ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:51

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:47

 

Ҷамшед Сатторов, сокини ш. Ваҳдат, омӯзгори мактаби мусиқии бачагонаи № 1-и ш.Ваҳдат ба номи Фозил Солеҳов меҳмони идора шуда гуфт:                                                                                               

 - Муддати 20 сол аст, дар ин омӯзишгоҳ дарс медиҳам. Дар яке аз шумораҳои газетаи СССР хондам, ки мудири шӯъбаи фарҳангӣ шаҳр Эркамоҳ Мирзозода, мактаби мусиқии бачагонаи № 1-ро садамавӣ унвон карда, инро сабаби кӯчонидани ин мактаб ба ҷои дигар медонад. Аммо ин фикр тамоман нодуруст аст. Ҷое, ки барои мактаби нав ҷудо кардаанд, дар наздикии бинои 4 ошёна қарор дошта, садои мусиқӣ истироҳати мардумро халалдор мегардонад. Аз тарафи дигар, Президенти ҶТ Эмомали Раҳмон борҳо дар баромадҳояш таъкид кардааст, ки ба муассисаҳои фарҳангии бачагона дар кишвар бояд таваҷҷӯҳе хосе дода ва ин биноҳо бояд тахрибу фурӯхта нашаванд. Мактаби мо садамавӣ нест, танҳо як ҷои бом мечакаду халос. Синфхонаҳоро бошад, муаллимон аз ҳисоби худ таъмир кардаанд. Мо дар мактаб 27 синфхона ва 2 толор (калон ва хурд) дорем. Аммо мактаби наве, ки барои мо ҷудо кардаанд, ҳамаги 14 синфхона дошта, толор ҳам надорад. Ин бино барои дарси мусиқӣ аслан шароит надорад. 

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:32

Ғуруби “писари Офтоб”

   25 декабри соли 1989 дар Руминия, роҳбари ин кишвар Николай Чаушеску, бо иттиҳоми генотсиди халқи румин, аз байн бурдани моликияти давлатӣ, ташкили амалиёти ҳарбӣ алайҳи мардум ва берун бурдани 1 млрд доллар ба хориҷ аз кишвар айбор ва ҳамагӣ чанд соат баъд аз дастгирӣ, бо ҳамроҳи ҳамсараш парронда шуд. Дар Руминияи шӯравӣ, Чаушескуро "бӯсаи нарми замини ватан", "оташи зинда", "Княз Гратсий", "писари Офтоб" ва ҳатто "худои ҷаҳонии мо" тавсиф мекарданд. Аммо дар Ғарб, Чаушескуро диктатори тамомайёри Руминия меноманд. Николай Чаушеску соли 1965 дар раисии Ҳизби Коргарии Руминия қарор гирифт ва қудрати сиёсиро дар ин кишвар соҳиб шуд. Бо вуҷуди ин, Чаушеску аз соири роҳбарони коммунисти Аврупо тафовути зиёд дошт. Руминия, баъди ҷанги ҷаҳонии аввал ва инқилоби болшевикӣ дар Россия ба ҷое расид, ки қудратро дар ин кишвар гурӯҳҳои ҷиноӣ ба даст гирифтанд ва Чаушескуи ҷавон низ мекӯшид аз қофила ақиб намонад. Ситораи ӯ соли 1938 дурахшид. Он шабу рӯз ин ҷавони руминиро, ки муваффақ гардид, тиллоро ба дохили зиндон интиқол дода, яке аз ҷосусони муҳими СССР озод гардад, дар Маскав диданд. Баъди ин, Чаушеску чандин маротиба ба ҳабс гирифта шуд ва тамоми ҷангро дар яке аз лагерҳои контсетратсионӣ сипарӣ кард. Дар ин ҷо буд, ки “писари Офтоб” бо тамоми роҳбарияти Ҳизби коргарии Руминия ошно гардида, баъди чанде ба раисии роҳбарии ин ҳизб расид.

“Маликаи кор”

   Дар зиндагии Чаушеску, занаш Елена нақши бисёр калидӣ дошт. Соли 1945 Еленаи ҷавонро дар яке аз идҳои ҳизбӣ, “маликаи кор” интихоб карданд ва Чаушску бо ӯ ошно гардид. Елена 2 сол аз Чаушеску бузургтар буду муддати тӯлонӣ ба сиёсатдории шавҳараш дахолат намекард. Аммо баъди ҳаводиси Чехословакия дар соли 1968 ва боло рафтани нақши Чаушеску дар Руминия, Елена худро ҳамчун бонуи аввали Руминия муаррифӣ намуд. Соли 1969 Чаушеску бо Елена бо сафари расмӣ ба Белград ташриф бурданд ва Николай бори аввал бо Иосиф Броз Тито дидор кард. Баъди ин дидор, Тито барои Чаушеску як олиҳа гардид ва ӯ мекушид дар ҳама чиз шабеҳи ӯ бошад. Соли 1971 Чаушеску ва Елена аз як қатор кишварҳои Осиёи дидан намуданд ва модели коммунистии Чин ба Николай сахт писанд омад. Ӯ боварӣ ҳосил кард, ки коммунизм ва давлати истибдодӣ метавонанд дар як радиф қарор гиранд. Мегӯянд баъди бозгашт, ӯ коммунистони руминро ҷамъ карду гуфт: “Мо бояд тартиботро дар ин кишвари фарсудаи лотиниамон ҷорӣ кунем".

