ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:39

 

Артиши ихтиёриён

Баъди гирифтани қудрат болшевикон кӯшиш мекарданд ҳамаи нишонаҳои давлати буржуазиро аз миён бардоранд. Артиши кӯҳна низ ба андешаи онҳо бояд нест карда мешуд. Ба андешаи пайравони Маркс дар рафти инқилоби сотсиалистӣ, пролетариат бояд артиши кӯҳнаро бо мардуми мусаллаҳ ҷойгузин мекард. Оммаи мардуми мусаллаҳ мебоист худаш аз дастовардҳои инқилобаш муҳофизат мекард. Болшевикон созмон додани ин гуна дастаҳои мусаллаҳро ҳанӯз пеш аз пирӯзии инқилобашон оғоз карда буданд. Ин дастаҳои лашкариёни инқилобӣ Гвардияи сурх ном гирифт. Аммо бархӯрдҳои аввали ҷангӣ бо немисҳо собит намуд, ки ин дастаҳои ихтиёрӣ наметавонанд бо артиши доимии таълимдида муқовимат кунанд ва болшевикон қарор доданд, артиши доимии худро созмон диҳанд.                                                                                                           

 Бори аввал дар бобати Артиши сурхи коргару деҳқонӣ дар “Декларатсияи ҳуқуқи мардуми мазлуми заҳматкаш”, ки аз ҷониби болшевикон моҳи январи соли 1918 қабул гардид, гуфта мешуд. Артиши нави болшевикон пеш аз ҳама чун ташкилоти синфии коргарон ва деҳқонон созмон меёфт. Интернатсионализм низ яке аз арзишҳои умдаи ин артиш ба шумор мерафт.Тибқи ин арзиш ба Артиши сурхи коргару деҳқон, на танҳо шаҳрвандони РСФСР, балки меҳнаткашони хориҷӣ низ  шомил мегардиданд. Интихобӣ будани ҳайати фармондеҳӣ низ яке аз хусусиёти дигари артиши нав ба шумор мерафт. Дар чанд моҳи аввали мавҷудияти ин артиши нав, қумандонҳо интихобӣ буданд, аммо моҳи апрели соли 1918 болшевикон интихоби қумандонҳоро лағв карданд ва дигар қумандонҳоро ниҳоди давлатии дахлдор таъин менамуд.                                                                                   

  Вежагии дигари Артиши сурх, вуҷуди ду ҳокимиятӣ дар он ба шумор мерафт. Дар ҳар қисми низомӣ дар қатори қумандон, комиссаре низ ҳузур дошт. Болшевикон баъди шикастҳои аввал дар ҷанги шаҳрвандӣ ба натиҷа расиданд, ки бе ҷалби қумандонҳои ҳирфаӣ наметавонанд артиши хубу ҷангандае дошта бошанд.

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:34

19.02.1942. Президенти ИМА Франклин Рузвелт баъди оғози ҷанги ИМА бо Ҷопон, Фармони № 9066-ро ба имзо расонид, ки тибқи он наздики 120 000 амрикоиҳои ҷопонитабор ба лагерҳои контсетратсионии махсус мунтақил гардиданд.

19.02.1949. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Семичастний котиби аввалин КМ ВЛКСМ интихоб гардид. Семичастний дар оянда раиси КГБ-и СССР мешавад.

19.02.1987. Котиботи раёсати Иттиҳоди нависандагони СССР қарори Иттиҳоди нависандагон аз соли 1958-ро, бобати хориҷ кардани Борис Пастернак аз аъзогии Иттиҳоди нависандагони СССР барои навиштани романи зиддишӯравии "Доктор Живаго" бекор кард. Баъди ин, романи мазкур дар СССР иҷозаи нашрпайдо намуд. 

20.02.1932. Ҳукумати СССР Лев Тротскийро, ки дар Норвеж иқомат дошт аз шаҳрвандии шӯравӣ маҳрум кард.

21.02.1920. Раёсати Шӯрои Хоҷагии Халқи СССР, Комиссияи давлатии электрокунонии Русияро (ГОЭЛРО) ба тасвиб расонид ва РСФСР баъди чанде пурра бо нерӯи барқ таъмин гардид.

21.02.1935. Дар пойтахти СССР шаҳри Маскав аввалин Фестивали байналмиллалии синамо баргузор гардид.

21.02.1965. Дар СССР се радифи маснуи Замин "Кайҳон-54", "Кайҳон-55", ва "Кайҳон-56" ба фазои кайҳонӣ бароварда шуданд.

22.02.1921. Бо Декрети ШКХ РСФСР дар назди Шӯрои меҳнат ва мудофиа, Комиссияи давлатии банақшагирӣ (Госплан) таъсис дода шуд. Ин комиссия соли 1948 ба Кумитаи давлатии ба нақшагирии Шӯрои Вазирони СССР тағйири ном кард.

