ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:24

   

Мақолаи “Чойхонаҳоро баргардонед!”, (ССР,-45, 19 ноябри соли 2020, муаллиф М. Аминзода )-ро хондаму чойхонанишиниҳои муйсафедону миёнсолони ноҳия ба хотирам омад. Дар чойхона-ошхонаи Хуррам-ако мӯйсафедон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, ки ҷои алоҳида доштанд, ҳаррӯз ҷамъ меомаданд, чақ-чақу суҳбат, ҳазму шӯхиҳои намакин мекарданд ва пиёлаи чои кабуду сиёҳро нӯши ҷон менамуданд. Муаллим Табаралӣ Каримов ба ҳамсолону ҳамсингаронаш аз рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл менамуд ва Фақир Ҳалимов (шодравонҳо) аз хусуси муваффақияту пешравиҳои ҷамъияти сотсиалистӣ сухан меронд. Дар гӯшаи дигари чойхона миёнсолон-онҳо, ки мухлиси бозии шоҳмот буданд, ба бозии шоҳмот навбат гирифта, суҳбати самимии мӯйсафедонро гӯш мекарданд. Хуррам-акои ошпаз сари ҳарчанд вақт назди мӯйсафедон омада, аз ба чӣ эҳтиёҷ доштани онҳо пурсон мешуд. 

Имрӯз мо он ҷавонҳо мӯйсафед шудаем ва ҷои рафтану нишастан надорем. Агар бо коре ба маркази ноҳия равем, ягон шиносу рафиқро надида,  бармегардем. Мо мӯйсафедон мехоҳем, ки дар маркази ноҳия як ҷои нишаст, дамгирӣ ва аз суҳбатҳои якдигар лаззат бурдан дошта бошем. Ба ин кӣ ба мо мӯйсафедону миёнсолон кӯмак мерасонанд? Албатта ҳукумати ноҳия ба ин хоҳиши  мӯйсафедон ёрӣ расонида метавонад, вале агар хоҳад. 

Зайнулобиддин Ҳусейнов, н.Ёвон 

 

Чоршанбе, 09 Декабр 2020 09:21

24.11.530 то мелоди Исои Масеҳ. Қавми яҳуд сар аз даврони императории Куруши Кабир бо Тоҷикону форсҳо муносиботи ҳасана дорад. Ин имрӯз аст, ки охундҳои эронӣ олами ҷуҳудро зидди худ шӯронидаанд. Зеро барои ин охундон ягон чизи муқаддас намондааст. Мисле, ки бо ҳама бародарпарастии мо, маълум шуд, ки «мор дар остин мепарварем»-у Эрон муҷрими асливу усулии қатлу куштори олимони саршиноси Тоҷикистони азиз, бо шумули Олимпур, Латифӣ, Осимӣ, Ғуломов, Афардӣ ва ғ. ва ҳ. будааст.  Ин факту далели санҷидашудаи хадамоти қудратист, на бофтаву тахаййули редаксияи газетаи мардумӣ.  Ва СССР дар ин бора навишта буду новобаста ба ҳушдорҳои Душанбеи расмӣ ин охундакон аз сарпарастии ТЭТ ҲНИ даст накашиданд…

Танҳо кофист ёд оварем, ки 2 моҳ қабл, 1 тан аз пешвоёни оппозитсияи ҳукумати расмии ҶТ, журналист Додоҷон Атовуллоев навишт:

Дар яке аз сафарҳо ба Теҳрон назари маро дар бораи ояндаи Наҳзат пурсон шуданд. Бо далелу мисолҳо мавқеъамро баён кардам: - Офтоби Наҳзат кайҳо ғуруб кардааст. Шумо худро бо дастгирии 1 гурӯҳи нолоиқ ва нокоршоями музофотӣ, ки ояндае надорад, бадном мекунеду халос. Посухи масъули Ҷумҳурии Исломии Эрон маро шокӣ кард: -Агар мо аз Наҳзат даст кашем, ончуноне Кабирӣ арз дошт, онҳо ба Арабистони Саъудӣ рӯ меоваранд. Қариб 30 сол аст, ки мо ин ҳизбро пуштибонӣ ва маблағгузорӣ кардаем, ҳамаи ин бар ҳадар меравад!...

