ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 02 Декабр 2020 16:12

  

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 16:06

Комрони Абдувалӣ, сокини пойтахт меҳмони редаксия шуда гуфт, ки имрӯз ба фикри банда, сабаби асосии бе аҳамияти зоҳир намудани мусофирон ва бе корт ба нақлиёт савор шудани эшон, дар сатҳи олӣ хизматрасонӣ карда натавонистани EXPRESS  PAY мебошад. 

   - Ин ширкат мебоист аз рӯзи аввали ба фаъолият шурӯ карданаш камбудиву норасоиҳои худро пешбинӣ ва ислоҳ мекард. То мусофирон бе мамоният ва бо кайфияти дуруст битавонанд аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Инчунин аз ҷониби ронандагон низ масъулияти баланд эҳсос карда намешавад. Ронандаҳо, бояд то ҳадди имкон аз пардохтӣ ғайри нақдии ҳақи роҳкиро сарфи назар кунанд ва мусофиронро танҳо тавассути корт ба нақлиёт роҳ диҳанд. Ва агар ширкати мазкур имконияти ислоҳи камбудиҳоро надошта бошад, хубаш вазифаро бар дӯши дигар ширкат гузорад.   

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 16:01

28 ноябри соли 1943 дар Теҳрон сарони се кишвари иттифоқчӣ-Иосиф Сталин, Франклин Рузвелт ва Уинстон Черчилл дар доираи 1 конфронс бо ҳам дидор карданд. Ин дидори таърихӣ аҳамияти зиёде дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум ва бештар аз он, дар сохтмони ҷаҳони пас аз ҷангӣ дошт. Маҳз дар конфронси Теҳрон се абарқудрати дунё тасмими таъсиси 1 созмони ҷаҳониро гирифтанд, ки мебоист масоили доғи байни кишварҳоро ҳаллу фасл мекард. Ҳамин тариқ, дар конфронси Теҳрон нақшаи Созмони Миллали Муттаҳид кашида шуда, кишварҳои иттифоқчӣ дар ин созмон ҳаққи “вето”-ро соҳиб шуданд.

Амалиёти “Ҳамдардӣ”

    Барои баргузории конфронс пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон интихоб гардид. Интихоби Теҳрон тасодуфӣ набуд. Дар тамоми муддати ҳукмронии Ризошоҳ (1925-1941) Эрон бо Британия муқобила мекард. Дар солҳои 30-юми қарни ХХ-ум Ризошоҳ аз тарси Британия ва СССР бо Олмон, ба ҳайси як қувваи саввум наздик шуд. Эрон хусусан дар арафаи ҷанги ҷаҳонии дуввум бо Олмон муносибати танготанге барқарор намуд.                                                                                                                      Албатта ин ҳолат ба ҳеҷ ваҷҳ СССР ва Британияро қонеъ намекард, хусусан баъди 22 июни соли 1941. Намояндагони СССР ва Британия 10 июли соли 1941 барои баррасии масъалаи Эрон бо ҳам гуфтушунид оғоз намуданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунид нақшаи амалиёти “Ҳамдардӣ” тарҳрезӣ гардид. Тибқи ин амалиёт нерӯҳои Артиши Сурх аз шимол ва нерӯҳои англисӣ аз ҷануб вориди Эрон шуданд. Амалиёт 25 августи соли 1941 оғоз гардид ва Ризошоҳ баъди чанде, аз тоҷу тахт ба нафъи писараш Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ даст кашид. 29 августи соли 1942  гуфтушуниди се ҷонибаи англиси-шӯравӣ-эронӣ доир гардид. Дар ин гуфтушунид созишномаи нав бо ҳукумати нави эронӣ баста шуд, ки ба Эрон кафолати бехатарӣ аз ҳуҷуми Олмон ё ҳар кишвари дигареро медод. Инчунин тибқи созишнома, якпорчагӣ ва истиқлоли сиёсии Эрон низ ҳифз мегардид ва иттифоқчиён нерӯҳои худро на дертар аз 6 моҳ баъди анҷоми амалиётҳои ҷангӣ алайҳи Олмон, аз хоки Эрон берун меоварданд. Баъди имзои ин созишнома, 9 сентябри соли 1943 Эрон расман ба Олмон ҷанг эълон кард.                                                   

