ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 22 Апрел 2020 08:16

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Ҳайкалҳои Сомониро канед!!!”, ки дар рӯзномаи “СССР” аз 27 феврали соли 2020, №8 (597), бо қалами Сайёфи Мизроб нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Муаллифи мақола масъалагузорӣ намудааст, ки ҳайкалҳои Исмоили Сомонӣ ба дигараш монандӣ надоранд. Симо, устура, маҷмаа, талаботи архитектурӣ ва маданияти меъмориву ҳайкалтарошӣ дар баъзе пайкараҳои Исмоили Сомонӣ ба инобат гирифта нашудааст. 

 Бояд қайд намуд, ки дар назди Вазорати фарҳанг Комиссияи экспертизаи таърихию бадеӣ амал менамояд ва бояд мақомотҳои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати эъмори ҳайкалу нимпайкараҳо бо комиссияи мазкур мувофиқа намоянд. Вале мутаассифона дар аксар маврид талаботи зерин риоя намегардад ва ин боиси номувофиқии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гардидааст. Ин иштибоҳи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳайкалсозон мебошад. Аз ин рӯ зарур мешуморем, ки мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо ва муҷассамасозон  пеш аз оғози эъмори ҳайкалу нимпайкараҳо амсилаи онро тибқи муқаррарот бо комиссияи экспертизаи бадеии назди Вазорати фарҳанг мувофиқа намоянд.  

Ҳамзамон ёдовар менамоем, ки корҳои эъмори ҳайкалу муҷассамаҳо бояд тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими лоиҳакашӣ ва эъмори ҳайкалҳо, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо ва сутунҳои ёдбуд дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” ба анҷом расонида шавад. 

 Мо тасмим гирифтаем, ки ин масъаларо бо ширкати аъзои комиссияи мазкур, бо иштироки кормандони мақомоти иҷроия ва шуъбаҳои фарҳанг дар маҳалҳо мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор диҳем. Вазорати фарҳанг барои баррасии масъалаи мазкур ва назорат аз болои мушкилоти ҷойдошта пайваста тадбирҳои судманд меандешад ва онро таҳти назорати доимии хеш қарор медиҳад.

Ш.Хоҷаев, Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии ВФҶТ

 

Чоршанбе, 22 Апрел 2020 08:08

1 гурӯҳ хонандагони газетаи мардумии СССР аз н.Шаҳритуз ба ҳафтаномаи мардумӣ тавассути телефони 

238 55 56 занг зада арз намуданд, ки хирманашонро аз даст гирифтаанду ҳама хомӯш. 

- Хирмане, ки дар маҳаллаи Гулистони н.Шаҳритуз қарор дошт, барои мардум макони маъракагузаронӣ ва дигар чорабиниҳои идона буд. Чунин хирманҳо анқариб дар аксарияти деҳотҳои дурдаст буданду ҳастанд. Мутаассифона, дар ин миён Одинаев Саъдулло ном нафаре пайдо шудааст, ки барои манфиатҳои шахсии худ манофеи мардуми 1 маҳалларо нодида гирифта, замини хирманро шахсӣ кардааст. Атрофашро мақкам карда, аллакай заминро ба номи якчанд фарзанду наздиконаш сабт ва пасон хонаи истиқоматӣ сохтааст. Худ қазоват кунед, ки мардум дигар чӣ кунанд? Ногуфта намонад 1 қисмати ин хирман барои бозии футболи кӯдакон омода шуда буд. Вобаста ба ин масъала куҷое, ки шикоят кардем, бенатиҷа...

 

Чоршанбе, 22 Апрел 2020 08:06

 Яке аз хонандагони газетаи мардумии СССР аз ш.Душанбе Дурахшони Ортиқ (тел:915 77 66 06) занг зада иброз намуд, ки мураббиёни боғчаҳои кӯдакона одоби муомила надоранд.

- Мушкилиеро, ки шахсан худам мушоҳида намудам, хело нигаронкунанда буд. Пеш аз кор фарзандамро ба боғчаи №90-и (Профсоюз) ҳамроҳӣ намудам. Вақтҳои охир чанд маротиба мешавад, ки мураббиашон тез-тез иваз шуда, 1 фурузонаки сӯхтаро иваз карда наметавонанд. Барои ҳамаи камбудиҳои боғча аз волидайн маблағ мепурсанд. Болои ин ҳама муомилаи хуб надоранд. Вақте барои қабули кӯдакон мебароянд бо як қошу қавоқи тобхурда суханҳои сахт мезананд. Офарин ба ин кӯдкон дар ҳоле, ки сухани нармро намешунаванд. Нисбати тозагиву корҳои гигиении боғчаи мазкур ҳарф намезанем. Хуб мешавад, агар ин боғча ва дигаронашро зери назорати қатъӣ гиранд. 