STOP! Хонанда 1 чиро дарк кардӣ? Барои Эрони охундӣ ягон чизи муқаддас намондааст. Онҳо тамомии умеду армони миллати Тоҷикро, ки мехост бо решаҳои ориёии хеш пайваст ёбад, ба сифр-0-баробар карданд. Барои ин охундакон чизе муқаддастар аз хунрезиву арзишҳои мазҳабияшон нест, ки нест. Ва ин аст, ки Эрони охундӣ тани танҳо монд...

Ва акнун ёд меорем, моҷарои чанде қаблиро, ки бино ба иттилоъи расмии давлатҳои арабии сунимазҳаб, маҳз тайёраҳои бесадрнишини эронӣ маъхазҳои нафтии Арабистони Саъудиро бомбаборон кардаанд: 

14.09.2019. Соат ба вақти Саъудӣ 04:19 дақиқа. Чанд дрон ё худ тайёраҳои бесадрнишин хазинаҳои нафтии Абукайк ва Ҳурраисро мавриди ҳамла қарор доданд. 

Паси ин ҳамлаҳои ҷонибдорони ҳизби шиамазҳаби Ал-Ҳусит ё худ Ансор Аллоҳ, ё Ансорулло, ки дар соли 2005 шоҳигарии Яманро зеру забар карда буд, Теҳрон меистод. Ва табиист, ки Саъудия на ҳуситҳои яманӣ, ки охундҳои эрониро дар ин ҳуҷум, ки садҳо миллиард доллар ба биржаи нафтии хонадони Саъуд зиён овард, муҷрим донист. Ва баъд чӣ шуд? 

-Преступление и наказание (Достоевский)

22.11.2020. Расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки нахуствазири кишвари ҷуҳудӣ, Бенямин Натаняҳо, пинҳонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар карда, бо раҳбари воқеии ин кишвар ва ҳам котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки дар ин кишвар “меҳмони аҷала” буд, дидан кард. Телевизиони давлатии “Kan”-и Исроил рӯзи 23-юми ноябр бо такя ба мақомоти беном хабар дод, Натаняҳо ва раҳбари оҷонсии иктишофии “Моссад” Ёсӣ Коҳен бо шоҳзода Муҳаммад Бин Салмон (ин ҳамонест, ки журналисти оппозитсионерашро ба таври ваҳшиёна дар Туркия пора-пора карда буд!) ва дипломати аршади амрикоӣ дар шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ, ки дар соҳилҳои баҳри Сурх ҷойгир аст, дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин хабарро чандин матбуоти дигар ҳам нашр кард. Дафтари Натаняҳо ва сафорати ИМА дар Байтулмуқаддас барои шарҳи ин хабар дастрас набуданд. 

Вале 1 факт ивазнашаванда ва таҳрикдиҳанда аст: ин аввалин сафари нахуствазири Исроил ба Арабистони Саудӣ ва куллияи мамолики исломӣ, тем более, арабӣ буд!!! 

Мулоқоти мазкур дар ҳоле баргузор шуд, ки Исроил чанде пеш созиши таърихии оддӣ шудани муносибатҳо бо 2 кишвари муттафиқи Саудия дар минтақаи Халиҷи Форс – Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайнро имзо карда, дар ҷамъ бо 3 кишвари арабии про-амрикоӣ дӯсту бародар шуд. Нақши миёнҷиро дар ин муносибатҳо маъмурияти президенти ИМА Доналд Трампи беҳамто ва бе мислу монанд, иҷро кард. Ва мегӯед, ну и что? А ничего-гуфти раҳматии бобои Ғулом. Чанде баъд, тавре, ки хадамоти тачассусии Эрон мегӯяду Амрикову Аврупо хомӯшанду мамолики арабу яҳуд қарс мезананд...

-Падари Бомбаи Атомии Эрон кушта шуд!

