ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 24 Феврал 2020 08:49

Ҷумъа, 21 Феврал 2020 12:39

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз вазъи роҳҳои шаҳру ноҳияҳо ва танбашавии воситаҳои нақлиёт дар марказҳо изҳори нигаронӣ кард. 

Дар роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон 945 пул мавҷуд буда, то ҳол 31 адад пул, аз ҷумла дар шаҳру навоҳиҳои Кӯлоб-2 адад, Восеъ-100, Данғара 3 адад, Бохтар ваКӯшониён 2 ададӣ, Вахш, Хӯросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, А. Ҷомӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Ш.Шоҳин, Фархор, Ховалинг 1 ададӣ пулҳои таъмирталаб вуҷуд доранд. 

   - Бояд иқрор шуд, ки дар фаъолияти раёсатҳои хадамоти давлатии назорат ва танзими минтақаи Бохтар ва Кӯлоб ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой дошта, баъзе аз соҳибкорони ба мусофиркашонӣ машғулбуда бе рохҳат, бе муоинаи ҳолати техникӣ ва тиббӣ фаъолият менамоянд. Нисбати бетартибиҳо ва тамбашавӣ

дар атрофии бозорҳои марказии ш. Бохтар, ба мисли «Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф» инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш ва  А.Ҷомиӣ ҳануз ҳам нигароникунанда аст, афзуд Қурбон Ҳакимзода.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, 21 Феврал 2020 12:38

Ахиран дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои оперативию санҷишӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш.Душанбе сарчашма, яъне паҳнкунандаи чунин ашёҳо муайяну ошкор карда шуд. Аз ҷумла санаи 13.02.2020 зимни азназаргузаронии ҶДММ «Корвон плюс» воқеъ дар н.Фирдавсии пойтахт ошкор карда шуд, ки дар нуқтае фурӯши маводҳои таркибан силоҳмонанд ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ин фурушгоҳ ба соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович тааллуқ дорад.   

Тавре, ки Сироҷиддин Шукурӣ, яке аз масъулони маркази матбуоти РВКД дар ш.Душанбе ба мухбири мо хабар дод, дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди предметҳои халландаю бурранда, дар маҷмуъ 1650 адад предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.  

Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9, қисми 1 сархати 3 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон силоҳои сарди зерин манъ мебошад. Маҳз ба ин хотир Суди н.Фирдавсӣ дар навбати худ санаи 19.02.2020 нисбати ҳуқуқвайронкунанда Чилаев Зафар Пираҳмадович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1276 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин намуд. Баъд аз қарори суд тамоми далелҳои шайъӣ, яъне 1650-адад силоҳҳои сарди гуногун бо роҳи шикастану гудохтан несту нобуд карда шуданд.

 

Ҷумъа, 21 Феврал 2020 12:34

Аз МИҲД шаҳри Гулистон гуфтанд, ки то ҳол ҳамагӣ  12 нафар сокинони авфшудаи шаҳр бо ҷои кор таъмин шудаанд. Дар ин бора раиси ш.Гулистон Фирдавс Шарифзода зимни нишасти хабарии худ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки таъминоти ин сокинон бо ҷойи кор  бо дарназардошти касбу ҳунар ва ҷойи охирини кории онҳо сурат гирифтааст. Мақомоти маҳалли шаҳр мегӯянд руйхати умумии авфшудагонро аз ниҳодҳои дахлдор гирифтаанд ва сари масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани ин афрод чораҷӯӣ карда истодаанд. 

- Дар қайди мақомоти маҳаллӣ 38 нафар шаҳрвандони авфшуда қарор доранд. Барои 22 нафар кӯмакпулии яквақтаина аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин шудааст, - гуфт сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ш. Гулистон Гулсинат Афзалова. 

