ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:21

 

  07.12.2020. Соат ба вақти Душанбе 13:17 дақиқа. Бо ҳамкорон барои хариду тамошо ба фурушгоҳи бузурги АШАН рафта, ба қавле майда-чуйдаи идориро харида, ба яке аз тарабхонаҳои нави туркӣ дар ошёнаи 2-юми ин марказ қарордошта даромадем. Ҳамааш хуб буд то он замоне, ки ман нусхаи манораи Эйфели Парижро дар паҳлӯи АШАН ва рӯбарӯи тарабхонаи «Сеит Эфенди» надидам. Мутахассисон саргами кор дар ин манора буданду маълум аст, ки онро дар арафи фарорасии соли нави милодӣ ҳатман ботантанаи хос ифтитоҳ хоҳанд кард. Дидори Париж ва рамзи он манораи Эйфел, ки яке аз аҷоиботҳои ҷаҳон ба шумор меравад, орзуи деринаи ман аст, вале дидани ин қадар нусхаи Эйфел дар Тоҷикистон ба қавле завқи маро нисбат ба Парижу рамзи он чунон коҳондааст, ки мондан гиред…

Тоҷикистон ватани Эйфел?

   09.09.2019. Нахустин нусхаи Эйфелу дигар рамзҳои Фаронса амсоли осорхонаи Лувр лоиҳаи махсусе буд, ки моҳи сентябри соли гузашта дар яке аз боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ш.Кӯлоб бунёд ёфта, бо тантанаи хос ифтитоҳ гашт. Хуб масъулони лоиҳа ҳатман сари ину он хеле фикр кардаву бо коршиносон низ сӯҳбат анҷом дода, пасон манораи Эйфелро ба қавле дар ҷигари Кӯлоб гузоштанд. Он замон боғи нав бо Эйфелу Лувр, ки дар кишвар ҳамто надошт, аз ҷониби сокинону сайёҳон хуб пазируфта шуд, зеро на ҳама имкони сайру саёҳатро доранду манораи оламшумулро рафта, дар ҷояш дида метавонанд. 

 Эйфел дар Левакант

Ин ҳамааш хуб буд то замоне, ки раҳбарияти ш.Леваканд (собиқ Сарбанд) бо гузашти 4-5 моҳ дар даромадгоҳи ин шаҳр низ нусхаи манораи Эйфелро гузоштанд. Ва ана баъд «формулаи саллаву калла» сар шуд. Шояд ҷое порки Кӯлобро дар сатҳи баланд таъриф карданду мардуми каллабиор хостанд худнамоӣ кунанд…

 Эйфели боғи Кӯлоб маълум аст, ки барои тафреҳ буд, аммо ш.Леваканди Тоҷикистонро бо пойтахти Фаронса чӣ мепайвандад, ки Зарина Давлатзода, раиси ин шаҳр ба ҷойи Парчаму Нишон маҳз Эйфелро рамзи ин шаҳри саноатии вилояти Хатлон кардааст? Ва чаро ин амали ғайривоқеиро, ки ба расму таомул ва анъанаҳои милии тоҷикон хос нест, масъулини болотар қабул кардаву иҷозат додаанд? Ку этикаи идеологӣ ва сиёсӣ?

 Эйфел дар Дарвоз

Дигар ба гуфтаи мардум «Бигир дега!». Пас аз ин нусхаи манораи Эйфел дар маркази н.Дарвоз қомат афрохт, ки он ҳам дар боғи нави тафреҳӣ қарор дорад ва ҳамакнун дар дили Душанбе, боз 1 Эйфелбаччаяки дигар ва маълум нест чаро…

 Эйфел дар ҳама ҷо!!!

Ин қадар Эйфел гузоштаем, ки шояд мардуми Фаронса низ дар ҳайрат монда бошанд?! Ва аз ҳама муҳим бо ин ҳама эйфелдӯстии мо оё дар Фаронса дар кунҷи 1 боғаке лоақал нимпайкараи Исмоили Сомониро мегузошта бошанд!? Метарсам, ки рафта-рафта нусхаи манораи Эйфелро дар Файзободу Мурғобу Ҷ.Расулову Зафарободу Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хоҳем диду ба ҷойи Наврӯз Тоҷикистон ватани Эйфел хоҳад шуд…

 

Ромини Амин, СССР

Аниқ-дот ба мавзӯъ

Аз Сӯҳроб ном ҷавонмарди шӯхи кӯлобӣ пурсидаанд, ки «Чаро манораи Эйфелро гузоштед?», ки гуфтааст:

-750 сол Ҳазрати Амирҷонпарастӣ кардем, нашуд, акнун 2-3 сол Эйфелпараст шавем, чӣ мешуда бошад???