27.11.2020. Субҳ. Мозандарон. Мӯҳсин Фахризода бо аҳли байташ савори Ҷипи тирногузари Ниссан ва посбонии 3 авто мерафт, ки мавриди ҳамла қарор гирифт. Бар асари тирпарронӣ физики ядрошинос, ки ба иттилоъи Теҳрони расмӣ садри ҳифозати кишвар аз ҳамлаҳои атомӣ буду бино ба хабари ҷосусони авро-амро-яҳудӣ сарвари бомбаи ҳастаии эронӣ, фавтид. Эрон Исроилро гунаҳкор хонд. Натаняҳо гуфт, ба ин иттиҳомот посух намегӯяд. Вале мамолики арабӣ сукут варзиданд. Пас сафари Натаняҳо бе натиҷа буд мегӯед?

Хестед, ки хобед...

Газетаи мардумии СССР, албатта, ҳар амали террористиро, ба вежа, агар он дар кишварҳои дигар ҷомаи амал мепӯшад, сахт маҳкум менамояд. Вале аз сӯи дигар кишварҳои ба мо ҳамзабон низ, агар мехоҳанд муттафиқоне дар ҳошияи Созмони ҳамкориҳои Шонгхой, бо шумули 2 абарқударт Хитой ва Русия дошта бошанд, бояд аз сарпарастии ҳизбу ҳаракатҳои сепаратистии маҳаллӣ даст кашанд. Зеро ҷавкор ҳаргиз гандум намедаравад. Ва инро ман нагуфтаам. 

Классика, бародарони гиромӣ! Саъдии Шерозӣ!! Мо Метавонем!!!

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 17:15

 

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки тарафи арманӣ истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳиро эътироф накард ва ин маънои онро дорад, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмиллалӣ Қарабоғ қисмати Озарбойҷон ба шумор меравад.                                   Путин инчунин гуфт, ки муаллифони изҳорот бобати Қарабоғи Кӯҳӣ ҳар се тарафи имзо карда мебошанд. 

Путин гуфт: “Аммо бобати матни изҳорот, мо се нафар онро тартиб додем; ман, президент Алиев ва сарвазир Пашинян”. Путин инчунин илова кард, ки роҳи дигари хомуш кардани ин даргирӣ вуҷуд надошт. Ба гуфти президенти Русия созишнома танҳо миёни Арманистон ва Озарбойҷон баста шудааст ва Маскав танҳо нақши миёнаравро иҷро мекард.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                     

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 17:12

 Шералии Ибодулло, мухлис ва хонандаи доимии газетаи мардумии “СССР” аз н.Темурмалик занг зада (тел: 915 94 51 71) гуфт, ки зиёда аз 1 ҳафта мешавад, ки дар маркази ноҳия мардум на барқ доранду на оби ошомиданӣ.

   - Моҳе нест, ки дар маркази н.Темурмалик-ш.Совет мардум аз оби ошомиданӣ танқисӣ накашанд. Ҳар моҳ 1 ҳафта бо сабабҳои таъмир, кафидани қубурҳо ва ё аз кор мондани генератори обтаъминкунанда, мо аз дастрасӣ ба оби тоза маҳрум гашта, бо хару ароба ва ё мошин обкашонӣ мекунем. Медонам, масъулин ҳам пеш омадани чунин вазъро намехоҳанд, лекин бояд корхонаи обу коррези ноҳияро таъмиру таҷдид намоянд. Ростӣ, ҳоли мардумро дидаву дардам кард, ки бар зами бебарқӣ ба сокинон боз беобӣ зам шуд...

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 17:07

 

Ҷамшед Сатторов, муаллими собиқадори Мактаби мусиқии бачагонаи ба номи Фозил Солеҳови шаҳри Ваҳдат аз тахриби бинои асосии мактаб ва кӯчонидани он ба бинои дигару гӯшаи дигари шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулони Вазорати фарҳанги ҶТ тақозо менамояд, ки садди роҳи тахриби кӯхансолтарин мактаби мусиқии кишвар гарданд. Дар пайи арзи эшон ба идораи редаксияи газетаи “СССР” мухбири мо ҳафтаи гузашта ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, аз вазъи воқеии ин қазия-тахриби мактаби мусиқӣ воқиф гашт.

