ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 23 Декабр 2020 08:58

 

 Салом СССР-и азиз! Бо назардошти он, ки нархи шакар имрӯз дар бозорҳои мамлакат гарон шудаву воридоташ низ коҳиш ёфтааст, ба вазири кишоварзии ҶТ Сулаймон Зиёзода 1 пешниҳод доштам: чаро 1-2 ноҳияи ҷануби мамлакатро, ки иқлими гарм доранд, пурра барои парвариши лаблабуи қанд вобаста накунем? Барои ин ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Шаҳритузу Қубодиён метавонанд мисоли хуб бошанд.        

   Дар бораи он, ки дар кишвари мо лаблабуи қанд парваришу шакар истеҳсол шавад, 20 сол боз олимон мегӯянд, вале ташаббус нест. Барои ин кор бояд барномаи давлатӣ қабул гашта, тамоми вазорату идораҳо иҷозат диҳанд. Агар ҳамин корро сар кунем, дар 5-6 соли оянда метавонем аҳолии ҷумҳуриро бо шакари тоҷикӣ таъмин намоем.

Мустафо Муродов, н.Кӯшониён    

 

Чоршанбе, 23 Декабр 2020 08:56

Ин санад нест! Фикр доред, агар ин таърихи соли нахустпарвози Одам, он же Гагарини советӣ, ба кайҳон бошад, низ ғалат мекунед…

Ин миқдори пул аст; сомоние, ки бояд ба Бобои Ғуломи таърихӣ ва таърифӣ ва ҳамакнун раҳматӣ барои табобат ё шифояш медоданд. 

1961 сомонӣ. Чизе бештар аз 100 доллари амрикоӣ ва он ҳам барои нафаре, ки 97 сол барои ободиву озодиву бунёдкории ин ватан харҷ кардаву бо Гитлер ҷангида буд. 

…Бояд медоданд, ин 1961 сомонӣ баробар ба 100 долларро... Аммо Надоданд! Зеро чанд рӯз пеш аз расиши ин кӯмакпулӣ Бобои Ғулом фавтид. Худо раҳмату мағфират кунад…Хеле одами заминӣ  ва малакулмаъво буд. Ана акнун сари ҳамин 1961 сомонӣ, ки дилхоҳ бойбачаву чиновник онро пул ҳам намешмарад, сӯҳбат мекунем. Рафтем?!

Ҳазрати Ҷомӣ мегӯяд:

Гузашт шавкати Маҳмуду дар замона намонд,

Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ!!!

Маҳмуди Ғазнавӣ, он же Сабуктегин, ба қадри Фирдавсӣ ва Шоҳномааш расида буд. Просто, Фирдавсӣ, ба масали имрӯза, «евро» мехосту Маҳмад ба ӯ «доллар» дод (ҷои зарр нуқра). 

Фирдавсӣ рафту аз сари қаҳр 20 ҳазор «доллар»-ро ба ҳамомӣ доду 20-и дигарро ба массажист ва 20-и боқимондаро ба дарбони ҳаммом. Ва мазҳакае навишт. Зеро дошт охир! Пулдор буд. 

Ва аммо Бобои Ғулом ягона сарваташ медалҳош будӣ… Ӯ на Рустами Достон буду на Сиёвушу на Сӯҳроби ял. Бобои Ғулом 1 баччаи «простой» ва фақири деҳаи Себистони Данғара буд, ки ба гуфтаи худаш «ҷойи баччаи раиси ҳамонзамонаи Саргазони Данғара қаппидаву ба ҷанг равонаш карда буданд!» (Облава!!!)…

Писари Бобои Ғулом, Алии Беҳудуд, хабарнигори мардумии СССР хост ин пулро гирад. Зеро гӯру чӯб кори осоне нест. Ба вежа дар музофот. Надоданд!!! Зеро ҳуҷҷатгузорӣ лозим. Миллионҳо сомонӣ ғайб мезанад, вале барои чиновникҳои мо 1961 сомонии Бобои Ғулом проблема аст!

