ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 18 Март 2020 11:24

Чоршанбе, 18 Март 2020 11:16

 

Чоршанбе, 18 Март 2020 11:05

Чоршанбе, 18 Март 2020 10:58

Афзалшоҳ Шодӣ, санъаткор, сароянда ва устоди бузурги саҳнаи тоҷик ба меҳмонии ҳафтаномаи СССР омада, занону бонувони редаксияро бо фарорасии баҳор ва иди модарон табрику таҳният гуфт. Мавсуф ба ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён омадани баҳорро табрик намуда, гуфт, ифтихор аз он дорем, ки кишвари ободу осудаи мо боз ба 1 баҳори дигар расид ва бояд зи баҳор шукр гуем. “Маро доимо мепурсанд, ки акаи Афзалшоҳ, шумо аз вазифа рафтед-ми?”, гӯё ман ягон вазифаи бисёр баланд доштам. Вазифа ҳамин буд, ки ба ман бовар карда доданд, 5-6 сол роҳбарӣ карда обод кардам, то тавонистам, акнун бас, боз каси дигар пеш барад корро. Боз ман эҷод намоям, баҳри миллату давлат хизматро давом диҳам. Ба миллати худ, ба мардуми кишварамон, ба сарвари давлат ташаккур, ки ба ман бовар намуда, ин вазифаро ба ман вогузор карданд. Худоро шукр, ки мо дар фазои орому осуда зиндагонӣ мекунем. Зинда бод ҳамин давлат, ҳамин миллату ҳамин халқ ва ҳамаи он тоҷиконе, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд. Бигзор онҳо низ куҷое набошанд, бо Тоҷикистони азиз ифтихор кунанду ҳамеша сарбаланд бошанд. Куҷое набошанд бою бодавлат шаванду ба ватан баргашта, хонаю ватани худро обод кунанд. Ҳамеша ҷавон бошеду монед, агар ҷавониятон ҳам равад, ба гуфти хуҷандиҳо секин-секин равад!

 

Чоршанбе, 18 Март 2020 10:52

12 марти соли 1990 дар Маскав Анҷумани III-юми вакилони мардумии СССР ба кори худ шурӯ кард. Анҷумани мазкур дар таърихи собиқ Шӯравӣ нақши вежае ифо карда, ба яккатозии ҲКИШ хотима дод. Дар ин Анҷуман бо тағйиру иловаҳо ба Сарқонун нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ аз Сарқонун ҳазф гардида, дар аввалин кишвари Шӯроҳо бисёрҳизбӣ ҷорӣ карда шуд. Инчунин, Анҷумани мазкур мақоми Президенти СССР-ро таъсис дод ва мақоми раиси Шӯрои Олиро низ интихобӣ кард. 

Брежнев ва дарки хатар

Бояд қайд кард, ки ҳатто дар Сарқонуни сталинӣ, ки соли 1936 қабул гардида буд, моддае дар бораи нақшт вежаи ВКП(б) вуҷуд надошт. Албатта ин маънои онро надошт, ки муаллифони ин Сарқонун зидди мақоми роҳбарикунандаи ҳизбашон буданд. Аммо ҳам худи Сталин ва ҳам Николай Бухарин, ки дар омодасозии Сарқонуни соли 1936 нақши вежа дошт, ба хуби мефаҳмиданд, ки ин кор оқибати хубе нахоҳад дошт. Сарқонуни соли 1936 бори аввал дар СССР интихоботи умумӣ, баробар, мустақим ва пинҳониро ҷорӣ намуд. Ва дар сурати пазируфтани нақши роҳбарикунандаи ВКП(б) дар Сарқонун, ин интихобот моҳияти худро аз даст медиҳад ва интихоботро аз интихоб маҳрум мекунад.                                             Аммо дар замони Леонид Брежнев вазъият зиёд муташаниҷ гардида буд. Рӯйдодҳои Чехословакия дар соли 1968 Брежнев ва кулли роҳбарияти СССР-ро ба таъбире "талхакаф" кард. Болшевикони собиқадор дар ҳол хатареро, ки ба онҳо замони ҷанги гражданӣ ва ошӯби Кронштат таҳдид мекард, дарк карданд. Шиори инқилобиёни чех низ, мисли матросҳои Кронштат "Шӯроҳои бе коммунист" буд. Ва Леонид Брежнев қарор дод, бо мустаҳкам кардани нақши роҳбарикунандаи ҲКИШ дар Сарқонун ҳукумати ҳизбашро аз хатарот маҳфуз гардонад. Ҳамин тариқ банди 6-уми Сарқонуни СССР арзи вуҷуд пайдо кард. 

Горбачев ва тафакури нав

Дар давраи аввали “бозсозӣ” Горбачев ва тарафдоронаш дар роҳбарияти ҲКИШ дар бобати ислоҳоти сиёсӣ ҳатто фикр ҳам намекарданд.

Чоршанбе, 18 Март 2020 09:49

 

12.03.1918. Ба Маскав мақоми пойтахти Русия баргардонида шуд. Ин шаҳр то замони Петри 1-ум пойтахти Русия буд ва баъди сохтмони Санкт Петербург пойтахти ин кишвар ба онҷо интиқол дода шуда, болшевикон дубора пойтахтро ба Маскав интиқол доданд.

12.03.1921. Русия Шӯравӣ бо Полша дар шаҳри Рига созишномаи сулҳро миёни ҳам ба имзо расониданд, ки бо Сулҳи Рига дар таърихнигорӣ маъруф аст.

12.03.1936. СССР бо Муғулистон созишномаи иттиҳоди ҳарбиро алайҳи Япония ба имзо расониданд.

12.03.1941. Дар СССР тамоми зиндонҳо аз тобеъиятӣ НКВД ба тобеъиятӣ НКГБ дода шуданд.

