ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 15 Апрел 2020 09:01

Ронандагонро мебояд аз  имкониятҳои бо ин мақсад  фароҳамшуда самаранок истифода баранд    

   Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста навгониҳо ҷорӣ шуда, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи пардохти ғайринақдӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он рабт доранд. 

   Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда шаҳодати гуфтаи боло буда, дар баробари бартариҳои дигар, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат низ мусоидат намуда истодааст.  Садҳо далел мавҷуд аст, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.

      Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир пардохти ғайринақдӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ қариб ду миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Аммо фарҳанги пархти ғайринақдӣ аз ҷониби шаҳрвандон «ба ҳар ду пой мелангад».

  Пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани пардохти ғайринақдиро дарк накардаанд. Бинобар ин, рӯ овардан ба пардохти ғайринақдиро мувофиқи мақсад ва заруру ногузир аст. Ронандагон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст) ва  кортҳои электронии филиали Ширкат бартариҳои зиёд дорад. 

   Аввалан, он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои пешниҳодменамудаи филиали Ширкат  ба ҳисоб рафта, вақти ронандагону мусофиронро сарфа менамояд.  

  Сониян, ин иқдом   то андозае ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Таъкид менамоем, ки истифодаи ин намуди хизматрасонӣ ба майлу иродаи шаҳрвандон вобаста буда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар низоми толлингии филиали Ширкат дар муддати кутоҳ суратҳисоби худро кушоянд ва аз имкони пардохти маблағи гузариш аз плазаҳо бо роҳи ғайринақдӣ баҳравар шаванд.    

   Муҳим он аст, ки истифодаи RFID (чипе, ки онро дар пештоқи оинаи автомобил насб карда, бидуни таваққуф плазаро гузаштан имконпазир аст), кортҳои марбут ба филиали Ширкат бе иштироки хазинадор, ки қаблан тариқи нақд маблағро қабул мекард, имконпазир аст. 

   Барои онҳое, ки дар пештоқи оинаи автомобилашон RFID насб шудааст, имкон фароҳам меояд, ки умуман дар палазаҳо таваққуф накунанд. Ба ибораи дигар, барои чунин ашхос зимни ҳаркат дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок филфавр “чароғаки сабз” фурузон мегардад. 

   Ҳамрадиф бо ин, онҳое, ки аз  кортҳои пардохтии “IRS”  истифода мекунанд, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳанд кард. Масалан, ба дорандаи чунин корт кофӣ аст, ки кортро ба панели берунаи пардохт, ки дар ҷойгоҳи хазинадор насб шудааст, наздик барад.  Таҷҳизоти замонавии насбшуда фавран ба кор даромада, маблағи пешбинишуда гирифта, роҳ барои гузариши воситаи нақлиёт кушода мешавад. 

  Истифодаи чунин корт дар баробари бартариҳои зикршуда, ҳамчунин, замина фароҳам меорад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман  аз байн равад. Зеро сураъати хизматрасонӣ бамаротиб афзуда, сифати он беҳбуд меёбад.

    Хотиррасон бояд кард, ки кушодани суратҳисоб ва гирифтани корт осон ва дар муддати кутоҳ имконпазир буда, шаҳрвандонро мебояд нусхаи шиноснома, нусхаи РМА  (ИНН), нусхаи шиносномаи техникии автомобил, нусхаи ваколатномаро (агар воситаи нақлиёт таҳти соҳибияти дигар шахс бошад), ба пешниҳод намояд. Бо мақсади осон намудани дастарсии шаҳрвандон ва сарфи вақти онҳо шароит фароҳам шудааст, ки дар сомонаи филиали Ширкат – www. irs.tj аз тариқи онлайн ба ин намуди хизматрасонӣ пайваст гарданд.  Ҳамрадиф бо ин, пардохт аз тариқи кортҳои бонкӣ низ мумкин буда, ин амал  бо кумаки хазинадор амалӣ гардида, доштани корти бонки дахлдор ҳатмӣ мебошад. Маълумоти иловагӣ дар саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сайти филиали Ширкат ва аз тариқи телефони 48 701 10 20 қобили дарёфт аст.  

    Ибтикори мавриди назар далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  , дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд. Боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти хизматрасонии филиали Ширкат ба падидаи маъмул табдил ёфта, кулли шаҳрвандони аз истифода хоҳанд кард. 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Чоршанбе, 15 Апрел 2020 08:50

 

(Ба муносибати 75-солагии ғалабаи Халқи Советӣ дар ҶБВ)

Сталин аз ҳуҷуми Гитлер хабар дошт!