Гӯру чӯбро ЯГОН танзим, ба вежа дар музофот, манъ кардан набитвонад. Ин дар шаҳрҳост, ки мардумро ҷаримабандӣ мекунему сипас «рапорт» медиҳем, ки саду дусад миллион ба буҷҷа (аҷиб нест, ба БУҶҶА!!!) фоида овардаем. Кай буҷҷаи кишвар аз кисаи кафани мо пур мегашта бошад? Суол риторикист.

 Вале танзимро мардум дар музофот риоят на-ме-ку-наддддддд. Маро бурда парронед ҳам, мегӯям, танзим зидди таоруфи мост ва агар муллое, танзимгаре, ходими кумитаи дине, муфтие гӯяд, ки худойиву гӯру чӯби падарашро аз рӯи танзим риоят кардааст ва дасташро рӯи Қуръон гузораду савганд хӯрад, ман, Сайёфи Мизроб, расман аз навишти ин матлабам, пӯзиш мепурсам…

Воқеан ҳам, падарбародари ин ҷониб, яъне амакам, бобои эшони Зарробиддини Сарбандӣ, писари хурдии Эшон-Бала, ки дар борааш румон низ навиштаам, боре мариз ва меҳмонам буд, дар пойтахт. Рӯзе аз хона занг заданд (солҳои 90, ки мобил набуд), ки амак мехоҳад оҷилан деҳа баргардад. Омадам. Пурсупос кардам. Тарсидам!!! Ки шояд амак ва бародарпадарам аз ягон муносиботи баде ранҷидаанд, ки гуфт на! Ва аммо афзуданд:

-Бачам,ман дидам, ки ҷанозае меоранд сӯи масҷиди бузурги Яккачанори Душанбе ва ҳамагӣ 4 нафар тобутвардор буданду 1 кас садо медод, ки «Салоти ҷанозаи муъмин дарёб» вале касеро парвои ин тобуту ун ҷаноза набуд. Бачам! Маро табобат накун. Вале коре кун, ки мурдаам чунин фақиру ҳақир набошад…

Пештоз мегӯям, дар ҷанозаи амакам, даҳҳо ҳазор нафар ширкат дошт. Зеро мурдатанзимаш накардем ва бигзор барои ин ҷурм маро парронанд…

Бобои Ғулом низ дар ҷанозаи амакам буд. Ва сахт мегирист. Дар ҷанозаи Бобои Ғулом ҳам нисфи шаҳри Кӯлоб ширкат дошт ва маро хуш омад, гуфтаи нафаре қадрдон аз водии Зарафшон, ки мегуфт, «мурдан ҳам зеби қишлоқ дорад!»…

Вале бо ин ҳама 1961 сомонии Бобои Ғуломро мақомот надод, ки надод ва ин пули ночиз то ҳанӯз муаллақ аст. Он пул имрӯз ё фардо рӯзи қиёмат ҳатман аз гӯлуи касе мегирад. Мисле, ки аз гӯлуи Танзимгарон, ки ҳисоботи барғалате медиҳанд, ки аз ҳисоби мурдаву зиндаҳо фалону бисмадон миллион сомонӣ дар буҷҷа захира кардаанд…Бо ҷанозаву гӯру чӯб сардака наравед, мардум. Гарон меафтад!!!

Сахт гуфтам? Хуб кардам. Мо Метавонем! 