22.02.1942. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ генерал Андрей Власов бо ордени Ленин мукофотонида шуд. Ин генерал баъди чанде асир гардида, ба тарафи немисҳо гузашта, Артиши зидди шӯравиро таъсис дод.

23.02.1918. Дар РСФСР даъвати оммавии ихтиёриён ба Артиши Сурх оғоз шуд.  Ин даъвати оммавӣ бо сабаби ҳуҷуми немисҳо ва фирори сарбозони боқимондаи артиши подшоҳӣ аз ҷабҳаи ҷанг роҳандозӣ гардид. 23 феврал солҳои тӯлонӣ дар СССР чун Рӯзи Артиши Шӯравӣ ва Флоти Ҳарбӣ-Баҳрӣ ҷашн гирифта мешуд.

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:30

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Маҳина» ба мақолаи Душанбе: Нақлиёт намерасад рӯзномаи «СССР» № 51 (588) аз 19.12.2019 сол чунин иттилоъ медиҳад:  Бинобар оғоз гардидани корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар хиёбони И. Сомонӣ, чорроҳаи ҳалқавии назди Қарияи боло, ҳаракати воситаҳои нақлиёти хатсайри микроавтобусии №17 (82-103) муваққатан ба дигар самт гузаронида шуд. Ба истифода дода шудани сохтмони эстакадаи сесатҳа дар хиёбони И.Сомонӣ бо буриши А. Сино рӯзҳои наздик хатсайри микроавтобусии 17 (82-103) ба нақшаи ҳаракати аввала баргардонида мешавад.

Ҷ.Мирзоев, директори 

ҶДММ «Маҳин»

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:29

 

Яке аз хонандагони газета Шоҳрух Одиназода (тел: 931 10 04 40) аз н.Ҳамадонӣ занг зада, дар бораи интихоби дар пешистода сӯҳбат намуд: 

   - Чуноне, ки аз таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон бармеояд интихобот 1 рукни асосии иштироки оммаи халқ дар ҳаёти сиёсии давлат аст. Дар Тоҷикистон низ чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳуқуқҳои сиёсии халқ тавассути санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ муқарар гардидааст. Махсусан, Конститутсияи ҶТ иштироки халқро дар ҳаёти сиёсӣ бевосита ва ё бавоста муқаррар намудааст. Маҳз ба ин хотир мардуми моро мебояд, ки дар интихоботи парлумонии кишвар фаъолона иштирок намоянд. Зеро намояндагони худро дар парлумони кишвар барои 5 соли оянда интихоб мекунанд. Интихоби номзади арзанда аз минтақаи муайян дар асоси райъи онҳо сурат мегирад ва ин номзад шояд метавонад барои ташаккул ва инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар минтақа замина гузорад.

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:25

Муҳаммадризои Шамсулло (тел: 908 78 22 10) хонанда ва мухлиси газетаи мардумии СССР аз н.Фархор ба мо занг зада, оиди мушкилиҳои деҳқонон пешниҳоде намуд:

   - Дар ҷамоати деҳоти Навободӣ ноҳияи Фархор деҳқонон 1 мушкили ҳамешагӣ доранд, ин ҳам бошад-норасоии об барои ҷӯйҳои пахта. Ман дар Душанбе зиндагӣ мекунам, лекин ҳар гоҳ ба Фархор рафта, мебинам, ки деҳқони бечора бо чӣ азобу машаққат барои заминҳои пахта об меҷӯяд. Зеро ҳамаи даромади зиндагиашон маҳз аз ҳосили пахта вобастагӣ дорад ва ҳар яки он кӯшиш мекунанд, ки бо кадом роҳе набошад ҷӯйҳои пахтаро беоб нагузоранд. Хуб мешавад, ки нафарони масъул ва ё соҳибкоре барои пешрафт ва ҳалли камбудии деҳқонони ҷамоати деҳоти мазкур ва дигар ҷамоатҳои ноҳия кӯмак расонанд, зеро ҳосили фаровони пахта буҷаи оила ва буҷаи мамлакатро ғанӣ мегардонад...  

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:22

   - Ҳамин картушка аслан зироати муқаддаси ориёиҳои бостон будааст. 1 қисми китоби муқаддаси «Авасто», ки мутаассифона, дар ҳаводиси рӯзгор мафқуд шудааст, дар бораи суду манофеъи картушка ва ниёишҳои хоси марбут ба ҳамин зироъат будааст. "Картушка" вожаи эронии бостон буда, аз 2 қисми "кар" ва "тушка" иборат аст ва ба забони имрӯзаи мо маънои "ғизои пайғамбарон"-ро доштааст. Картушка ба воситаи бозаргонони суғдӣ дар қарни 5 пеш аз мелод ба Амрико бурда шуда буд ва баъдан пас аз кашфи ин қитъа аз ҷониби урупоиён дубора ба Ҷаҳони куҳан оварда шуд. Аз ин рӯ, 1 рӯзро барои картушка ихтисос додан, барои тақвияти ҳувияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти хос, амиқ ва калон дорад......