Ба ҷойи мактаб хона?

18.11.2020. Соат ба вақти Ваҳдат 14:27 дақиқа. Расидан замон дар назди ин муассиса моро 1 гурӯҳ собиқадорони ҷанги Афғонистон, ки сокини ин шаҳранд,  пешвоз гирифтанд. Ҳатто дар миёнашон нафаре дар аробачаи маъюбию дигаре дар дасташ дурбин истода буд. Тавре баъдан маълум гардид, шумораи ҷанговарони башардӯсти ш.Ваҳдат аз 400 нафар бештар буда, онҳо аз ҳисоби худ 1 утоқи ин муасиссаро таъмир кардаву дар 1 сол чанд маротиба ҷамъ шуда ҳамсӯҳбат мешудаанд.                        Бинои муассисаро 1 соҳибкор мехостааст тахриб кардаву ба ҷояш бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ дар ошёнаҳои поёнӣ бунёд намояд. Ногуфта намонад, ки дар кӯчаи пушти ин муассиса алакай 1 бинои дуошёнаро омода карда истодаанду мехоҳанд, ки Мактаби мусиқии бачагонаро ба инҷо кӯчонанд. Лек муаллимону собиқадорони мактаби мазкур ба ин кор розигӣ надода, мегӯянд, ин биноро ба наздикӣ таъмир кардаанду маконаш низ барои онҳо ва кӯдакон хело қулай аст. 

Таърихи шаҳр

   Садои мусиқӣ на ба ҳама хушоянд аст ва ба ин хотир чунин мактабҳоро аз маҳалҳои биноҳои аҳолинишин дуртар бунёд мекунанд. Баъдан ба гуфтаи Ҷамшед Сатторов, ин макон яке аз маконҳои таърихии шаҳр ба ҳисоб рафта,  ҳоҷат ба вайрон карданаш нест. Кӯдакон низ аллакай ба инҷо одат кардаанд ва собиқадорони ҷанги Афғонистон ҳам мехоҳанд, ки ин бино хароб нагардад. Онҳо ба ҳам омада, ба тамоми мақомотҳои кишвар арзу шикоят намуданд ва хушбахтона, баъди кӯшишҳои зиёд, тахриби бинои мазкур муваққатан манъ шудааст, аммо ояндаи он норӯшан боқӣ мемонад.

Нафаре аз масъулони бахши фарҳанги шаҳр ва ҷониби ширкати сохтмонӣ пайдо нашуд, ки қазияи мазкурро ба мо шарҳ бидиҳад. Омӯзгорону кӯдакон ва ҷанговарони башардӯст умед ба раиси ш.Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода доранд, ки аз вазъ огаҳӣ ёфтаву барои пойдор нигоҳ доштани ин муассисаи кӯҳанбунёд саҳми худро хоҳад гузошт.

Шералӣ Давлатов, 

Душанбе-Ваҳдат-Душанбе, 

СССР

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 16:56

Бозори “Саховат” дар хоби ғафлат?

22.11.2020. сот ба вақти Душанбе 14:16 дақиқа. Мо рейди навбатии худро аз КВД “Бозори “Саховат” шурӯъ кардем. Бо ҳамроҳи дӯстам вориди бозор шудем ва чизе аввал ба назарамон расид, набудани назорату назоратчиён дар даромадгоҳи бозор буд. Чун дар бозорҳои дигар муштариёнро пеш аз дохил шуданашон ба бозор, бо антисептику чизҳои дигар пешвоз мегиранд. Аммо дар бозори “Саховат” вазъият фарқ мекард. Чунин ба назар мерасид, ки ин бозор умуман назоратчӣ надорад. Ба дастони мо на касе антисептик пошид ва на ҳарорати баданамонро касе санҷид. Мо намехостем, ки боз ҳамон мавзӯи коронавирусиро зикр кунем, аммо маҷбурем, чун саломатии мардум дар мадди аввал бояд қарор гирад. 