Панҷшанбе, 17 Декабр 2020 10:09

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:54

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби ифтитоҳи заводи металлургии Тошканд, бо ҳайати намояндагони Русия дидор намуд. Ҳайати Русияро дар ин дидор, вазири саноат ва савдои ин кишвар Денис Мантуров сарварӣ мекард. Мирзиёев ҳангоми дидор қайд кард, ки сохтмони заводи мазкур дар минтақаи пойтахтӣ нишонаи ҳамкориҳои самараноки ширкатҳо ва бонкҳои Ӯзбекистон ва Русия мебошад.                                                                                                                     

Президенти Ӯзбекистон инчунин иброз намуд, ки сохтмони ин корхонаи муосир гувоҳи он аст, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Русия сифати комилан нав касб кардаанд. Денис Мантуров бошад, дар навбати худ ба президенти Ӯзбекистон барои пазироии гармаш изҳори миннатдорӣ карда, аз номи Путин ба ӯ салом расонид.

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:51

Шарифамоҳ Шарифзода, сокини ш.Душанбе меҳмони идора шуда, дар бораи коррупсия ва ришва сӯҳбат кард.

   - Коррупсия имрӯз чун заҳрпечак дар ҷомеа реша давонда истодааст. Ин падидаи номатлуб ба таъбире мисли вабои аср ҷомеаи муосири моро иҳота карда, ҳатто кӯдакони мо аз рузи аввали пой ба боғча ниҳодан ба фасод рӯ ба рӯ мешаванд. Чӣ дар  мактабҳо ва чӣ дар донишгоҳҳо пулҷамъкунӣ ҳаст. Масалан дар донишгоҳ вақте, ки донишҷуйи камсавод медонад, ки бо харидани китоби дарсӣ аз устод бали баланд мегирад, ҳатман китобашро мехарад. Ва дигар табиист, ки донишҷӯ барои хондани китобҳои Айниву Икромӣ вақт надорад. Дар беморхонаю дармонгоҳҳо низ фасодкорӣ ҳаст, инчунин дар байни кормандони корхонаҳои хусусию давлатӣ ва аҳли қалам низ фасодкорию ришваталабон кам нестанд. Деҳотиён хуб медонанд, ки заҳрпечак алафест, ки ҳангоми ба растаниҳо печидан, онҳоро ҳалок мегардонад ва фасод айнан ҳамин корро бо ҷомеаи инсонӣ мекунад.

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:40

Салом СССР! Имсол тибқи пешгӯиҳои ҳавошиносон зимистони сарде дар пеш дорем. Бориши барфи зиёд агар аз тарафе барои мардум мушкилот эҷод кунад, аз тарафи дигар, як неъмати худост ва барои кишоварзӣ хуб аст. Мехостам аз деҳқони мӯҳтарами кишвар хоҳиш кунам, ки аз ин фурсати тиллоӣ ба таври аҳсан истифода баранд ва ҳар чи бештар заминҳоро кишт кунанд. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ба ҳамагон маълум аст ва мо агар бихоҳем аз якпорчагии давлатамом ҳифз кунем, бояд худкифоии озуқавории кишварро таъмин кунем. Тоҷикистон барои ин кор ҳамаи шароитро дорад. Дар мо мешавад бе заҳмати ончунонӣ 2 ҳосил бардошт. Роҳбарияти давлат низ ҳамеша дар ин робита таъкид мекунанд ва мардум ҳам бояд дар ин масъала бо давлат ҳамкорӣ кунанд.

Идибой Ҳамзалиев, н.Хуросон, тел: 887 00 07 10

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:33

 

Соли хониши 2019-2020 дар ҳаёти ҷамъиятии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 17-и деҳаи Шамтучи н.Айнӣ дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Роҳбарияти муассиса дигар шуду ҷавони кордону ташаббускор-Табаррук Камолов директор  таъйин гардид. Бинои мазкур солҳои 80-уми асри гузашта қомат афрохтаасту гарчанде системаи гармидиҳии муассиса кор кунад ҳам, вале аз сабаби фарсуда будани тирезаҳо гармдиҳӣ бефоида буд. Хонандагон дар зимистон бо либоси ғафс менишастанд. 

