ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 14 Феврал 2020 09:52

   Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молияи ҶТ мегӯяд, ки барои бартараф намудани таъсири хуруҷи коронавирус ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин мутахассисони вазорат саъю талоши худро анҷом дода истодаанд.

   - Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин на танҳо ҳамсояи наздики Тоҷикистон,  балки яке аз  сармоягузорони асосӣ ба иқтисодиёти мамлакат ба шумор рафта, ин кишвар соли гузашта ба Тоҷикистон 262,3 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. Он лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Чин дар Тоҷикистон  татбиқ мегарданд, новобаста ба хуруҷи  эпидемияи коронавирус идома дошта, халал нахоҳанд ёфт, таъкид дошт Файзиддин Қаҳҳорзода.

 

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 09:49

    Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар робита ба аз фаъолият дар пойтахт баровардани автомашинаҳои сабукрави соли истеҳсолашон то 2014, хосса таксиҳо афзд, ки ин амал бо ибтикори Вазорати нақлиёти ҶТ сурат гирифта, ҳанӯз қарори аз байн бурдани онҳо мушаххас нест.

   -Айни ҳол таксиҳо дар ҳолати омӯзишӣ қарор доранд. Шояд баъдан қисми дар ҳолати хуб қарор доштаашонро монанду, қисми дигарашро барои ҳаракати байни ноҳияҳо роҳандозӣ намоянд. Эҳтимол аст, ки ин автомашинаҳоро аз хатсайри кӯчаҳои марказӣ бароварда, ҳаракати онҳоро дар дар дигар кӯчаҳо иҷозат дода шавад. Барои таъмин кардани ронандаҳо бо ҷойи кор чораҳо меандешанд. Бо вориди таксиҳои нав ронандаҳо метавонанд бо ҷойи кори нав таъмин шаванд, - иброз дошт мавсуф.

   Инчунин дар нишаст, роҷеъ ба автомашинаҳои сабукраве, ки дар хатсайрҳои №№ 8, 3 ба хизматрасонии таксиҳо 5 сомонӣ-“нелегалӣ”машғуланд саволҳо пешниҳод шуд, ки чаро ин таксиҳо то ҳол ҳаракат мекунанд, намешавад, ки инҳо ҳамчун 1 таксӣ ё нақлиётии ҷамъиятӣ расмӣ шаванд. Муовини раиси ш.Душанбе вобаста ба ин суолҷо посх дод, ки ин масъала чандин бор мавриди барасӣ қарор гирифта, шаҳрдорӣ фаъолияти чандин чунин таксиҳоро қатъ намудааст. 

   -Аксари ронандаҳои ин автомашинаҳо сокинони пойтахт нестанд. Барои ҳалли ягон мушкилӣ, меҳмонӣ ё зисти муваққатӣ аз дигар ноҳияву деҳот, ҳатто аз н.Мурғоб низ ба шаҳр меоянд. То аз шаҳр рафтанашон онҳо дар ин ҷо чанд рӯз кор мекунанд. Мо барои 1-2 рӯз мондани онҳо наметавонем ҳаракати нақлиёти онҳоро ҳамчун таксиҳои расмӣ имзо кунем, гуфт ӯ.

 

Ситора Сафарова, СССР

 

 

 

 

 

 

 

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 17:24

 

(Посухи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба дархости газетаи мардумии СССР роҷеъ ба коронавирус ва чораҳои пешгирӣ аз он дар кишвар)

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:40

    Соли 2017 1 гурӯҳи кории ҳукумати ш.Душанбе якҷоя бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Комиссияи байниидоравӣ ташкил гардида, дар натиҷаи кори он маълум шуд, ки дар пойтахт 273 хонаҳо-биноҳои баҳснок вуҷуд доранд. Ин биноҳо нимсохт, аз ташхис нагузашта ва бе иҷозатнома буда, бо ташкили Комиссия то ба имрӯз 194 бино аз ташхиси давлатӣ гузаронида шуда, 79 адад мондаанд, аз ин шумора 20-тоаш дар барасӣ қарор доранд. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

   Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе нақшаи дурнамои тахриби биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ менамояд. Дар ҳудуди заминҳои ба пойтахт аз ҳисоби  заминҳои н.Рӯдакӣ воридшуда мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи ш.Душанбе сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳо ба  нақша гирифта шудаанд,- афзуд М.Зувайдзода.

 

Ситора Сафарова, СССР

 

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:36

   

Дар давоми соли 2019 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурди фаъолияткунанда дар н.Дӯстӣ бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳибкорӣ, парвариши чорво ва дигар намудҳои зироаткориву боғдорӣ, ба аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии хурд-ба 2386 нафар ба маблағи 28 439 241 сомонӣ қарзҳои гуногунмақсад дода шудааст. 

    Нурмуҳаммад Саидзода, раиси ноҳияи мазкур зимни нишасти матбуотӣ  дар ин маврид иброз дошт, ки аксарияти соҳибкороне, ки аз бонкҳо маблағи калон қарз мегиранд, барои сари вақт пардохт накардани он бо мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.    - Тавре таҳқиқ кардем, баъзеашон маблағи гирифтаро барои рушди соҳибкорӣ сарф накарда, мошинсаворӣ мекунанд. Тасмим гирифтем минбаъд ба чунин афрод барои гирифтани қарз аз бонкҳо мусоидат накунем, - таъкид дошт Нурмуҳаммад Саидзода.

СССР

 

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:32

   

Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунанда вазифаи раиси ш.Бохтар ба суоли мухбири минтақавии газетаи СССР дар вилояти Хатлон дар бораи эҳёи корхонаҳои аз кор мондаву иншоотҳои бекор хобидаи шаҳр афзуд, ки айни ҳол эшон аз майдони сохтмони иншоотҳо ва он ширкату корхонаҳои хурду бузурге, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз мондаанд, дидан намуда, таҳқиқ ва таҳлил дорад.

   - Мо ҳатман талош мекунам, ки онҳоро дубора эҳё кунем, ҳоло бубинем, ки онҳо дар кадом ҳолатанду вазъияти молиашон чӣ гуна аст. Онҳоеро, ки таҷдид кардан имконпазир аст, ҳатман ба кор меандозем, иброз дошт Сиҷоуддин Саломзода.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:28

 

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар даромадгоҳи шаҳри Леваканд манораи «Эйфел» қомат хоҳад афрохт. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Заррина Давлатзода, раиси ин шаҳр хабар дод.

Тавре Заррина Давлатзода қайд намуд, айни замон дар ҳудуди ин шаҳри саноатӣ беш аз 20 корхонаҳои хурду бузург фаъолият менамоянд, аммо фаъолияти онҳо ҳукумати шаҳру вилоятро қонеъ намегардонад.

СССР

 

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:19

   Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе рӯзи гузашта зимни баргузории нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон афзуд, ки чойхонаи «Роҳат», ки дар мавриди тахрибу барканор карданаш овоза зиёд аст, дар ояндаи наздик тахриб нахоҳад шуд.

   - Дар хусуси тахриб ва ё ба ҷойи дигар кӯчонидани чойхонаи «Роҳат» ҳанӯз тасмиме рӯи кор наомадааст ва феълан он ба фаъолияти худ идома дода истодааст. Аммо бояд бигӯям, ки биноҳои ҳамшафати он, аз ҷумла бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе, ки айни замон мо дар он кор карда истодаем, тахриб хоҳад шуд, таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

 

 

саҳ 7 аз 13

Китобҳо

Flag Counter