Абдуқодир Рустам

адиб

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:20

 Раҷаб Назиров, собиқ директори хоҷагии ба номи А. Назиров аз мансаби хизматӣ истифода бурда, даҳҳо гектар заминҳои обии дурнамои картошкаро ба тағодорону пулдорон фурӯхтаву ҳадя кард. Хоҷагӣ то солҳои қаблӣ дар майдони зиёда аз 100 гектар картошка кишт карда ба ҳисоби миёна аз 1 гектар 350-400 сентнерӣ ҳосили фаровон рӯёнда, дастурхони аҳолиро ғанӣ мегардонд. Азбаски хоҷагӣ, хоҷагии тухмипарварӣ маҳсуб меёбад, Раҷаб Назиров ва собиқ директори хоҷагӣ Ғаюрбег Умратов заминҳои корами обии фаровонҳосили картошкаро ба тағодорону пулдорон фурӯхта маблағи ҳангуфт ба даст дароварда бошанд ҳам, танобкашон ба хотири «ёр наранҷаду лаъл ба даст ояд» пишаки онҳоро пишт нагуфтанд.

 Дар ростои идораи хоҷагӣ 0,50 га боғот ҷойгир буду соле 20 то 70 тонна меваи аълосифат ҷамъоварӣ мекарданд. Вале чӣ мегӯед Раҷаб Назиров ва ҳаммаслаконаш боғи ҳосилдеҳро решакан карда, ба манфиати шахсиашон дорухона, мағоза, дӯкони фитафурӯшӣ бунёд карданд, ки ба мақсад  мувофиқ нест. Соли 2017 барои хизмати мардумро осон кардан дар маркази деҳаи Мискинобод филиали Бонки «Амонатбонк»-ро сохта мавриди истифода қарор доданд. Раҷаб Назиров, ба воситаи тағобозӣ филиали «Амонатбонк»-ро дар мағозаи шахсиаш ҷойгир карда, бинои филиали «Амонатбонк»-ро аз худ карда, ҳамом бунёд карданист. Барои бинои филиали «Амонатбонк» садҳо ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Магар ин ҳолатро мақомот намедида бошанд?

Ҳокими Сафар, н.Файзобод

 

Чоршанбе, 26 Феврал 2020 08:17

Проблемаи миллӣ-9

«Аз ҳамаи санъатҳо муҳимтаринаш барои мо кино мебошад!»

 В.И.Ленин

Агар воқеан ҳам чунин аст, ки Ленин мегуфт, пас вой бар ин миллату ин давлату ин халқу ин қавм, ки кинои Тоҷик ӯро, яъне миллатро, гирёнчак кардааст! Кардааст? Кардааст, мекунад ва хоҳад кард!

Ман ростӣ, киноҳои нави Тоҷикфилму Суғдфилму Хатлонфилму дигару дигар ватанфилмро тамошо намекунам. Зеро зиқ мешавам, дилгир мешавам, КАСАЛ мешавам!!! Эй, мардум, ин чӣ гап, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолият мо 1 кинои хубу диданиву сатҳи ҷаҳонӣ навор нагирифтаем, ки мунодии хушбахтӣ, башардӯстӣ, қаҳрамонӣ бошад?!

 Пул нест? Ҳаст! Ҳазорон ҳазор стадиону театру осорхона сохтем, масҷиду мадрасаву мактабу чойхонаву ресторан сохтем. Баландошёнаҳое, ки мо дар тӯли чанд соли ахир сохтаем, ҳатто дар Дубай ба ин миқдору вусъату паҳно насохтаанд, чӣ расад ба ҳамсоякишварҳо. Ва ин ҳама сохтусоз зери шиори «муаррифии миллату давлат бар сайёҳони хориҷӣ!». Намегӯям, насозед. Созед! Ош шавад! Вале оё намедонед, ки 1 кинои хуб беҳтару бештар аз саду ҳазор иншооти ватанӣ миллатро бар оламиён муаррифӣ хоҳад кард?

 Амрико медонед чаро оламгир шуд? Зеро Голливуд дорад! Ва ҳар сокини кӯраи Замин ақаллан 1 бор филмҳои хуби голливудиро, ки дар онҳо 1 янкӣ ҷаҳонро наҷот медиҳад, дидаасту дар сар ҳавои дидани Амрико парваридааст. Ин аст, ки барои «гринкорт»-и Амрико худро медарронем. На танҳо дар Тоҷикистон. Дар ҳама кишварҳои олам. Зеро «аз ҳама санъатҳои (таблиғӣ) муҳимтаринаш киност!». Дидед, гуфтаи Ленинро дар Амрико чигуна ҷомаи амал пӯшонидаанд?