    Бо кӯмаки раиси н.Айнӣ Муродзода Муқим Қаюм ва шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти ҷомеаи кушода-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ки роҳбарии онро шахси хирадманд И. Абдуллоев ба ӯҳда дорад, маблағи муайян барои таъмиру тармими тирезаҳои МТМУ 17 ҷудо гашт. Ташкилоти мазкур бинои сеошёнаи муассисаро пурра бо тирезаҳои пластикӣ таъмин намуда, бо ташаббуси соҳибкорони муваффақи деҳа, сокинони ш.Душанбе Муҳаббат Зарифова, Ҳидоятов Муллобердӣ, Давлатмоҳ Нуруллоева ва Рустам Раҳмонов ин тирезаҳо ба деҳа дастрас гардиданд. Бо иқдоми роҳбарияти муассиса, роҳравҳои мактаб бо бетон мумфарш карда шуданд.  

   Дар баробари ин, маъмурияти муассиса, иқдом гирифтанд, ки дари синфхонаҳои муассисаро иваз кунанд, чунки аз бунёди муассиса 33 сол гузаштаву дарҳои синфхонаҳо дар фасли зимистон гармии синфхонаҳоро нигоҳ дошта наметавонанд. 

Шермуҳаммад  Шеров, 

омӯзгори МТМУ 17-и деҳаи 

Шамтучи н.Айнӣ 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:29

 Ҳамасола рӯзи 3 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад. Ин қишр ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеа саъю талош доранд, ки  аз ҷомеа дур набошанд ва саҳми худро дар пешрафти Ватани худ гузоранд. Пеш аз ҳама барои дуруст қабул кардани шахсони маъюбият дошта диди муосир даркор асту бас. 

   04.12.2020. Соат ба вақти Душанбе 13:26 дақиқа. Меҳмонхонаи “Хилтон Душанбе”. Бахшида ба ин рӯзи ҷаҳонӣ Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бо шарикони хеш мизи гирд ташкил намуд, ки он ба фаъолияти иттиҳодия дар соли 2020, мушкилоти ин қишри ҷомеа дар вақти пандемия ва имкониятҳои густарда барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гаштанд. Инчунин, зимни ин ҳамоиш филми махсус бахшида ба ҳаёти шахсони дорои маъюбӣ дар ҶТ намоиш дода шуд, ки ҳар қисмати он зиндагии 1 нафарест. 

   Асадулло Зикрихудоев, раҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон зимни суханронии худ гуфт, ки соли сипарӣ гашта барои иттиҳодия ва аъзои он низ осонӣ надошт, вале бо кӯмаки шарикон, аз он ҷумла созмони “Интернюс” онҳо тавонистанд 1 барномаи вежаро ба нафъи маъюбони кишвар пиёда намоянд:

-Мақсад аз амалӣ кардани ин лоиҳа ин боз 1 бори дигар таъкид намудан бар он аст, ки шахсони маъюбиятдошта низ метавонанд дар корҳои худ муваффақ бошанду дар ҷомеа сазовори мавқеи хосса. Моҳи апрел дар якҷоягӣ бо кормандон ин гурӯҳро ташкил карда, пардохтем барои наворгирии филмҳои кӯтоҳ дар бораи шахсони маъюбиятдошта. Веб-силсилаҳо ҳаёти шахсони маъюбиятдоштаро дар ҳаёти муқаррарӣ инъикос мекунанд ва мақсад аз ин веб-силсилаҳо боло бардоштани масъалаҳои муҳити дастрас барои шахсони дорои маъюбият дошта мебошад. Ҳар 1 филми кӯтоҳмуддат қиссаи зиндагии 1 нафаре аз мост, ки дар бари мост ва узви ҷомеаи мост!

108 сомонӣ ба 1 моҳ мерасад?