Аввалин президенти сурх

   Соли 1974 Николай Чаушеску худро Президенти Руминия эълон намуд ва ҳамин тариқ Руминия аввалин шуда, миёни кишварҳои шӯравӣ мансаби президентиро дар қаламраваш ҷорӣ кард. Ӯ якумин президент миёни роҳбарони кишварҳои шӯравӣ гардид. Президент Чаушеску, вазифаҳои роҳбари Ҳукумат, Сарфармондеҳи Олӣ, Раиси Шӯрои Мудофиа, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Котиби генералии Ҳизбро дар як нафар муттаҳид кард. Дар Маскав ин иқдоми Чаушескоро хуш напазируфтанд, аммо чун Руминия ҳеҷ иқдоми зиддишӯравӣ намоиш намедод ба таъбире "фурӯ" бурданд. Аммо баъди чанде, тамоми кишварҳои Ғарбӣ ба Руминия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва Чаушеску пули ғарбиҳоро ба кишвар сарозер кард. Дар даҳаи 80-ум, ғарбиҳо бо долларҳояшон истиқлолияти иқтисодии Руминияро таъмин мекарданд ва истиқлолияти сиёсиро бошад, худи Чаушеску дар минбарҳои созмонҳои бузург ба даст меовард                                                                                                                           

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:25

16.12.1922. Оғози муҳорибаи Кӯлоб миёни Артиши Сурх ва фидоиёни маҳаллӣ. Ин муҳориба, ки бо “мудофиаи Кӯлоб” маъруф буд, то 11 январ идома дошт.

17.12.1916. Дар Петроград, дар соҳили дарёчаи Мойка, назди қасри Юсупов чанд тан аз афсарони рус Григорий Распутинро ба қатл расониданд.

17.12.1920. Оғози экспедитсияи ҳарбӣ-сиёсии Артиши Сурх ба Бухорои Шарқӣ. Ин экспедитсия, ки бо “Экспедитсияи Ҳисор” маъруф аст, то моҳи майи соли 1921 тӯл кашид ва дар натиҷаи он, Артиши Сурх нерӯҳои боқимондаи артиши амириро дар Бухорои Шарқӣ торумор кард.

17.12.1959. Дар СССР бо қарори Шӯрои Вазирон, шохаи нави Нерӯҳои мусаллаҳ- Нерӯҳои мушакии таъиноти махсус (РВСН) таъсис дода шуданд.

18.12.1920. Шӯриши деҳқонон бо сардории Усмон дар бекигарии Қаротегин. Усмон ва тарафдоронаш дар оғоз тавонистанд қудратро дар маркази бекигарӣ, шаҳраки Ғарм бигиранд, аммо баъди чанде торумор карда шуданд.

18.12.1925. Дар Маскав Анҷумани XIV-и РКП(б) доир гардид. Дар ин Анҷуман Низомномаи нави ҳизб қабул гардида, номи ҳизб низ тағйир ёфта, РКП (б) ба ВКП(б) иваз карда шуд.

18.12.1940. Роҳбари Рейхи саввум, Адолф Гитлер директиваи №21-лоиҳаи “Барбарроса”-ро ба имзо расонид.

18.12.1979. Ассамблеяи Генералии СММ, Конвенсияи барҳам додани ҳамаи намудҳои табъиз нисбати занонро, ки бо ташаббуси СССР коркард гардида буд, тасдиқ кард.

19.12.1924. Дар СССР бо қарори КИМ, Коммунаи меҳнатии немисҳои Поволже ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ табдил дода шуд.

19.12.1979. Дар РСС Тоҷикистон, агрегати 9-уми ГЭС-и Норак ба кор шурӯ кард. Агрегати 9-ум, охирон агрегати Норак ба шумор мерафт ва сохтмончиёни шӯравӣ, ГЭС-и Норакро 1 сол пеш аз мӯҳлат пурра ба истифода доданд.

20.12.1917. Дар РСФСР, Комиссияи фавқулоддаи умумирусиягӣ (ВЧК) таъсис дода шуд. Ба ВЧК Феликс Дзержинский сарварӣ мекард ва вазифаи асосии ин ниҳод, мубориза бо зиддиинқилобиён ва харобкорӣ ба шумор мерафт.

20.12.1919. Дар РСФСР бо қарори ШКХ, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти дар таркибашон спиртдошта манъ карда шуд.

20.12.1920. Бо Фармони сардори ВЧК Ф. Дзержинский дар системаи ин ниҳод, бахши хориҷӣ (ИНО) таъсис дода шуд. Ин бахш ба ҷосусӣ дар беруни СССР машғул буда, баъди чанде, ба яке аз бахшҳои асосии ВЧК табдил ёфт.

20.12.1935. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав, меҳмонхонаи “Москва” дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз кард.

