ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 30 Декабр 2020 11:35

 

Аз муаллим то сарвазир 

   Анвар Хоҷа моҳи октябри соли 1908 дар шаҳраки Гирокастраи Албания, дар оилаи тоҷир ба дунё омадааст. Албанияи он шабу рӯз ба императории Усмонӣ шомил буд ва падари Хоҷа дар шаҳрҳои гуногуни Туркияи усмонӣ матоъфурӯшӣ мекард. Баъди шикасти Туркия дар ҷанги ҷаҳонии аввал Албания ба истиқлолият расид ва ин рӯйдод дар ҳаёти минбаъдаи Анвар Хоҷа нақши зиёде ифо кард. Анвари ҷавон ба яке аз донишгоҳҳои Фаронса дохил шуд, аммо натавонист таҳсилашро ба охир расонад. Баъзе аз муаррихон тарки таҳсил намудани Хоҷаро, пайвастан  ба ҳаракати инқилобӣ медонанд. Аммо баъзеи дигар мегӯянд, ки Анварро барои духтарбозӣ ва шаробхорӣ аз донишгоҳ берун карданд. Бо вуҷуди ин, Анвар забони фаронсавӣ ва туркиро аз худ карда, бо асарҳои Маркс, Энгелс, Ленин ва Сталин ошно гардид.                                                                                                                             

 Баъди бозгашт ба Албания, Анвар Хоҷа ба тадриси забони фаронсавӣ машғул шуд. Аммо баъди чанде, фашистони итолиёӣ ба Албания лашкар кашиданду Анвар аз муаллимӣ даст кашид. Хоҷа ба пинҳонкорӣ гузашт ва вориди ҷабҳаи муқовимат гардид. Баъди чанде Анвар мағозаи сигорфурӯшӣ кушоду дар онҷо коммунистонро ҷамъ кард. Соли 1941 коммунистони албанӣ Ҳизби коммунистии худро бо номи Ҳизби коргарии Албания таъсис доданд ва Хоҷа хеле зуд дар раисии ин ҳизб қарор гирифт. Соли 1941 ӯро котиби аввали ин ҳизб интихоб карданд. Баъди чанд соли муқовимат ба албаниҳо муяссар гардид, кишварашонро озод карда, дар Албания ҳукумати коммунистӣ рӯи кор омад. Дар ҳукумати нав Анвар Хоҷа сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ ва сарфармондеҳи олии артиш интихоб гардид.

Дӯсти ду Иосиф                                                                                                                         

Баъди ҷанг Анвар Хоҷа зиракии сиёсии худашро ба хубӣ собит кард. Ӯ тавонист бо роҳбари СССР Иосиф Сталин ва Югославия Иосиф Броз Тито риштаи дӯстӣ барқарор намояд. Аммо баъди чанде, Хоҷа маҷбур шуд аз дӯстии яке аз Иосифҳо даст кашад. Соли 1949 Иосиф Броз Тито бо Иосиф Сталин ба таъбире “гапашон гурехт” ва Югославия бо худнамоӣ аз блоки сотсиалистӣ берун шуд. Анвари зирак аз Сталин тарафдорӣ карда, Титоро маҳкум намуд. Дар ҷавоб Маскав боз ҳам бо Тирана наздиктар шуда, ба Хоҷа кӯмаки пулӣ, озуқаворӣ, таҷҳизот, мошин ва доруворӣ ирсол мекард. Барои рушд додан ба иқтисодиёти Албания бошад, СССР мутахассисони гуногуни худро ба ин кишвари фақир мефиристод.                   Баъди чанде Хоҷа эълон кард, ки Албания бо роҳи СССР меравад ва ӯро коллективикунонӣ ва индустрикунонӣ дар интизор аст. Аммо дӯстии Албания ва СССР бо марги Иосиф Сталин ба поён расид. Муносибати Хоҷа бо Хрушев баъди Анҷумани ХХ-уми ҲК тезу тунд гардида, роҳбари Албания ба Никита Сергеевич ифшои шахспарастии дӯсташ Иосифро набахшид. Соли 1962 Албания аз ҳайати Шӯрои ёрии иқтисодии мутақобил (СЭВ) берун омад ва Хоҷа иброз намуд, ки қарзҳои аз СССР гирифтаашро бар намегардонад.