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:18

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 10:05

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 09:32

 

Мероси кишварҳо

   Пайдоиши эмблема (орм) –ҳо, тасвири шартии рамзӣ аз ҳар гуна мафҳумҳо ва ғояҳо ба замонҳои хеле қадим бармегардад. Бори аввал шаҳр-давлатҳои Юнони қадим барои тасвири худ аз ин орм ё намодҳо истифода намудаанд. Барои мисол намоди Афина Бум, намоди Коринф Аспи қанотдор (пегас) ба шумор мерафтанд. Дар асрҳои миёна, ин тасвир ба Аврупои ғарбӣ интиқол ёфта, маҳз дар Аврупои ғарбӣ бори аввал гербҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтанд. Сарбозони ашрофзодаи аврупоӣ, дар сипарҳояшон тасвире мекашиданд ва ба ин васила, кӣ ва аз кадом табор будани сипардор муайян мегардид. Ҳамин тасвирҳоро герб номиданд. Герб калимаи поляки-немисӣ буда, маънояш мерос мебошад. Оҳиста-оҳиста давлатҳо низ аз ин тасвирҳо истифода мекардагӣ шуданд ва имрӯз ҳар кишваре барои худаш герби хосе дорад. Барои мисол таърихи герби Русия ба қарни ХV, замони ҳукмронии Ивани III бармегардад. Маҳз Ивани III бори аввал дар муҳри худ тасвири уқоби дусараро мавриди истифода қарор дод ва ҳамин уқоб элементи асосии герби имрӯзаи Русия гардид.

Аз досу болға то шер

   Баъди таъсиси РАСС-Ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистон зарурати қабули парчаму герби он низ ба миён омад. Герби Тоҷикистони мухтор соли 1924 қабул гардид. Ин герб аз тасвири досу болғаи тиллоӣ, ки салибшакл рӯи ҳам ниҳода шуда буданд, иборат меёфт. Аз поён хуршед ба ин досу болға нурафшонӣ мекард. Гербро гулчанбаре, ки аз рост бо хӯшаи гандум ва аз чап бо шохаи пахта оро дода шуда буд, иҳота мекард. Зери он бо забони русӣ “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” навишта шуда, аз боло бошад ҳамин шиор бо ҳуруфи форсӣ, аммо бо забони ӯзбекӣ сабт гардида буд. 23 феврали соли 1929 бо қарори Раёсати КИМ Ҷумҳурии шӯравии мухтори Тоҷикистон герби нав расман тасдиқ гардид.                  Аммо моҳи апрели соли 1929 герб каме тағйир дода шуда, дар миёнаи он ситораи панҷкунҷа тасвир гардида, гулчанбари гандуму пахта ин ситораро иҳота мекард. Досу болғаву хуршед, ки кӯҳҳои барфпӯш ҳам ба он ҳамроҳ гардида буданд, дар миёни он ҷой дода шуданд. Забони навиштаҷот низ тағйир ва ин бор ба тоҷикӣ оварда шуда буд. 

   Баъди чанде Тоҷикистон мақоми Ҷумҳурии Шӯравиро гирифт ва дар солҳои аввал ҳамин герб бе тағйир монд. Аммо соли 1931 герби Тоҷикистон бори дигар тағйир дода шуд. Ин тағйирот дар Сарқонуни нави Тоҷикистон, ки 24 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми Шӯроҳои РСС Тоҷикистон қабул гардид, расман сабт ёфтанд. Акнун герб аз тасвири ситораи панҷкунҷа иборат меёфт ва досу болға, хуршед ва кӯҳҳо ба қисмати болоии он кӯчонида шуданд. Дар қисмати поёнии герби нав бошад, расми корхона, пули роҳи оҳан, рамаи гӯсфандон, трактор ва қатора тасвир гардида буданд. Ситораро аз рост хӯшаҳои гандум, аз чап шохаи ниҳоли пахта ва аз поин ниҳоли ангур иҳота мекарданд. Ин гулчанбар бо тасмае печонида шуда, дар он шиори “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” дарҷ гардида буд. Дар қисмати поинии доира бошад, навиштаҷоти “Ҷумҳурии сотсиалистии шӯравии Тоҷикистон” бо ҳуруфи форсӣ, лотинӣ ва кириллӣ сабт меёфт. Баъди қабули Сарқонуни нав дар соли 1935, герб бе тағйир монд, танҳо номи кишварро кӯтоҳ “ТаджССР” карданд.                                                                                         