 Ҳамин тариқ, дар арафаи конфронси Теҳрон Эрон ба як кишвари боварибахш табдил ёфта буд ва маҳз ба ҳамин хотир Сталин ин кишварро барои дидори аввалинаш бо Черчилл ва Рузвелт интихоб кард. Ин кишвар ҳамсояи СССР буд ва аз Теҳрон алоқаи симии мустақим бо Маскав вуҷуд дошт. Ногуфта намонад, ки тарафҳо дар охири конфронс Эъломияе дар мавриди Эрон қабул карданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: “Роҳбарони СССР, ИМА ва Британия кумаки Эронро дар ҷанг алайҳи душмани умумӣ, хусусан интиқоли борҳоро ба СССР эътироф мекунанд”. Иттифоқчиён инчунин муваззаф шуданд баъди анҷоми ҷанг низ ба Эрон кумаки иқтисодӣ расонанд. Мардуми Эрон ҳам Эъломияро хуш пазируфтанд ва ҳатто се кӯчаи Теҳрон, кӯчаҳои Дай, Қоонӣ ва Рафаэл-авеню ба номи Рузвелт, Сталин ва Черчилл номгузорӣ гардиданд.

32 нома

    Дидори сарони кишварҳои иттифоқчӣ, барои ҳар кадом аз роҳбарони ин кишварҳо бисёр зарурӣ ба шумор мерафт. Хусусан Рузвелт мехост бо Сталин гуфтугӯи якка ба якка доир намояд. То дидори Теҳрон муносибати се кишвари иттифоқчӣ рӯ ба сардӣ ниҳода буданд. Сталин аз ҳамтоёни англисӣ ва амрикоии худ тақозои ифтитоҳи фронти дуввумро дошт ва Черчиллу Рузвелт бошанд ҳеҷ розигӣ намедоданд. Ҳар се роҳбар мехостанд дар як дидори мустақим масоили доғро ҳаллу фасл намоянд. Қабл аз дидор, тарафҳо бо ҳам 32 нома радду бадал карданд ва билохира ба тавофуқ расиданд, ки дар Теҳрон бо ҳам дидоре дошта бошанд.

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 15:57

28.11.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии Русияи Шӯравӣ бо қабули як Эъломия, фаъолияти суғуртавиро дар РСФСР роҳандозӣ кард.

28.11.1943. Дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон конфронси сарони се кишвари иттифоқчӣ-СССР, Англия ва ИМА доир гардид. Сталин, Черчил ва Рузвелт бо ҳам дидор намуданд, то масоили доғро ҳаллу фасл намоянд.

29.11.1917. Дар Петроград яке аз аввалин нашриётҳои шӯравӣ, Нашриёти Петросовет (баъдан ба Лениздат тағйири ном кард) ифтитоҳ ёфт.

29.11.1920. Дар Русияи шӯравӣ тамоми корхонаҳо, ки бештар аз 10 коргар доштанд, миллӣ кунонида ва ба моликияти давлат даромаданд.

29.11.1941. Сарбозони немис, партизандухтари шӯравӣ Зоя Космедемянскаяро ба қатл расониданд.

29.11.1945. Таъсиси Ҷумҳурии Халқӣ-Федеративии Югославия бо сарварии Иосиф Броз Тито. Соли 1963 Ҷумҳурии Халқӣ ба Ҷумҳурии Сотсиалистӣ тағйири ном кард ва Югославия Ҷумҳурии Федеративӣ-Сотсиалистӣ гардид.

29.11.1994. Артиши Русия пойтахти Чеченистон, шаҳри Грознийро бомбарон кард. Президенти Русия Борис Елтсин бо имзои як ултиматум, аз ҳамаи тарафҳои даргир талаб кард, силоҳашонро ба замин гузоранд.

30.11.1918. Дар Русияи Шӯравӣ, барои роҳбарӣ бар ҷанги шаҳрвандӣ, Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии ин Шӯроро худи Владимир Ленин ба зима гирифт.

30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар таърихнигории шӯравӣ, бо ҷанги зимистона маъруф аст ва ба СССР бо машаққати зиёд муяссар гардид, Финляндияи хурдакакро шикаст диҳад. Лигаи миллатҳо (СММ-и кунунӣ) моҳи декабри соли 1939 СССР-ро барои оғози ин ҷанг истилогар унвон карда, аз ҳайати худ хориҷ намуд.