“Хоҷаизм”                                                                                                                                 

  Дар баробари ин, Анвар Хоҷа шахспарастии худашро дар Албания ниҳодина кард, ки бо “хоҷаизм” маъруф аст. Дар Албания ёди Сталин гиромӣ дониста ва яке аз шаҳрҳои бузурги ин кишвар Кучова, ба номи Сталин гузошта шуд. Худи Хоҷа низ ҳамон суннати Сталинро пиёда мекард.

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 11:29

23.12.1947. Дар СССР ба қарори Раёсати ШО, 1 январ Рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шуд. 

24.12.1935. Дар РСС Тоҷикистон Анҷумани I-уми табибони ҷумҳурӣ ифтитоҳ гардид.

24.12.1989. Анҷумани 2-юми вакилони халқии СССР, вуруди Артиши Шӯравиро ба Афғонистон маҳкум кард.

25.12.1917. Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Украина.

25.12.1939. Дар рӯзномаҳои СССР телеграммаҳои ҷавобии Сталин ба Гитлер ва Рибентроп нашр гардиданд. Дар ин телеграмма аз ҷумла омада буд, ки “Дӯстии халқҳои Олмон ва СССР, ки бо хун баста шудааст, барои пойдору устувор буданаш ҳама асосҳоро дорад”.

25.12.1991. Соати 19:30 дар телевизиони марказии СССР, Михаил Горбачев бори охир расман баромад карда, гуфт: “Ба хотири ҳолати пешомада ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ман фаъолияти худро дар маснади Президенти СССР қатъ мекунам”.

26.12.1919. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрети маҳви бесаводиро дар кишвар қабул кард.  

26.12.1946. Дар СССР аввалин реактори атомӣ “Ф-1” (Физикии аввалин) ба кор андохта шуд. Реактори мазкур аз ҷониби Николай Анатолиевич Доллежал ихтироъ гардида буд. 

26.12.1974. Дар СССР додани шиносномаҳо ба аҳолии деҳотӣ оғоз гардид. 

27.12.1929. Сталин эълон кард, ки дар СССР коллективикунонии оммавӣ оғоз гардида, давлат сиёсати “маҳви кулакҳо чун синф”-ро амалӣ мегардонад.

27.12.1938. Дар СССР унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҷорӣ карда шуд. 

28.12.1965. Дар пойтахти РСС Тоҷикистон шаҳри Душанбе, Хонаи меъморони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

29.12.1927. Дар СССР бо ташаббуси Феликс Дзержинский аввалин коммунаи кӯдакон таъсис дода шуд. Ба коммунаи мазкур, Антон Макаренко сарварӣ мекард.

29.12.1939. Дар РСС Тоҷикистон аввалин интихобот ба Шӯроҳои маҳаллии меҳнаткашон доир гардид.

29.12.1972. Бо қарори Раёсати ШО СССР, РСС Тоҷикистон ва ВМБК бо ордени Дӯстии халқҳо мукофотонида шуданд. 

29.12.1974. Бо қарори Раёсати ШО СССР, РСС Тоҷикистон бо ордени Инқилоби октябрӣ мукофотонида шуд.

30.12.1922. Дар Анҷумани I-уми Умумиттиҳодии Шӯроҳо, Эъломияи таъсиси Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қабул карда шуд.