Бар пояи иттилои муовини якуми прокурори  Суғд Изатулло Муҳаммадӣ дар вилоят авф нисбати  6 288 нафар татбиқ шудааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Қонуни “Дар бораи авф” 25 октябри соли 2019 ба тасвиб расид ва бино ба маълумот мақомоти кишвар нисбати 20 ҳазор нафар авф татбиқ гардид. Зимнан, мақомоти дахлдори кишвар  дар мӯҳлати 2 моҳ қонуни мазкурро пурра татбиқ намуд. Дар ҳоле ки ҳазорҳо нафар шаҳрвандон бар асоси ин қонун аз маҳбасҳо озод шудаанд, масъалаи таъмини ин афрод бо ҷои кор ҳамоно муҳим арзёбӣ мешавад.

Ҷомеашиносон иддао доранд, бо дарназардошти таърихи доғи судӣ барои озодшудагон дарёфти ҷойи корӣ чандон саҳл нест. Аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ дар байни авфшудагон, андешидани чораҳои самарабахш ҷиҳати таъмини онҳо бо ҷои кор масъала бисёр муҳим аст. Зеро гуфта мешавад, ки ба ғояти бекорӣ ва нодорӣ эҳтимол аст, бархеи онҳо даст ба ҷинояти такрорӣ зананд.

 

Ҷаҳонгир Мирсалимов, махсус барои СССР

 

 

 

Панҷшанбе, 20 Феврал 2020 10:20

Шахси воқеӣ бо шахси мансабдоре ҷуръат карда, оиди танзим баҳс мекунад.

- Ҳоло инсоф тамоман аз байн рафтааст. Масъулони танзим фақат шахсони воқеиро ғам медиҳанд, ҷарима мекунанд, бо баҳонаи «обунаи рӯзнома» гуфта кисапулӣ мерӯёнанд, ки ин беинсофии маҳз аст.

- Чаро шумо ношукрӣ мекунед? Аз шахсони мансабдору ҳуқуқӣ дида, ба шахсони воқеӣ бештар ғамхорию сабукӣ додаанд.

- Чӣ хел ғамхорию сабукӣ?

- Масъулони қонун агар барои вайрон кардани тартиботи муқаррар намудан қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба шахсони мансабдору ҳуқуқӣ 250-500 ҳадди ақали музди меҳнат ҷарима муайян шуда бошад, ба шахсони воқеӣ 100 ҳадди ақали музди меҳнат. Магар ин ғамхорӣ ва сабукӣ ба шахсони воқеӣ нест?

- Ба шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ 1000 ҳадди ақалӣ музди меҳнат ҷарима муҳаё шавад ҳам, агар онҳо худро шоҳу табъашонро вазир гиранду тағоҳои дастдароз нагузоранд, ки ба мӯйи онҳо хоре халад, ба буҷаи давлат чӣ фоида?

Табаралӣ Авсақолов, узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор 

 

Панҷшанбе, 20 Феврал 2020 10:17

 

  Дар замони Ҳокимияти Советӣ муаллим, омӯзгор обрӯю мартабаи хуб дошт, ӯро дар ҳама ҷо ҳурмату эҳтиром мекарданд, яъне гули сари сабади ҷамъият буд, аз ӯ маслиҳат мепурсиданд, дар ҷамъомадҳо, маъракаҳо ҳурмату эҳтироми хоса дошт. Ҳоло кор баръакс шудааст: дар ҷамъомадҳо, маъракаҳо ҳоҷӣ, мулло бологузар ва маслиҳатчӣ шудааст. Ҳоло муаллимро ёд ва ба ягон конференсия, маҷлис ва ҷамъомадҳо ҳам даъват намекунанд. Дар матбуот, радио, телевизор муаллим (омӯзгор) зиёиро каме таърифу тавсиф менамоянд, аммо дар амал баръакс ҳоло вай ҳурмату эътибору эҳтиром надорад. Зеро сол то сол одобу интизом ва хондани хонандагон  дар мактабҳо коста гардидааст, дарсазхудкунии онҳо ба ҷои хуб шудан бад шуда истодааст, муаллим дар назди хонанда обрӯ надорад, ба мазоқу мазаммати хонанда дучор шудааст. Ба фикри мо агар маоши омӯзгор баланд бардошта нашавад, обрӯю эҳтироми вай мисли солҳои пешин бардошта нашавад, кори таълиму тарбия, одобу интизоми хонанда, донишҷӯ дар гумон аст беҳ шавад…Мо Метавонем!