1.12.1959. Дар Вашингтон 12 кишвари дунё (Аргентина, Австралия, Белгия, Англия, Чили, Фаронса, Япония, Зеландияи Нав, Норвеж, Иттиҳоди Африқои Ҷанубӣ, ИМА ва СССР) Созишномаро бобати истифодаи сулҳомезӣ Антарктида ба имзо расониданд.

2.12.1918. ШКХ-и РСФСР бо қарори худ, фаъолияти тамоми бонкҳои хориҷиро дар қаламравӣ Русияи Шӯравӣ мамнӯъ эълон кард. 

2.12.1956. Роҳбари инқилобчиёни Куба Фидел Кастро бо гурӯҳи ҳаммаслаконаш дар вилояти Орентеи Куба фуруд омада, муборизаи мусаллаҳонаро бо ҳукумати Батисто оғоз кард. Дар гурӯҳи Фидел, табиби ҷавони аргентинӣ Эрнесто Гевара ҳам ҳузур дошт, ки баъдан бо лақаби Че миёни инқилобиён маъруф гардид.

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 09:38

 

 Аҳмадҷони Саъдулло, яке аз хонандагони фаъоли ҳафтанома аз ш.Душанбе занг зада (тел: 92 334 12 41) гуфт, ки 1 дона тухми мурғ имрӯз дар бозорҳои кишвар то ба 1,40 сомонӣ расидааст...

   - Баъди кушода шудани сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон нархи маҳсулоти хӯрокаву пӯшока арзон шуда буд. Бахусус тухм, ки 1 бастааш то ба 13-14 сомонӣ  коҳиш ёфта буд. Аммо ҳоло нархи 1 баста тухм боз гарон шуда то ба 35-36 сомонӣ расидааст. 1 омили дигари гароншавии нархи тухм дар он аст, ки солҳои пеш танҳо 1-2 фермаҳои мурғпарвари фаъолият мекарду дар тамоми кишвар нархи тухм 60 дирам буд. Лекин тариқи ТВ-ҳои ватанӣ мебинем, ки қариб ҳар рӯз дар Тоҷикистон 1 фермои мурғпарварӣ кушода ва мавриди истифода қарор мегираду натиҷааш бошад танҳо 0. Мефаҳмем, ки аксарияти маҳсулоти хӯрока аз хориҷи кишвар ворид мегардад, аммо масъулон бояд нархи маҳсулоти дохилиро танзиму назорат кунанд. 

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 09:36

 Араби Дӯстмурод, яке аз хонандагони доимии ҳафтанома аз н.Восеъ занг зада (тел: 985 40 81 49) гуфт, ки дар кӯчаи мо дар 1 рӯз 11 маротиба барқро хомӯш мекунанд.

    - Намедонам аз чӣ бошад, ки ҳамин ширкати “Барқи тоҷик” тамоми санҷишҳояшро дар маҳаллаи мо мегузаронад. Яъне, ҳисоб кардам худи ҳамин рӯз 11 маротиба барқро қатъу васл карданд. На дар беморхона, на дар мактаб барқ нест. Дина шаб дар шӯъбаи таваллудхонаи беморхонаи наздикии маҳалламон будам, лекин барқ надошт, дар хона омадам боз ҳамчунин. Реҷаи муайан нест, масъулон кай хоҳанд барқро васл ва кай хоҳанд қатъ мекунанд. Таҳқири мардум то ба кай?

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 09:28

МИҲД-и шаҳри Бохтар ба самъи Шумо мерасонад, ки мақолаи хабарнигори рӯзномаи «СССР» дар вилояти Хатлон Баҳодур Уроқов «Бохтар: Литсейи №1 литсейии резинӣ аст?» дар асоси супоришҳои раиси вилоят Хатлон аз 5.10.2020 ва раиси ш.Бохтар аз 10.10.2020 аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ҳайати А.Ашурзода, сармутахасис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр, А.Ташрифзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр С.Ҳафизов, мушовири шуъбаи маорифи шаҳр, директори Литсейи давлатии ш.Бохтар М.Сироҷева дар маҳал санҷида бо натиҷаи он санад ва маъводҳои зарурӣ тартиб дода шудааст.