31.12.1917. Ҳукумати РСФСР бо қабули як Декрет, истиқлолияти давлатии Финляндияро расман эътироф кард. 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 09:09

Мақолаи «Фархор: толори варзишӣ месозему об надорем!», ки дар нашрияи «СССР» аз санаи 12 ноябри соли 2020, №44 (633) ба чоп расидааст, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки дар н.Фархор таъмини ахо¬лии шаҳраки Фархор аз обанбори «Сарҳад» тавассути қубурҳои обдиҳӣ ба ҷо оварда мешаванд. Шурӯъ аз соли 2014 Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар ҶТ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи «Таҷдиди занҷираи обтаъминкунии шаҳраки Фархор» ро оғоз намуда буд. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 ба анҷом расонида шуд. Татбиқи лоиҳа имконият дод, ки ҳолати беҳдошти санитарӣ ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардидани аҳолии шаҳраки Фархор, 1 қисмати аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Дарқад, Фархор ва 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон (мавзеи навбунёди Ӯртабӯз), ки дар маҷмӯъ зиёда аз 35 ҳазор аҳолии ноҳияро дар бар мегирад, беҳтар гардад.

Дар баробари ин, аз тарафи Барномаи СММ дар минтақаи Кӯлоб, сохтмони хати оби нӯшокии маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Аловуддини Ҷамоати деҳоти Фархор ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуда, 60 оила бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Дар соли 2019 бо мақсади беҳтар кардани сифати оби нӯшокии шаҳраки Фархор, бо дастгирии молиявии намояндагии давлати Қатар ба воситаи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ассалом» кандани 3 чоҳи амудӣ, насби 3 адад насо¬си обкашӣ, кашидани 2 км шоҳқубурҳои асосӣ то ҳавзи обнигоҳдории сарчашмаи «Сарҳад» ва насби 1 адад трансформатори 400 кВ дар к. М.Турсунзода ба анҷом расонида шуд. Маблағи лоиҳаи мазкур зиёда аз 1140 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 бо дастгирии соҳибкорон кандани 2 адад чоҳи амудӣ, яке дар назди МТМУ №10, воқеъ дар шаҳраки Фархор ва дигаре дар кӯчаи М.Турсунзода ба охир расида, кандани 1 адад чоҳи амудии дигар дар рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Ҳамзамон, дар соли 2020 чоҳҳои обкашии деҳаи Муҳоҷиробод ва шабакаҳои оби нӯшокии ҳамин деҳа барқарор гардида, хати оби нӯшокии деҳаи Қалъаи Пучқоқ сохта ба истифода додашуда, аҳолии деҳаҳои номбурда, ки зиёда аз 5,5-ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Инчунин, дар соли 2020 бо дастгирии Кумитаи маҳал дар деҳаи Некманзари Ҷамоати деҳоти Ғайрат тавассути Лоиҳаи «Соҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳ» кандани 1 чоҳи амудӣ ва кашидани 1 км хати оби нӯшокӣ ба анҷом расонида шуд ва зиёда аз 1500 нафар аҳолии деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Инчунин ҶДММ «Оби нӯшокӣ», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулшан, 13245 нафар аҳолии Ҷамоати деҳоти Гулшан ва 600 нафар аҳолии деҳаи Меҳрободи Ҷамоати Дарқадро бо оби тозаи нӯшокй таъмин карда истодааст.

М.Раҳматзода, раиси н.Фархор                            

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 09:04

Нуриддин Достиев, мухлис ва хонандаи газетаи мардумии СССР аз ш.Кӯлоб занг зада (тел: 985 02 80 36) гуфт, ки бонки “Эсхата” аз маоши мардум медуздад.

   - Нафароне, ки дар кори барӯйхатгирии аҳолӣ вобаста шуда буданд, тӯли чандин ҳафтаҳо маҳаллаҳоро ба рӯйхат дароварданд. Маоши онҳо аз ин кор 1051 сомонӣ буд. Ҳамин шабу рӯз дар ш.Кӯлоб якчанд нафарашон тариқи бонки “Эсхата” маблағи худро бо мушкиливу муаммо гирифтанд. Онҳо бояд 1051 сомонӣ мегирифтанд, лекин мутассадиёни бонки мазкур 51 сомониро надоданд ва мегӯянд, ки ин маблағ барои корту дигар хизматҳост. Пас аз шикоят 40 сомониро иловатан баргардониданд, аммо 11 сомонии дигар то ҳол дастрас нест. Арз кунем, кормандони бонки “Эсхата” гуфтанд ба куҷое хоҳед шикоят кардан гиред...