Маршали Иттифоқи Советӣ Г.К.Жуков дар китоби худ ёддоштҳо ва мулоҳизаҳо овардааст:

-Бегоҳии 21 июни соли 1941 сардори штаби округи ҳарбии Киев генерал-лейтейнант М.А.Пуркаев хабар дод, ки ба назди сарҳадбонон гурезаи немис омада, иброз медорад, ки қушунҳои немис дар назди сарҳад омодагӣ доранд ва субҳи 22 июн ҳуҷумро оғоз менамоянд. Дар ин бора ҳамон лаҳза ба нарком ва И.В.Сталин занг задам.

Сталин гуфт: «Бо НарКом зуд ба Кремл ҳозир шавед!». Ӯ танҳо маро қабул кард ва дар изтироб буд.

И.В.Сталин пурсид: Гурезаро барои барангехтани зиддият нафиристода бошанд?

С.К.Тимошенко: Гуреза гапи ҳақро мегӯяд.

Ба утоқи И.В.Сталин аъзои Бюрои Сиёсӣ даромаданд. Чӣ бояд кард,-пурсиданд И.В.Сталин. Ҳама хомӯш буданд.

Ба округҳои ҳарбии сарҳадӣ амри директивӣ додан лозим, ки онҳо аз ҷиҳати ҳарбӣ омода бошанд,-гуфт нарком.

Г.К.Жуков матни телеграммаро қироат намуд.

21.06.1941. Соат ба вақти СССР 00.30 дақиқа.  Телеграмма ба округҳои ҳарбӣ расонда шуд. 

 

 Шурӯъи ҶБВ

22.06.1941. Соат ба вақти СССР 03:17 дақиқа. Фармондеҳи Флоти Баҳрӣ адмирал Ф.С.Октябрский хабар дод, ки аз тарафи баҳр шумораи зиёди самолётҳо пайдо шуданд, чӣ бояд кард? Қарори шумо пурсидам?

Қарор якто: бо оташи зиддиҳавоии флот пешвоз мегирем.

Чоршанбе, 15 Апрел 2020 08:44

 

7.04.1935. Дар СССР Қарори КИМ ва ШКХ "Бобати чораҳои мубориза бо ҷинояткорӣ миёни ноболиғон" ба тасвиб расид. Тибқи ин Қарор, нисбати ноболиғон ҷавобгарии ҷиноӣ аз синни 12 солагӣ ҷорӣ карда шуд. Аз ин ба баъд дар СССР нисбати ноболиғони 12 сола, тамоми чораҳои ҷазои ҷиноӣ ва ҳатто ҳукми қатл ҳам истифода мегарданд. 

7.04.1946. СССР ва 26 давлати дигари аъзои СММ Низомномаи Созмони ҷаҳонии беҳдоштро тасдиқ карданд ва ин ташкилот ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.

7.04.1964. Ширкати IBM системи компютерии маъруфи худ System / 360 ро сохт. Ин система солҳои тӯлонӣ дар бозори ҷаҳонӣ пешсаф буда, асоси парки компютерии бештари кишварҳои ҷаҳонро ташкил медод. Дар СССР системаи мазкур бо тамғаи ЕС ЭВМ мавриди истифода қарор дошт. 

8.04.1918. Дар Русияи Шӯравӣ парчами серангаи подшоҳӣ бо парчами сурх иваз карда шуд.

8.04.1928. Дар СССР бо қарори КИМ калисо аз мақоми шахси ҳуқуқӣ маҳрум гардид. 

8.04.1944. Оғози амалиёти Қрими Артиши Сурх дар рафти ҶБВ. Дар рафти ин амалиёт ба Артиши Сурх муяссар гардид, нимҷазираи Қримро аз тасарруфи артиши олмонӣ озод кунад.

8.04.1966. Дар СССР Леонид Брежнев ба вазифаи Котиби генералии КМ Ҳизби коммунист интихоб гардид.

9.04.1937. Дар Испония аз меҳмонхонаи Барселона, ашхоси номаълум яке аз роҳбарони хориҷии тротскистҳо Мак Рейнро рабуда шуд. Ҳукумати испанӣ дар ин дуздӣ НКВД-и СССР-ро муттаҳам кард.  