   Вақте мо дар мавриди нафақаи ин ашхос пурсон шудем, ҳуқуқшиноси иттиҳодия Зарринабону афзуд, ки нафақапулии гурӯҳии маъюбон мувофиқи қонунгузории кишвар ба чанд қисм ҷудо карда шудааст. Аз ҳама нафақаи баланд ин нафақаи замимавист, ки аз моҳи октябри соли равон бо фармони Президент ҶТ то ба 270 сомонӣ боло бурда шуд.  Аммо нафақаи аз ин дида паст ҳам ҳаст-108 сомонӣ, ки ҳатто ба 1 рӯз харҷи маъюбон кофӣ нест...

Имтиёзҳо

    Шахсони дорои маъюбият дошта дар баробари ин аз 1 қатор имтиёзҳо бархӯрдоранд. Шахси маъюбият дошта метавонад бе маблағи пешпардохт вориди нақлиёти ҷамъиятӣ гардад, аз пардохти андоз, барои истифода бурдани телефони хонагӣ озод буда, барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имконияти бештар дорад. Ҳамчунин барои ин тоифа ёрии тиббӣ ройгон буда, гирифтани роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, аз он ҷумла “Хоҷа оби гарм”, “Оби гарм”, “Шоҳамбарӣ” бенавбат дода мешавад. 

Дилсӯзӣ накунед! 

   Раъно Додоҷонова, яке аз масъулони Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон мегӯяд, агар хоҳед, ки ба маъюбон кӯмак кунед, пас дилсӯзӣ накунед. Зеро дилсӯзӣ кардан ба шахсони маъюб бар зарари онҳост ва пеш аз оне, ки ба шахси маъюб пул дароз мекунед беҳтараш пурсед, ки чӣ мехоҳад:

-Соли 2016  ман тавассути сафорати Амрико барои бозомӯзӣ ва табодули таҷриба ба ИМА фиристода шудам. Дар ин муддат оид масъалаҳои чӣ тавр баланд бардоштани зиндагии шахсони маъюбият дошта мавзӯъҳои гуногунро мегузаштем. Пас аз сафар тасаввурот ва ақидаҳои ман нисбати шахсони маъюб дигаргун шуданд. Ман дарк кардам, ки дилсӯзии мо ба ин гуна шахсон хатосту ба ҷойи нерӯ додан, баръакс дар онҳо ақидаи 1 фарди нодаркор барои ҷомеаро бедор месозад. Пеш аз оне, ки хоҳӣ дарди дилу захми бадани инсонро фаҳмӣ бояд кафшҳои ӯро пӯшида роҳҳои тай кардаи ӯро худ пойи пиёда бо кафшҳои даридаи ӯ тай кунӣ. 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

 

 

Дар ҳамин маврид: Корхонаи “Қориён”аз байн рафт 

 Солҳои пеш дар ш.Кӯлоб корхонаи махсуси “Қориён” фаъолият дошт, ки он барои шахсони нобино ташкил карда шуда, маҳз ин тоифа дар ин корхона кор карда, маош ҳам мегирифтанд. Аммо бо гузашти замон нафаре бо номи Ғаффор Идиев, собиқ раиси “Ориёнбонк”, маъруфтар бо номи Ғаффор-бонкбизнес, ки бисёриҳоро фиреб дода, ҳоло дар қайди ҳайт нест, ин корхонаро бо фиреб харидорӣ кардаву баст. Имрӯз на нобиноён ва на шахсони маъюбият дошта на мактаби махсус доранду на корхона...Додари ин Ғаффори нобинофиреб-Идиев Ҳусайн Сафаралиевич, ҳоло Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот аст. Шояд ӯ қарзи бародарашро дар назди нобиноҳо канда, ба ишон корхонаашонро бармегардонад? Зеро рӯзи қиёмат наздик аст ва агар ин кас эмони бародарӣ доранд, бояд ин корро кунанд. Вагарна войу дареғу доди бародариву вазириву пулдориву сарватмандӣ....

 

 

саҳ 5 аз 11

Китобҳо

Flag Counter