ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 05 Март 2020 11:16

   Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ходимони дин, ҳайати муассисони масҷидҳо ва ҷамоатхонаҳои кишвар тақозо кардааст, ки  ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории дар боло зикргардида аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ карда намоянд.

   Зимнан, Раёсати Шӯрои уламо ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми мамлакат муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки нисбат ба чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Аз ҷумла, ба масъалаи таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

 

Панҷшанбе, 05 Март 2020 11:13

   14 марти соли 2020 дар ш.Душанбе дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор хоҳад шуд.

   Тавре маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, макони баргузории дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт чун анъана аз мавзеи гардиши Товус то Наврӯзгоҳ, аз соати 8:00 то 10:00 бо дарназардошти эълон гардидани шанбе-ҳамчун Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ муқаррар гардидааст. 

 

Панҷшанбе, 05 Март 2020 11:11

    Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус  нашр мешаванд, ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашуда, танҳо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда шуда истодааст. 

    Роҳандозии чораҳои пешгирикунанда аз сирояти ин беморӣ набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

    Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти воқеиро расонанд.

    Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

    Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ  тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд.  Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин дар ҷойҳои серодам камтар гашту гузор намуда  ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон як муддат  аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобусӣ намудан худдорӣ намоянд.

    Айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар-Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

 

 

Панҷшанбе, 05 Март 2020 11:07

   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки дар ҶТ намояндагӣ доранд, тақозо кардааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии короновирус фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрвандони бархе аз кишварҳои бештар аз коронавирус сироятёфта, муваққатан манъ намоянд. 

   Тибқи мактуби нави Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост шудааст, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои парвози ҳавопаймоҳо ба самтҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, муваққатан манъ карда шавад. 

 

 

 

 

Панҷшанбе, 05 Март 2020 11:03

   Вазорати маориф ва илми ҶТ аз сокинони кишвар даъват менамояд, ки ба ҳар гуна овозаву дасисаҳо ва ҳаёҳӯй нисбат ба баста шудани мактабҳо ва эълон гаштани вазъияти «карантин» бовар накунанд. Таҳсил дар мактабҳо ва макотиби олии мамлакат тибқи барнома ва реҷа идома дошта, ҳоло зарурат барои эълон намудани «карантин» пеш наомадааст.

   Чуноне ки дар маркази матбуоти вазорати маориф ва илми ҶТ иброз намуданд, ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус ба толибилмон ва донишҷӯён тавсия дода шудааст, ки пайваста дастони худро бо собун шуста, бо маҳлули спирт тамиз кунанду, аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.

СССР

 

Панҷшанбе, 05 Март 2020 09:26

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иҷозатдиҳӣ барои корро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо сирояти зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, қатъ намуд.

   Тавре маркази матбуоти вазорати номбурда хабар медиҳад, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, бахусус дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гӯшаҳои иттилоотӣ ташкил шуда, барои муваққатан манъ кардани додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан аз сафарҳои хизматии кормандон ба давлатҳои хориҷие, ки сатҳи мубталошавӣ ба ин вирус зиёд мебошад, тасмим гирифта шуд.

    Гуфта мешавад, ки риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштӣ дар ҷойҳои корӣ, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, талаб намудани маълумотномаи тиббӣ зимни дастрас гардидани иҷозати корӣ пешбинӣ шудааст. 

 

Панҷшанбе, 05 Март 2020 09:17

Вазорати фарҳанги ҶТ эълон намуд, ки сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ ва ш.Душанбе дар рӯзҳои  таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ширкат дар маъракаи ниҳолшинонию гулшинонӣ бинобар пешгирии сирояти коронавирус соли ҷорӣ бо иштироки доираи маҳдуд гузаронида хоҳад шуд. 

Тавре маркази матбуоти вазорати фарҳанги кишвар иттиллоъ медиҳад, тибқи дастури  Ситоди доимоамалкунандаи Вазорати маориф ва илми ҶТ машқҳои омодагӣ бо иштироки донишҷӯён ва хонандагон-маршировка бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ қатъ карда шуданд.

 

СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 04 Март 2020 10:03

Яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳассоси имрӯза, ин зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳои ҷавон мебошад. Ин дар ҳоле, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо  ҳатто дар ҷамоату маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ  рафта истодааст. Вале ин тадбирҳо на ҳамавақт натиҷаи мусбат дода истодааст. Дар вилояти Суғд бошад ин муаммо боз ҳам нигаронкунанда аст. Тибқи маълумоте, ки аз Агентии омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати омори Демографӣ шуғли аҳолӣ ва омори иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дастрас намудем, дар соли сипаришудаи 2019 дар вилояти Суғд 21585 оила барпо ва 4272  оила расман ҷудо шуданд. Ин дар ҳоле, ки соли 2018-ум 22742 нафар никоҳ баста, 4046 адади он  бекор карда шуд. 

Никоҳ каму талоқ беш шуд!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи 2018 никоҳ 1157 адад кам шуда, талоқ 226 адад зиёд гардидааст. Аз рӯи таҳлилҳои  Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Суғд омилҳои асосии вайроншавии оилаҳо  ин якдигарнофаҳмӣ, беморӣ доштани  яке аз тарафҳо, дахолати волидон, таҳаммулнопазирӣ, хиёнати ҳамсарон, муҳоҷирати меҳнатӣ, бефарзандӣ, вазъи пасти иқтисодии оилаҳо мебошад. 

Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд дар соли гузашта 444 адад ҳодисаи  ҷудошавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин дар ҳамин давраи соли 2018 77 адад зиёд бекоршавии никоҳро нишон медиҳад. Муқаддас Шодибоева сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, барои пешгирии ҷудошавӣ байни оилаҳо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳри Хуҷанд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодааст. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд  гурӯҳи корӣ ташкил намуда хонаводаҳоеро, ки тасмими ҷудошавӣ доранд бо фаҳмондадиҳии мушкилоташон оштӣ дода истодаем. Яъне, ба ғайр аз барномаҳои амалкунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳаллаҳо, инчунин роҳи оштӣ додани зану шавҳар ва волидони онҳоро корбарӣ менамоем, ки он  натиҷаи хуб дода истодааст. Масалан бо роҳи фаҳмондадиҳии оштинамоӣ моҳи январи соли 2020 ду оиларо ба ҳам оштӣ додем. 

 

Интернет, хушдоман ва муҳоҷират

Оила дар мардуми Шарқ бахусус барои мардуми мусулмон ва халқи тоҷик пайванди муқаддас ба ҳисоб меравад. Аммо имрӯзҳо кӯчактарин муаммо байни ҷавонон бо хотимаи он ва ҷудошавӣ анҷом ёфта истодааст. Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зиёд аст. Аз ҷумла истифодаи интернет, аз байн рафтани маданияти шарқиёна байни ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ, тафоҳуми хонаводаҳо, муаммои келину хушдоман низ сабаби боиси  ҷудошавии оилаҳо гардида истодааст. Пас чи бояд кард? Фардо бо ҷомеаи мо чӣ хоҳад шуд? Худ қазоват намоед.

Сумани Набиҷон

Хуҷанд, махсус барои СССР

 

саҳ 8 аз 10

Китобҳо

Flag Counter