10.04.1922. Ифтитоҳи конфронси Генуэз. Дар ин конфронс намояндагони СССР низ ҳузур доштанд ва маҳз дар натиҷаи он аввалин кишвари Шӯроҳо аз ҷониби ҷомеъаи ғарбӣ ба расмият шинохта шуд.

10.04.1925. Дар СССР шаҳри Тсаритсин ба Сталинград тағйири ном кард. 

Чоршанбе, 15 Апрел 2020 08:41

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», аз 07.02.2009 , № 622 муроҷиати Қурбонова Раҳмия таҳти сарлавҳаи «Падари пир берун аз дар …», ки дар рӯзномаи «СССР» аз 26.12.2019, №52 (589) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. 

Муайян карда шуд, ки падари Қурбонова Раҳмия-Қурбонов Зувайд бо аризаи даъвоӣ бо ҷавобгарии Муқимова Сарагул, Қурбонов Далер ва Шаҳбози Изатӣ дар бораи кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ба суди н.Восеъ муроҷиат кардааст.

Дар навбати худ Муқимова С., Қурбонов Д. ва Шаҳбози И. бо ҷавобгарии  Қурбонов Зувайд ба суд барои маскун кардан ба манзили истиқоматӣ, воқеъ дар н.Восеъ, Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов, Ҷамоати деҳаи ба номи Ҳ. Барот даъвои муқобили даъво пешниҳод намудааст.

Аризаҳои  даъвоӣ ба суди н.Восеъ 07.03.2019 қабул гардида, бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 03.05.2019 оид ба парванда ташхиси сохтмонӣ-молшиноси таъин гардида, то гирифтани хулосаи коршинос баррасии парванда боз дошта шудааст. 

Баъди ворид шудани хулосаи коршинос бо таъиноти маҷлиси судӣ аз 24.10.2019 баррасии парванда аз нав оғоз гардида, мурофияи судӣ ба 30.10.2019 таъин гардидааст.

Суди марҳилаи якум талаботи қонуни мазкурро риоя намуда, бинобар бе сабабҳои узрнок ба суд ҳозир нашудани даъвогар Қурбонов Зувайд ва дар ғоибии ӯ баррасӣ намудани парвандаро хоҳиш накарданаш, даъвои ӯро бе баррасӣ монондааст. Минбаъд суди н.Восеъ дар асоси аризаи даъвогар Қурбонов З. рӯзи 31.12.2019 таъиноти бебаррасӣ монондаи аризаи даъвогиро бекор карда, айни замон парвандаи оилавии дар боло зикргардида мавриди баррасии суди ноҳияи Восеъ қарор дорад. Қурбонов Зувайд  ҳамчун тарафи иштирокчии мурофиа метавонад дар маҷлиси судӣ ширкат варзида, далелҳо ва ваҷҷҳояшро доир ба тақвият додани даъво ба суд пешниҳод намояд.

Исҳоқӣ А.Н.

муовини Раиси Суди Олии ҶТ  

 

Чоршанбе, 15 Апрел 2020 08:37

 Бозорбой Пӯлодов, хонанда ва муаллифи ҳамешагии газета аз н.Данғара тавассути телефони идора-238 55 56 занг зада, қайд намуд, ки дар шумораи 1 газета хондам, ки ба иттилои раиси ноҳияи А. Ҷомӣ фирмаҳои мутааллиқ ба Алимардоновҳо аз андоз 1,5 миллион сомонӣ қарздор будаанд ва боз дар шумораи ояндаи ҳамин газета иттилоъ доданд, ки қарздории фирмаҳои чорводории Алимардоновҳо 1,5 миллион нею 375 ҳазор сомонӣ будааст. Ман ҳайронам, ки Кумитаи андози ҷумҳурӣ ба куҷо менигарад? Охир қарздорӣ бигузор 1-дирам бошад, лекин онро пардохтан лозим. 375 ҳазор сомонӣ ба чандсад нафар нафақахӯр мерасид. 

Дар бораи мансабдорони ҳозира гап бисёр асту вале ҳеҷ кас чора намебинад, ба шарте, ки худи ҳукумат илоҷашро наёбад. Бошандагони деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара аз гирифтани чарогоҳҳояшон аз тарафи авлодони Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ норозианд. Молҳояшонро ба куҷо барои чарондан бурданашонро намедонанд. Раиси кумитаи андози ҷумҳурӣ Давлатзода Нусратулло чандин мавзеъҳои ноҳияи Восеъро харидорӣ намудааст вале ягон дирам андоз месупорида бошад? Барои чӣ ин мансабдорон ҳам дар сари қудрат ҳастанду ҳам мардумро ташвиш медиҳанд?  

