ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 25 Декабр 2020 10:43

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиш 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2020-ро муайян кард. Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо инҳо дохил шуданд:

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 63 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 . Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 81 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сербия.

Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) — дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 62 кг дар Сербия.

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (самбо)– дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 90 кг дар Сербия.

Ҳикматулло ВОҲИДОВ (гӯштини озод)  – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Ҳиндустон.

Муҳаммад ИКРОМОВ (гӯштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 61 кг дар Ҳиндустон.

Искандари РУСТАМ (гӯштини озод) – дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 97кг дар Ҳиндустон.

Мубинҷон АҲМАДОВ (гӯштини юнониву румӣ)– дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 63 кг дар Ҳиндустон.

Муниса ОЙМАТОВА (таэквон-доWT) — дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2 дар вазни 49 кг дар Аморати Муттаҳидаи Араб.

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 11:05

 

20 нафар соҳибкорони шинохтаи н.Шаҳритус азм кардаанд дар рушди ноҳия, алалхусус дар бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим дар деҳаву ҷамоатҳои Шаҳритус саҳмгузор бошанд.

   Инҳо Додарбек Мунавваров, соҳибкор аз ҷамоати деҳоти «Обшорон», раҳбари ҶДММ «Дук», Нурмат Эшмирзоев, соҳибкор аз ҷамоати деҳоти Х.Холматов, директори ҶДММ «Эшмирзо Нурмат», Раҳимҷон Ҳаитов, соҳибкор аз шаҳраки Шаҳритус, роҳбари ҶСК «Робита», М. Аҳмадхонов, соҳибкор аз ҷамоати деҳоти Х. Холматов, раиси ҶДММ «Ватан МКМ», Холназар Достиев, соҳибкор аз шаҳраки Шаҳритус, раҳбари ҶДММ «Пайванд, Давлат Холматов соҳибкор, нуқтаи хусусии дандонпизишкӣ, Мамашариф Қурбонов, соҳибкор аз шаҳраки Шаҳритус, Рустам Зулмуродов, роҳбари ҶДММ «Ҳоҷӣ-Р», Қандил Ҳайдаров, роҳбари нуқтаи фурӯшӣ сӯзишвории газу бензин ва дизелӣ, Садод Нозимов, роҳбари нуқтаи хусусии фурӯши орд, Азиз Сатторов, раиси меҳмонхона ва тарабхона, Абдулазиз Абдуллоев, соҳибкор, ва Т.Бақоев соҳибкор аз ҷамоати деҳоти Х. Холматов, директори  ҶДММ «Ганҷи Бақо» мебошанд. 

   Лозим ба таъкид аст, ки аксари ин соҳибкорони шаҳритусӣ то ин дам корхонаву марказҳои хизматрасонӣ бунёд кардаанд, вале маълум аст, ки ин тиҷорати хусусӣ буда ба фоидаи худи эшон аст. Айни замон сокинони ҷамоату деҳоти н.Шаҳритус ба мактабҳои муосиру бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои томактабиву марказҳои оммавии хизматрасонӣ, бунёди роҳ, алалхусус байнидеҳавӣ, хатҳои муҳандисии барқу обу коррез ниёз доранд. Ва агар ин нафарон воқеан ҳам сарбози Ватананду дар паҳлуи Ҳукумати ҶТ худро муаррифӣ мекунанд, пас бояд барои сохтмони иншооти ҳаётан муҳим камари ҳиммат банданд, на фоидаи худ!

Ҷ.Мақсуд, Баҳодур Уроқов, СССР 

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 11:03

 

 Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иддаои сарвазири Арманистон Никол Пашинянро рад карда, дар навбати худ, тарафи арманиро ба нақзи қарордори сулҳ дар Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор намуд.  Ба гуфти Ӯ, маҳз тарафи арманӣ боиси нақзи оташбас дар Қарабоғ гардид. Алиев гуфт: “Айни замон дар онҷо (Қарабоғ) низомиёни Россия қарор доранд ва ба фаъолияташон шурӯ кардаанд. Вазъият тақрибан ором аст. Новобаста бар он, ки ба ман айни замон иттилоъ доданд, ки ҷангиёни арманӣ ё сарбозони боқимондаи ба ном Артиши арманӣ, чанд амали террористӣ дар Қарабоғ анҷом доданд. Ин кор албатта боиси ташвиши мо шудааст, аммо вазъиятро ба кули ноором намекунад.”   

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 10:59

 Тӯли 3 ҳафтаи ахир Китобхонаи миллии Тоҷикистон серравуову серхонанда аст. Махсусан, дар рӯзҳои шанбеву якшанбе. Ин албатта хуб аст, аммо маъмурияти КМТ бояд инро ба назар гиранд. Дирӯз қисми зиёди хонандагон ҷои нишаст пайдо накарда, ноилоҷ баромаданд. Минҷумла худи ман. Рӯзи қабл шаш ошёнаи китобхонаро, ки маъмулан барои мутолиа ҷой ҷудо шудааст ба монанди толори хониш, толори матбуоти даврӣ, толори кормандони илм, толори рисолаҳои илмӣ ва зиёда аз 150 ҷои нишасти толори электрониро пур аз хонанда ёфтем. Дуруст аст, ки аксари онҳо дар даст тест доштанд, лек намешавад гӯем, ки рав дар хонаат тестатро ҳал кун. 