 

Чоршанбе, 22 Апрел 2020 08:04

 Салом ба ҳама ҳаводорони СССР-и мардумӣ!  Ин Далери Комрон аз Худову расул хабар дошта бошад? Маълум аст, ки хабар дорад. Ҳатто атеистон дар бораи паёмбари муаъззами Ислом чунин суханҳо намезаданд. Ҳазрати Мухаммад (с) паёмбари мусулмонони дунёст ва бештар аз 97%-и аҳолии Тоҷикистон  мусалмонанд. Далери Комрон агар эҳтироме ба миллати Тоҷик ва умуман эҳтироме бар инсоният дошта бошӣ, бояд чунин ҳарфҳои таҳқиромез назанӣ. Ҳоло вақт дорӣ! Тавба кун ва сӯи Худо баргард, зеро ки ӯ бахшанда ва меҳрубон аст.

И. Исмоилов, н.Хуросон, тел: 900405004

 

Чоршанбе, 22 Апрел 2020 08:01

Тибқи дастури Президенти ҶТ ба сарбозон болои он имтиёзҳое, ки доштанд имтиёзҳои нав илова карда мешаванд. Минбаъд дар мактабҳои олии вазоратҳои қудратӣ ҳангоми дохилшавӣ, он шаҳрвандоне, ки хизмати Ватанро адо намуданд, бе озмун қабул карда мешаванд. Ҳангоми пешниҳоди кадрҳо ба вазифаҳои хизматчии давлатӣ, яъне дар ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, судҳо, милитсия ва вазоратҳо ҳатман билети ҳарбӣ пурсида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ба ин вазифаҳо ҳам фақат пас аз адои хизмати Модар-Ватан қабул карда мешаванд, ки ин олитарин имтиёзи сол ба шумор меравад.

Дар ҳамаи қисматҳои ҳарбии кишварамон махсус ҳуҷрае ҷудо карда шудааст, ки дар дилхоҳ вақт падару модари сарбоз омада, бо ҷигарбандаш вохӯрӣ карда метавонад. Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии мамлакат барои сарбозони оиладор махсус хонае ҷудо карда шудааст, ки оилаҳои сарбозон моҳе 1 маротиба омада, бо шавҳарашон бемалол вохӯрӣ намоянд.

Акнун ҷавонони имрӯзаро  мебояд, ки ҳамчун нерӯи созандаю бунёдкор Ватандӯсту башардӯст ба қадри ин ғамхориҳои давлату ҳукумат расида тавонанду ба мудофиаи марзу буми ин сарзамини тамаддундор сидқан аз таҳти дил омода бошанд! 

Ҷаббор Раҷабов, ш.Кӯлоб 

 

Чоршанбе, 22 Апрел 2020 07:58

Аз бадниҳод чашми накӯӣ тамаъ мадор,

Кӯри зи модар омада бино намешавад!

15.04.2020. Соат ба вақти СССР 11:14 дақиқа. Имрӯз, сахти бад менависам. Медонам, ки бе ин ҳам сахтгӯям, вале ин бор сахттар хоҳам гуфт ва агар заъф дар имон виждон, асабу қалб дорӣ, хонандаи гиромии ман, илтимос, матлабро нахон, ки гуфтаанд:

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад, 

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад!

Ба гуфтаи бобои Ғуломи таърихӣ 1 «беваи паъате», бо истифода аз имкониятҳои нанотехноложӣ, аз 1 мавзеъи карантини коронавирус, ки он ҷо мардуми мусофир, чӣ хориҷиву чӣ бегонаву чӣ худиро, баъди бозгашт аз хориҷа,  гирд меоранд, тавассути сайтҳои иҷтимоӣ «ахбори саҳеҳ аз ҷои ҳодиса» пахш кардааст, ки гӯиё дар ин макон ба онҳо хӯроку обу нон намедиҳанду шароити будубош ба оддитарин талабот посухгӯ нест. Мо аввалтар аз ҳама аз ин ва дигар мавзеъоти карантин дидан кардем. Хӯроку обу нону чойу кофе ва маъзарат дар бисёр маврид ҳатто арақу коняку нӯшобаҳои спиртӣ, ки гуфта мешавад, аз ин вирус ҷилавагир шуда метавонанд, ҳаст. Ҷои хоб тамиз, болопӯшу такпӯши ҷойхоба (простину пододеялник) пайваста иваз мешаванд.Фаршу мизу курсиву тирезаҳо бо хлор поккорӣ мегарданд…

Ва баъдан хабарнигори мо хонаи худи он зан рафт, то бинад, ки ин шоҳсанам дар кадом шароити шоҳонае мезист, ки дар карантин ба дод омадааст. Мухбирамон аз «ҷои ҳодиса» хабар дод, ки баракс хоҷагиву манзилу ошхонаи «шикоятчӣ» ба ягон талабот посухгӯй нест.