 

Чоршанбе, 15 Апрел 2020 08:33

. Яке аз хонандагони мо аз н.Муъминобод Исмон Гулов ба газетаи мардумии СССР (тел: 987 16 25 25) занг зада, қайд намуд, ки чарогоҳ надорем. 

-Заминҳое, ки пештар барои чарогоҳ ва чорвои мардум ҷудо шуда буданд, ҳозир ҳамаро мефурӯшанд. Дар куҷое, ки нисбати ин амал муроҷиат намудем, бе натиҷа. Айни замон бошад моли мардуми маҳалла дар лаби дарё мечарад. О, гови бечора аз лаби дарё чӣ мехӯрад? Намедонам дар пушти ин корҳо кӣ меистад, лекин касе фикри халқро намекунад. Баракс моли худамон фарбеҳ шавад гуфта, ҳама ҷойро гирифта истодаанд. 

 

Чоршанбе, 15 Апрел 2020 08:31

 ЧАНД САВОЛ БА ФУРӮШАНДАҲО:

Шумо мусулмонед? Ҷавоби ман: Агар шумо мусулмонед, пас, ман аз ин мусулмонии шумо ҳазорон маротиба безорам. Шумо раҳм доред? Ҷавоби ман: Агар раҳм медоштед, ин миллатро дар лаҳзаҳои мушкил ғорат намекардед. Шумо аз аз насли башаред? Ҷавоби ман: Агар шумо инсон мебудед, ба инсонҳои дигар раҳм мекардед. Шумо ақл доред? Ҷавоби ман. Агар ақл медоштед, мисли мардумони дигар давлатҳо ин чизҳоро ройгон барои ҳаммиллатони хеш ҳадя менамудед.

PS: Худоё, мо аз вирусҳоят наметарсем, балки аз одамони вирустабиатат метарсем, зеро вирусро табобат карда мешавад, аммо ин одамон табобат надоранд.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшо, ш.Душанбе

 

Чоршанбе, 15 Апрел 2020 08:29

Бо ташаббуси Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насимҷон  Олимзода, ки худ зодаи маҳалаи Лағмони Ҷамоати деҳоти Кӯлоби ш.Кӯлоб аст, 2  сол пеш муассисаи таҳсилоти миёнаи №10-и маҳалаи Лағмон, ки вазир собиқ дастпарвари ин таълимгоҳ мебошад, таъмир карда шуд. Бинои дуошёнаи мактаб, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ ва роҳрави даромадгоҳи он хушсифат ва дар муддати кӯтоҳ аз таъмир бароварда шуд. Тирамоҳи соли 2018 Насимҷон хост, ки дар зодгоҳаш боз 1 ташаббуси навбатӣ нишон дода, 1 бунгоҳи  тиббии замонавӣ бо тамоми лавозимоти муосири тиббӣ сохта, ба ҳамдиёронаш инъом намояд. Мо-сокинони ин маҳал, раисони маҳалла, сарварони мактаб ва боғчаи кӯдакон, ки дар он ҷамъомад иштирок доштем ин хабарро шунида, бисёр шод гаштем. Аммо боиси таассуф аст, ки ин хурсандии мо сокинон дер давом накард-«неочиновникҳо» баъдтар бо баҳонаи набудани қитъаи замин ин ташаббусро рад карданд. Ин дар ҳолест, ки Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, ки зиёда аз 22000 аҳолӣ дорад, дар шаҳи Кӯлоб ягона ҷамоатест, ки табобатхона надорад. 

Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки агар чунин ташаббус дар ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод мешуд, роҳбарони бонангу номуси ин вилоят на ин ки барои бунгоҳи тиббӣ, балки барои 1 беморхонаи замонавӣ ҳам майдони замин ва ҳам маблағи иловагӣ аз ҳисоби мардони саховатпеша, соҳибкорон ва ҳатто аз ҳисоби буҷаи маҳал пайдо карда, онро бунёд менамуданд…

Ҷаббор Раҷабов, хабарнигори мардумӣ, ш.Кӯлоб

 

саҳ 6 аз 10

Китобҳо

Flag Counter