Бо вуҷуди ин, агар мушкили бозор танҳо масъалаи набудани назоратчиён мебуд, боз ҳам дарди бахайр буд. Аммо дар ин бозор як бесарусомонии аҷибе ҳукмфармост. Хусусан дар ошхонаҳои сарироҳӣ.  Дегҳои ош дар ҳар кунҷу канори бозор дида мешуд. Ҳеҷ  деге сарпӯш надошт. Ба назар чунин мерасид, ки дар инҷо ҳеҷ кас дар фикри саломатии ҷомеа ва худ нест. Мо, ки барои фаҳмидани нарху наво ба бозор омада будем, аввал аз нархи ош пурсон шудем. Оши инҷо 5 сомонӣ арзиш дошт. Ба назари мо бисёр арзон намуд ва бо дӯстам хостем аз оши 5 сомонаи “Саховат” тановул кунем. Аммо баъди дидани дегҳои бе сарпӯши ош, аз ниятамон гаштем. Ман аз масъулини ин бозор пурсиданиам, ки оё чангу хоки бозор, микробҳое, ки моро иҳота мекунад ва аз ҳама бадтар, вирусҳо магар ба ошҳои бе сарпӯши шумо сироят намекунанд? Шумо муҳтарам масъулини бозорпас чаро вазъиятро ҷиддӣ назорат намекунед? 

Раис иҷозат намедиҳад?

Дохили бозор шудем ва рост ба назди савдогарон шитофтем. Нархҳои бозор воқеъан дандоншиканнанд. Мо бо яке аз савдогарон бобати нархгузории маҳсулоти хурока суҳбат кардем. Ин савдогар, ки нахост ки номаш ифшо шавад дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки болоравии нархҳои  маҳсулот аз мо вобаста нест. Сабаби ин болоравӣ, гаронии нархи доллар мебошад. Доллар, ки гарон шуд албата, ки нарх боло мераванд. Мо низ диламон ба мардум месӯзад. Масалан: мешавад рӯзе, ки харидорон омада гирён мешаванд, ки шароити зиндагиямон вазнин аст, каме нархҳоятонро пастар кунед. Ман ба онҳо мегӯям, ки охир шароити мо низ вазнин аст ва мо низ садҳо мушкил дорем. Ҳалли ин мушкил дар дасти мо нест. Мардум бояд ба сохторҳои зиддахл муроҷиат кунанд. 

Нархҳои кайҳонии бозори “Саховат”

Нархҳои бозор воқеъан моро дар ҳайрат гузошт. Кас медиду бовараш намешуд. 1 кило биринҷ 8 сомону 50 дирам, ярманҷав (перловка) 8 сомону 60 дирам, 1 кило марҷумак 12 сомон.  Нархи равғани “Золотая Корона”-и 2 литра 50 сомонӣ, равғани машҳуре, ки мардумро ба шӯр овард “Олейна”-и 2 литра 38 сомони, 3 литрааш 57 сомонӣ ва нархи равғани “Горнитса” бошад ба  89 сомонӣ расидааст. Мо аз тамоми гирду атрофи бозор гашту гузор карда, аз савдогарон пурсидем, ки чаро шумо равғани 5 литраи “Олейна”-ро ба фурӯш нагузоштаед? Яке аз фурӯшандаҳо, ки Азизова Шарофат ном дошт, ба мо посух дод, ки нархи “Олейна”-и 5 литраро 94 сомони нархгузорӣ кардаанд. Агар мо онро ба фурӯш барорем ва касе онро нахарад зарари моро кӣ ҷуброн мекунад.

