ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:57

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:47

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:41

5 декабри соли 1929  Иҷлосияи дуввуми КМИ СССР даъвати 5-ум, Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистонро ба ҳайати СССР ворид кард. Аммо ин вуруд, фарозу нишебиҳои зиёде дошту танҳо бо талошу ҷонфидоии фарзандони асили ин миллат муяссар гардид.

Табартақсим

   28 апрели соли 1924 Бюрои осиёимиёнагии ҲК (б) қарор “Бобати тақсимоти миллӣ-маҳаллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна”-ро қабул кард. 27 октябри соли 1924 Сессияи дуввуми КМИ СССР қарори тақсимоти миллӣ-маҳаллиро ба тасвиб расонид ва барои пиёда кардани ин тақсимот, комиссияи махсусе таъсис дода шуд. Роҳбари ин комиссия яке аз болшевикони собиқадор И.А. Зеленский таъин гардид. Роҳбарияти Ҷумҳуриҳои Шӯравии Осиёи Миёна низ даст ба кор шуданд ва дар натиҷа, як муборизаи тезутунди гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ба вуқӯ пайваст. Роҳбарияти Ҷумҳурии Халқи Шӯравии Бухоро ва Хоразм қариб, ба пуррагӣ дар мавқеи пантуркистӣ қарор доштанд ва мехостанд ба русҳо намоиш диҳанд, ки дар Осиёи Миёна як миллати бузурги турк сукунат дораду таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ ба нафъи мардум нест. Ин роҳбарони ҷадид, ки бештарашон аз ҳизби ҷавонбухориён ва бо кумаки Артиши сурх ба қудрат расида буданд, ҳоло мехостанд аз вазъият истифода бурда, кишварҳои қудратмандтаре барои худ бисозанд. Вале ин кӯшиши дар зоҳир одилона як мамониати ҷиддӣ дошт ва он ҳам ба кулли нодида гирифтан ва инкори мавҷудияти як миллате бо номи тоҷик. Аз ҳама шигифтовар ин буд, ки роҳбарони дастаи аввали ҳизби ҷавонбухориён монанди Файзуллоҳ Хоҷаев ва Абдурауфи Фитрат асолатан тоҷик буданд, аммо мавҷудияти тоҷикро дар ин сарзамин инкор мекарданд. Аммо нодида гирифтани тоҷикон имкон надошт ва 16 августи соли 1924 барои баррасии масъалаи тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ зеркомиссияи тоҷикӣ таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин, 20 август дар нишасти Бюрои ӯзбекии тақсимоти миллӣ лоиҳаи таъсиси вилояти мухтори тоҷикон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 6 сентябр Комиссияи ҳудудӣ ва 7 сентябр Бюрои осиёимиёнагии КМ РКП(б) низ лоиҳаи коммунистони ӯзбекро тасдиқ кард ва ҳамин тавр барои тоҷикон танҳо як вилояти мухторро ҷоиз донистанд. Аммо ҳамин лоиҳа ҳам таноқузоти зиёде дошт. Аз ҷумла дар он гуфта мешуд, ки “шумораи тоҷикон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна 1.240.000 нафарро ташкил медиҳад”. Ҳол он, ки барои таъсиси “ҷумҳурии шӯравӣ” ҳар миллат бояд аз 1 млн. бештар ҷамъият ва сарҳадоти беруна медошт. Тоҷикон ҳардуи ин шартро доштанд, аммо табартақсими болшевикӣ, ҳеҷ як аз инҳоро ба инобат нагирифт. 

Мухторият

   Тақсимоти миллӣ-маҳалии болшевикон, дар Осиёи Миёна се ҷумҳурии шӯравӣ, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистонро ба вуҷуд овард ва Тоҷикистон тибқи ин тақсимот дар оғоз, мебоист чун вилояти мухтор ба ҳайати Ӯзбекистон шомил мегашт. Ҳамин тариқ, моҳи августи соли 1924 дар ҳайати РСС Ӯзбекистон вилояти мухтори Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аммо баъди чанде инқилобиёни Бухорои Шарқӣ даст ба кор шуданд. Раиси КМИ Бухорои Шарқӣ Нусратуллои Махсум баъди омадан ба Тошканд, бо натиҷагириҳои комиссия ошно шуда, дарҳол ба  КМ РКП (б), ниҳоди олии ҳукуматии болшевикон бо мактуб муроҷиат кард.                                                             