Бо салом  С. Аминов, н.Фархор

 

Панҷшанбе, 20 Феврал 2020 10:12

Кашидани носро низ дар баробари тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ бояд манъ намоянд, зеро ин одати баду ифлос агар аз 1 тараф ба саломатии инсон беш аз тамоку зарар оварад, аз тарафи дигар кӯчаву хиёбонҳоро ифлосу бадбӯй мекунад...

Носда биё, бача!

Мутаасифона, анқариб дар ҳама хонадони тоҷик нафаре пайдо мешавад, ки тамоку истифода мекунад, аз ин лиҳоз гуфтан метавон, ки дар Тоҷикистон, кормандони касбу кори гуногун (омӯзгор, духтур, муҳандис, милиса, амниятӣ, вазиру раис!!!) гирифтори носу тамоку мебошанд. То ҷое, ки барои мо маълум гашт, аксарияти мардум ба он хотире нос истифода мекунанд, ки аз сигоркашӣ парҳез кунанд-аз борон гурехта, ба новардон паноҳ бурдан аблаҳист.

    Дар Душанбе имрӯз чанд намуди носро бо кадом нарх мефурӯшанд ва кадом нос бештар мизоҷ дорад-ин буд мавзӯе, ки хафтаи равон пайгирӣ кардем.

Носи 011, Аэропорт, Носир ва Калек

    07.02.2020. Соат ба вақти Душанбе 11:20 дақиқа. Бозори “Меҳргони”-и ш.Душанбе-Фахру Шарафи пойтахт... Дар пушти бозори мазкур якчанд дӯконе пайи ҳам ҷойгир шудаанд, ки танҳо барои фурӯши нос машғуланд. Расидан баробар дӯкони якумро нигоҳ карда, дидам, ки ҳамаи номҳои машҳури тамоку пайи ҳам гузошта шудаву дар зерашон носҳои ҳархела бо шаклҳои гуногун ҷойгир. Саволи нахустинам ҳам ин буд, ки “амакҷон шумо носро аз куҷо меоред ва он аз кадом навъи маҳсулот омода мешавад?”, фурӯшанда, ки нахост номаш ифшо шавад, иброз дошт: “Мо аксар вақт маҳсулотро аз кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон меорем. Нос бошад аз барги хушки тамоку омода мешавад ва мо низ метавонем онро аз маҳсулоти дохилӣ тайёр намоем, аслан фарқияте надоранд”. 

Дар вақти суҳбат ман медидам, ки фурӯшанда чи тавр носҳои гуногунро халтача менамуд ва пурсидам ки чаро мардум аз носҳои ҳархела истифода мекунанд, дар ҳоле, ки маҳсулоти ҳамааш 1 аст. Ӯ гуфт, “Аслан нос ҳархела намешавад, балки носкашҳо ҳархела мешаванду ба ҳаргуна номи нос одат мекунанд. Тавре дар боло зикр кардем, ҳама аз як навъи маҳсулот барои омода намудани нос  истифода мекунанд. Танҳо фарқият дар омодакунандаи нос дида мешавад, ки бо кадом меъёр онро омода месозад. Маршҳуртарин нос дар ш.Душанбе ин носи “Аэропорт” мебошад. Сабаби чунин ном гирифтани нос ин маҳалли тайёршудааш аст, на чизи дигар. Яке аз носҳои машҳури дигар дар пойтахт ин носи “011” аст, ки ин номро кайфиҳо ба хотири мошини “Жигули-011” мондаанд, ки соҳибаш ҳар рӯз мошинро дар назди бозори “Саховат” ист фармуда, носфурӯшӣ мекунад. Яъне нос яку, номи маҳал-зодгоҳи ону мизоҷон дигар! Мисли “носи Калек” дар Кӯлобу “носи Носир” дар Хуҷанд!