 Соли 1934 дар Тоҷикистон озмуни давлатӣ барои тартиб додани лоиҳаи герби нав баргузор гардид. Дар ин озмун лоиҳаи рассом Александр Яковлев ҷои аввалро ишғол намуд.

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 09:20

11.12.1919. Дар РСФСР шумораи аввалини рӯзномаи «Юнний коммунар» рӯи чоп омад. Ин рӯзнома баъдан ба «Московский комсомолетс» тағйири ном карда, то ба имрӯз нашр мегардад.

11.12.1931. Дар СССР Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ қабул карда шуданд.

11.12.1994. Нерӯҳои Артиши федеролии Русия вориди Ҷумҳурии Чечен гардиданд. Оғози ҷанги аввали чечену-рус.

12.12.1930. Дар РСС Тоҷикистон роҳи мошингарди Сталинобод - Қурғон-Теппа сохта, ба истифода  дода шуд. 

12.12.1937. СССР бори аввал дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии Париж иштирок намуд.

12.12.1979. Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ қарори вуруди нерӯҳои низомиро ба Афғонистон қабул кард.

13.12.1922. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Федаративии Закавказия. Ба ин ҷумҳурӣ се кишвари қафқозӣ Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон шомил гардиданд.

13.12.1969. Дар СССР сохтмони заводи мошинбарории Камск оғоз гардид. Ин завод мошинҳои тамғаи КАМАЗ-ро мебаровард, ки яке аз беҳтарин мошинҳои боркаш дар собиқ СССР ба шумор мерафтанд.

14.12.1917. Дар РСФСР бо Декрети ШКХ тамоми бонкҳо моликияти давлатӣ эълон гардиданд.

14.12.1930. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати КИМ ноҳияи Дарвоз таъсис ёфт. 

15.12.1917. Дар РСФСР бо Декрети КИМ ва ШКХ Шӯрои Олии хоҷагии халқ (ВСНХ) таъсис дода шуд. Ин ниҳод, асоситарин ниҳоди идоракунии хоҷагии халқи Русияи Шӯравӣ ба шумор мерафт.

15.12.1957. Дар РСС Тоҷикистон ГЭС-и Қайроқум сохта ба истифода дода шуд. Ин ГЭС номи «Дӯстии халқҳо»-ро гирифт ва яке аз бузургтарин иншоотҳои инчунинӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. 

16.12.1939. Дар СССР бо қарори ШКХ Главкинопрокат созмон дода шуд. Ин ташкилот ба намоиши филмҳои синамоӣ дар сар то сари СССР, назорати техникии сифати филмҳо ва нигаҳдории онҳо машғул буд.

16.12. 1960. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори Раёсати ШО шаҳри Норак таъсис дода шуд. 

16.12.1989. Оғози шуриши мардумӣ дар Тимишоари Руминия. Ин шӯриш ба роҳбари Руминияи коммунистӣ Николай Чаушеску ва қатли ӯву занаш мунҷар гардид.

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 09:02

Мақолаи «Ҳоли табоҳи Саразмро бубин…», ки санаи 8.10.2020 таҳти № 39 (628) дар ҳафтавори СССР аз номи Бекмурод Ашуров ба чоп расидааст, дар МИҲД-и шаҳр бо иштироки роҳбарият ва кормандони Пойгоҳи бостоншиносии Саразм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рӯзи 12-сентябри соли 2020 бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон бо шукӯҳу шаҳомат ва хотирмон  таҷлил карда шуд. Роҳравҳои сангфарш, гулгашти зебо, ҳафриётҳои поккорикардашуда, осорхона, маҳаллаи қадим аз ҷойҳои диданбоби ин ёдгорӣ мебошанд. Махсусан аз тарафи бегоҳ чароғон гардидани ёдгорӣ хеле ҷолиб ва барои сайругашти шаҳрвандон мувофиқ аст. Мағозаҳо ва маркази хизматрасонӣ барои шаҳрвандон хизмат мекунанд.