Нусратулло Махсум дар мактуби худ аз КМ талаб намуд, қарори комиссияро аз нав дида бароянд ва ба Тоҷикистон низ бо ҳамон шарту усуле, ки ба Ӯзбекистон ва Туркманистон дода шуда буд, имкони таъсиси ҷумҳурии алоҳидаро фароҳам оваранд. Инчунин Нусратулло Махсум аз Маскав дархост кард, манотиқе мисли Ӯро-Теппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сох, Риштон, Ӯчқурғон ва як қатори дигар ба Тоҷикистон ҳамроҳ карда шаванд.

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:38

3.12.1936. Дар РСС Тоҷикистон бо қарори КМ ҲКТ 10 ноҳияи нави тобеи марказ: Бартанг, Ванҷ, Ворошиловобод, Роштқалъа, Қалъаи-Лаби-Об, Норак, Пахтаобод, Роҳатӣ, Сангвор, Сари-Хосор ва Шулмак таъсис дода шуданд.   

4.12.1946. Дар заводи мошинҳои сабукрави Маскав, аввалин мошини сабукравӣ “Москвич-400” сохта шуд.

5.12.1924. Аъзоёни Кумитаи Инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон аз Тошканд ба Душанбе омаданд.

5.12.1929. Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ пазируфта шуд. Тоҷикистон ҷумҳурии 7-уми СССР гардид.

5.12.1941. Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Маскав. Дар натиҷаи ин ҳуҷум артиши олмонӣ, бори аввал дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум шикаст хӯрда, аз дарвозаҳои Маскав ба ақиб ронда шуд.

6.12.1917. Финляндия истиқлолияти худро аз Русия эълон кард. Ҳукумати РСФСР ҳам ин истиқлолиятро ба расмият шинохт. 

6.12.1924. Дар Ҷумҳурии Шӯравии Мухтори Тоҷикистон Бюрои ташкилии ҲК (б) Ӯзбекистон таъсис дода шуд.

6.12.1936. Дар СССР Сарқонуни нав қабул карда шуд. Ин Сарқонун бо Сарқонуни сталинӣ маъруф аст ва тибқи он, дар СССР Шӯрои Олӣ (парлумони ду палатаӣ) ниҳоди олии ҳукуматӣ эълон карда шуд.

6.12.1979. Дар РСС Тоҷикистон, шаҳри Регар ба Турсунзода тағйири ном кард.

7.12.1935. Дар Сталинобод, пойтахти РСС Тоҷикистон, аввалин таксиҳои шаҳрӣ ба фаъолият шурӯ карданд.

7.12.1941. Артиши императории Япония ба базаи ҳарбӣ-баҳрии ИМА дар Перл-Харбор ҳамла кард. Бо ин ҳамла, ИМА вориди ҷанг гардид ва миқёси даргириҳои ҷанги ҷаҳонӣ афзоиш ёфтанд.

7.12.1988. Заминларзаи шадид дар Арманистон. Нерӯи заминларза 6,9 баллро бо ҷадвали Рихтер ташкил дод ва шаҳри Спитакро пурра ва Ленинаканро 80% хароб намуд.

8.12.1965. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бузургтарин комбинати ширӣ дар ҷумҳурӣ ифтитоҳ гардид. 

8.12.1991. Дар ҷангали Беловеж, президенти РСФСР Борис Елтсин, президенти Украина Леонид Кравчук ва раиси ШО Беларус Станислав Шушкевич созишномаи парокандашавии СССР-ро ба имзо расониданд.

9.12.1918. Дар Русияи Шӯравӣ аввалин Кодекси меҳнатӣ ба тасвиб расид.

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:35

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Файзобод, вобаста ба мақолаи дар ҳафтаномаи «СССР», ки санаи 24.09.2020 №37 ба нашр расида, оиди ҷой доштани маҳсулотҳои муҳлаташон гузашта дар мағозаҳо ва нагузаронидани санҷишҳо чунин маълумот медиҳад.