 

Ҳабси “носкашҳо” дар Туркманистон

Дар ҳама давлатҳои Осёи Миёна мардум озодона тамокуро истеҳсол намуда, ба муомилот мебароранд, ғайр аз Ҷумҳурии Туркманистон. Тибқи қавонини ин кишвар муҷозот барои истифодаи 1 халтаи нос баробар ба истеъмоли маводи мухадираст.  Бархе аз сокинони кишвари мо низ бар он ақидаанд, ки кашидани носро низ дар баробари тамоку, ки кашиданаш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст, бояд манъ намоянд, зеро ин одати баду ифлос, агар аз 1 тараф ба саломатии инсон бештар аз тамоку зарар оварад, аз тарафи дигар кӯчаву хиёбон ва назди дари хонаи моро низ ифлосу бадбӯй мекунад.

 

Шералӣ Давлатов, 

СССР

 

Панҷшанбе, 20 Феврал 2020 10:08

 5 феврали соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2019 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 баргузор гардид. 

Дар оғози нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)

ММД-и кишвар дар соли 2019 ба 77,4 млрд. сомонӣ баробар шуда, афзоиши воқеии он 7,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ба рушди иқтисодиёт афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,6 фоиз, гардиши савдои чакана 9,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 2,9 фоиз мусоидат намуд.

 

Таваррум

Дар соли 2019 новобаста аз таъсири омилҳои мавсимӣ, маъмурӣ ва берунӣ дар натиҷаи татбиқи самараноки сиёсати зиддитаваррумӣ бо истифодаи фишангҳои монетарӣ ва муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор, сатҳи таваррум дар доираи дурнамои пешбинишуда (7,0 фоиз +/-2 б.ф) ҷамъбаст гардида 8,0 фоизро ташкил намуд.

Тибқи таҳлилҳо, дар ин давра қиматшавии нархи воридоти орди навъи якум, гандум ва дар бозори дохилӣ болоравии нархи чорвои калони шохдор ба нархи орд, гандум ва гӯшти гов таъсири худро расонид.

Дар баробари ин, дар таркиби нарху тарифҳои хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ бештар болоравии нархи қувваи барқ ва хизматрасониҳои нақлиётӣ (нақлиёти ҳавоӣ) ба амал омад, ки омили мазкур маъмурӣ ба ҳисоб меравад. 

 

Сиёсати пулию қарзӣ

Бо мақсади коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, нигоҳ доштани раванди муътадилии ҳаҷми пул, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок, дар соли ҳисоботӣ 141 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 16,2 млрд. сомонӣ баргузор гардид.

Инчунин, бо мақсади танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 123,2 млрд. сомонӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 3,1 маротиба зиёд мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти дурнамои вазъи иқтисоди берунию дохилӣ ва нисбатан коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ меъёри бозтамвилро тадриҷан аз 14,75 фоиз то 12,25 фоизи солона (2,5 банди фоизӣ) паст намуд.

Қурби пули миллӣ

Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар соли 2019 дар маҷмуъ муътадил арзёбӣ гардида, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) танҳо 2,7 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 4,2 фоиз камтар аст. Қайд намудан зарур аст, ки ин коҳишёбӣ асосан дар натиҷаи гузаронидани тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмӣ дар санаи 20 августи соли 2019 ба андозаи 2,76 фоиз ба амал омадаст.

Дар соли 2019 қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ 0,1 фоиз коҳиш ёфта, фарқияти байни ин қурб ва қурби расмӣ, дар санаи 31 декабри соли 2019 ба 1,1 фоиз баробар шудааст (дар ҳамин давраи соли 2018 ин фарқият ба 3,9 фоиз баробар буд).

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии самаранок ва афзун намудани захираҳои байналмилалӣ таъминнокии моҳи воридотии захираҳои умумии хориҷӣ ба 5,3 моҳи воридотӣ расонида шуд (нишондиҳандаи воридот тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).

 

Низоми бонкӣ

Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 75 ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷумла 16 бонк, 1 бонки исломӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд, инчунин 328 филиал ва 1500 маркази хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ фаъолият менамоянд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба санаи 31 декабри соли 2019 22,0 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 3,7 фоиз зиёд шудаанд. Сармояи тавозунӣ бошад, 5,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 6,2 млрд. сомонӣ баробар шуд. 