Вале мо дар киноҳои тоҷикӣ чӣ мебинем? Ҳамон Аҳмади порина, яъне 2-3 режиссёре, ки худашон дар нақши асосӣ ҳастанду барои пӯшиши беҳунарии хеш аз кӯча «актёр» гирд меоранду ин аъмоли зишташонро зери номуси гӯшнавози «кастинг» сиррӣ мекунанд. О, кастинг ҳам бояд миёни ҳунармандон гузаронида шавад. Ё не-мӣ? Ва баъд чӣ мешавад? Муаллиф худам, сенарист худам, режиссёр худам, коргардон худам, дар нақши асосӣ худам, худам кино мегирам, худам мебозам, худам тамошо мекунам, худам ҳамаро мегирёнам! Зеро ҳатман дар ин филм нафаре падарашро ба хонаи пирсолон мебараду ошиқ мемираду маъшуқаро таҷовуз мекунанду модар…мемирад. Модар БОЯД дар кинои Тоҷикӣ ё мирад, ё аз гиря кӯр шавад, ё мошинаш занаду чулоқ созад. Зеро Модар предмети гиря аст, образи ашколуда аст…Шумо ягон модаре дидаед (дар филмҳои нави мо), ки қаҳрамон бошад, мубориз бошад, ҷонфидо бошад, ҷавону зебо бошад? Неъи қоқ! Модар (тире) гиря, мотам, сӯз, гудоз…

 Киногирёнчак шудем, мардум, киногирёнчак! Миллате, ки зери ҳамосаи ҷавонмардии Шоҳнома, корномаи достонҳои фолклории Гурғӯлӣ, Восеъ… ба воя мерасид, имрӯз филмҳои примитиви ҳузнангезу рӯҳафтодагӣ мебинад. Ва шумо фикр доред, ки фардо ин миллат дар ҳифозати марзу буми давлати хеш ҷонфидоӣ хоҳад кард? Гуфти Бобои Ғулом «хока!». Сабаби аз Армия гурезон шудани ин миллат, оре, маҳз миллат, на ҷавонон, ки волидайн,  ҳатто бобову бибиҳо пайвандони худро аз тарси Облава дар коҳдону оғилу сандуқ пинҳон мекунанд, кинои тоҷик аст!

 Имрӯз ТВ Синамо садҳо филми советии Тоҷикро ба намоиш мегузорад, ки сипоси вежа бар Набӣ Набизод-директори ин шабака расида бод! Дар ин киноҳо оё бо тарсӯҳо, гирёнчакҳо, ашки бари рӯй, модари мушти пари нолон, ноҷавонмардии густарда бархӯрде дидаед? Нест! Ва агар ҳаст, он образи манфист! Имрӯз бошад, тамомии қаҳрамонҳои мусбии мо гирёнчаканд, тарсончаканд, ақаллан 1 авбошро 2 мушт намезананд! 

Ман фикр мекунам, имрӯз соате расидааст, ки ба ин самти кор шахсан худи Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахолат кунанд, то филме дар сатҳи ҷаҳонӣ сабт кунем. Режиссёри хуб дорем: Носир Саидов, Барзу Абдураззоқов, Валерий Аҳадов… Актёр ҳам дорем! Акнун дар бораи ҳунармандони синамо: Бовар кун, хонанда, ин миқдор актёри шоистае, ки имрӯз мо аз шӯравӣ мерос гирифтаем, дар 15 ҷумҳурии собиқ СССР нест. Қасами Голливуду Болливудро намехӯрам, вале дақиқан медонам, ки бо хазинаи ҳунармандони саршинос ва бисёр хуб, мо дар ҷаҳон, баъди Амрикову Ҳиндустон дар ҷои 3-ум меистем. Далел мехоҳӣ, хонанда? Марҳамат:

-Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдурраззоқов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Майрам ва Сайрам Исоеваҳо, Раҷабгул Қосимова, Моҳпайкар Ёрова, Убайдулло Раҷабов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Нурулло Абдуллоев, Қиёмиддин Чақалов, Шералӣ Абдулқайсов … Бо ин чеҳраҳо филме метавон сохт, ки дар баробари актёрони Голливуд фардо даъвии Оскар хоҳанд кард!

Вале ҷои ба филмофариниш ҷалб кардани ин хазинаи тилоии синематографи оламшумул, мо бо киноҳои примитив миллатро мегирёнем. БАС!!! Ба миллат кинои асил офаред, ақаллан дар сатҳи 60-70 сол пеши кинои советии Тоҷик. 

Мо Метавонем!

 

саҳ 2 аз 13

Китобҳо

Flag Counter