӣ бо котиби давлатии ИМА Майк Помпео, Русияро иттифоқчии асосии кишвараш унвон кард.   Лукашенко аз аҳамияти Маскав дар сиёсати хориҷии кишвараш ёдовар шуд ва гуфт: "Русия дар ҳоли ҳозир ба Беларус аз ҳама бештар кумак ва дар баробари ин ба корҳои дохилии мо дахолат намекунад"                                                                Лукашенко инчунин илова кард, ки Беларус ва Русия  дар якҷоягӣ ба хатароти беруна посух хоҳанд дод. Ин даъвои Батко дар ҳолест, ки 3 моҳ қабл мехост ба Кремл пушт гардонад ва дучори бӯҳрон шуд.

 

Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 12:19

Бо сабабҳои ба ҳама маълум, яъне хуруҷи бемории COVID-19 дар радифи ҳамаи дигар қишрҳои ҷомеа маорифчиёни ноҳияи Қубодиён низ оҷилан қатъи фаъолият намуда, ба рухсатӣ баромаданд. Бо ин гуфтанием, ки ҳатто таъмири мактабҳоро ҳам ба фардо гузошта, аз хатари сироятёбӣ дар кунҷи хонаҳо панаҳ бурдем. Бо гузашти муддате соли нави хониш аз муҳлати муқаррар гардида барвақттар оғоз шуду корҳо боз ба маҷрои худ равон гашт. Яъне боз барои обуна, китобҳои фарсудаи муҳлати иҷораашон гузашта, журнали синфӣ, пардаи тиреза, матоъ барои рӯи мизҳо, дарси иловагӣ, таъмир ва боз саду як шикасту рехти дигар мавсими маблағғундорӣ оғоз ёфта, то ин зимн бо “ҷӯшу хурӯш” идома дорад.

Лек, аз ҳама масъалаи муҳим тӯли ин 3 моҳ бесоҳиб мондани шӯъбаи маорифи ноҳия аст. Аз чӣ бошад, ки дар пайдо намудани як кадри маҳаллӣ аз миёни коллективи 2100 нафараи омӯзгорони ноҳия масъулин душворӣ мекашанд?

Ба маврид аст таъкид намудан, ки аксарияти мутлақи сафи омӯзгоронро занон ташкил медиҳанд ва дар миёни онҳо кадрҳои тавонову чашми кордон кам нестанд. Сабаби монеъагӣ ба ин вазифа аз ҳисоби занон дар чӣ бошад? Ё “муомила” кардан наметавонанд ва ё дар баробари кадрҳои “соҳибтаҷриба”-и бегона забон намеёбанд?!. Ё шояд кадомеро ба “вазнаш” нигоҳ карда, боз аз дигар ҷой талабиданиед? 

Дар Қубодиён 63 муассисаи таълимӣ то кай бе мудири маориф фаъолият мекарда бошаду, 39610 нафар шогирдон қисматашон ҳаволаи тақдир ва бе роҳбари соҳа? 

 

Ҳоҷӣ Акбар Насимӣ,

 омӯзгори собиқадор

 

Чоршанбе, 04 Ноябр 2020 12:11

 

Соли оянда аз замони ба дасти хонанда расидани романи ҳаҷвии  “Сагузашти Сафармахсум” 50 сол пур мешавад. Дар ёд дорем, ки   муаллифони ин асар Ҳабибулло Назаров ва Ҷалол Икромӣ баъди чопи роман, бо обрезии муҳаққиқону ҷонибдорону мухлисон  ба осиёби баҳс доир ба кӣ будани муаллифи асосӣ талоши доманадоре баргузор шуда буд.

Ба муҳтавои баҳсҳо наздик нашуда қайд карданием, ки ин асар бо тарзи баён ва қабл  аз ҳама бо самаранок истифода бурдани эҷодиёти шифоҳии халқу ба садои дили мардум наздик буданаш  асари рӯйи дастии бисёриҳо гашта буду дар тӯли ним аср ин ҷаззобияти  худро аз даст надодааст.

Ҳамагон огаҳанд, ки дар идомаи  сужаи ин роман ва саргузашти қаҳрамони он асари Ҷалол Икромӣ “Сафармахсум дар Бухоро” иншо гардид. Мазмуни пйесаи Ато Ҳамдам, ки дар асоси мазмуни ин асар навишта шудаю ба саҳна гузошта шудааст, дар озмунҳои байналхалқӣ соҳиби ҷоизаҳо гардид. Ҳарчанд дар бисёр мавридҳо номи кашшофи нахустину асосии  образи  Сафармахсум аз сатри варақаҳою эълонҳо афтида буданд, симои қаҳамони асарро  дар ин ним аср хонандаю тамошобин ва ашхоси  шунида бо табассум ва хушҳолӣ пеши назар меорад, бо номи ӯ латифаҳо мебофанд.

  Пас, Сафармахсум чӣ гуна симо буд? Офаридаи адиб (адибон) ё шахси воқеӣ ва ё симое, ки бо истифода аз ному лаҳзаҳои    саргузашти он ва  дар асоси эҷодиёти бойи даҳонии халқро офаридаанд? Яъне Сафармахсум гуфтанӣ одам буд ё   онро сохтанд?

Дар як суҳбат устоди азиз, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев таъкид карда буданд, ки нависанда образу воқеаро аз ҳаёт мегирад. Адиб ба ҳодисае, чи кӯчаку чи калон шоҳид мешавад, дар пеши назараш рух медиҳад, аз байни анбӯҳ симоеро мебинад ва дар офаридани ғояи асараш  онро маъқул мешуморад ва дар атрофи ҳамон воқеаю симо ҳунари баёнгарии худро ба намоиш гузошта, онҳоро пурра кардаю мувофиқи мақсадаш тағйир додаву иловаҳо карда асарҳо меофарад.

Ин гуфтаҳои устод ҳақиқати ҳол ва дар талаботи қонунияти илми адабиётшиносӣ аст. Аз ин рӯ, баъди мутолиаи асари  “Сагузашти Сафармахсум” ҳар як хонанда ба худ савол медиҳад, ки оё чунин шахс дар воқеъ дар ҳамон давра буд ё не? Мо ҳам ин саволро пайгирӣ мекардем ва ба он ҷавоб меҷустем  Албатта, медонистем, ки ин образ типпӣ аст, барои нишон додани як гӯшаи ҳаёти иҷтимоии пурмуаммо ва наҷиби замони ибтидои асри гузаштаи халқи тоҷик дар Бухорои Шарқӣ бо усули танзу ҳаҷв иншо шудааст.  

 

Султонмурод Одина,

адиб,

 Корманди шоистаи Тоҷикистон

 

саҳ 7 аз 9

Китобҳо

Flag Counter