   Чун аксари дигари хонандагон ҳайрону саргардон буданд ва маълум аст, ки ба мутолиаи ҷойгирифтагон халал мерасониданд. Бо мақсади рафъи мушкилӣ ба директори китобхона Ҷумахон Файзализода муроҷиат кардан хостем, аммо дари кабинети раис ва 2 муовини ӯ баста буд. Аз минбари СССР аз Ҷумахон Файзализода дархост дорам, ки бо назардошти талаботи хонандагон ҷойҳои нишасти толорҳо, махсусан аз толори матбуоти даврӣ зиёд карда шавад.

Меҳрофарин Наҷибӣ, донишҷӯи ДМТ

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 10:49

Салом ба СССР-и азиз! Чанде қабл огоҳии таблиғотии осоишгоҳи «Нигора»-ро, ки дар шаҳраки Совети н.Темурмалик воқеъ аст, хонда будам. Бо мурури замон ҳафтаи гузашта корам ба ин ноҳия афтоду маҷбур шудам 1 шабро дар осоишгоҳи «Нигора», утоқи №11 гузаронам. Утоқи сард, новобаста аз он, ки фарши гарм насб шудааст, он гармие надорад-масъулон барқро сарфа мекунанд, аммо пулашро аз мизоҷ мегиранд. На печка ҳасту на кондитсионер, вале нархи 1 шаб аз 150 то 200 сомонӣ!

   Ман ҷое сафар кунам, ҳатман лавозимоти лозимиро бо худ мегирам, вале дар душхонаи «Нигора» на собун хасту на мисвок, душхона он қадар ифлос аст, ки акси худатро дар оинаи насбшуда намебинӣ! Рахти хобро каҷукилеб чидаву мизу курсӣ ва рафҳо пур аз хоку чанг. Бо ҳамин ҳол масъулони осоишгоҳ мехоҳанд, ки мизоҷ ояд? 

   Субҳ бедор шуда фаррошро даъват карда, тамоми камбудиҳоро нишон додам ва хостам як бор худам утоқро тамиз кунам, то ёд бигиранд, лек пинакашон вайрон нашуд. Чунин вазъу чунин рафтор аз он дарак медиҳад, ки кормандони Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳия аз ин осоишгоҳи ба ном машҳур кам дидан мекунанд. Пул мегиранд, вале хизматрасонии лозима нест!

М.Аминова, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 10:45

 

   Сокинони шаҳри Бохтар-маркази маъмурии вилояти Хатлон аз афзоиши бесобиқаи нақлиёти сабукрав ва тамбашавӣ дар роҳу ҷодаҳо амиқан нигаронанд. Мушкил ба ҳаддест, ки ҳатто 1 майдончаи кӯдаконаи биноҳои баландошёнаро ба таваққуфгоҳ (стоянка) табдил додаанд.

   Карим Давлатов, собиқ раиси маҳалла, дар бинои истиқоматии №22, воқеъ дар кӯч.Ҷ. Мирзоқодироваи ш.Бохтар истиқомат дорад. Ӯ дар сӯҳбати хос бо мухбири СССР гуфт, атфолу наврасони ин бино аз бозиву тамрин комилан маҳрум шудаанд. Ба қавли ӯ: «Соҳибкорони бозори «Фаровон» майдончаи варзишии кӯдаконаро бо мошинҳояшон аз субҳ то шом банд кардаанд. Худсарӣ ва нописандии ронанда-тоҷирони ин бозор боис ба он гардидааст, ки кӯдакону атфоли мардум бозиву вақтхушии худро дар роҳи мошингузари кӯчаҳои Норинов ва Мирзоқодиров мегузаронанд-дар роҳе, ки ронандаҳои таксӣ бо суръати баланд мошинро меронанд. Пас чӣ хел дар ҳарос набошем, ки имрӯз ё фардо фарзанди касе зери чархи мошин намонад???».

   Ҳамсуҳбати мо бо афсурдаҳолӣ меафзояд, ки «қаблан яке аз соҳибкорон пеш аз сохтмони баландошёнае ваъда дода буд, ки барои кӯдакону наврасон 1 майдончаи тафреҳиро сохта ба истифода медиҳад. Мутаассифона, қавли бизнесмен то гузашти хар аз лояш будааст! Мо дигар маҷбур байни роҳ ва майдончаҳо девори бетонӣ бардоштем. Соҳибкор бар зами ваъдахилофиаш девори бетониро канда партофт. Барои ҳалли ин мушкил борҳо шифоҳиву хаттӣ ба масъулини ҳукумати шаҳр муроҷиат кардем, аммо чораву натиҷае нест…».

Зимни сӯҳбат ронандаҳои «саросема», ки дар ин нуқтаи пуродам бо суръати хеле баланд мошинро меронанд, бо ҳавобаландӣ мегӯянд: «Ака, ма саросемаюм, чихели форам мерам…».

   Карим Давлатов мегӯяд, мо ҳар рӯз дар ташвишу изтиробем ва ҳатто вақте кӯдаконро барои сайругашт мебарорем, паҳлӯяшон меистем, ки «мошине ӯро пахш накунаду дар балои ронандаҳо намонем!» Воқеан, имрӯз баракс шудааст: Мошин кӯдакро мезанаду волидайнаш гунаҳкор!!!

Баҳодур Уроқов,

СССР, вил. Хатлон

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 10:18

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 10:03

 

саҳ 3 аз 11

Китобҳо

Flag Counter