Натиҷаи рейди мо: Нархҳои бозори “Саховат”

1. Тухм аз 1 сомону 60 дирам, то 1 сомону 95 дирам                                                                                                                           

2. Равғани 2 литра аз 57 сомони, 4  литра то 88 сомонӣ                                                                                                 

3. Гӯшт сар аз 50 сомонӣ                                                                                         

4. Картошка 3-3, 60 дирам сомонӣ

5. Пиёз аз 2 сомонӣ то 2 сомону 30 дирам 

6. Гулкарам-1 килло 6 сомонӣ

7. Помидор-1 кило 12 сомонӣ

8. Бодиринг 10 сомонӣ

9. Чакка 1 килло 14 сомонӣ

10. Меваҷот-себ 1 кило 21 сомонӣ, 1 кило ангур 35 сомонӣ. 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

Дар ҳамин маврид-рубрика

3 дона тухм 5 сомонӣ

Ҳудуди 1 моҳи охир нарху наво дар бозору фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон муназзам боло меравад. Аз ҷумла, равған, орд, тухм, шакар ва дигар намуди маҳсулоти хӯрока. Дар чандин шумораҳои гузаштаи ҳафтанома низ, арзу доду шикояти хонандагон нашр шуда буд. Мо ҳам наметавонистем нархи аниқу дақиқи маҳсулоти хӯрокаро барои мардум пешниҳод кунем, зеро ҳар рӯз нархнома дар бозорҳо ба сӯи гаронӣ тағйир меёбад. Аз ҷумла:

20.11.2020. Соат ба вақти Душанбе 11:42 дақиқа. Мо аз бозори КВД “Деҳқон”-и ш. Душанбе дидан кардем. Дар  ин бозор, гаронтарин маҳсулот равғани “Олейна” буд, ки тахминан 1 моҳ пеш зарфи 5 литри он 60 сомонӣ арзиш дошт, аммо айни замон ба 95 сомонӣ баробар шудааст. Ногуфта намонад, ки имрӯз ҳамаи намуди равғанҳо гарон шудаанд. Барои мисол, равғанеро, ки мардум пештар 11 сомонӣ мехарид, имрӯз ба 19 сомонӣ баробар шудааст. Шакар дар ин бозор аз 9,50 то 10 сомонӣ арзиш дорад. Нархи лубиё ва дигар навъҳои донагӣ ба 18-19 сомонӣ расидааст. Дар даромадгоҳи бозори мазкур ярмарка эълон кардаву барои мардум шакари арзон бо нархи 7 сомонӣ ва он ҳам барои 1 нафар то 2 кг мефурӯхтанд. Аммо ба гуфтаи чанд сокини ин маҳалла, мардум барои гирифтани шакари арзон соатҳои дароз бояд навбат истанд. 

Ба гуфтаи мардум, ҳар он чизе ки дар Тоҷикистон гарон мешавад, асло нархаш поин намефарояд, аз ҷумла орду гӯшт ва бензину газ, ки баъди гарон шуданашон солҳост, ки арзон нашуда истодаанд. Ба гуфтаи яке аз фурӯшандагони маҳсулоти хӯрока, Раҷабалӣ Қаюмов нархнома барои ҳама намуди маҳсулоти ниёзи мардум зуд-зуд тағйир ёфта истодааст ва аламовараш он аст, ки ширкатҳо маҳсулоташонро ҳар пагоҳирӯзӣ 1-2 сомонӣ қиматтар мекунанд. Вақте сабабашро мепурсем, танҳо 1 ҷавоб медиҳанд: “доллар гарон шудааст”-мегӯяд ин фурӯшанда. 

Давоми ҳамин ҳафта ба н.Темурмалик сафар доштем ва аз вазъи мағозаҳои маркази ноҳия дидан намудем. Медонед чӣ, хонандаи азиз, 1 дона тухм 1 с 40 д шудааст. Мисол мо 5 сомонӣ додем ва бар ивазаш 3 дона тухм гирифтем. Мардуми бечора бо кисаи холӣ аз назди мағозаҳо гузаштаву танҳо хаёлашонро гаронии маҳсулот фаро гирифтааст. Аз рӯйи мушоҳида маълум шуд, ки ҳамаи мардум танҳо ба 1 савол посух меҷӯянд:

-чаро нарх то ин дараҷа гарон шудаасту касе парво надорад???

 

 Шералӣ Давлатов, 

СССР, Душанбе-Темурмалик-Душанбе

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 16:33

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 16:26

 

саҳ 9 аз 11

Китобҳо

Flag Counter