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 09:03

 

Мунира Аминова, сокини ш.Душанбе занг зада (тел: 918 69 65 09) аз рафтори дағали ронандаи троллейбуси хатсайри №4 шикоят намуд.

   - Дар истгоҳи рӯбарӯи бозори “Саховат” дар интизори автобусу троллейбус истода будам. Соати 20:38 троллейбуси №4 (рақами давлатиаш 2012) омаду ману чанд нафари дигар ба он савор шудем. Ронанда ҳангоми даромадан гуфт, ки то истгоҳи сирк мераваду халос. Ба ин ҳам розӣ шуда корт задему гузашта шиштем. Пас аз чанд лаҳза ронанда фикрашро иваз карда, гуфт то сирк нею то истгоҳи бозори “Султони кабир” меравад. Ба эътирози мо, ки бояд то охири хатсайр равад, бо додувой ҷавоб дод, ки ӯ аз субҳ сари кор асту, вазифадор нест, ки то нисфи шаб кор кунад, зеро хонаву дару зану фарзанд дорад! 

   Агар ин тавр аст, пас чаро ронандаҳои автобусу троллейбусро ба 2 баст ҷудо намекунед, ки онҳо то соати 23-и шаб тибқи реҷа кор кунанду мардумро ба манзил расонанд? Кай ронандаҳои автобусу троллейбус хушмуомила мешаванд? Ва оё ККВД “Троллейбус” 1 сомонӣ аз корти ман ба фоидаи троллейбуси №4 рафтаро бармегардонад?

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 08:58

 Салом СССР-и гиромӣ. Модарро олиҳаи ҳусн, сарчашмаи ҳаёти музаффар меноманд, ки бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Пайғамбарон ҷаннати баринро зери қадами модарон гуфтаанд. Дар ҳақиқат хизмати модар дар таваллуду ба камол расонидани фарзанд бузур аст. Давлат ва роҳбарияти олии кишвар аз рӯзҳои аввали Истиқлолият дар ҳаққи модарон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда истодаанд. Пас ба модарон нафақаи ночиз таъин кардан оё аз рӯи адолат аст? Бо вуҷуди ин, дар таъини нафақаи модарон камбудиҳо дида мешаванд. Имрӯз модаре, ки 5-6 кӯдак ба дунё оварда, ба камол расонида аст, то иловаи 15% нафақааш 108 сомонӣ буд, баъди зиёдшавӣ 124 сомонӣ мегирифтагӣ шуд. Агар мо танҳо меҳнатӣ то ба 3 солагӣ саршудаи модарро гирем, ҷамъ ба 5 нафар 15 ва ба 6 нафар 18 солро ташкил медиҳад. Оё нафақаи имрӯза ҷавобгӯӣ зиндагист?                                           

    Ҷумъабой Яҳёев, н. Деваштич, тел:111199524

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 08:56

 - Салом ба аҳли эҷоди газетаи СССР! Дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нафақа барои он дода мешавад, ки шаҳрванд дар тӯли 1 моҳ тавонад ба талаботҳои ичтимоӣ, моддӣ ва маънавии худ бирасад. Оё нафақаи имрӯзаи мо талаботҳоямонро қонеъ мекунад? Нафақаи вазирону раисону собиқ мансабдорон шояд, вале нафақаи мардуми оддӣ, ки гоҳо аз 107 то 200 сомонӣ аст, ба кадом хоста мерасида бошад? 