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:23

МИҲД н.Ёвон мақолаи «Ёвон: касе дар фикри таъмири роҳҳо нест», ки дар рӯзномаи СССР № 38 аз 1.10.2020 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳия масофаи умумии роҳҳои автомобилгард 453,6 км-ро ташкил дода, аз он 233,5 км (аз ҷумла 79,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта) дар тавозуни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, 62 км дар тавозуни раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон ва 52 км дар тавозуни ҶСК «Тоҷикхимпром» қарор доранд. Аз масофаи умумӣ 107 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар тавозуни ягон ташкилоту муассиса қарор надоранд ва аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нигоҳдорӣ карда мешаванд.

Роҳҳои автомобилгарди ноҳия солҳои 70-80-уми асри гузашта сохта шуда, муҳлати истифодабарии онҳо гузаштааст ва ба таъмири куллӣ ниёз доранд.            Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо дастуру ҳидоятҳои МИҲД ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар 11,5 км роҳҳои автомобилгарди байниҷамоавӣ ва маҳаллии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъмири ҷорӣ, дар 30,3 км сангфаршкунӣ, 2,2 км таъмири асосӣ гузаронида шуда, 5 адад пулҳои гуногунандоза таъмиру бунёд ва 7 қубурҳои зери роҳ азнавсозӣ карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

   Бо мақсади таъмири асосии 10,2 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди шаҳраки Ёвон аз тарафи КВД «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ»-и назди Вазорати нақлиёти ҶТ лоиҳа ба маблағи 22 млн. 288 ҳазор сомонӣ омода гардидааст, ки маблағи фармоиши лоиҳаи мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳаҷми 132 ҳазор сомонй пардохт гардид. Новобаста ба ин ҳама, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони бо нангу номуси н.Ёвон азму талош доранд, ки то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ беш аз 10 км роҳҳои дохилии шаҳраки Ёвонро ба пуррагӣ таъмири асосӣ намоянд.

Ҷ.Саидзода, 

раиси н. Ёвон

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:21

 

Раҷаб Холмаҳмадов, яке аз хонандагони ҳафтаномаи мазкур аз ш.Панҷакент занг зада (тел. 900 62 3878) гуфт, ки бонкоматҳои “Амонатбонк” нафақаи моро намедиҳанд.

   - Имрӯз барои гирифтани нафақаам чун ҳар вақта ба маркази шаҳр омадам. Лекин бо сабаби мушкилиҳои бонкомате, ки тааллуқ ба бонки “Амонатбонк” дорад, мо шаҳрвандон ва нафақахурон натавонистем, ки маблағи худро аз бонкомат гирем. Медонам, ки чунин мушкилиро худи масъулин ҳам намехоҳанд. Аммо ҷиддӣ ба назар гиранд, зеро ин гуна манзараҳо маротибаи аввал нест ва мардуми бечораи нафақахур чанд рӯзи дигар саргардон мегарданд. 

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:14

Сино Маҳмадзамонов, аз ш. Хуҷанд ба мо занг зада (тел. 92 785 0986) гуфт:                                                                     

- Ин бегоҳ барои сайру гашт ба кӯчаҳои марказии Хуҷанд баромада, ростӣ қариб роҳгум мезадам. Бештари кӯчаҳои шаҳр, ҳатто кӯчаҳои марказӣ ҳам тамоман торик буданд. Баъдан иттилоъ ёфтем, ки шаҳрдории Хуҷанд барои сарфаҷӯии нерӯи барқ дастур додааст, чароғакҳои равшанидиҳандаи шабонаи кӯчаҳо хомӯш карда шаванд. Оё ин хабар рост бошад? Албатта мо вазъиятро дарк мекунем ва зидди ин қарор ҳам нестем, аммо маркази шаҳр бояд ҳамеша равшан бошад.

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 09:09

Салом ба СССР! Ман мухлиси ашадии газетаи шумо мебошам. Медонам, ки газетаи шумо ҳамеша ба назари хонандагони худ таваҷҷӯҳ дорад ва онҳоро бе каму кост чоп мекунад. Ман мехостам бобати мушкили нақлиёт дар хатсайрҳои Душанбешаҳр бигӯям. Ман худам ҳар субҳ аз маҳаллаи Испечак бо хатсайри №25 ба коргоҳам, ки дар маҳалли Пивзавод воқеъ аст, меравам. Ҷолиб аст, ки дигар хатсайрҳо, ки аз ин масир мегузаранд, ҳар сари чанд дақиқа меоянду мераванд, аммо ҳамин хатсайри №25 мисли тухми анқо камёфт аст. 

Чаро хадамоте, ки кори нақлиётро назорат мекунад, ба ин масъала таваҷҷӯҳ намекунад? Чаро хатсайрҳои дигар хуб кор мекунанду, хатсайри №25 не? Шояд дар ин хатсайр мошин камтар бошад. Намешавад аз хатсайрҳои дигар чанд мошинро ба ҳамин хатсайри №25 равона кунанд?

Ҷамшед Насриддинов, сокини ш.Душанбе, тел: 93 777 66 30

 

саҳ 4 аз 11

Китобҳо

Flag Counter