 Хонандаи гиромӣ! Моро фаҳм. Сухан сари шароити ину он фард намеравад, ки медонем, аксарият дар шароити бад ба сар мебаранд. Сӯҳбат сари кӯрнамакӣ нисбат ба тадобири Ҳукумати Марказист, ки аввалтар аз ҳама барои саломатии худи ҳамон зан, наздикону атрофиёнаш ва сипас куллияи миллати Тоҷик ин карантинҳоро роҳандозӣ кардааст. Ва мутаассуф, чунин зуқоқиҳо 1 ё 2 кас нестанд. Ҳазорон ҳазоранд! Инҳо, ки дар Русия, маъзарат, вале ба саг баробарашон накарда, аз корхонаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, фурудгоҳу вокзалҳо ба кӯча ронда мешаванд, дар баробари бедоди пулиси рус ҳарфе намегӯянд. Вале чун Ҳукумат барои ишон хатсайрҳои вежа таъсис додаву онҳоро бармегардонад ва барои пешгирӣ аз пандемия 14 рӯз ба карантин мешнонад, ба нолидан оғоз мекунанду доду вой...

 Рӯиҳамрафта, агар аҳамият додаӣ, хонанда хабарнигорони тоҷикистоние, ки дар расонаҳои хориҷ кор мекунанд, имрӯз бо микроскоп Суғдро ҷустан доранд, ки ақаллан 1 маризи коронавирус ёбанд! Онҳо, ки 10 рӯз пеш бо 1 дурӯғ шармандаи 2 олам шудаанд, ҳанӯзам аз аспи ҷаҳл нафаромадаанд. Ҳоло касе дар бемористонҳои сироятии Хуҷанд фавтид, ҳадаҳа овоза мекунанд, ки бо фалон ҷасаде, ки мо дар фулон таърих гуфта будем, ки коронавирус шудааст, алоқае дошту ин низ фавтид. Ва агар имрӯз, мабодо дар Хуҷанд ин вирус рӯ зад, тӯй барпо хоҳанд кард! Сенсатсия меҷӯянд…

 О, буродарон, сенсатсия дар Тоҷикистон ҳаст ва он бо ана ҳамин пандемия бастагӣ дорад. Ҳангома ин аст, ки шукри Худои мутаъол, то ҳанӯз дар Тоҷикистон ин мараз нест! ҶТ аз 3 кишвари олам аст, ки дар он вируси тоҷдор кашф нашудааст. Магар наметавонед инро сенсатсия кунед? Магар намешавад, шумо-«хабарнигори коронавирускобак», аз тӯю сӯри мардум, гулгашту хиёбонҳо, таҷаммуъи Тоҷикон, ки ин амал, имрӯзҳо, барои мардуми Амрикову Аврупо афсонае беш нест, гузориш пахш намоеду дар қалби одамон тухмаи боварӣ ба фардо коред? Ва ё намешавад, дар шабу рӯзе, ки амрикоиву аврупоӣ дар орзӯи бӯсае ба маъшуқааш асту аз тарси коронавирус ҳатто бӯсаҳои виртуолӣ намефиристад, манзараи бӯсаталабиву бӯсахоҳии реалии ҷавонони Тоҷикро дар порку гулгаштҳо, дастобадаст гаштани шоҳу арӯсон ва дидор-«свидание»-и воқеии дилдодагон дар Тоҷикистонро таблиғ кунед? Намешавад? Мешавад ва ешё как! 

Вале чун дар ниҳодатон сиёҳист, фикр доред, ки таблиғи ҷашну маросимҳои 1 давлате, ки пандемия надорад, ин шояд таблиғи Ҳукумати Тоҷикистон гардад… ва шуморо низ мисли Соҷидаи Мирзову Аббоси Ҷаводӣ аз кор ронанд. Шумо аз тарси курсӣ ҳақиқатеро, ки ҳама олам медонад, пинҳон намуда, дурӯғеро, ки миллатеро ба таҳлӯка овардааст, талқин дореду доред… 

Парадокс? Оре! Аммо факт! Бовар дорам, дар ҳар ҷаласа ҳукму амрномаҳои Прага мерасанд, ки аз таки замин ҳам бошад, коронавирус ёбед! Ҳаргиз дуои бад накардаам, баракс пайваста сари ҷойнамоз дуо мекунам, ки ин маразро Худо аз сари Миллати ману ҷомеаи башарӣ дур созад. Вале 1 бор тасаввур кунед, эй ходимакони Иблис-пресс, ки мабод рӯзе пайвандони худатон ба ин мараз печанд, чӣ мекунед?