Дар бораи он, ки Саразм ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст, тамоман асоси воқеӣ надорад. Атрофи ёдгорӣ пурра деворпанҷара карда, гулу буттаҳо дар мавсими сард ҷамъоварӣ мешаванд, ки мавсимианд. Истифодаи заминҳои (зонаи буферӣ) қисмати дуюм, берун аз ёдгорӣ, ки онро қисмати муҳофизатии ёдгорӣ меноманд, дар асоси критерияи ба маросими умумишавии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгорӣ омадааст, ки замин барои кишту кор ва сабзу хуррам нигоҳ доштан ба аҳолии маҳалла дода шуда, танҳо шинонидани дарахту ниҳолҳои решаашон ба чуқурӣ мерафта иҷозат нест. Шаҳрвандон берун аз ҳудуди ёдгорӣ кишту кор мекунанд ва ҳатто чорвоҳои худро рӯзона мечаронанд, ки ин барои фаъолияти ёдгорӣ ягон зарари ҷиддӣ надорад.

М. Сафарзода, 

муовини якуми раиси шаҳр

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 09:00

Абдуқодири Абдуқаҳҳор журналист, китобдор ва Шахсияти вораста, занг задаву гуфт, манъи чорабиниҳои солинавиро дар Тоҷикистон мабодо дар Русияву Аврупо чун тантанаи ваҳҳобизму салафияву фанатизми мазҳабӣ қабул накунанд? Ва афзуд:

-Маҷлису шабнишиниҳои Солинавиро манъ кардед ба хотири КОВИД-19. Розӣ! Аммо ақаллан 1 арчачаи МаҳмадсаидУбайдуллоевӣ гузоред охир дар маркази шаҳру ноҳияҳо! Бигзор пандемия гуфта, мардум Соли Навро ҷашн нагиранд. Вале ақаллан Арчаро дидаву шодӣ кунанд ва ба ҷаҳониён паём фиристем, ки мо ба фанатизм нағӯтидаем. Чанде пеш Рустами Эмомалӣ ба Маскав рафт. Дар сатҳи олӣ ӯро қабул карданд. Тамомии раҳбарияти Маскав аз ӯ болида, чӣ суханҳои хубу пурмазмуне дар бораи Шахсияташ гуфтанд…

Вале ман намефаҳмам, чаро чанд идеологи давлатӣ, ки аз замона кайҳо қафо мондаанд,  Арчаи Соли Навиро манъ кардаанд. Бигзор Арча бошад, Бобои Барфӣ бошад, аксу тоблуи Буққачае бошад, то оламиён донанд, ки мо давлати исломӣ нестем. О, Арчаву Бобои Барфӣ, Буққа, мурчал ва табъи болидаи мардум ба ягон вирус созгор нест ва ё идеологҳои пинҳонии фанатизми исломӣ мехоҳанд моро шармсор кунанд? Арчаро, агар мехоҳед манбаъи сироят набошад, дар байни кӯли об гузоред, ки касе пешаш наравед, вале гузоред онро!!! Соли нави мелодӣ, бар кишвари дунявиву деомкратӣ муборак бод!

 

Чоршанбе, 16 Декабр 2020 08:57

 

Умед Сардоров, сокини ш. Хуҷанд ба мо занг зада (тел. 92 9087862), бобати ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ ба Русия қисса кард. 

   - Ман як нафар муҳоҷир мебошам ва бесаброна кушодашавии роҳро ба Русия интизорам. Чанде қабл, раиси ш.Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба Русия рафта, бо мақомоти он кишвар дидорҳо дошт. Мо бениҳоят шод мешудем, агар ба туфайли кӯшишҳои раиси ш.Душанбе, роҳи муҳоҷирон кушода шуда, шаҳрвандони мо имкони ба Русия сафар карданро пайдо мекарданд. Мо муҳоҷирон ба  Рустами Эмомалӣ ва сиёсатҳои созандаи ӯ боварӣ дорем ва мутмаъинем ба мушкилоти мо муҳоҷирон расидагӣ мекунанд. 

 

саҳ 6 аз 11

Китобҳо

Flag Counter