   Нафареро медонам, ки 1 умр кор карда, ҳамагӣ 135 сомонӣ нафақа мегирад. Пас аз зиёдшавии нафақа аз моҳи сентябри соли 2020, нафақаи ӯ имрӯз 210 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳар моҳ 50 сомониаш барои пардохти пули истифодаи барқ меравад. Бо 160 сомонӣ метавон 1 моҳ зист? 

  Сабади истеъмолии 1 шаҳрванди тоҷик ҳоло чанд сомонӣ асту ба он чӣ ворид мешавад? Оё инро ҳисоб кардаед, мӯҳтарам раисони Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати ҶТ? Чаро депутатҳои мо хомӯшанд? Магар арзу шикояти нафақахӯрон дар бораи ноодилона боло бурдани нафақа аз тарафи Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва фонди нафақаи назди Ҳукумати ҶТ ба гӯшашон намерасад? Чаро тибқи дастури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон 15% нею танҳо 8-12% нафақаро зиёд кардед? Нафақаи маъюбону парасторони онҳо чӣ? Чаро хомӯшед…!?

      Ҷаббор Раҷабов, хабарнигори мардумии СССР, ш.Кӯлоб

 

Чоршанбе, 30 Декабр 2020 08:53

Ростӣ, озмуни умумумиллии «Фурӯғи субҳи доноӣ»-ро қариб пурра тамошо кардаму 1 ҷаҳон лаззат бурдаму гуфтам, 100 млн сипос ба дастандаркорон, масъулин, насли наврас ва муаллимине, ки ба инҳо саводу хатт омӯхтаанд. Ҳатто фарзандони худро пасисарие ҳам задам, ки «дидед? Шумо чаро намехонед китоб?!» ва ғ. ва ҳ.

Бешак, ин Озмун бори дигар ба скептикҳое чун ману насли ман, исбот намуд, ки насли нав насли гумшуда-потерянное поколение нест, ки бо путки идеологӣ ба сари ҷамъият мезад(ем)анду мегуфтанд, ки чунин асту чунон будӣ. Озмун собит сохт, ки насли мо, ояндаи мо, китобхону дурахшон аст. Бе шакку тардид, дасти масъулинро мефишорам. Браво! Тавонистед!!!

Ва аммо дар ин доду ситад маро 1 чиз мутаваҷҷеҳи хеш намуд: 

-Магар ҷамъияти мо танҳо аз шеъру таронахонон ва адабиётпарвардагон иборат аст? Ин озмун магар танҳо барои «гуманитариҳо» буду филологу журналистон? Ва ё барои онҳое, ки ҳатман фардо наттоқу филологу журналист мешаванд? О, чаро, фарзи мисол, дар ҳамин «Фурӯғи субҳи доноӣ» мо муҳимтарин самти илм-физика, химия, биология, математика, астрономия, геометрия, геологияро роҳ надодем?

Дуруст аст, ки дар ин озмун танҳо 1 донишҷӯ аз Донишгоҳи техникӣ ширкат дошту, то финал расид (мутаассуф ному насабаш ёдам намонд) ва ҳатто Боймурод Шарифзода-раиси ҳакамон аз ӯ ситоиш намуд, ки бинед, 1 ҷавони техникӣ ин қадар китоб хондааст ва аз ҳозирин шарафмандона хоҳиш кард, ки ба шарафи ин ҷавон каф кӯбанд. 

Куфтанд. Ман низ куфтам. Боз дар ҳоле, ки ин ҷавонро медонам. Боре ба газетаи мардумӣ омаду гуфт мехоҳад аз 1 факулта ба факултаи дигар гузарад ва аз мо хоҳиш кард, дастгирияш кунем, зеро аз оилаи камбағале аз н. Данғара (агар хато накунам) будааст. Бо ректори вақт, Ҳайдар  Одиназода ҳатто роҷеъ ба тақдири ин бачча сӯҳбати телефонӣ кардем. Вале ба кӣ мегӯй? Кадом ректору декан парвои гавҳари худрӯй дорад? Чанде баъд он ҷавонро тағофулан дидам, ки гуфт, «пеши устод рафтам, ки гуфт аз пайи корат шаву мардумро ғам нате!». Ва ана ҳамин ҷавон шарафи Донишгоҳи техникӣ (собиқ политехнический институт) ва ҳамон декану ректорашро дар сартосари кишвар ҳифз кард. Афсӯс ректорашро гирифтаанд, варна занг задаву гӯшрасаш мекардам, моҷароро…