Аз тарафи мутахассисони Марказ дар давоми 9-моҳи соли ҷорӣ дар иншоотҳои хӯроки умумӣ ва мағозаҳо 97 санҷишҳои санитарию гигиенӣ гузаронида шудааст. Нисбати 62-нафар соҳибкорон бо риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи умумии онҳо 10556 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз мағозаҳо ва дуконҳои фурӯши махсулотҳои хӯрокворӣ 167 кг маҳсулотҳои  муҳлаташон гузашта ва пастсифат аз муомилот гирифта шудааст, ки маблағи 1779 сомониро дар бар мегирад. Инчунин ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй набудан фаъолияти 13 иншооти самти хӯрока боздошт карда шудааст. 

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ҳаррӯза да байни соҳибкорон ба риоя намудани қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва ба муомилот бароварда маҳсулотҳои ба талабот ҷавобгӯй буда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида дар ин самт корро ҷоннок намуда истодаанд.

К.Латипов, директори МНДСЭ-и 

н.Файзобод                              

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:33

 

Шариф Назруллоев мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии СССР аз н.Варзоб занг зада (тел: 917 94 40 96) гуфт, ки 15% зиёд шудани нафақа дуруғ будааст.

   - Салом ба ҳама аҳли эҷоди газетаи мардумии СССР. Ман чандин солҳо дар идораҳо гуногуни давлатӣ кору фаъолият кардаам ва дар охир барои ман нафақае муаян гардиду, аз кор баромадам. Лекин тибқи мушоҳида теъдоди зиёди мардум то ба сини нафақа расидан дар корхонаҳои дигар фаъолият намуда, дар 2-3 соли пеш аз нафақа ба ягон корхонаи давлатӣ кор медароянду сипас соҳиби нафақаи хубе мегарданд. Паҳлуи дигар 1%-заеро, ки ба мардум ваъда доданд, куҷо шуд?     Ба инаш ҳам чашм пӯшидем! Лоақал масъулини муҳтарам мегуфтед, ки барои чи дар нафақаи ман 8% ва аз ҳамсарам 11% зам шудааст. Дар ҳоле, ки тибқи супориши роҳбари давлат бояд 15% илова мешуд. 

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:31

 

Умед Мирзобеков, яке аз хонандагони доимии газетаи мардумии СССР аз н.Спитамен ба мо занг зада (тел. 908 78 62) гуфт, ки ман аз куллли кормандони газетаи СССР сипосгузорам, ки ҳамавора дар фикри мардуми оддианд. 

   Хусусан пайгирии авзоъи нарху навои маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои пойтахт ба ман писанд омад. Нарху навои Душанбе дар ҳақиқат рӯ ба қимматӣ ниҳодааст. Дар ҳамин росто гуфтаниам, ки чаро ниҳодҳои давлатӣ барои поин овардани ин нарху наво кӯшише ба харҷ намедиҳанд. Албатта, ман медонам, ки мо дар давраи иқтисодӣ бозорӣ қарор дорем ва давлат наметавонад бо роҳи зурӣ нарху наворо танзим кунад. Аммо роҳҳои дигар низ вуҷуд доранд. Барои мисол давлат ба ҳайси як бозингари асосӣ метавонад худ вориди бозор шавад ва бо эҷоди рақобати солим, нархҳоро поин орад. Ин кор пеш аз ҳама ба нафъи худи давлат хоҳад буд. Чаро ки боварии шаҳрвандонро ҷалб намуда, забони бадгӯёнро мебандад. Хоҳиш мекунам газетаи СССР ин гуфтаҳои маро чоп кунед!

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:29

 

Салом СССР-чиёни гиромӣ! То ҷое, ки мо иттилоъ дорем дар тарабхонаҳо барои гузаронидани маъракаҳои гуногун то 3-соат иҷозат дода шудааст. Дар бозорҳои кишвар бошад бемаҳдудият (ҳатто баъзан бениқоб) мардум гаштугузор доранд. Аммо дари масҷидҳои панҷвақта, ки ҳамагӣ дар як рӯз яъне дар 5-вақт намоз танҳо 1-соат вақт меравад ё не, барои мардум бастааст. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо риояи чораҳои пешгирӣ (пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшакҳо) ба масҷидҳо иҷозати фаъолиятро диҳед. Шояд дуои мардум дар масҷид ин вабои асрро аз сари мардуми ҷумҳурии мо дур намояд. Зимнан бояд таъкид созам, ки дари масҷидҳо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо алакай барои намозгузорон боз гардидааст.         

Х.Расулов, н.Мастчоҳ 

 

саҳ 8 аз 11

Китобҳо

Flag Counter