Калтаки Худо садо надорад, 

Баъд аз заданаш даво надорад!

Ва муҳимтар аз ҳама: Дар мавриде, ки тамомии олам табибони миллатҳои худро солдатҳои ҷанги саввуми ҷаҳонӣ, ягона муҳофизи аҳли башар, хондаанд, мо-тоҷикаконе чанд то ҳанӯз аз ишон менолем. Эй, мардуми сияҳдил! Шумо оё намедонед, ки ин табибон низ зиндагонӣ доранд, зану фарзанд доранд, умеду орзу доранд?! Онҳо агар тарсу бошанд, ҳамин рӯз ариза навиштаву аз кор мераванд ва касе ишонро маҷбур нахоҳад кард, ки дар ҳолати карантин, зери хатару хавфи мубтало ба вируси тоҷдор, ба мо кӯмак кунанд. Вале онҳо мардона дар раддаи аввали ин ҷанги одамкуш, дар окопҳои нахустини фронти коронавирус истодаву ман, ту, вай, мо, миллатро ҳифз мекунанд! Зеро карантин кардану пешгирии ин мараз маҳз амалест, ки дар тӯли 5 моҳи ахир, ки ба COVID-19 дар 182 кишвари олам  1млн 833 ҳазору 683 тан мубтало шудаву 113 ҳазору 290 нафар фавтидааст, ин вабо, шукри Худо, то ҳанӯз дар Тоҷикистон нест! 

Браво табиби Тоҷик! Белиссимо, духтурон! Офарин, врачҳо!  Ҳазор раҳмат бар ҳамшираҳои шафқат! Баракат бар хонадони фаррошон-санитаркаҳои Тоҷик!!! Сипоси вежа ба кормандони ВКД ва Кумитаи амнияти ҶТ, ки вазъро таҳти контрол қарор додаанд. Дуруд бар раисони навоҳии назидарсарҳадии вилояти Суғд, ба вежа раисони н. Б. Ғафуров, Конибодом, Исфара, ки чун марз бо қирғиз демаркатсия нашудааст, худашон шабона посбонӣ баромада, намегузоранд қочоқчиён марзҳоро ғайриқонунӣ убур карда, бар ивази моли ҳаромашон, ба Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари ваборасида, вирус дароранд!

Донаҳои баракат бар хонадони ҳамаи дастандаркорони «Карантин-2020» рехта бод. Омин! 

Мо Метавонем!

 

Ҷумъа, 17 Апрел 2020 17:11

   Рустами Эмомалӣ-раиси шаҳри Душанбе имрӯз зимни баргузории Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардид.

  Гуфта мешавад, ки пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфтанд.

   Инчунин, Аҳмадзода Раҷаббой, раиси вилояти Суғд ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва Файзов Ёдгор Доёровичро ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардиданд. 

 

Ҷумъа, 17 Апрел 2020 16:44

   Бо Қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии ҶТ, ки имрӯз. 17.04.2020 ба тасвиб расид, аз 18 апрели соли ҷорӣ  гузоридани намозҳои ҷамоат-панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда мешавад. Инчунин, дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад-таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо низ манъ гардида, закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода мешавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.

Шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-Ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд.

   Раёсати Шӯрои уламои ҶТ мегӯяд, ки вобаста ба вазъияти бавуҷудомада доир ба  паҳншавии бемории сироятии коруно тибқи таҷрибаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки намозгузориро дар масҷидҳо манъ кардаанд, зарурати муваққатан қатъи хондани намоз дар кишвари мо пеш омадааст. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ чунин тадбирро амалӣ кардаанд. Идораи мусулмонони Ӯзбекистон ҳамчунин доир ба манъи маросими ҳаҷ дар соли 2020 қарори дахлдор ба тасвиб расонид.

   Ин ҳама амалҳои фавриву саривақтӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷот бахшидани одамон аз бемории сироятии короновирус мебошад, ки дар ҳақиқат то ба имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда, садҳо корхонаҳо бекор мондааст. 

 

саҳ 4 аз 10

Китобҳо

Flag Counter