Ва аммо баргардем сари Озмун, ки гуфтем, чаро ба он дигар фанҳо роҳ наёфтаанд. Маблағи бузурге низ барои баргузории «Фурӯғи субҳи доноӣ» ҷудо шудааст.  Чизе бештар аз 1 млну 600 ҳазор. Барои китобхон шудани 1 миллат месазад, ки 1 кишваре чунин пул харҷ кунад. Зеро баъдан миллиардҳо сомонӣ ба хазинаи генетикии миллат бозмегардад. Мутмаинам. Вале боз ҳам суол ин ҷост, ки чаро ин пул барои шеър аз бар кардану хондани асарҳое сарф шавад, ки ба маданияти миллӣ ва фонди генетикии мо чизе дода наметавонанд?

…Худамро таъриф кунам, хонанда? Дар маҳаллаи мо 1 китобхонаи ҳомили 3 толор ва 1 даҳлезу шомили чанд ҳазор дона китоб будӣ. Ман қариб ҳамаи онҳоро то синфи 6-умӣ хондам. Эрка ҳаргиз набудам. Гову гӯсфандчаронӣ мерафтам, таппакчинӣ мекардам, алаф меовардаму коҳ мекашидам, вале ҳатман дар 1 даст шопа (химчаи говрона) доштаму дар дасти дигар китоб, 1 чашм ба бузҳоямон буд, ки мазраи Достии «кофир» надароянд (аз ситамкориш чунин унвон дошт, ки мисли Бобои Ғаффори таърихӣ гӯсфандонро гаравгон мегирифт) ва чашми дигар ба китоб. Вақте дар Универи Санкт-Петербург, ба муаллими адабиёти хориҷӣ гуфтам, ки «Сага о Фарсайтах»-и Ҷон Голсуорсиро низ хондаам, айнакаш аз чашмаш афтид! Пурсид ҳамаашро? Гуфтам, ҳо, гуфт, рав, ту дигар ба дарс нао, баҳоятро мегузораму…аз пасам ғур-ғур кард «одам то ин ҳад асарҳои фачу нодаркореро ҳам мехондааст?!». 100% дуруст гуфта буд!!! Имрӯз фикр мекунам, агар роҳбаладе мешуду маро сӯи физика, химия, география, математика таҳрик медоду асару осори олимони фанҳои дақиқ ва зиндагиномаву корномаашонро мехондам, шояд дар бандубасти Бомбаи Атомии Тоҷик саҳмаке мегузоштам…А, шумо чӣ фикр доред? Магар Тоҷик набояд бомбаи ядроӣ созад? Ин корро танҳо бояд қавми яҳуду аврупоиву насорову урус кунанд? Бомбаи Тоҷикиро бояд сохт!!!

 Вале то расидан ба ин Рӯзи саиду саййид бояд сар аз соли оянда дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз 1 646 400 сомонӣ ақаллан 300-400 ҳазорашро ба ҷавононе ҷудо кард, ки дар бахши матфиз, химбиология, астронавтика низ бисёр хондаанд. Бовар кун, хонанда, бидуни китобҳои дарсӣ дар ин самт адабиёте бузург низ нашр шудааст, ки аз чашми ҳакамони адабпарвардаву шеърдӯсти мо канора мондаанд.

Сахт нагуфтам. Дидамро навиштам. Нигоҳи ман ҳамеша дигар аст. Мо Метавонем!

 

 

 

саҳ 2 аз 11

Китобҳо

Flag Counter