 

Пасандозҳо

Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 бақияи умумии пасандозҳо 9,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 18,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 8,5 фоиз зиёд ва бо асъори хориҷӣ бошад, 7,8 фоиз коҳиш ёфт. Ҳиссаи онҳо дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо бо пули миллӣ 53,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 46,9 фоизро ташкил медиҳад (дар соли 2018 мутаносибан 49,0 фоиз ва 51,0 фоиз буд), ки ин аз тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт ва зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ шаҳодат медиҳад.

 

Маблағгузории қарзӣ

Дар соли 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи ташкилотҳои қарзӣ 9,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 25,5 фоиз ё 1 942,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, 12,0 фоиз ё 1 048,1 млн. сомонӣ афзуд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 46,1 фоиз ё 4 405,7 млн. сомонии он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 37,0 фоиз ё 1 188,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз рӯи соҳаҳо бошад, ба истеъмолот 25,7 фоиз, саноат 21,6 фоиз, савдои хориҷӣ 14,0 фоиз, кишоварзӣ 13,6 фоиз, хизматрасонӣ 13,0 фоиз, сохтмон 7,9 фоиз ва дигар соҳаҳо 4,2 фоиз рост меояд.

Ҷалби бонувон ба низоми бонкӣ

Дар соли 2019 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 6 063 нафарро бонувон (ё 35,2 фоиз) ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашт 599 нафар зиёд мебошад. Аз ин теъдод 3 124 нафар зан ҳамчун кормандони фронт офис фаъолият намуда, 641 нафар ё 21,2 фоизи онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро ба зимма доранд.

 

Низоми пардохт

Ба ҳолати 31 декабри соли 2019 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ мувофиқан 878 адад ва 5 348 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ шумораи банкоматҳо 200 адад ва терминалҳои электронӣ 849 адад зиёд шудааст.

Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 15,4 фоиз афзоиш ёфта, 4 057 782 ададро ташкил намуд, ки ин аз беҳтар гардидани фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи ҳисоботӣ 2 483,9 ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 36,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, 35,1 фоиз афзуда, 2 420,6 ҳаз. нафарро ташкил намуд. 

Муроҷиати шаҳрвандон

Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути почтаи электронӣ ба роҳ мондааст, ки дар маҷмӯъ 2 906 адад дархосту шикояти муштариён, аз ҷумла 79 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 644 адад тариқи телефони боварӣ, 809 адад ҳангоми қабули шаҳрвандон ва 374 адад муроҷиат бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардиданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи салоҳияти ҷойдошта аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешида шуданд.

 

Бахши суғурта

Шумораи ташкилотҳои суғуртавӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2019 19 ададро ташкил дод, ки аз ин 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ буда, 16 адад ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ мебошанд. Инчунин, дар бозори суғуртаи кишвар 1 адад Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила амал мекунад.

Маблағҳое, ки дар соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ба мизоҷон ҷуброн карда шуд, 14 877,58 ҳазор сомониро ташкил дод. Инчунин, уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар соли ҳисоботӣ маблағи 96 302 386,62 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2018 ба андозаи 6,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

 

Робитаҳои байналмилалӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди низоми бонкӣ ҳамкориҳои судмандро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Давлатии Рушди Хитой, Бонки Рушди Авруосиё, фондҳои байналмилалӣ, Бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷи дуру наздик тақвият бахшид.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш дар соли 2019 низоми бонкии кишвар 114,1 млн. долл. ИМА қарз ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 32,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди нақши низоми бонкӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонӣ, ислоҳот дар низоми бонкӣ, вазъи макроиқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сатҳи таваррум, ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ ва дар маҷмӯъ ба иқтисодиёт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои ипотекӣ, муомилоти ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, сатҳи эътимоднокии мардум ба низоми бонкӣ, маърифати молиявии аҳолӣ, бахши суғурта, барномаи Хазинаи байналмилалии асъор, бозори коғазҳои қиматнок, фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо, меъёри бозтамвил, низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дигар масъалаҳои низоми бонкӣ аз ҷониби Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Убайдуллоҳ Амирҷон ширкат варзид.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

 

саҳ 3 аз 13

Китобҳо

Flag Counter