12.03.1990. Дар СССР Анҷумани ғайринавбатии вакилони мардумӣ ба кори худ шурӯ кард. Ин Анҷуман чаҳор рӯз идома дошта, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи собиқ Иттиҳод маҳсуб меёбад. Дар ин Анҷуман моддаи 6-уми Сарқонуни СССР бобати нақши роҳбарикунандаи ҳизби коммунист бекор карда шуд.

13.03.1917. Дар Русияи инқилобӣ аввалин шумораи рӯзномаи "Хабарҳои (Известия) Шӯрои Петроград" рӯи чоп омад. Ин рӯзнома баъдан чун “Известия” (Хабарҳо) маъруф гардида, то ба ҳол дар Русия нашр мегардад.

13.03.1930. Роҳбарияти СССР эълон намуд, ки бекорӣ дар кишвар рафъ карда шуд ва бо ин сабаб Биржаи меҳнат дар Маскав низ фаъолияти худро қатъ кард.

13.03.1964. Дар СССР бо қарори Раёсати Шӯрои Олӣ Вазорати бехатарии давлатӣ (МГБ) ба Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ) табдил дода шуд. 

14.03.1917. Шӯрои Петроград фармони №1-и худро нашр кард, ки тибқи он дар Артиши подшоҳии Русия низоми демократӣ ҷорӣ карда мешуд.

14.03.1918. Анҷумани умумирусиягии Шӯроҳо созишномаи сулҳи Брестро ба тасвиб расонид.

14.03.1953. Дар СССР Никита Хрушев котиби генералии КМ Ҳизби коммунистӣ СССР интихоб гардид.

14.03.1990. Дар СССР Михаил Горбачев ба муҳлати панҷ сол президенти СССР интихоб карда шуд.

14.03.1991. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин ҳизбҳои ғайрикоммунистӣ ба қайд гирифта шуданд.

15.03.1927. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Днепрогэс оғоз гардид.

Чоршанбе, 18 Март 2020 09:37

МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба ҳафтаномаи «СССР» ҷиҳати ҳамкориҳои назаррас ва мутақобилан судманд, ҷиҳати инъикоси васеъи равандҳои хизматрасонӣ ба мусофирон ва меҳмонони пойтахт, ки ба рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашон замина мегузорад, изҳори миннатдорӣ намуда, дар робита ба мақолаи рӯзноманигор Ситора Сафарова «Нақлиёти ҷамъиятӣ кай «одам» мешавад? Рӯзномаи «СССР» № 5 (594) аз 6 феврали соли 2020», чунин иттилоъ медиҳад.

Масъалаи дар мақола дарҷгардида таваққуфи зиёди микроавтобусҳои №№ 33 ва 25, ки бисёр вақтҳо ба таваққуфи автобусу троллейбусҳо халал мерасонанд ба роҳбарони ҶСК «Автоколона-2927» ва ҶДММ «Беҳрӯз-15», ки хатҳои сайри мазкурро ба уҳда доранд, барои чораҷӯӣ ирсол карда шуд. Барои ҳарисии ронандагон, ки аз меъёри муқарраргардида зиёд мусофир савор мекунанд ҳамарӯза кормандони Шуъбаи БДА РВКД дар ш.Душанбе чораҳои маъмурӣ татбиқ менамоянд вале нисбати мусофироне, ки дидаю дониста ба нақлиёти пуродам савор мешаванд ва ин амали онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораандешӣ, пешбинӣ нагардидааст, ки бояд назорат барад? Хотиррасон бояд кард, ки дар ин ҷо танҳо маданияту фарҳанги волои шаҳрвандон аз истифодабарии нақлиёти ҷамъиятӣ бояд риоя карда шавад.

Қайд кардан  бомаврид аст, ки татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри  аз  Душанбе», ки марҳила ба марҳила дар соли 2020 амалӣ мегардад ба муоширати дағалонаи ронандагону пулчинҳо, таваққуфи зиёд дар истгоҳҳо, аз меъёр зиёд одам гирифтан ва сабқати ронандагон мусоидат намуда дар ин робита фаъолияти пулчинҳо (кондукторҳо) аз байн меравад.

Бо эҳтиром, директор  Давлатов Ҷ.Б.

 

Чоршанбе, 18 Март 2020 09:33

Тоҳир Абдуҷаббор, яке аз хонандагони газета аз н.Ховалинг занг зада гуфт, ки баҳси имлои мо кай анҷом меёфта бошад? Чандест, ки баҳси наве миёни олимон, шоирон,забоншиносон ва рузноманигорон чун вулқони хуруҷкунанда хоку сангу гулу гияҳро сӯхтаву ба коми худ фӯру бурда истодааст, ин баҳси имлои забон ва шеваи лаҳҷаҳои маҳал аст. Ҳар забоншинос, рӯзноманигоре, ки боадабона чанд муддате назди сабткунандаҳои синамо рост истодаву сухан мегӯяд, андеша намекунад, ки гӯнаҳкори асоси худи ӯст. Мардуми шарифи тоҷик 1 мақол дорад “мушти баъди ҷангро дар сари худ бизан”, аммо ин соҳибони забон ин муштро бар сари мардум мезананд. Ман бовар дорам, ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи забон ва истилоҳот боиси он мегардад, ки ин забони фароху дилнишин ба забони шахшудаи қолаби мисли мурдаи даруни тобут табдил ёфта, дар солҳои наздик рейтинги худро дар байни тамоми забонҳои дунё аз мақоми 21-ум ба зинаи 51-ум хоҳад бурд. Агар ҳол ҳамин асту баҳс ҳамон... 

 

саҳ 4 аз 10

Китобҳо

Flag Counter