Бо натиҷаи санҷишии мақолаи қайд карда мешавад, ки далелҳои дар рӯзномаи «СССР» овардашуда, нисбати аз меъёр зиёд таҳсил намудани хонандагон дар Литсейи давлатии №1 ҷой доранд. Литсейи мазкур дар маркази маъмурии вилоят қарор, дар самти таҳсилот яке аз беҳтарин муассисаҳои шаҳр ба ҳисоб рафта, хоҳишмандони таҳсил дар ин литсей дар ҳақиқат зиёд мебошад. Аз ин сабаб дастовардҳои литсей назар ба дигар муассисаҳои типи нав ва миёна назаррасанд ва инчунин аз 115 хатмкардаҳои соли 2019-2020, 100% ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсуси дохил ва хориҷи кишвар дохил шудаанд, ки ин нишондодҳо бозгӯи сатҳу сифати баланди таълим дар ин муассиса мебошанд.

Литсейи давлатии №1 ш.Бохтар аз соли 1937 фаъолият дошта, ҳамагӣ 43 синфхона, аз ҷумла дар соли таҳсили 2017-2018 аз сабаби зиёд гаштани таваҷҷуҳи волидайн ба омӯзиши забони русӣ теъдоди хонандагон низ зиёд гашт ва бо ин мақсад аз ҳисоби биноҳои ёрирасони муассиса 10 синфхонаҳои иловагӣ ташкил карда шудааст ва довталабон ба литсей тариқи озмун қабул карда мешавад, ки тартиби мазкур барои ҳама ҳатмӣ аст.

Оид ба масъалаи пардохти ҳаққи моҳона ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки пардохти моҳона мутобиқ ба қарори байни падару модарон ва маъмурияти литсей ба роҳ монда шудааст ва 168 нафар хонандагон, асосан ятимони кулл, нимятимон, маъюбон, оилаҳои кабизоат ва фарзандони омӯзгорони литсей аз пардохти ҳаққи таҳсил озоданд. Маблағҳои моҳонаи ҷамъшудаи хонандагон асосан барои таҷҳизонидани кабинетҳои таълимии физики, алгебра, технологияи иттилоотӣ, идрорпулии хонандагони болаёқат, пардохти қувваи барқ, об интернет сарф гашта, аз ин ҳисоб пардохти маблағи илова ба омӯзгорон, ҳавасмандгардонии хонандагону омӯзорони онҳо, ки дар олимпиадаҳоии ҷумҳуриявӣ дастовардҳои назаррас доранд, сарф гашта, ҳамаи хараҷотҳо дар асоси сметаи тасдиқшуда ва тибқи талаботҳои Оиномаи литсей сарф карда мешавад.

Дар рафти санҷиш маъмурияти муассиса изҳор намудаанд, ки дар соли 2021 дар мувофиқа бо МИҲД-и шаҳр сохтмони 4 синфхонаи иловагиро ба нақша гирифтааст, ки онро то оғози соли нави хониши 2021-2022 сохта ба истифода месупоранд ва масъалаи мазкур дар асоси маълумотномаи аз тарафи шуъбаи маорифи шаҳр аз 19.10.2020, №189 пешниҳод шуда тасдиқ карда шудааст.

Дар фаъолияти кории Литсейи давлатии №1 баробари дастовардҳои зикргардида баъзе камбудиву норасоиҳои низ ҷой доранд ва оиди ислоҳи он ба маъмурияти литсей дастур дода шуд, ки бартараф намудани камбудиҳо зина ба зина амалӣ карда шуда, барои донишомӯзии хонандагон шароитҳои беҳтар муҳаё созанд.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси ш.Бохтар

 

Чоршанбе, 02 Декабр 2020 09:21

Дуруду салом нисоратон хонандагони азизи “СССР”! Марде, ки занашро идора мекунад, давлатро ҳам идора карда метавонад! (Кто управляет женой, может управлять государством) Ин мақоли муғулони саҳроӣ боре дар 1 ток-шоу, барномаи сиёсии ТВ “Россия” садо дода буд. М.С.Горбачев, ки занкалон буд, сархӯри давлати СССР шуд! 

Махсум М.-Ихвон ал-СССР аз вилояти Суғд

 

саҳ 10 аз 11

Китобҳо

Flag Counter